Муҳимтарин вазифаи шаҳрванди ва қарзи фарзандии ҳар як сокини баору номуси мллат, бахусус наврасону ҷавонон дар он аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқидилона дӯст дорад, хизмат дар онро пешаи асосии хеш шуморад ва онро чун гавҳараки чашм аз ҳамаи оризаҳои нопок эмин дорад. Рисолати имрӯзаи ҳар як насли ҷавону худогоҳ низ маҳз ҳамин аст, ки барои ояндаи миллати соҳибистиқлоли мо беаҳамияти ззоҳир накунанд.

Мо, насли ҷавон, ояндагони дурахшони Тоҷикистон бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи ин миллати фарҳангиву сулҳпарвар, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва бобоёни ободгару созандагони имрӯзи босаодати худ, сабақи мардонагӣ гирем. Ва ба Ватани биҳиштосоямон, миллати куҳанбунёд, ба хотири гузаштагони куҳанҷасорат хидматҳои хешро дареғ надорем. Танҳо ҳамин тадбир метавонад, ба миллати тоҷик хушбахтиҳои беш аз имрӯзаро муҳайё созад.

Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои пешгирӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳое, ки аз ҷониби ҷиноятпешагон нисбати амнияти мардум ба кор меояд, қабл аз ҳама саҳми кормандони амният, Вазорату раёсатҳои корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳо аз ҳама болотар аст. Вале бояд зикр кард, ки агар дар қатори намояндагони ин мақомотҳо, шаҳрвандони кишвар низ ба ин амалҳои ҷиноятпешагон таъсир нарасонанд, танҳо бо қувваи кормандони мақомот рафъи ин гуна амалиётҳо мушкилтар аст.

Масаллам аст, ки моҳе пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дода буданд. Бояд зикр кард, ки дар вилояти мазкур таи солҳои охир сафи ҷиноятпешагон меафзояд. Инро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто тавассути оинаи нилгун низ мебинем, ки ин ҷинояткорон дар хонаҳои истиқоматии хеш ба корҳои ғайриқонунӣ машғуланд.  Ин амали онҳо таҳдиди рӯи рост нисбати амнияти миллии мардумони кишвар буда, аз ин вазъият кайҳост, ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвари дурандешаш изҳори нигаронӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони вилояти мазкур аз ҷумла кормандони Кумитҳаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Прокуратура ва дигар намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон бори дигар ин вазъияти нигаронкунанда ва камбудиҳои дар он вилоят ҷойдоштаро матраҳ сохтанд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки теъдоди зиёди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояпешагонро мардумони минтақаи Хоруғ, Роштқалъ ва Рӯшон ташкил медиҳанд ва дар фарҷоми мулоқот ба мақомотҳои дахлдор ва мардумони баору номуси вилоят дастуру супориш доданд, ки ҳар чи бештар дар бартараф намудлани ин ҷиноятҳо нуқтаи ҳамешагӣ гузоранд. Зеро беаҳамияти нисбати ин афродони ҷинояткор ба амнияти мардумон ва ваҳдати миллии мо хатари ҷиддиро ба бор меорад.

Ҳамин тариқ, фаъолияти якмоҳаи дастургирифтагон натиҷагири карда шуд, ки эшон бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулияти беш барои бартараф намудани ин камбудиҳо камар баста, ба нишондиҳандаи назарраси ноил гаштанд. Эшон дар натиҷаи амалиётҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи ҷиноятпешагон ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Крамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалмонович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунавар Наврӯзбекович ва дигар сокинони алоҳидаи ноҳияҳои вилоятро бо ҷинояти ташкил ва ба ин тариқ муташанниҷ гардонии миллат бо воситаи тайёри ба ҷангу ҷидол, пинҳон намудани силоҳҳои гуногун ва маводи тарканда, дар умум 201 адад силоҳи оташфишон ва 960 грамм маводи тарканда дастгир намуда, ин лавозимотҳои ҷангиро мусодира сохтанд.

Санаи 22 – октябри соли ҷорӣ ҳамаи ин саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткоронро ба Прокуратура даъват намудаанд ва ба эшон низоми қотеиятро шинос намуданд, ки ин ҷинояткорон ба ин санади меъёри ҳуқуқи имзои хешро гузаштанд ва савганд ёд намуданд, ки дар асоси ҳамин санади қотеият қатъиян ба ҷиноят даст намезананд. Ва минбаъд барои ислоҳ намудани ҷиноятҳои хеш саҳм гирифта, ҳамаи қонуни қоидаҳои кишварро сари вақт ва бечинну чаро риоя месозанд.

Дар фарҷом умед бар он мебандам, ки рафтору кирдори ношоистаи чунин нафарон барои мардуми кишвар як сабақе мегардад, ки худ ва миллати азизи хешро аз ин ҷинояткорон эмин доранд. Аз ин савгандёдкардагон низ даъват ба амал меорам, ки сари ҳар лафзи додаи худ ҳамеша истодагарӣ намоед, зеро нишони мардонагӣ аз ҳамин иборат аст.

Косимова Малика,

устоди кафедраи иқтисолиёти соҳавии ДПДТТ,

омӯзгори калон

 

 

 

Ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди  шаҳрӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки соли равон 80-солагии ин намуди варзишро ҷашн мегиранд, баргузор гардид.

Хушбахтона, дар мусобиқаи варзишии мазкур, дар шаҳри Конибодом донишҷӯёни донишкадаи мо низ иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси 37.01.07тБ Давлатов Муҳамадисо дар вазни 74 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид. Ин комёбӣ роҳхате барои иштирок дар Спартакиадаи дар пешистодаи байни донишҷӯёни вилояти Суғд мебошад.

Аз номи кулли донишкада, махсусан, факултети сохтмон ва нақлиёт ба Муҳамадисо офарин мегӯем ва комёбиву музаффариятҳои  баландро дар ҷодаи варзишу таҳсил таманно дорем.

 

 Беш аз 27 сол аст, ки мо дар фазои озод ва тинҷу оромӣ зиндагӣ ба сар мебарем. Сулҳу оромӣ чи арзишу қиммат дорад мо дар тору пуди худ эҳсос кардаем. Зеро замоне, аниқтараш солҳои навадум бо ҳиллаву найранг ва дасисаҳои як гурӯҳ аз хоинони миллат дар натиҷаи  дасисасаву амалҳои хиёнаткорона кишвари мо ба гирдоби бало ғӯтавар шуда буд. Маҳз ҳамин ашхос буданд, ки ҷомеаро  шӯр ангехта,  худ чун мусичаи бегуноҳ худро канор гирифтанд. Сулҳ бо хунбаҳои садҳо ҷавонон ба даст омад. Аммо ҳамин неъмати бебаҳоро  душманони миллат чашми дидан наёфта, кӯшиш мекунанд, ки мамлакатро бадоми бало кашанд.  Махсусан, дар ин «амали хайр» нақши наҳзатиён хеле калон аст. Онҳо бо таъсиси «Паймони миллӣ» умед доштанд, ки  тарафдорони худро пайдо намуда, кишварамонро бо дасти худамон нотинҷ кунанд. Бо ин мақсад онҳо шабу рӯз заҳмат мекашанд. Ҳоло ки барои бадномкунии меҳан баҳонае намондааст, онҳо ба мардуми сарбаланду иродатманди Бадахшон часпидаанд. Нохалафон имрӯз авзои сиёсии ин вилоятро ҳамин хел шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки гӯё дар ин ҷо ба таъбири халқӣ давлат ва Ҳукумат «чистка» карда бошанд. Аммо воқеияти ҳол ин тавр нест. То ҷое иттилоъ дорем, мардуми ваҳдатшиори Бадахшон чун дигар минтақаҳои Бадахшон сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд. Аммо миёни мардум ҳастанд нафароне, ки манфиатдори нооромиҳо дар ин минтақа ҳастанд. Онҳо ба гуфтаи хоҷагони беруниашон кор мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳастанд гурӯҳҳое, ки солҳои сол бо кашонидани нашъаву силоҳ аз Ҷумҳурии Афғонистон доираи тиҷорати худро васеъ карда, имрӯз ба дигарон маҷоли сухан ё амал кардан намедиханд. Ин нафарон дар олами ҷиноӣ бо номҳои  Толиб, Боқир, Ёдгор, Хурсанд, Мунаввар, Зоир, Амриддин   машҳур буданд. Гумон доштанд, ки касе пишаки онҳоро  «пиш» гуфта наметавонанд. Кор то ҷое расида буд, ки Президент ба ин масъала зимни сафари 5 рӯза дахл намуданд. Ин назари мӯйшикофонаи Сарвари давлат сангеро гӯиё аз дили мардуми охкашидаи мардум берун овард. Зеро дар сурати мудохила накардан ба масъала мазкур хатари сар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ дар ин минтақа ба амал меомад. Гузашта аз ин,  яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмист, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Маросими савгандёдкунии нафарони болозикршуда, бори дигар аз ваҳдати ҳамдилӣ ва тифоқӣ, инчунин пурқувват будани давлатамон дарак медиҳад. Гузашта аз  ин давлати мо мисли солҳои 90- ум қарни гузашта нест, ки заифу нотавонии худро нишон диҳад. Саркардагони гурӯҳҳои муташаккил қоил шуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ҷурмҳои пештараи онҳоро бахшид. Ин таваҷҷӯҳ онҳоро ба зиндагии ростин ва фазои солими зиндагӣ раҳнамун мекунад. 

