Соли дуюм аст, ки бо ибтикори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир мегардад.

Конференсия бо сухани муқаддимавии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз ёфт. Номбурда дар баромадаш зикр сохт, ки мақсади асосии ташкил намудани тарзи фосилавии раванди таълим дар донишкада таъмини имконияти азхудкунии барномаи таълимӣ бевосита аз мавқеи ҷойгиршавии донишҷӯ ё вақти ҳозиршавии муваққатӣ, инкишоф ва татбиқи фазои ягонаи иттилоотии таълим, васеъ намудани доираи хизматрасонии таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷолибияти таҳсил дар донишкада мебошад. Сарвари давлат ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро  дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Дар донишкада 5 сол инҷониб системаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолият мебарад. Аллакай аввалин хатмкардаҳои он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти шоиста доранд. Таъсиси сомонаи махсус (www.fosilavi.tj), ки аз ҷониби кормандони донишкада – хатмкунандагони ихтисосҳои компютерии донишкада сохта шудааст, дар соли 2017 боз беҳтар гардид. Дар сомона модулҳои нав сохта шуданд, ки гузаронидани вебинарҳоро осон карда, механизми назорати давомоти донишҷӯён дар дарсҳои виртуалӣ ва бартарафкунии бархатии қарзҳои академӣ амалӣ мегардад.

Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими донишкада, номзади илмҳои физика ва математика  дар мавзуи “Таҳсилоти фосилавӣ ва масъалаҳои амалигардонии он” баромад намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо низоми таҳсилоти фосилавӣ дар дунё хеле маъмул гаштааст. Зеро ин намуди таҳсилот барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд. Бартарии дигари таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки вақт самаранок истифода шуда, камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи хониш ва воситаи нақлиёт дида мешавад. Дар навбати худ  камбудии асосии ин навъи таълим он аст, ки набудан ё камии мотиватсияи беруна ва норасоии назорат дар муқоиса бо таҳсили рӯзона аст .

“Таҳлили хусусиятҳои тадбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд” чунин унвон дошт баромади Раъно Исомаддинова, сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ, номзади илмҳои физика ва математика. Номбурда зимни маърӯза  баён дошт, ки бо воситаи сомонаи махсус барномаи кории фан (силлабус), қисми назариявӣ, қисми амалӣ: намунаи иҷрошудаи санҷишҳои ҷорӣ, маводи имтиҳонӣ, санҷишҳои марҳилавӣ, наворҳои дарсӣ, презентатсияи овознокшуда, супоришҳо ба донишҷӯён фиристода мешавад. Омӯзиши синхронӣ ва асинхронӣ, вебинар барои донишҷӯ имконият фароҳам меорад, ки дар вақти ба худаш мувофиқ ба саҳифаи интернетии худ даромада, аз машғулиятҳо огоҳ бошад. Пешрафт, давомот ва макони донишҷӯ пайваста дар мадди назари масъулин қарор мегирад. Дар сурати камфаъолиятӣ оиди иштирок дар сесияи таълимӣ, гузариш аз саныиши дониши бархаттӣ, супоридани қарзи академӣ ба онҳо мактуб-огоҳнома фиристода мешавад.

Назирҷон Муллоҷонов, мутахассис-барномасози маркази таҳсилоти фосилавии ДПДТ оиди  коркарди низоми иттилоотии таҳсилоти фосилавӣ гузориш дода, баён дошт, ки барои саривақт дастрас намудани супоришҳо нақши вебинар ва технологияи интиқоли маълумотҳои аудиоӣ ва  видеоӣ хеле калон аст.  Номбурда дар асоси таҷрибаи андӯхтааш дар ин самт бо мисолҳои возеҳ ба ҳозирин афзалиятҳои вебинарро фаҳмонд.

Дар идомаи конференсия мутахассиси маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Уроқов Мирзомурод дар мавзӯи  “Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ”, Парвиз Солиев, сардори маркази технологияҳои компютерӣ ва таъмини фаъолияти системаи иттилоотии ДПДТТ дар мавзӯи  “Системаи идоракунии захираҳои таълимӣ дар формати SCORM“, Заррина Акрамова, сардори шуъбаи илм ва инноватсия, оиди  мавзӯи “Самаранокии дарсҳои  онлайн дар таҳсилоти фосилавӣ“, Маҳина Усмонов, устоди кафедраи “Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ”  дар мавзӯи  “Программные средства внекальной работы со студентами” ва Абдуллаев А.- сармутахассиси шуъбаи таълими фосилавии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзӯи  “Ташаккули низоми таҳсилоти фосилавӣ дар ДДХ ба номи Б. Ғафуров: вазъи кунунӣ ва дурнамо” гузоришҳои ҷолиб намуданд.

 Дар баромадҳо таъкид шуд, ки бояд моҳият ва аҳамияти ин навъи таълим ҳар чи бештару тезтар то ба довталаб расонида шавад, то ӯ имкон пайдо кунад, ки ҳам таҳсил намояду ҳам зиндагиашро пеш барад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид қайд кардаанд, ки “... Ин тарзи таҳсил имкон медиҳад, ки бо нигоҳ доштани сифати таълим хароҷоти зиёдатӣ барои як донишҷӯ то 2-3 баробар кам карда шавад ва шахс аз истеҳсолот ҷудо нагардида, аз тариқи интернет соҳиби дониш ва ихтисоси зарурӣ гардад”.

Конференсияи мазкур роҳи наверо дар самти вусъат бахшидани тарзи таҳсилоти фосилавӣ кушод.