Ватан калимаи арабӣ буда, маънояш зодгоҳ, ҷои таваллуд аст. Аз замонҳои қадим калимаи ватандӯстӣ муҳаббат ба ватанро ифода мекард.
* * *
Бо мафҳуми Ватан чунин муҳити сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоиеро фаҳмид, ки дар он ташаккули инсон ба вуқӯъ меояд.
* * *
Танҳо ҳамон кас ватандӯсти ҳақиқист, ки барои мудофиаи манфиатҳои меҳнаткашон ва ба мамлакати озоду демократӣ табдил додани Ватани худ мубориза мекунад.
* * *
Танҳо ҳамон кас маънаван аз Ватани худ фахр карда метавонад, ки бо соҳаи хеш муваффақиятҳои онро афзун мегардонад.
* * *
Ватандӯстон дар куҷое ки кор накунанд, иқтидор ва шуҳрати Втанамонро афзун мекунанд.
* * *
Ватан, ба шуҳрати ту шарик шуда, туро боз ҳам бузургу мустаҳкам мегардонем, бо меҳнати бурдборониву ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ояндаро барпо мекунем.
Маҳбуба Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд