Барои миллати қадимию соҳибфарҳанги тоҷик неъмате бузургтар аз сулҳу осоиш ва амну амонӣ нест, ки тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради халқ ба даст омад. Мо давраи душвору ҳассоси сиёсиро собитқадамона паси сар намуда, имрӯз ба ҳайси як миллати воҳид ва ягона дар арсаи олам ном баровардаем. Муҷиби саодату саршор аз ифтихор аст, ки  имрӯз сокинони кишвар, хоса, занону бонувон бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи хеш пайи эъмори давлати бузурги тоҷикон ҳастанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо  шарофат ва ҳидояти Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми  баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд. Ба маврид аст аз суханони Сарвари мамлакатамон ёдовар шавам, ки гуфтаанд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст».  Ин нукта бори дигар дар Паёми навбатии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр ёфт. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки “...Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад. Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд».

         Ин  ташаббус ва иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, занон ва аъзои ҲХДТ дар вилоятро водор месозад, ки дар пиёда гардонидани дастуру супоришҳои фардонигари Президенти кишвар камари ҳимматро маҳкамтар бандем ва то занону духтарони дурдасттарин ҷамоату деҳоти вилоят онро расонем.

 Ҳоло аз шумораи умумии аъзои ҳизб дар вилояти Суғд зиёда аз 84 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки дар 1354 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд ва роҳбарии 364 ташкилоти ибтидоӣ ба зиммаи бонувон гузошта шудааст. Ин бешубҳа, қувваи бузург аст. Ҳоло дар назди кумиҷроияи вилоят маҳфилҳои “Зан ва сиёсат”, “Зан ва ҷомеа” амал мекунанд, ки барои устувории оила, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ хизмати мондагор дорад.

Модарони мушфиқ, занони сарбаланд ва хоҳарони меҳрубон!

Рисолати азалии Зан-Модар на танҳо ба дунё овардани фарзанд, балки  хубу шоиста тарбия намудани фарзандон, дар руҳияи  ватандӯстӣ парвариш намудани онон,  соҳибмаълумоту соҳибкасб, худогоҳу худшинос гардонидани наслҳои ояндасоз мебошад. Беҳуда нест, ки дар ҳар суханрониву суҳбатҳояшон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мактаби модарро бузургтарин мактаби тарбия гуфтаанд. Биёед, занони азиз, чун ҳамеша дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ оем ва дастуру супоришҳои Сарвари кишварамонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пешбурди ҷомеаи соҳибистиқлол, дар ободонию созандагии Ватани азизамон саҳм гузорем. Ба таъбири Ҷаноби Олӣ Тоҷикистон Ватани мост ва онро худи мо бояд обод кунем, созем, пеш барем ва дар арсаи байналмилал чун кишвари пешрав муаррифӣ намоем.

 Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд