ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишварамон Рӯзи илми тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири таҷлили сазовори ин рӯзи касбӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони Phd магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Конференсия ду рӯз давом намуда, аввалан мақолаҳои устодон дар бахшҳои алоҳида шунида шуд.

Дар рӯзи дуюми конференсия барои аҳли иштирокдорон намунаи эҷоди устодону донишҷӯён пешкаш гардонда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директории донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бар самъи ҳозирин расонид. Дар баромади сарвари донишкада фаъолияти илмии донишкада пурра мавриди таҳлил қарор гирифта, аз устодон ва шогирдони донишкада даъват ба амал оварда шуд, ки қобилияти зеҳнӣ ва нерӯи ақлонии худро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим равона кунанд. Номбурда ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таҳким бахшидани рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ намуд.    

Сипас, роҳбарони 8 бахшҳо - Саидова Шоира, мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ, Юсупова Гулнора, декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ, Акрамов Абдуқодир, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Худойбердиев Хуршед, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Бобоева Таиба, мудири кафедраи  умумитаълимӣ, Раҳимов Охунбобо, устоди кафедраи таъмини барқ ва автоматика, Комилова Дилрабо, мудири кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, Ғуломнабиев Сардор, мудири кафедраи умумитаълимии донишкада дар бораи натиҷаи кори бахшҳо гузориш доданд.

Дар идомаи кори конференсия барои дастовардҳои илмии донишкада ғолибони озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, устодоне, ки онҳоро ба олимпиада омода намуданд аз ҷониби  Раёсати донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин фаъолони бахшҳо бо сипосномаи Раёсати донишкада сарфароз гардиданд.

Дар фуроварди кори конференсия ба якчанд нафар фаъолони шаҳодатномаи аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.