Бахшида ба 24-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар кори конференсия олимону устодон ва шогирдони донишкада ширкат варзиданд.

Конференсияро декани факултети сохтмон ва нақлиёт Абдуқодир Акрамов ҳуси ифтитоҳ бахшид.  Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Аксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.

Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.

 

Номзади илмҳои педагогӣ, котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи М.С. Осимӣ Хайринисо Темирова  зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва хамдигарфаҳмии ҳалқҳои Тоҷикистон» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат- тахкимбахши истиқлолият» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон- ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.

Бо ҳамин чорабинӣ  анҷом ёфт.