Тоҷикистони азизи мо таърихи на қадар тӯлони дорад. Лекин дар ин муддати на он қадар дароз чунон корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки дигар давлатҳо  дар тӯли солхои дуру дароз  мушарраф нашудаанд. Албатта мушкилиҳо ҳаст, лекин онҳо пай дар пай паси сар шуда истодаанд. Муҳимтаринаш он, ки мо зиёда аз 25 сол инҷониб дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карда истодаем. Ва бояд як чизро дарк кунем, ки манфиатҳои миллии кишварамон аз ҳама волотар аст, зеро мо ба шарофати он дар фазои озод зиндагӣ дорем.

Бо тараққиёти илму техника ва пешрафти фарҳангу тамаддун дар ҷомеаи мо падидаҳои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онҳо бо арзи вуҷудашон дар баробари манфиатҳои маънавӣ, инчунин роҳҳои ифроту тафритро тай менамоянд. Имрӯз барои ҳар кадоми мо маълум аст, ки гиромидошти фарҳанги волои тоҷикона давлату ҳукумат талош дорад. Аз ин ҷост, ки барои ворид шудани фарҳанги миллати бегона мо мубориза бурда истодаем. Давлат танҳо мехоҳад, ки симои мардуми тоҷик мисли симои ниёгон бошад, либосҳои миллии тоҷикона дар бари занҳо ва мардҳо бошанд ва мо дар назди ҷаҳониён бо фарҳангу маданият ва таърихи худ фахр кунем. Ҳоло, ки вазъи байналхалқӣ мураккаб мебошад,  душманони миллати тоҷик кӯшиш карда истодаанд, ки дар замини Тоҷикистон фазои сулҳу осоиштаро вайрон кунанд. Ман ҳамватанони худро даъват мекунам, ки дар атрофи ҳукумати қонунӣ мутаҳҳид бошед.  Дар ин ҳолат мо метавонем ба душманони миллати тоҷик муташаккилона муқобилият нишон диҳем.

Маълум аст, ки вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаи ҳар як мамлакат ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рў, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва мафкуравба ҳадафҳои давлату миллат ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшишҳои ҳамаҷонибаи фарогирро ба харҷ медиҳад, ки то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад.

Дар охири асри гузашта халқи азияткашидаи тоҷик бо амри таърих соҳиби давлати мустақилу комилҳуқуқ гардид. Фарзандони сарсупуридаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии  миллату мамлакат бар зидди ҷанги бемаънӣ, ҷудоиандозии минбаъдаи халқи дар асари сиёсати наҷодкушии тўлонии душманон камшумор гаштаи тоҷик ба по хестанд. Ин  роҳи ваҳдат ва ягонагӣ, роҳи худшиносии миллӣ, роҳҳои омўзиши таърих, фаро гирифтани осори  гаронбаҳои аҷдодӣ ва рушду такомул додан ба маънавиёти хеш мебошад.

Аз бостон то ба имрўз аксари шахсони маъруф ё маҳбуби таърихро хоҳe шоҳ бошад, хоҳ саркардаю сарлашкар ва ё аз аҳли илму фарҳанг, вазъу носозгориҳои мураккаб ва тақдирсози кишвараш аз роҳи мубориза ва дорои ифтихордории миллӣ ва ватанпарастӣ ба майдони шўҳрат овардааст. Ин иқдом ҷасорат, мардонагии бузург, як рўю як забон доштан ва ифтихори бошуҷоатро медиҳад.

РАҲИМОВ А.А.

устоди кафедраи математика ва информатика