Мо, устодон ва шогирдони ДПДТТ аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки  ҳаргиз ба шиорпартоии нафарони “дилсӯзи” Бадахшон дар хориҷи кишвар дода нашаванд. Вазифаи онҳо тухми нифоқу низоъ коштану ҷангро оғоз бахшидан аст. Он гоҳ хоҷагон бемалол яроқу аслиҳаи худро ба савдо мезананд.

Мо ин бор набояд хато кунем, баръакс пушт ба пушти давлат барои решакан кардани нафарони манфиатхоҳ кӯшиш варзем. Зеро ҳар як амали содиршуда бояд дар назди наслҳои оянда чун оина мусаффо мемонад.

 

                          

 

Замон боҳамаи омаду ноомадаш хело зуду тимсоли зиндагонии кас рангоранг гузашта истодааст. Ба ҳамин маъни замони имрӯзаи як падидаи номатлуби ифротӣ ғасб намудааст, ки ин созмони гурӯҳу ташкилотҳои терористиву экстремистист.

Мусаллам аст, ки таи солҳои охир бо қатъ гардиани фаъолияти азҳоби дар Тоҷикистон мамнӯъ гашта, ҲНИ ТЭТ миёни ду ҷониб, назҳатиҳои нобакор ва мардумони ватандӯсту меҳанпарвар тафриқа ба миён омадааст. Аввал ин ки манъи фаъолияти онҳоро худашон сабаб шудаанд, дуюм ин ки Тоҷикистони имрӯза ба осони Тоҷикистони обод нашудааст. Барои Тоҷикистонро миёни арсаҳои байнанлмилал ҳамчун давлати демократӣ, ободу озод ва соҳибистиқлол эътироф намудан, ҷони ҳазорон марду ҷасуру далери тоҷик қурбони ҷанги бемаънии ҳамон мухолифоне гардид, ки онҳо замоне чунин босмачиёни мирӯзаро тарбият намудаанд.

Мутаассифона, ҳар рӯз мешунавем аз ҷониби ин нохалафон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғро нашру паҳн сохтааанд. Албатта, ки ҳама худ шоҳид аст ва бо чашми сар мебинад, ки кадом ҷониб дар роҳи ҳақ ҳукмронӣ менамояд. Вале бо вуҷуди ин боиси нигаронист, ки  дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро бармало нишон доданд. Онҳо дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон сохиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, хостанд, ин бадтинатон ба ҳолати ҳаокатбор оваранд, хушбахтони рӯҳи бузурги гузаштагони мо ғалаба карду тири ин ноодамон ба ҳадаф нарасид. Мардуми тоҷик аз азал дар партави дастури супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият буда, чунин рафтори аз доираи инсоният дурро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо хатари ҷиддиро таҳдид менамояд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи озодӣ солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодони тоҷвар шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд, то кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда, пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  наҳзатиҳои террорист  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташфиқотии  хешро идома дода истододаанд. Яке аз сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Он фиребхӯрдагоне, ки ба доми Кабирӣ ва дигар намояндагони наҳзатӣ уфтодааст, на танҳо ба ҷони худ ҷафо мекунанд, балки бо шомил шудан ба чунин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба аслашон доғ оварда, бо ин амалҳои нангинашон дар кишвари мо  нооромиро эҷод мекунанд, худашон аз номи худу аҷдодонаш доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд.

 

Зуфар Башиков, устоди кафедраи нақлиёти ДПДТТ, унвонҷӯ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

               

  Оила-жамиятнинг таянчи. Фарзандларимиз онгида элу юртга, Ватанга муҳаббат туйғулари оилада, яшаб турган маҳаллада шаклланади. Мамлакатнинг эртанги куни, тинч ва обод бўлиши энг олдин мана шу кичик жамиятда ўсиб-унаётган болаларимизга боғлиқ. Қайси оилада, қайси маҳаллада тарбия яхши йўлга қўйилар экан, ўша оила, ўша маҳалла гуллаб-яшнайди. 

Фарзанд тарбиясини қачондан бошламоқ керак?, деган савол кўпчиликни ўйлантиради. Кўпчилик олимлар унга турлича жавоб бериб келганлар. Хусусан, Ибн Сино бола тарбияси билан унинг туғилишидан аввалроқ, она қорнидан бошлабоқ шуғулланиш лозим, деб жавоб берган. 

Оила, одоб-ахлоқ ва таълим-тарбияга эътибор қон-қонимизга сингиб кетган бурчларимиздандир. “Бир болага етти қўшни ота-она” деган ибратли мақол ҳам айнан халқимизга хос. Мана шу мақолнинг ўзи ҳам фарзанд тарбияси, оилапарварлик биз учун нечоғлик муҳим эканини билдиради. Маҳалла аҳли, айниқса кексалар кўчада нобоп иш қилаётган бола олдидан ҳеч қачон бепарво ўтиб кетмаган, шу заҳотиёқ танбеҳ бериб тўғри йўлга чақирган. Зеро, ҳар томонлама чиройли, одобли, гўзал хулқли бўлиш, нафсни поклашга буюрувчи муқаддас динимиз оилага катта аҳамият беради. 

Оиладаги муҳит ота-она ўз маъсулиятларини ҳис қилиши билан барқарор бўлади. Болаларнинг одобли бўлиб улғайиши учун ота-она билан бир қаторда маҳалла-куй ҳам катта ибрат мактабидир. “Қуш уясида кўрганини қилади”, деб бежиз айтмаган халқимиз. 

Фарзанд тарбиялаётган ота-она ҳар бир ҳаракати, юриш туриши, муомаласи, бошқалар билан ўзаро муносабатида олижаноб фазилатларни намоён эта билиши керак. Чунки бола табиатан ниҳоятда тақлидчан ва кузатувчан бўлади. Шунинг учун унинг атрофдагилари ўз одатлари билан баъзан ўзлари сезмаган ҳолда уларга таъсир қиладилар. Оиладаги қўпол муносабатлар, кўп ёлғон гапириш, ёқимсиз хатти-ҳаракат бола тарбиясига салбий таъсир қиладиган носоғлом муҳитни келтириб чиқаради. 

Фарзанд тарбиясида ота-онанинг муомаласи муҳим ўрин тутади. Бола ота-она томонидан қўпол, дағал сўзлар эшитиб, калтак еб катта бўлса, бу унинг табиатига салбий таъсир қилади. Бу эса ўз навбатида оиладаги носоғлом муҳитда тарбияланаётган боладан “маънавий касал” инсонлар шаклланади. Улар эса жамият маънавиятига ҳам салбий таъсир кўрсатади. 

Оилада ота-оналар “оммавий маданият” таъсирига берилиб кетиши оқибатида фарзандларнинг тарбиясига ҳам салбий таъсир кўрсатмоқда. 

Истиқлол туфайли халқимиз чет-эл юртларини кезиб, янги халқ ва урф-одатларни гувоҳи бўлиб қайтмоқдалар. Шу жумладан Европа давлатларига сайр қилиб келаётган фуқароларимиз бугунги кунда ғарб ўсмирлари орасида бошқа мамлакатлар ёшларига қараганда уюшган жиноятчилик ва зўравонликка берилиш ҳолати юқори. Бунга сабаб болаларга керагидан ортиқ эркинлик берилгани экан. Уларни ҳозирдан айш-ишратга берилиб, турли ахлоқсиз ҳатти-ҳаракатларга ружу қўйишдан ҳеч ким қайтармаслигини айтиб беришмоқда. 

Инсон ҳаёти давомида бирор шахсни ўзига ўрнак деб билади, бундан инсон у каби ҳаёт кечиришни, у эришган ютуқлар каби муваффақиятларга эришишни, юксак чўққиларга чиқишни кўзлайди. Бугун жамиятнинг ёш аъзолари ўз ҳаётлари учун бошқа маданият вакилларининг фикрлаш ва ҳаёт тарзини ўрнак қилиб олишлари кўп муаммоларни келтириб чиқармоқда. 

XXI асрда турли ҳаёт тарзлари ва ғоялар рақобатга киришди. Бунда муваффақиятга эришиш учун ҳар бир давлат ўзлигини сақлаган ҳолда диний ва миллий қадриятларини бошқаларга англатишни асос қилган мафкурага эга бўлиши лозим. Акс ҳолда, ўзликни йўқотиш, бебаҳо қадриятлардан воз кечиш кишини тараққиётдан ажратиб, уни тобе, мустақил фикри йўқ манқуртга айлантириб қўяди. Ҳозирги кунда ғаразли мақсадларни амалга ошириш учун зимдан олиб борилаётган фитналар баъзи миллатларнинг ўзлигини йўқотишга қаратилганини сезиш мумкин. Бунда эътибор худудларини эгаллаш эмас, балки инсон онгини эгаллашга йўналтирилган. 
    Албатта бола тарбияси ўта мураккаб ва маъсулиятлидир. Бу ҳар бир ота-онадан ўз устида мунтазам ишлашни, болалар тарбиясига оид барча маълумотлардан бахобар бўлиб боришни талаб этади. Фарзанд тарбияси бу шунчаки тажриба, оддий кўрсатма ва билимлар жамланмаси эмас, балки ўз ичига диний-ахлоқий билимлар, тиббиёт, этика, психология, педагогика каби соҳаларига оид билимларни ҳам қамраб оладиган мураккаб жараёндир. 

 Бугунги кунда оилавий тарбиянинг қийинлашуви шундаки, биринчидан, жамият тараққий этиб боргани сари ҳар томонлама етук инсонни шакллантириш талаблари ортиб бораверади. Бу эса оилада болага эстетик, жинсий тарбия, ахлоқий тарбия бериш сифати ва кўламини ошириш талабини қўяди. 
    Таълим-тарбия, одоб-ахлоқ болаликдан берилгани маъқул. Расулуллоҳ (а.с.): “Биронтангиз ўз фарзандларингизни тартиб-интизомга ўргатса, бу ҳар куни садақа бергандан яхшироқдир”, дея марҳамат қилганлар. 

Болаларни интизомга ўргатиш оила мустаҳкамлигига асос бўлади. Ислом шу маънода ота-оналарни ўз фарзандларига соғлом тарбия беришга рағбатлантиради. Ҳадиси шарифда “Фарзандларингизни ҳурмат қилинг ва уларни яхши хулқ билан хулқлантиринг” деб таъкидланган. 

Юртимиз уламолари ўз асарларида фарзандининг чиройли одобидан умид қилган ота-она, уни мунтазам равишда ҳусни хулқ асоси бўлган муомала одобининг қуйидаги қирралари билан таништириб бориши муҳим эканини алоҳида таъкидлаганлар:

         - фарзандингиз одамлар билан муомалада ширинсўз, мулойим, босиқ ва камтар бўлишига эътибор қаратинг;

         - одамлар хурсандчилигини баҳам кўриш, ғам-андуҳидан қайғуриш, мол-мулкига хиёнат қилмаслик, яхшиликка чорлаб, ёмонликдан қайтариш ҳусни хулқ эгаларига хос фазилатлардандир. Шунинг учун фарзандингизга ана шу хислатларни болаликдан сингдириш пайида бўлинг;

         - фарзандингизга ўзгалар билан муомала чоғида бошқаларни ғийбат қилиш, ўзгаларни менсимаслик, обрўси, бойлиги ёки мансабига қараб муносабат кўрсатиш ҳам одобсизлик эканини уқтириб боринг;

- ёши улуғ кишилар, устозлар билан муомалада уларнинг кўзига тик боқмай, гапларини жим тинглаш, саволларигагина жавоб қайтариш, буйруқларини сидқидилдан бажариш ҳам болалар қалбига жо қилишга эътибор беринг.

         Фарзандларимизга шундай тарбия берайлики, улар ўз ота-боболарига, ўз тарихи, Ватани, она тилига, миллати, динига ва анъналарига содиқ бўлиб камол топишсин.

Дадахон Ҷӯраев,

номзади илмҳои техникӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

  Мо, устодони кафедра  вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои  муғризонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати  имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ба аҳли маорифчиёни  минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши мукаммали замонавӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву пули бедардумиёни ташкилотҳои терористӣ  нашванд ва бо онҳо бо амали нек посух дода, зирракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

     Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд. Аз ҷумла гуруҳҳои мутташакили террористӣ бо сардории Алватшоев Амриддин,Шанбиев Мунаввар, Мазоров Хурсанд, Мамадбокиров Мамадбокир,Рачабов Зоир ва Айёмбеков Толиббек барои  ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа, бетартибиҳои оммавӣ, муомилоти ғайриқоунии воситаҳои нашъадор,  авбошӣ ва ғайри қонуни соҳиб шудан ба молу мулк машғул буданд, ин кирдори ношоистаи нохалафонро маҳкум менамоем  ва  ба ахли чомеъаи мардуми осоиштаи Ватан махсусан ба мардуми  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани боқимондаҳои гуруҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.

 

 

Шукри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд намоем, ки аз замони ба имзо расидани санади такдирсози Оштии миллӣ то ба имрӯз ба василаи ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона ва иқдомҳои ваҳдатсолоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагиву амният ва суботи комили кишвар таъмин гашта, мамлактамон хамвора қадами устувор рў ба рушд ниҳода истодааст.

Вале назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳануз нафаронеро  дучор омаданд, мумкин, ки банди таассубу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва ҳаёти гулафшони Ватани маҳбубамон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ буда, боиси ташвиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Таассуб ва ифротгароӣ аз падидаҳои номатлуби чаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи хар гуна гурўҳ ё ташкилоти ифротгаро дар мисоли ТЭТ ҲНИ бо роҳи зўриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки заминаҳои зуҳури таассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузорщои ғайриқонунии манфиатчуёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бешгар ба назар расида истодааст. Боиси таассуфу нигаронист, ки тибқи маълумотҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои дастраси рӯи олам мегардад, тарафҳои мухолифин ором нанишаста ба ташвиқи амалҳои тундгароӣ гашта, кишвари моро бӯҳтон зада истодаанд ва агар мо ҳар чи бештар пеши роҳи ин бадтинату авомфиребонро нагирем. Ба ҳолате оварда мерасонад, ки бархе аз ҷавонону наврасони гумроҳзадаи мо дуруст ба мисли қабл аз тарафи гурўҳҳову шахсони алоҳида ТЭТ ҲНИ ба сафи гурўҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва мисоли инҳо таҳрик гардида, шомил мешаванд ва аз нофаҳмии беш дар бархе аз ин кишварҳо ва дар худи миллати мо бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Модари точик, ки акнун аз фироки фарзандони дар ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кушта шуда, каме ба зиндагии орому осоишта дилгарм шудаанд, боз бо айби душманони тоҷику Тоҷикистон фарзандони азизи худро дар хоки бегона аз даст медиҳанд, барон марги фоҷиавии онҳо мотам мегиранд. Кӣ бояд пеши роҳи ин тамоюли ташвишоварро бигирад, нагузорад, ки бадбахтиву нооромӣ дубора болои мардуми мо ҷомеа сиёҳи худро партояд? Дар ин раванд бояд тамоми нерӯҳои солими ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони чамъиятӣ, аз ҷумла омўзгорон мавқеи худро муайян намоянд, бетарафӣ нашояд.

Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир чавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кўшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ ба номи академик М.СОсимӣ таҳти роҳбари директори оқилу доно ва дурандеш Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар радифи ҳар шаҳрванди саодатпешаи кишварамон ин падидаҳои номатлубро сахт маҳкум намуда, иллати асосии гароиши чавононро ба ин равияҳои моҷароҷӯву исёнкор дар надоштани донишҳои сиёсиву ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамчунин гирифтори таассубу хурофот гардидани онҳо дониста, ҳамаҷиҳата баҳри рафъи ин камбудиҳо бо таблиғи ғояҳои олии сулҳу ваҳдат ва ватандӯстиву инсондустӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок менамоянд. Бо ғамхориву пуштибонии давлату ҳукумат омўзишу парвариши насли наврасу ҷавонро дар мадди аввал гузошта, барои боло бурдани маънавиёту фарҳанги онҳо донишу малакаи хешро ба харҷ медиҳанд.

Нодира Домуллоҷонова,

устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ

 

Устодони кафеда бо арзи ҳамдилӣ ба мардуми заҳматкашу ваҳдатгаро ва созандаву фарҳангпешаи вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалҳои  он нафарони носипосеро, ки фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво дида истодаанд ва бобати вазъу шароитҳои мавҷудаи ин минтақаи арзишманди Тоҷикистон ақидаҳои ботилу иғвоангезро дар байни аҳолӣ  паҳн  карда,  фазои нооромро дар ҷомеа эҷод намуда истодаанд, сахт маҳкум менамояд. Зеро кирдорҳои нангине,  ки аз ҷониби  носипосони ин сарзамин Аловатшоев Амриддин, Ёдгор Мамасаломов, Мазоров Хурсанд, Мамадбокиров Мамадбокир, Раҷабов Зоҳир, Шанбиев Мунаввар ва Аёмбеков Толибек содир гардидаанд, шарафи ҳар як тоҷику тоҷикистониро паст зада хилофи ҳам дину ҳам қонун маҳсуб мешавад. Аз як нигоҳ,  ҳар кадоме аз ин чеҳраҳои манфур аз обу хоки поки ватани азизамон баҳраманд буда, вале аз нигоҳи дигар носипосу хиёнатпеша ва разил ба чашм мерасанд.

Зеро чунон, ки иттилоъ ёфтаем,  чанде аз сокинони вилояти мазкур ба таҳкири намояндагони ҳокимият низ даст зада, авбошӣ,  қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳаро пеша намуда, ҳатто дар байни афроди ҷиноятпеша ҷамомадҳо доир намудаанд. Вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард, ки омили пешомадҳои садамаҳои  фоҷиавӣ мегарданд албатта ҳузнангез ва ислоҳпазир дониста мешавад.  Аз ҳамватанони шарафманд ва меҳанпарасти кишвари азизамон даъват ба амал меоварем, ки дар роҳи маҳв сохтани чунин гурӯҳҳои тундраву ҷиноятпеша бо мардуми сарбаланди Бадахшон ҳамдилу ҳаммаром бошем ва нагузорем, ки фазои орому осоишта ва амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон халалдор гардад.

 

 

15-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  супоришҳои қатъӣ доданд.

 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шудааст ва фаъолияти он идома дорад.

Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Натиҷаи фаъолияти якмоҳа дар ҷаласаи васеи Ситод бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ муҳокима гардид.

Дар робита ба дархосту муроҷиат ва аризаҳои хаттии сокинони вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ба нақшаи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи сокинони шаҳри Хоруғ тадбирҳои амниятӣ  пурзӯр гардидааст.

Бояд зикр кард, ки ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғро дар мусодираи силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ қобили зикр аст.

Ситоди байниидоравӣ бори дигар ҳушдор медиҳад, ки бояд то охирин силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ  ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шавад.

Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ҳама якҷоя дар зери шиори “Ваҳдати миллӣ — асоси зиндагии шоиста” кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем.

Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат дар масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда нигаронии ҷиддӣ намуданд.

Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта  14 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Ситод аз 7 нафар ҷинояткороне,  ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, талаб менамояд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, чунки ҳоло ҳам дер нашудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ нақшаи муқарраршударо 120 % иҷро намуд.

Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.

22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.

Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:

— 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;

— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;

— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;

— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;

— 200- Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан;

— 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;

— 237- Авбошӣ;

— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида  омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Огоҳии расмиро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., сардори РКДАМ дар ВМКБ полковник Меликов М.Э., муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н., сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1 Содиқзода Р.М., Прокурори ВМКБ Асозода Д.А., Прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов М., муовини якуми раиси ВМКБ   Мирзонаботов А. дар ҳузури намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Иргашев Ф. эълон намуданд.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

Маросими савгавндёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

 

Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

 

Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

 

Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

 

 

 

 

Сафари панҷрӯзаи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни аҳолӣ, хосса аз ҷониби «душманони миллат» вокунишҳои гуногуне ба бор овард.  Мо медонем, ки «рақибони сиёсӣ»-и давлат ба ҳар оин ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат нуктагирӣ мекунанд. Президент агар зимни сафар аз дастовардҳои ин ё он минтақа зикр намоянд, ҳатман душманон бо чашми ҳасуду нодидагирӣ мегӯянд, ки Президент аз камбудиҳо чашм пӯшиданд. Аммо чун камбудиҳоро фошофош гуфтанд, гӯиё Сарвари давлат ба он минтақа ба таъбири халқи «ганда» шуданд. Аммо ин бор Сарвари давлат дилсӯзона аз камбудиҳои мақомотҳои қудратӣ сухан гуфтанд. Баръакс, ҳар ҳарфу ҳиҷои Сарвари давлатро мардум бо хушнудӣ пазируфтанд.

Эроди Сарвари давлат дар мавриди фармонфармоии иддае аз ба ном саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дуруст аст. Дуруст аст, ки баъди супориши Пешвои миллат нисбати онҳо чораҳои ҳуқуқӣ андешида, нисбаташон протоколҳои эълон намудани огоҳии расмӣ таҳия шудааст. Ва ин нафарон Ғозибек Айёмбеков, Хурсанд Мазоров, Ёдгоршо Мамадасламов, Мунаввар Шанбеев, Амриддин Аловатшоев, Зоир Раҷабов савганд ёд карданд, ки минбаъд ба амалҳои ҷинояткорӣ даст намезананд.

Шӯрои собиқадорони донишкада  бо дарки амиқи вазъияти ба амаломада ин тадбири амниятиро нисбати саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгирӣ намуда, умед бар он мебанданд, ки дар такя бо мардуми шарифи вилоят ин мушкиливу муаммо зуд ҳалли худро меёбад.

 

Вақте дар бораи ҳамсолони худ ин маводро навиштанӣ шудам, ба ёдам мақолаи арзишманди журналисти равоншод Саодат Каримова расид. Номбурда аз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар мисол овардааст, ки дар солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият дар ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд. Маҳз хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида, ба камол расонд. Воқеан ҳам таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40 сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбати тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсӣ овард. Мо, ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донем, ки Ватан дар пушти шонаҳои мо истодааст ва агар мисли Сарвари худ  ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халқ қурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, онгоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.

Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои миллат дар яке аз шеърхояш менигорад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони Шумо.

Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,

То ба даст овардаам афкори пинҳони Шумо

Ҷавонӣ воқеан ҳам аёми пуршӯру шар аст. Аёмест, ки ҳар чиро аз ин қишри ҷомеа интизор шудан аст. Ман беҳуда аз хислатҳои ҳамидаи бархе аз ҷавонони солҳои 90- уми асри гузашта ёдовар нашудам. Миёни ҷавонҳои он солҳо буданд ҷавононе, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, айшу ишрати яклаҳзаина камон дар даст чандин оилаҳоро бесаробон карданд. Аз таърих бармеояд, ки аксари майдоннишиниҳои солҳои 90- ум маҳз ҷавонони гумроҳ буданд, ки хоҷагонашон ба онҳо ваъдаҳои зиёд медоданд. Маҳз соддагиву гумроҳӣ  боиси сар  задани низоъ гардид. Аз нақли падарамон чунин каҷфаҳмиҳо буданд, ки солҳои 1995-1996 дар шаҳри Хуҷанд ҳам назди ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чандсад нафар ҷавонон гирдиҳамоӣ намуда буданд. Ин ҳама бесару сомониҳоро душманони миллат бо истифода аз нерӯи ҷавонон созмон дода буданд. Ин гуна аҳримансифатон ҳоло низ  ҳастанд ва ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хосса ба Ҳизби наҳзати ислом, қурбон шудани онҳо дар мулки бегона, ашку надомати волидон ба ин мисол шуда метавонанд. Аз маълумотҳои оморӣ ҳудуди 300 ҷавонони вилоят имрӯз гумроҳона ба сафи гурӯҳи ба ном давлати исломӣ пайваста, иддае аз онҳо ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин ҷавононро нафарони сияҳдил ба маънои томаш манқурт кардаанд. Гӯиё бо ин амалашон хизмате дар роҳи ислом мекунанд. Аммо вақте падару модари чашминтизор, кӯдакони аз меҳри падар дурмондаро мебинӣ лаънат мехонӣ ба чунин «ғамхорони ҷавонон». Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин аём ин аёми ҷавонист.

Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол воқеан ҳам ҷавонони хушбахтанд. Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод, такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик дар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунаду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи аём ворид мешавад, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони зери 16- солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо зафар баргаштаанд. Ин пайки шодӣ дарак аз тинҷиву ободии меҳани азизамон медиҳад.

Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони ободу тинҷӣ умр ба сар мебарем ва аҳсант мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз эътимоду боварии калон  доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо ба олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи олӣ то ба 39 адад расонидани онҳо худ далолати гуфтаҳои болоист. Гузашта аз ин дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Сарвари давлат башорат медиҳад.

Соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии мо, ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мо ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат барои мо- ҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро мо аз ҳар вақта дида беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа ҳис намудем. Бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр кӯшиш варзидем. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат махсусан ба донишҷӯён калон буда, дар симои ҳар яки мо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хоссатан рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология ниҳоданро Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш таъкид месозанд. Ман, ки дар яке аз муассисаҳои бонуфуз ва пешрафта- Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсили илм мекунам, зарурияти омӯхтани касбҳои ба кишвар заруриро аз дигарон бештар эҳсос мекунем. Ва ҳамарӯза кӯшиш меварзам, ки аз дониш, малака ва нерӯи ақлонии устодон баҳраи беш гирам. Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин аз сатҳ сифати тарбияи ҷавонони соҳибмарифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Воқеан ҳам чун нек назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии се ҳадафи стратегӣ қарор дорад. Ба хоҷагии халқ имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика,  сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозу телекоммуникатсия, дизайнер чун обу ҳаво  зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд. Бо ин васила ҳам зиндагии худро таъмину ҳам барои ободии диёр, Ватани худ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Хуб аст, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо сарварии зани оқилаву ҷавон, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои амалишавии орзуҳои мо, ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайёст. Лабораторияҳои муҷаҳҳаз, устодони варзида ба мо аз илмҳои муосири техникаву технология дарс мегӯянд. Ба ҳар ду донишҷӯ будани як комютер, синфхонаҳои лингафонӣ имконят фароҳам меорад, ки мо хуб хонем, сатҳи забондониамонро баланд бардорем. Ҳосили заҳматҳои устодон ва саъю талоши худи ҷавонон аст, ки се устоди ҷавони донишкада дар Соли ҷавонон ба гирифтани ҷойи якум дар озмунҳои «Беҳтарин барномасоз» ва «Лоиҳасози беҳтарин» дар сатҳи шаҳриву вилоятӣ гардиданд.

Президент соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем. Аз гузаштаи пурғановати миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш ифтихор намоем ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо миллати ҳунарофар ва зебоиофар будем ва ҳастем. Ва бо вуҷуди кӯҳсор будану камзамин будан метавонем ҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.     

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Муқаддама Солиева,

донишҷӯи курси 2,

факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд