Сегодня, по мере обострения отношений между государствами, увеличения числа экстремистов и террористов, вопрос служения Родине, ее защиты и внимания к национальной святости стал еще более важным. Родина остается матерью, которая воспитывает и ласкает свое дитя, и каждый ребенок всегда должен быть готов защитить Родину. Гордость каждой матери – сын, который несет ответственность за защиту своей Родины, которая является причиной мира и стабильности, единства, свободы, детского смеха и национального флага. Именно отсюда юноши служат в рядах Вооружённых Сил нашего родного Таджикистана, укрепляя материально-техническую базу Вооружённых Сил, учатся великой школе мужества и продолжают с честью подниматься по служебной лестнице с высоко поднятой головой. Хороший отец станет для сына примером для подражания и покажет ценность жизни, мира, стабильности и достоинства Родины. Два года службы в рядах Вооруженных Сил Таджикистана делают каждого молодого человека более независимым и умным, а возвращение домой с военным билетом в руке заставляет гордиться своим патриотизмом. Родители, сестры и братья приветствуют их с большой гордостью и благодарят как героев. Они говорят спасибо за то, что их сын вместе со многими другими детьми-патриотами защитил границы Родины, чтобы люди могли спать спокойно. Это показательный пример для сотен молодых людей, которые убежали в другие страны, потому что боялись службы.

Именно эти молодые люди, прошедшие обязательную военную службу, держат военные базы каждой страны в состоянии «Будь готов». Поэтому каждое государство и нация полностью доверяют своей молодежи и проводят ее через школу мужества, школу жизни, чтобы страна была процветающей и мирной. Их воспитывает настоящий мужчина, зрелый и терпеливый человек. Похвальные действия молодых людей, которые служили, должны заставить многих молодых беженцев почувствовать стыд. Каждый умный и красивый юноша должен понимать, что никто не защитит свою землю, свою мать и свой дом, кроме уроженцев Родины. Мы считаем, что каждый молодой человек должен слушать свое сердце, ведь оно всегда говорит, что служение Родине – мой долг.

Дилафрӯзхон Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Муқаддас будани инсон ва ҳаёти вай, парваридани ҳисси миллӣ-ватандӯстӣ, инсонгароӣ, тақвиятбахшии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули зиракии сиёсии хонандагон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилаӣ терроризмро маҳкум  карда, онро вабои асри номидаанд.

Терроризм ва пайдоиши он таърихи тӯлонӣ дорад. Калимаи “террор” дар забони лотинӣ бо ду маъно: “тарс”, “даҳшат” ва “воситаи тарс”, “ваҳмандозандаи  ҳолат” маънидод шудааст. Вожаи “террор” дар асри XVIII дар Фаронса эътироф шуда, дар Россия бошад, асри XIX амалҳои даҳшататафканӣ бо номи “терроризм” сари забонӣ гашт. Терроризм ҷинояти сангину хафнок маҳсуб ёфта, он, пеш аз ҳама, ба халалдор ва корношоям намудани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, садама ба саломатии шаҳрвандон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Терроризм бо он аҳдофи нангину шуми худ аз ҷониби ашхосе созмондиҳӣ дода мешавад, ки онҳо мехоҳанд суботи ҷомеаро вайрону халалдор намуда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Барои онҳо ҳеҷ чиз муқаддас нест, ҳатто ҳаёти одамони бегуноҳ ва солмардону кӯдакон. Ҳоло терроризм ва экстремизм, ки мафҳуми он ифродгароӣ аст, дар як поя қарор доранд. Мақсади онҳо ҷомаи амал пӯшонидани ҳадафҳои ғаразнокашон мебошад.

Ҷавонон, ки дар таълимгоҳҳо мехонанд ва ояндасозони Ватан ҳастанд, бояд мафҳум ва мақсади ин гурӯҳҳоро хуб дарк намоянд. Террористону ифродгароён мехоҳанд ҷавононро барои иҷрои амалҳои   нопокашон истифода кунанд, онҳо бо таблиғҳои дуруғини хеш ба худ ҷалб месозанд. Онҳо набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтонӣ шаванд ва то ҷон дар рамақ доранд, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон баранд, зеро онҳо душманони аҳли башаранд. Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсон, амнияти сохти конситутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад. Ҷавонони мо бояд бо ин моҳияти гурӯҳҳои харобиовар дуруст сарфаҳм бираванд ва кӯшиш намояд, ки дар таҳлили мавзу фикри солими худро баён карда тавонанд.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи ак.М.С. Осимӣ

 

 

Пӯшида нест, ки зуҳуроту ҳаводиси номатлуби замони муосир, ба монанди ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба сулҳу оромӣ ва амнияти тамоми мамолики ҷаҳон хатар эҷод кардааст. Ифртгароиву терроризм танҳо ба як минтақа ё сарзамин дахолат надорад. Чуноне ки борҳо таъкид шудааст, он сарҳад, миллат надорад. Бо баробари тараққиёти илму техника, тарзҳои алоқа васоиту роҳҳои паҳн кардани амалҳову ғояҳои созмонҳову ташкилоти террористӣ низ вусъат меёбад. Имрӯз ҳамагон шоҳиди он ҳастанд, ки тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи қишри ҷавони ҷомеа тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди

ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои ваҳшиёна на танҳо боиси фавти аҳолӣ мегардад, ҳамчунин эътимоди аҳолиро нисбати мақомотҳои амниятиву давлатӣ коста гардонида, фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба андозае суст мегардонад. Чанд муддат аксарияти мардум гумон мекарданд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлатҳои ҳамсоя далели он аст, ки чунин созмонҳо ба таври махфӣ дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарвоӣ зоҳир намуд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу  субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа саҳмгузор бошем. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд.

Ба амал омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол

созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз пайи амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.

Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он

вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа зина ба зина ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад. Аз сабаби нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид. Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтару хубтари рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар вазъияти имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу амният расидан ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо, ҷавонон мебошад.

Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Набардҳое, ки имрӯз дар мамлакатҳои Сурия, Фаластин, Украина доир шуда истода шаҳодати гуфтаҳои болоиянд. Касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонад. Аз як сӯ аҳолии осоишта аз ин ҷанги бемаънӣ хисроти калони моддиву маънавӣ мебинанд. Аз сӯи дигар ҷони ҳазорон-ҳазор размандагон, ки худ намедонанд бо кадом мақсад вориди ҷанг шудаанд,  қурбони ин фирефтаю дасисаҳо гардида истодаанд. Барои инсоне, ки ақлу шуур дорад ин нобасомониҳо бояд дарси ибрат шавад. Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин росто қайд карда буданд : «..Ҷаҳонишавӣ  чун дар ҳама ҷо барои асолат  ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ  эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ  ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо  намуд».

Ба ҷузъ он ки имрӯз аслиҳаи асосии абарқудратҳо ташкили ғояҳои носоз дар зеҳну шуури ҷавонони навроҳи зиндагист, ҳамзабон ин гурӯҳҳо бо истифода аз дину эҳсос  ва мазҳаб мехоҳанд дар симои мусулмон мусулмони дигарро душман созанд.

Умуман чун нек назар созем дар саргаҳи сиёсати носози ҷаҳонӣ нафароне меиставнд, ки заифии қавму миллатҳоро ба хуюӣ андӯхтаанд. Медонанд, ки мардуми дини мубини исломро парастиш мекардаро танҳо бо иродаи шахсӣ ва эҳсоси худи онҳо иетавон шикат дод. Маҳз мазҳаб, фирқа, равияҳо ва ҷунбишҳои гуногун ба хотири саркӯб кардани аҳли мусулмон гардида истодааст. Яъне аз номи ислом бар зидди ислом. Ин сиёсати ҷангҷӯёна. Низоъбарангез, кинаву кудурати  байни бародарҳо гардида истодааст.

 Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсониро ҳаргиз қабул намедорад, балки барои решакан кардани амалҳои ношоиста талош меварзад.

 Таърихи талхи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса намоем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъона аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила моҳияти аслии мухолифони заифи мо, чеҳраи манфури иҷрокунандаҳои ин амалҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Он гоҳ мо қарзи худро дар назди Ватан адо ҳоҳем кард.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

             Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавонон нақши арзанда ва саҳми созанда доранд. Маҳз бо назардошти ин, соли 2017 дар Ватанамон Соли ҷавонон эълон гардид ва тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба дастгирии насли ҷавон нақши муҳим бозид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо зикри иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷавононро бори дигар неруи созанда ва пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ карданд.

    Махсус таъкид гардид, ки ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои  соли муайян пешбинӣ нашуда, баръакс ҳалли масоили вобаста ба насли наврасу ҷавон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хоҳад буд.

    Имрӯз, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву амниятии ҷаҳон лозим аст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Албатта, дар ин радиф аз онҳо омода будан ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ ва саъю талош барои пешрафту ободии минбаъдаи Ватан низ тақозо мешавад.

    Падидаи ҷолиб он аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатёри Тоҷикистон бо дарки масъулият, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олиашон саъю талоши созанда мекунанд. Муассифона, дар ин миён боз чун хор дар гулистон нафароне ҳастанд, ки бо иқдомҳои ношоиста, амалҳои носавоб ва ниятҳои нопокашон ба номи ҷавонони Тоҷикистон доғ меоранд. Далели ин гуфтаҳо изҳороти Анҷумани озодадешагони Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш тариқи воситаҳои ахбор расонаӣ гардид.

    «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» гуфтаанд хирадмандон. Ин панди онҳо маънои онро дорад, ки инсон пеш аз даст задан ба ягон амал бояд аввал нақшаву нияташро хуб дар мизони андеша баркашад. Фикр кунад, ки ин амалаш бо кадом мақсад аст, чӣ натиҷа медиҳад ва оқибати он чӣ мешавад. Агар аз иқдому ташаббуси мо манфиате ба аҳли ҷомеа расад, албатта, он қобили пайравию дастгирист. Вагарна, чуноне ки мегӯянд, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ва инсони бадхоҳу бадкор на ба халқ писанд асту на ба Худо.

     Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашида шуд, ки то ҳол оқибатҳои ногуворашро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос менамоем. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Таърих гувоҳ аст ва насли миёнсолу калонсол хуб медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷони худро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд.

    «Баҳс омад – наҳс омад»-ро оқилон беҳуда нагуфтаанд. Ин сухани кӯтоҳ ҳикмати бузургеро дар худ нуҳуфтааст. Яъне дар куҷое, ки ҳамдигарнофаҳмӣ ва тафриқаандозӣ ба миён омад, оромию осоиш, тинҷиву амонӣ ва серию фаровонӣ аз он ҷо кӯч мебандад. Ва чуноне, ки аз  изҳороти «равшанфикрон» маълум мешавад, имрӯз боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки чунин ҷавонони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. Балки худ бори гарони гардани дигарон ҳастанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидаанд.

     Шиорпартоиву даъвати бадхоҳона, изҳороту муроҷиати ғаразнок аз дасти ҳама меояд, кори душвор нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мо баҳри таъмини саодати аҳолӣ ва ободонии диёрамон чӣ кореро анҷом додаем ё ба анҷом мерасонем.

     Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. Ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳо дар рӯзгори сокинон муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Мардуми рус мақоле доранд, ки Москва дар як рӯз сохта нашудааст. Яъне иҷрои ҳар кор, ислоҳи ҳар камбудиву норасоӣ муҳлати муайянро тақозо менамояд.

     Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буданд. Новобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Ва имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем. Вагарна бо қабули муроҷиатномаю изҳорот, даъватҳои барқасдонаю душманонаи бадхоҳони давлату миллат мурод ҳосил намешавад.

    Насли наврасу ҷавон табақаи осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин мазмун, ки душманону бадхоҳон, тундгароёну мансабхоҳон аз содагӣ, дилсофӣ, камтаҷрибагӣ ва ноустувории онҳо истифода бурда, нақшаҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, насли миёнсолу калонсолро лозим аст, ки сади ин роҳ шаванд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба роҳҳои бад рафта, ба доми чунин афроди нопок гирифтор шаванд.

     Даъватамон аз насли наврасу ҷавон бошад, ин аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чуноне доноён мегӯянд, «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Солҳои 90-уми асри гузашта бояд барои ҳар нафар сабақ ва дарси ибрат бошад.

 Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мардуми тоҷик аз азал сулҳдӯсту сулҳофар буд. Бо эътимоду боварӣ гуфта метавонам, ки мо ҳеҷ, гоҳ ба дурӯғу бофтаҳои фитнаангезии хоинони давлату миллат дода намешавем. Боиси таассуф аст, ки хоинони Тоҷикистон ҳама дастоварду муваффақиятҳо, сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дида наметавонанд ва аз ғаразу кинаҳои хеш достонҳои дурӯғ эҷод намуда, мардумро ба худ ҷалб мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки бо амалкарди душманони миллат Тоҷикистон ба мушкилии маънавию моддӣ дучор гардида, мамлакат дар гирдоби ҳалокат қарор дошт.  Маҳз фитнаи ТЭТ ҲНИ ҷавонони тануманд, донишманду ҳунарманд ва ҳазорон фарзандони номбардори моро аз байн бурданд, ки он ба рушди пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон даҳсолаҳо таъсиргузор хоҳад монд. Нафаре, ки аз сиёсат бохабаранд, ба гуфтаҳои ин ифротгароён бовар намекунад саҳму талоши ҳар сокини кишварамонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он мушоҳида мекунем. Итминон дорам, ки мардуми Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҷанги шаҳрвандиро, ки аз кӯтоҳандешӣ ва хиёнату иғвоангезии чунин ашхос сар зада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дигар он шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, ки зери таъсири ғояҳои дурӯғин қарор гирифта, қурбонии ҷангҷӯёну фурсатталабони ватанфурӯш гарданд.

Мамлактро як ҳадаф, як идея ба ҳам муттаҳид месозад. Ин ҳам бошад бо ҷону дил онро дӯст доштан, содиқона хизматашро ба ҷо овардан ва арҷ гузошта ба меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мебошад. Танҳо ҳамдилӣ, садоқат ба ормонҳои халқ, маърифати баланд метавонад моро аз ҳама оризаҳо эмин дорад. Миллати сарбаланди тоҷик дар ягон давру замон бо мақсади ғасби ҳокимият ҷанг шуруъ накардааст. Ба ҳамин хотир он сабақҳое, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ гирифтаем, имрӯз бароямон дарс аст.

Исмоил Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

  Чӣ тавре ки медонем, дар замони имрӯза бисёр ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки ҷавононро бо ҳар гуна воситаҳо мехоҳанд аъзои худ бигардонанд ва бар зидди давлат, қоидаву қонунҳои кишвар бароянд.

    Аз сабаби чӣ ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳо шомил мешаванд?

  Якчанд ҳизбҳое ҳастанд, ки амалкунии онҳо дар дохили кишварамон манъ карда шудааст, ки фаъолияти пинҳонӣ карда истодаанд. Ва онҳо бо ҳар гуна роҳу воситаҳо мехоҳанд ҷавонон ва умуман одамонро аъзоёни худ бигардонанд. Онҳо бисёртар бо воситаи шабакаҳои интернетӣ, бо пахши ҳар гуна видеороликҳо фикру андешаҳои одамонро дигаргун мекунанд. Шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, асосан дар байни наврасон ва ҷавонон дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки аксарияти ҷавонон вақти холигии хешро дар беҳуда истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва тамошои видеороликҳои беҳуда, сарф мекунанд. Онҳо дарки онро надоранд, ки вақти инсон ғанимат аст ва онро бояд сарфакорона истифода бурд.

     Шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун оқибати хуб надорад ва мувофиқи кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад. Ҷавонон бояд вақтҳои холигии худро беҳуда дар шабакаҳои интернетию дохилшавӣ ба ҳар гуна сайтҳо истифода набаранд, балки дар хизмати падару модар бошанд, ба варзиши ҷисмонӣ машғул шаванд,  бо хондани асарҳои бадеию худомӯзӣ машғул шаванд ва набояд фаромӯш созанд, ки ояндаи ҳар як инсон дар дасти худи ӯст.

Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳон, имрўзҳо амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Муссалам аст, ки чанд рӯзи охир бархурд ва нофаҳмоиҳое дар минтақаи шарқи наздик шуда истодааст, ҷавонони дохил ва хориҷи кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумоти бардурӯғ гумроҳ месозанд.

Роҳи дурустии мубориза бо ин хатар танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани як набарди умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари озоде, ки имрӯз мо дорем ва имкониятҳои беназире, ки барои мо ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, ин ҳама аз шарофату дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сокинони минтақаи Бадахшон, умуман шаҳрвандонро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, худ ва наздиконро аз хатари чунин гурўҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта тавонанд. Дар замони кунунӣ ҳар як шаҳрванд бояд дақиқан донад, ки ин зуҳурот ба ватану миллати мо, ба фарҳангу оини мо, ба зиндагии осоиштаи мо, ба модару хохар ва зану фарзанди мо, ба хонаву молу мулки мо хулоса ба тамоми манфиати шахсӣ ва ҷамъиятӣ чӣ қадар хатарҳои зиёде хоҳад расонд.

Хушбахтона, дар кишвари мо имрӯзҳо барои пешгирии шомил гаштани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад ва дар баробари ин моро зарур аст барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ - ҳуқуқии сокинон бояд пеш аз ҳама таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин восила ақидаҳои тундгарою ифротиро дар ҳамбастагӣ пешгирӣ намоем. Ҳамчунин аз як гиребон сар бароварда, зери сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар арзишҳои миллӣ ба монанди Истиқлоли давлатӣ ва амнияту осоишро дар кишварамон чун гавҳараки чашм  ҳифз намуда, нагузорем ҳеҷ як нохалафе амнияту осоиши кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азизро халалдор созад.

Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, зеро дар замони муосир ба ахлоқи насли наврас омилҳо гуногуни беруна ва дохила таъсири бевоситаи худро мерасонанд. Замони муосир аз нуқтаи назари тарбияи насли наврас муаммоҳои зиёди худро дорад. Аксари муаммоҳои пайдогардида бо баробари рушди техника ва технологияҳои муосир ба вуҷуд омада, бевосита бо пайдоиши интернет, воситаҳои гуногуни муошират, дастрас гардидани иттилооти гуногун алоқаманд аст. Дар чунин шароити мукаммал раванди тарбияи насли наврас ба муаммои душворҳалшавандае мубаддал гардидааст, ки ҷалби фаъолияти ҳамаи сохторҳои вобасташударо талаб менамояд.  Пеш аз ҳама дар ин самт муайян сохтани пояҳои ахлоқиву маънавии тарбияи насли наврас муҳим мебошад. Барои дарёфти ин асосҳо бояд ба таҷрибаи бои ниёгон рӯй орем, маҳз дар асарҳои безаволи ниёгони мо пояҳои ахлоқиву маънавии тарбияи насли наврас дида мешавад. Масалан оид ба тарбияи насли наврас аз ҷониби ниёгони мо чунин асарҳои безавол ба монанди «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайра. Умуман бузургони зиёди ниёгони мо дар масъалаи тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ саҳми босазои худро гузоштаанд ва таҳлили саҳми ҳар яки онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст. Бинобар ин дар мақолаи мазкур саҳми яке аз ин донишмандон, алалхусус саҳми олими бузурги форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ, дида баромада мешавад.    

Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ энсиклопедисти машҳури форсу тоҷик мебошад, яъне доираи тадқиқотҳои илмии ин олими бузург хеле васеъ буда, асарҳои ӯ ба соҳаҳои гуногуни илм ба монанди тиб, кимиё, физика, фалсафа, руҳшиносӣ ва ғайра бахшида шудаанд. +ро дар илми кимиё ҳамчун «падари кимиё» ва дар соҳаи тиб ҳамчун «фароҳамоварандаи илми пизишкӣ» мешиносанд. Бо баробари ин асарҳои фалсафӣ ва тадқиқотҳои илмии ӯ дар соҳаи равоншиносӣ дар худ масъалаҳои гуногуни тарбиявию ахлоқиро дар бар гирифта сиришти аслии инсониро таҷассум менамоянд. Закариёи Розӣ дар натиҷаи фаъолияти илмии худ тахминан 238 китобу рисолаҳоро омода намудааст, аммо мутассифона танҳо 30 адади он то ба замони мо омада расидааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб чунин асарҳо ба монанди «Китоб – ул – ҳовӣ»,  «Китоб – ут – тибул - Мансурӣ», «Аттибб – ул – мулукӣ», «Тибб – ул – фуқаро», «Китоб – ул чадори вал хасба», дар соҳаи илми кимиё «Меҳнат – ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ», «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ», «Китоб – ул - асрор», «Китоб – ул – сирил – асрор», дар соҳаи фалсафӣ ва руҳшиносӣ «Тибби руҳонӣ», «Сирати фалсафӣ» ва ғайраро омода намудаст.

Яке аз асарҳои бузургтарини ӯ, ки бо соҳаи тиб алоқаманд аст «Китоб – ул – ҳовӣ» ва  «Китоб – ут – тибул - Мансурӣ» мебошад. Дар «Китоб – ул – ҳовӣ», ки аз 30 қисмат иборат аст, асосҳои назариявӣ ва амалии тибби ҳамонзамона таҷассум карда шуда, таҷрибаи бои тибби қадимаи форсиву тоҷикӣ, ҳиндиву юнонӣ ва арабӣ  ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин шоҳасарҳои Закариёи Розӣ ба рушди минбаъдаи илми тибби мамлакатҳои шарқӣ таъсири бевоситаи худро расонида, баъди тарҷума шудан ба дигар забонҳо дар давоми давраҳои зиёд ба табибони ғарб низ ҳамчун дастурамал хизмат намудааст. Бояд қайд намуд, ки бинобар доштани қиммати баланди илмӣ асарҳои Закариёи Розӣ ба чанд забон тарҷума гаштааст. Масалан «Китоб – ул – ҳовӣ» - и ӯ ба забони лотинӣ, «Китоб – ул чадори вал хасба» ба забонҳои лотинӣ, юнонӣ, англисӣ, немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба такроран нашр гардидааст. 

Бо баробари саҳми Закариёи Рози дар таҳким бахшидани соҳаи тиб ва кимиё, мавқеи ӯ дар омода намудани асосҳои ахлоқию маънавии инсон низ бузург аст. Асарҳои безаволи ӯ «Тибби руҳонӣ», «Сирати фалсафӣ» ба ин гувоҳ шуда метавонанд. Дар ин асарҳои худ Закариёи Розӣ пеш аз ҳама хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба монанди хоксорӣ, нексириштӣ, таҳаммулпазирӣ, раҳму адолат, саховатмандӣ ва инсондӯстиро тарғиб менамояд. Хислатҳои бади инсониро танқид намуда, дар рафтору кирдораш ҳамчун намунаи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ баромад мекард. Ғайр аз ин ҳамчун устод баромад намуда, нисбати касби устодӣ, мақоми устод дар рушди ҷомеа низ фикру ақидаи худро баён намудааст. Дар асари безаволи худ «Тибби руҳонӣ» Закариёи Розӣ ба таври муфассал масъалаҳои гуногуни тарбиявию ахлоқиро зери таҳлили ҳаматарафаи илмӣ қарор додааст. Асари мазкур аз бист фасл иборат аст ва ҳар фасли он бо масъалаи муайяни ахлоқӣ алоқаманд мебошад. Масалан фасли якум ба ақл ва фазилати он, фаслҳои дуюм, сеюм ва панҷум ба нигоҳ доштани меъёрҳои нафсу ҳавову ҳавас, фаслҳои чаҳорум ва ёнздаҳум ба шинохти амалҳои ғайриахлоқӣ, фаслҳои шашум, ҳафтум ва даҳум ба такаббур, ҳасадбарӣ ва мумсикӣ, фаслҳои ҳаштум ва нуҳум ба худдорӣ аз ғазабу дурӯғгӯӣ, фаслҳои сенздаҳум ва чаҳордаҳум ба зарари пурхӯриву майпарастӣ, фасли нуздаҳум ба рафтори бофазилат ва ғайра бахшида шудаанд. Чӣ хеле, ки дидан мумкин аст, масъалаҳои ахлоқии таҳлилшаванда хеле васеъ буда,  бевосита асари мазкури безаволи Закариёи Розӣ дар раванди тарбияи насли наврас бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад. Зеро дар замони ҳозира низ ҳамаи фикру ақидаҳои пандомези олим ва файласуфи бузург Закариёи Розӣ мақоми худро гум накардааст ва месазад, ки асарҳои ин донишманди бузург доир ба масъалаҳои ахлоқӣ ба таври муфассал омӯхта шуда, дар тарбияи насли наврас ва омодасозии пояҳои ахлоқии онҳо васеъ истифода бурда шаванд.      

Дар охир бояд қайд намуд, ки раванди истифодабарии сарвати бебаҳои маънавии ниёгон бояд бо дарназардошти муаммоҳои замони муосир, хусусиятҳои рушди ҷамъият мутобиқ карда шавад. Дар ин самт саҳми устодон ва мураббиён ниҳоят калон аст. Ҳамчунин дар самти устувор гардонидани пояҳои ахлоқии насли наврас саҳми муассисаҳои таълимӣ низ хеле назаррас мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло бори гарони тарбияи насли наврас пеш аз ҳама ба дӯши муассисаҳои таълимии миёна баъдан олӣ ворузор карда шудааст.

Ахмедова М.М. дотсенти кафедраи

иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент.

 

Дар бисёр кишварҳои дунё алалхусус дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги созанда ва бунёдкор ва  эътироф гардидаанд, таҳкими нерӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасавур кардан ғайри имкон аст. Аз ин хотир Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро ҷавонони Ватан меросбарандаи давлату миллати куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон мебошанд.

         Мутаассифона, гуруҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу васоит барои ҷалби мардум махсусан, ҷавонони ноогоҳ талош меварзанд. Яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин омили иҷтимоӣ мебошад. Вазъи иқтисодии ҷавононро ба инобат гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон пулу мол ва сарвати зиёд ваъда менамоянд. Ҷавононе, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надоранд, равандҳои ҷомеаи ҷаҳониро дарк карда наметавонанд, ингуна гуруҳҳои ифротиро дунболагири мекунанд. Махсусан ютубканали “Паёми муҳоҷир”, сомонаҳои “Паём. нет” ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки ҳадафашон ифротӣ кардани ҷавонон ва мағзшӯӣ аст.

         Бинобар ин, яке аз роҳҳои пешгирӣ ин баланд бардоштани маърифати динӣ  ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гуруҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва паёмадҳои гуруҳҳои ифротӣ мебошад.

         Мебояд, мо ҷавонон барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум дар паҳлуи Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона ва содиқона устувор бошем.

 Исмоил Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар татбики ҳадафҳои созандаи кишварамон саҳми ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад. Расидан ба сулҳу субот, раҳоӣ аз бунбасти коммникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ бидуни талошу ҷаҳди насли ҷавон ногузир буд. Имрӯз мо бо қадамҳои устувор роҳ сӯи ҳадафи навбатии дарпешистода-саноатигардонии босуръат равонем. Мо иштироки фаъоли ҷанононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамсша ҷонибдорӣ мскунем. Зеро онҳо аз фишангҳои асосии таҳрикдиҳандаи рушди ҷомеа  маҳсуб меёбанд.

Ин неруи созанда имрӯз аз амнияти давлату ҷомеа, марзу буми сарзамили аҷдодӣ ҷавонмардон далерона ҳимоят мснамоянд ва дар дифоъ аз ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин медиҳанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳазорон ҷавонон бо матонату иродаи қавӣ хизмат менамоянд.

Мутаасифона баробари ин ҳастанд ҷавононе, ки  аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.

Аз руи маълумоти мақомоти дахлдор беш аз 80 фоизи ҷинояткориҳои аз тарафи ноболиғону ҷавонон содиршуда ба ашхоси бекор рост меояд.

Чунин вазъ мақомоти иҷроияи маҳаллиро водор месозад, ки бо мақсади муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бештар кӯшиш намоянд ва якҷо бо мақомоти марказии давлатӣ ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани ҷавонону занони бекор тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми солҳои 2022-2023 беш аз 9 400 ҷинояти аз тарафи ҷавонон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 26 фоизро ташкил медиҳад.

Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон ҳар яки моро водор менамояд, ки миёни ноболиғон ва ҷавонон корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунандаро вусъат бахшанд ва барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Махсусан, дар ин самт корро дар деҳот ҷоннок карда, барои ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб кардани онҳо чораҷуӣ намоянд, бо мақсади ҳавасманд намудан ва рӯҳбаланд гардонидани ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо дар миёни онҳо бештар ба роҳ монда, иштироки фаъолашонро дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа таъмин гардонанд.

Кам аҳамият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд.

Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 306 нафар кушта шудаанд.

Аз ин ҳисоб 36 нафарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

Дар баробари ин, то ҳол 370 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷи ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонида нашудаанд.

Аз ин рӯ, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио,
оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,  инчунин мақомоти маҳалро зарур аст, ки барои рафъи ин муаммо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи муассири танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа бояд дар самти бартараф намудани монеаву масъалаҳои ҷойдошта нақши ҳалкунанда дошта
бошад.

Бовар дорам, ки минбаъд лар мамлакат, ҷавонони фаъолу ташаббускор боз ҳам бсш мсгардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомса ва рушди устувори мамлакат бамаротиб мсафзояд.

Зокиров Р.Ш.,

Устоди калони кафедраи меъморӣ