Ман ба бӯи ҷону ҷонон зиндаам,
Чун умеди рӯзгорон зиндаам,
Ман киям хар лаҳза мепурсӣ маро.
ТОҶИКАМ бо ТОҶИКИСТОН зиндаам!

Тоҷикистони азизи мо аз қадимулайём қавму миллати озодпараст ва озодихоҳ буд ва мемонад. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба озодӣ баромаду дар партави Истиқлолияти давлати зиндагии ободу озод ва хурраму шоистаро аз сар мегузорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯзи мо равшану фардои мо дурахшандатар гардид. Ба ҳамин хотир, барои арҷ  гузоштан ба арзишҳои милливу маънавии халқи бузурги азизамон мо бояд ба қадри осоиштаги ва суботи кишвари худ бирасем ва барои ободии он саҳмгузор бошем.

Гар лаби дарё равем, мо ташнагонро ёд кунем,
Шукр гӯем сулҳу ваҳдат, ин Ватан обод кунем.
Тоҷикони ин ҷаҳон, мо зодаи як Модарем,
Узвҳои як тану мо ҷумла аз як гавҳарем.

Моро мебояд, ки ба доми макри нафарони хиёнаткору адватпеша ва ватанфурӯшон наафтем. Рисолати хешро дар назди назди халқу ватан бо сари баланд иҷро намуда, ба хотири маҳкум намудани афкори бади эшон талош намоем. Пеши роҳи ифротгаронро гирифта, ҳадафҳои щаразноки эшонро ба хок яксон намоем, то онҳоро мащлуб намоем. Зеро мо миллати шарафманду шикастнопазирем. Ва ҳамеша бар зидди қувваҳои нохалаф ватандӯстона мубориза намуда, щалаба кардаем. 

Хулоса, ба воситаи Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи бебозгашти тоҷикон, тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам оварду дари худро ба тамоми ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намудааст. Мо ифтихори онро дорем, ки Бигузор, нуру зиёи Истиқлолият то абад роҳи Ватани азизамонро ба сӯи ояндаи ободу пешрафт равшан намояд ва миллати куҳантаммаддуни мо зери ливои мустақилият тараққӣ намояд ва умри безаволаш дар қатори таммаддунҳои дигар поянда монаду намиранда гардад. 

Акрамов А.А. декани ФСН