Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб низ орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод будааст ва инсони солимақл аз бархўрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад, ки ба пешрафти ҷомеа ва рушди инсони комил созгор аст.

         Имрўз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот , ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳои ин нооромиҳо афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кўшиш ба ғасби ҳокимият мебошад.

         Моҳияти масъала дар он аст, ки баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳоти нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд.

         Баъди ба даст овардани истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мо аст,  барои озодии дину имон шароит фароҳам овард.

         Бо заҳмату талош ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

         Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд.

         Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерўмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 

Бешубҳа, Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳомӣ ва раҳнамои мо бар пояи шиносои намудани шахсиятҳои таърихӣ ҷавононро ба саҳифаҳои пурифтихори миллати тоҷик  ошно намуда, ба  омўзиши таҷрибаҳои гузашта имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир  пайдо кунем.

Ҳамаи ҷавонон имрўз ифтихор мекунем, ки  Президенти кишвар  ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург доранд  ва барояшон  тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозанд, то ҳамчун насли бунёдкор зимоми фардои  давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро  соҳиби кунанд, онро обод созанд, яъне кори Пешвои ҷавонпарвари миллатро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

                 Ҷамшед Масаидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд