Дар ҳар давру замони таърихӣ мамлакатҳои дунё вобаста ба анъанаву урфу одатҳои қавмӣ ё ҳодисаҳои пасисарнамудаашон парчами худро боло бардошта, ҳокимияти худро собит менамуданд. Парчам рамзест, ки дар ҷангҳои байниқавмӣ ё мамлакатҳои қадим истифода мешуд. Парчам барои мақсадҳои гуногун истифода мешавад: ҳамчун рамзи давлати миллӣ, як гурӯҳи мушаххаси одамонро намояндагӣ мекунад, воҳидҳои ҳудудӣ ба монанди шаҳрҳо, иёлотҳоро муайян мекунад ё барои ифодаи шахсият, дин, эътиқоди сиёсӣ ё фарҳангӣ истифода мешавад. Парчамҳо метавонанд рамзҳои муҳим дошта бошад ва барои одамон маънои амиқи таърихӣ ё эҳсосӣ дошта бошад. Аз таърихи қадими тоҷикон маълум аст, ки парчамҳо бо рамзҳои гуногуни ороишдодаи як ҷузъ матоъи ранга дар раванди шӯришҳо ё табаддулотҳо истифода мешуданд. Аз шоҳномаи Фирдавси Ҳаким бармеояд, ки дар замони ашкониён паҳлавоне бо номи Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки хунхор  мубориха мебарад, зеро ӯ 18 писар дошт ва 17-тои онҳо зери зулми Заҳҳок мегарданд, яъне онҳоро Заҳҳок кушта мағзи сарашонро ба морҳо медиҳад. Вақте, ки навбат ба писари охиринаш мерасад вай тоқат накарда халқро ҷамъ карда ба назди қасри Заҳҳок бо дирафши худ меравад. Аз қаҳру ғазаби вай Заҳҳок тарсида писарашро озод мекунад. Ҳамин тариқ, парчам бо номи “Дирафши Ковиёна” машҳур аст. Дирафши Ковиёна аз аҳди қадим то поёни Давлати Сосониён буд. Ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эрон ба дасти онҳо афтода ва аз байн рафтааст. Дирафши Ковиёна дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин дирафш маншаъ гирифта, матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасвир шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 мебошад. Ин парчам таҷассумгари рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст, ки бори аввал соли 2009 дар ин сана иди парчами давлатӣ ҷашн гирифта шуда, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр дар шаҳри Душанбе пойтахти кивар роҳпаймоӣ карда шуд.

Нахустин парчами Тоҷикистон дар солҳои 1929-1946 ранги пурраи сурхро дошт ва аз соли 1953 то инҷониб се рангро дорост, ки ҳар яке ба худ дарҷкунандаи маъноҳои хосро доранд.

Дар зери парафшонии ин парчами зебо кишвари Тоҷикистон бо сарвари хирадмандаш Пешвои миллат, президени мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз инкишоф ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ муррифи ёфта истодааст. Ҷаҳони имрӯза бо ин парчам Тоҷикистонро ҳамчун малакати бофарҳангу меҳмоннавоз мешиносад ва халқи тоҷик дар кадом мамлакати хориҷае набошад бо ин парчам ифтихор мекунад. Аз расонаҳо ба ҳамагон маълум аст, ки садҳои ҷавонпаҳлавонҳои тоҷик, олимону нависандагони тоҷик парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд мебардоранд ва мо ифтихор мекунем, ки чунин ҷавонони бо нангу номусе ҳастанд, ки ватани худро дӯст медоранд ва муаррифӣ мекунанд.

Дар баъзе аз кишварҳо парчамро бисёр муқаддас медонанд ва онро ҳамеша ҳифз мекунанд. Мо ҷавононро лозим меояд, ки парчамро ҳамеша ҳифз кунем ва дар ҷаҳони имрӯза онро муаррифӣ кунем. Суханонро бо мисраҳои зерин ҷамъбаст менамоем.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

 

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!

Парчами ту аз ҳама болотар аст!

 

Парчами ту Парчами адл асту дод,

К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

 

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

 

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

 

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар ҷомеа   шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо дар зиндагиву фаъолияти ҳамарӯзаи мардуми тоҷик   ҳамчун  қаҳрамони миллат, рӯшанкунандаи арзишҳои миллӣ, бедордили миллат, худогоҳу худшинос, пайвандгари аслҳову наслҳо, ҳодими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, нақш баста, сазовори ҳурмату эҳтироми халқ гардидаанд. То ҳатто тарзи зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, давлатӣ ва   илмиву таҳқиқотии чунин шахсиятҳои эътирофгашта, намунаи ибрати ҷавонон, кормандони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, зиёиён-устодони мактабҳои олии мамлакат шуданд. Яке аз чунин шахсиятҳои номдор, олими нотакрор, ходими намоёни давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Имрӯз номи некӣ ин шахсият вирди забони ҳар як сокини мамлакат, доираҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварҳои  ҷаҳон, сиёсатмадору  олимон гардидааст. Имрӯз омӯзишу таҳқиқоти сарнавишт ва ҷойгоҳи Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илмҳои таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ ва сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ маънову мундариҷаи  нав гирифт.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин гуфтаанд: “Академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи ҷеҳраҳои мондагори миллати тоҷик мебошад, ки аз мактаби бузурги устод Садриддин Айнӣ гузашта, бо осори гаронбаҳои хеш миёни алоқамандони илму фарҳанг маҳбубияти беандоза пайдо кардааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат, дар баробари ба дӯш доштани вазифаҳои  масъули давлативу сиёсӣ, пайваста ба таҳқиқи таърихи миллати тоҷик машғул шуда, ин куҳандиёрро дар миёни ҷумҳуриҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ба тарзи шоиста мурарифӣ намудааст”. Аз гуфтаи Сарвари мамлакат ва аз сарнавишти Бобоҷон Ғафуров  аён аст, ки  Бобоҷон Ғафуров солҳои тӯлони дар мақомотҳои   роҳбарии  Тоҷикистон ва муассисаи илмии сохтори Академияи илмҳои  СССР фаъолият  бурд, вале лаҳзае ҳам худро аз таҳқиқоти илмиву омӯзишӣ дур накард ва ҳамеша аз пайи бозёфтҳои илмӣ ва  фарҳангии мамлакат буд. Дар бораи ҳаёту фаъолият ва корҳои илмии Бобоҷон Ғафуров китобҳои зиёд, асарҳои илмию оммавӣ, маводҳои публисистӣ дар матбуоти даврии мамлакат ва хориҷи дуру наздик дарҷ шудаанд. Як қисми китоби энсиклопедии Эмомалӣ Раҳмон “Ҷеҳраҳои мондагор”,  асари илмии академик Мухтор Аҳроров “Бобоҷон Ғафуров”(бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ),  Усмонҷон Ғаффоров  “Равшангари таърих” ва “Алломаи замон”, академик  Нӯъмон Неъматов, олимон Атохон сайфуллоев, Ҳабибулло Холҷӯраев, Назирҷон Турсунов,  Ваҳоб Набиев, Саидҷон Марофиев, Шавкат Шарипов ва дигарон ба чустуҷӯйҳои илмию ҷамъиятии Бобоҷон Ғафуров ва  таълифи  китоби “Тоҷикон” бахшида шудаанд.

Махсусан дар барои арзишҳои илмӣ, фарҳангӣ, таърихию этнографии китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир гардиданд, ки дар онҳо ҷойгоҳи асари мазкур дар омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, ҳамчун сарчашмаи боэътимод таъкид гардид.

Соли 1972-ум дар арафаи таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисёбии СССР аз ҷониби бахши шарқии  нашриёти “Наука”-и Академияи илмҳои СССР , дар ҳаҷми 10,0 ҳазор нусха дарҷ гардидани китоби Бобоҷон Ғафуров бо номи “Таджики” (“Тоҷикон”) воқеъаи бузурги сиёсиву ҷамъиятӣ, фарҳангиву таърихӣ буд. То ин давра, яъне то соли 1972-ум дар маркази Иттифоқи Советӣ шаҳри Москва бо номи миллат ягон китоби илмӣ-фундаменталӣ чоп нашуда буд. Барои дар шаҳри Москва бо номи миллат аз чоп баровардани китоби илмӣ кори саҳлу осон набуд ва барои ин амал ҷасорат, принсипнокӣ, олими ҳақиқӣ будан, шахси ифтихори баланди миллӣ дошта, лозим буд. Бобоҷон Ғафуров дорои чунин хислатҳо буданд. Китоб ба забони русӣ чоп шуд ва он дастрасии аҳолии понздаҳ ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ гардид. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби “Тоҷикон” беш аз 2000 номгӯй китоб, брошюра ва мақолаҳои матбуоти давриро истифода бурд. Аз ин миқдор 367 номгӯйи сарчашмаи кишварҳои хориҷӣ буд. Ҳолдонон мегӯянд, ки дар вақти холигӣ, рӯзҳои истироҳату давраи рухсатии меҳнатӣ ҷойи дӯстдоштаи  Бобоҷон Ғафуров  Китобхонаи давлатии СССР ба номи Ленин, Китобхонаи умумиитифоқии фундаменталии фанҳои таърихӣ  шаҳри Москва, Китобхонаи илмии Академияи илмҳои СССР. китобхонаҳои меросии хаттии Озорбойҷон, Грузия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон буданд. Академик Бобоҷон Ғафуров  ба мамлакатҳои хориҷӣ, ба монанди Туркия, Алҷазоир, Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Бирма, Гвинея+, Ҳиндустон, Покистон, Сурия,  Лубнон, Ироқ,  Германия,  Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Франсия, Австрия, Чехия, Славакия, Афғонистону Эрон, ҷумҳуриҳои бародарии Иттифоқи Советӣ сафар карда, барои асарҳои илмии  таърихиаш аз  маҳзанҳои китобии китобхонаҳои ин кишварҳо истифода бурдааст.

 Ҳанӯз солҳои 1963-1965 дар таҳрири Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳи  олимон Борис Литвинский ва Александр Беленитский китоби “Таърихи халқи тоҷик” дар се ҷилд ва панҷ китоб нашр гардида буд. Бо кӯшиши академик Аҳрор Мухторов китоби “Тоҷикон” иборат аз ду ҷилд бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе чоп  шуд ва он дастрасии шаҳрвандони тоҷик гардид. Боиси ифтихор аст, ки асари “Тоҷикон” дар тӯли 50-соли охир  якчанд  маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, ӯзбекӣ, дарӣ, лаҳистонӣ, арабӣ, англисӣ бо теъдоди зиёда аз 150,0 ҳазор нусха рӯйи чопро дид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои абадӣ гардонидани номи мӯътабари академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикор ва ташаббусҳои бевоситаи гуманистона ва фарҳангдӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якқатор чорабиниҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба сохтори ҷуғрофӣ-марзӣ маъмурии кишвар низ ворид намудани номи Бобоҷон Ғафуров хушнудии аҳли илму фарҳанг гардид. Яъне, номи яке аз калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шуд.

 Бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 1997 ба ходими барҷастаи илм,  сиёсат, фарҳанг, муаллифи шаҳкитоби “Тоҷикон”, академик Бобоҷон Ғафуров унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Ин амали Президенти мамлакатро кулли мардуми Тоҷикистон,  доираҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсии якчанд давлатҳои хориҷӣ бо мо дӯст хуш пазируфтанд ва онро фоли нек донистанд. Бо супориши Президенти мамлакат 90-солагӣ, 100 солагӣ ва 110 солагии Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни илмиву фарҳангӣ ботантана қайд карда шуданд.  Имсол ҷашни 115 солагии Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад ва ба ин муносибат  Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  пурра таъмиру тармим гардид. Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд Осорхонаи навро мавриди истифодабари қарор доданд, ки Осорхона тӯҳфаи пурарзиши фарҳангӣ ба мардуми вилоят дар арафаи ҷашни 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров   гардид.    

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-ро манбаи асосии болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дониста, дар китоби хеш “Ҷеҳраҳои мондагор” чунин зикр кардаанд: “Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёди ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ  ба шумор меравад. Ин асар барҳақ,  китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури  таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Бо Амри Президенти мамлакат баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” барои аз ҷониби сокинони мамлакат мукаммал омӯхтани китоби “Тоҷикон” тасдиқи гуфтаҳои Сарвари давлат мебошад. Озмун ба донишҷӯёну устодон имконияти васе фароҳам овард, ки асарҳои таърихие, ки моро ба ватанпарварию инсондӯстӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносию кишваршиносӣ даъват мекунад, бисёртар рӯй оварем ва дар мисоли китоби “Тоҷикон” таъриху фарҳанги миллат ва халқи худро дар сатҳи олӣ донем ва бо чунин шахсияту китоби оламшумул фахру ифтихор кунем. Дар радифи ин гуфтаҳо ва навиштаҳо, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик асари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба  ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа гардид.

Имрӯз дар кишвар  кӯчаву хиёбоне, муассиаҳои таълимӣ, мактабҳои олӣ ва миёнаи таълимоти ҳамагонӣ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотие нест, ки ба шарафи Бобоҷон Ғафуров номгузори нашуда бошад. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки имрӯз яке аз муассисаҳои илмиву таълимии бонуфузи ҷумҳурӣ - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   номгузорӣ гардидааст.   

 Дар фарҷоми андешаҳои худ нисбати Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби пурарзиши ӯ “Тоҷикон” ба донишҷӯён-ҷавононони саодатманд  муроҷиат карда  зикр карданиам, ки нишондод ва гуфтаҳову навиштаҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои зиндагиву хониш ва омӯзиши ҳар як насли наврас, ҷавону миёнасол бояд бошад. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд:-“Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, бо рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу субботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем”. Ин  суханони пурарзиши Сарвари давлат маънои   посдории номи некӣ   Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мо-ворисони арзандаи Аллома  мебошад.

Зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби “Тоҷикон”-ро хуб омӯзем,   Бобоҷон Ғафурову китоби вай “Тоҷикон”-ро ҳамчун муаррификунандаи миллат ва халқи тоҷику Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи  олам   муқаддас  донем..  

                                                             Аҳмедова  Нусратхон  н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои  ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд

 

 

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дарвозаи тиллоии таърихро ба рӯи Тоҷикистон боз намуд. Оре, нақши ин Иҷлосияи тақдирсоз дар раванди давлатдории навини тоҷикон басо арзанда буда, сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамбастагиву ҳамдигарфаҳмиро дар ниҳоди ҳар як сокини мамлакат бедор кардааст. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Рисолати созандагиву бунёнкоронаи Роҳбари давлат мардумро бовари бахшид ва бу сӯи фардои офтобии Тоҷикистон умедҳоро зинда кард. Пешвои миллат аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлат, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Бояд гуфт, ки мо ҷавононро мебояд ҳар зарра хоки ватанро муқаддас дониста, содиқона ба биҳишти ин замин, ки номаш Тоҷикистон аст хизмат намоем.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ бо амалҳои ғайриахлоқию, ғайриинсонӣ бо амалҳои разилонаи худ тамоми сайёраро ноором гардонида ҳаёти осудаю осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд.

     Инсоне, ки ҳамеша ҷонибдори оромиву осудагии миллату   давлат ҳаст ҳеҷ гоҳ тарафдори даҳшату хунрезӣ нест. Аммо хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша дар баромадҳояш миллати моро бо суханҳои дуруғу бемантиқаш назди ҳамагон шарманда карданист. Халқи тоҷик дигар он халқи роҳгумзада нест, ки ба фиребу   найрангҳои ин хоини миллат роҳгум занад. Ин нокас барои манфиати худ бо супориши хочагони худ ба ҳар корҳои паст даст мезанад. Муҳиддин Кабирӣ ғурури   миллии худро фаромўш карда, суханҳои бегонагонро барои худ ҳатмӣ донист. Ин палид дар ҳамин Тоҷикистони   биҳиштосо   ба дунё   омада, имрўз душмани миллати худ гардидааст. Аз суханрониҳои ин афроди нопок мушоҳида намудан   мумкин аст, ки ҳанўз ҳам дар хаёли ў тасаввуротҳои 20 сол пеше, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар гузаронида буд дар майнаи ў ҷо дорад. Ў ҳануз ҳам дар он ақида ҳаст, ки халқро чун солҳои пешин бифиребад ва миллати тоҷикро боз ба парокандагию сарсонӣ оварад. Хар як шаҳрванди Тоҷикистон имрўз симои аслии ўро ба пуррагӣ шинохт ва ҳеҷ гоҳ ба   фиребу   дасисаҳои ў бовар   намекунанд. 

     Он зиддиятҳои   дохилие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба вуҷуд омадааст   давлатҳои   бузург онро   бо   мақсади   геополитики   худ истифода   бурда истодаанд.  Ин хоинон ва   ватанфурўшон   дар давлатҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирона дошта дур аз Ватан ҳар гуна   амалҳои ғайриинсонӣ   мекунанд.  Чунин хиёнаткоронро на ватан на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ   намебахшад. Ин хоинони   миллат ва ватанфурўш аз дурр истода тариқи сомонаҳои интернети суханҳои дурўғу   фитнаангезиро нисбати   ҷомеъаи   мо паҳн   мекунанд. Онҳо   ҳамеша   барои   манфиати   нопокашон кор   мекунанд.  Имрўз ҳамаи дунё аз   корҳои зишти онҳо   воқифанд.  Ин хоинони миллат имрўз бозичаи   хориҷиён гаштаанд. Муддати чанд сол   аст, ки мардуми кишварро тинҷу осоишта зиндагӣ кардан намемонанд обрўи нуфузи Тоҷикистонро аз хориҷа истода дар арсаи ҷаҳон паст кардан   мехоҳанд. Он дасисабозиҳои   хоинони миллат ки нисбати кишвари азизи   мо   мекунанд ҳеҷ гоҳ   ба мақсад   намерасанд.  Зеро гуфтаанд бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Аз ин рў супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мўҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон сармашқи кори худ намуда, баҳри пешбурди  кишвари  азизамон  талош  варзем.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Истиқлолият бебаҳотарин ва пурарзиштарин неъмати рӯйи замин аст, ки он атои Парвардигор мебошад ва 31 – сол муқаддам насиби миллати ранҷкашидаи тоҷик гаштааст. Ин воқеаи муҳими давр орзуи зиёда аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, ки солҳои тӯлонӣ боварӣ дошт, ки ба армонҳои ҳазорсолааш мерасад. Бо ин умед забони худро ҳифз кард, расму анъанаҳои неки худро нигоҳ дошт. Ҳатто дар зери юғи истилогарон пинҳону ошкоро анъанаҳои миллии худро иҷро мекард ва ба он содиқ монд.

Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва ҷумҳуриҳои вобастаи он соҳибистиқлол гаштанд, Тоҷикистони азизи моро душманони хориҷию дохилӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бародар зидди бародар ба ошӯб хестанд. Мо, насли калонсол шоҳиди он будем, ки дар як хона падап писарро намешинохту писар падарро, яке тарафдори сохти дигари давлатдорию дигараш зидди он. Аз ёдам намеравад, ду майдони дар Душанбе ташкилгашта, майдони Озодию Шаҳидон. Чӣ қадар бузургони миллат тӯъмаи аҷдаҳои ҷанг гаштанд, чӣ қадар мардуми озодандеш тарки Ватан карданд.

Дӯст кисту душман кист, шинохта намешуд. Мардуми тоҷик ба ояндаи нек боварӣ надошт, гуруснагӣ аз як тараф, паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ аз тарафи дигар, ҷанги разилонаи хоинони Ватан аз тарафи дигар мардумро ба сӯи ноумедӣ андохта буд.

Ба бахти миллати тоҷик чун атои Худованд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро интихоб гардид. Суханҳои аввалини ӯ аз он минбари баланд «Ман ба мардуми тоҷик сулҳ меорам» ба дили ноумедгаштаи миллати тоҷик шӯлаи афрӯхт, умеди ӯро ба зиндагӣ аз нав эҳё кард. Ва ин марди бузург ба ваъдаи додааш вафо кард. Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва мардум ба ояндаи неки тоҷикон ва Тоҷикистониён бовар карданд.

Имрӯз Истиқлоли Ҷумҳурии азизи мо 31 – сола шуд. Ин 31 соли бурдбориҳо, музаффариятҳо, комёбиҳои мардуми шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти маҳбубаш, ки ҳар як фарди тоҷик он касро аз ҷон азизтар медонад, мебошад. Гарчи 31 – сол дар назди таърих ҳеҷ аст, вале то ҳол боварии касс намоояд, ки нақби Анзобу Шаҳристон, ки орзуи деринаи халқи азизи тоҷик буд, ба истифода дода шуд, шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ бунёд гаштанд, Нерӯгоҳҳои Барқӣ-Обии Сангтӯда I ва II в аду чархаи Нерӯгоҳи Роғун ба истифода дода шуд. Дастовардҳои ватани азизам тӯли 31 – сол собиқа надорад ва дар ин хусус соатҳо сухан рондан мумкин аст. Ман ин сулҳу осудагӣ, осмони софу беғубор, кӯдакони хушбахт, пирони барнодилро мебинаму аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт мегирам. Вале душманони миллат ҳамаи ин дастовардҳои бузурги миллати тоҷикро нодида мегиранд, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита фарзандони тоҷик, ҷавононро, ки таҷрибаи кори зиндагӣ надоранд, гумроҳ кунанд. Онҳоро ба доми фиреби худ андозанд. Мехоҳанд ба сари миллати тоҷик рӯзҳои заҳматбори солҳои навадумро бори дигар андозанд. Мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ равона кунем. Нагузорем, ки нохалафе ба зиндагии озоду ободи мо халал расонад. Ҳар бегоҳ дар сари дастурхони хоксорона аҳли оила ҷамъ мешавем ва ҳама якҷоя шукри даврони обод ва осмони софи Тоҷикистонро мекунем. Шукр мекунем, ки дар чунин диёри хуррам, ки биҳишти рӯи замин аст, зиндагӣ мекунем. Ҳар рӯз пас аз танаввули хӯрок даст ба дуо бардошта мегӯем: «Шукри сулҳу аммонии кишвар, илоҳо ба сулҳи Тоҷикистон чашм нарасад».

Ва ин ҷо ба гуфтаҳои худ хотима бахшида мегӯям:

Истиқлолият поянда бод, Тоҷикистони азизам!

 

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Роғун - “калимае, ки имрӯз барои ҳар як сокини кишвар шинос ва муқаддас аст. Ҳар як сокини кишвар ифтихор мекунад, ки чунин иншооти бузургӣ стратегӣ ва созгор ба ҳаёти инсонӣ сохта шуда истодааст. Барои бунёди ин Кохи нур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳо кардаанд. Муҳиммияти ин иншооти асрро на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои давлатҳои ҳамсоя низ таъкид намуданд. Неругоҳи барқии обии “Роғун” яке аз иншооти азими мамлакат аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тавре мо медонем корҳои барқароркуниву сохтмонӣ дар неругоҳ аз соли 2009 оғоз гардида, чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун сохтмони ин иншоот ба таъхир гузошта шуд. Бунёди НБО “Роғун” мамлакати моро аз мушкилоти таъминоти неруи барқ, ки дар фасли сармо ба бор меовард, раҳонид. Ин неругоҳ пуриқтидортарин неругоҳ дар Осиёи Миёна буда, иқтидори тавлидотии неруи барқи он 13,5 миллиард килловатро ташкил медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардиданд. Дар соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Хулоса фардои офтобии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунёди “Роғун” вобаста аст, зеро “Роғун” манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро бозҳам чароғон мекунад.

 Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҷи кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён,

Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон.

Тоҷики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,

Бахтнома бар ту бошад болу пар, зӯру тавон

Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад. Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда мерасонад. Конститутсия танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок намоянд ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.

 Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки  меъёрҳои конститутсиониро риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Имрӯзҳо мо ки дар остонаи таҷлили 29 солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тамоми сокинони сарбаланди кишвари азизамонро шодбош намоем, бигзор бахтномаи миллат бахти ҳар яки мо бошад. Ид муборак.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо, ҷавонони кишвар аз он хушбахт ҳастем, ки ҳукумати мамлакат пайваста баҳри ҷалби насли ояндасоз ба корҳои давлатӣ чораандешӣ карда истодааст, ки ин ҳама аз шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар баробари пешравиҳо боз масъалаҳои нанговаре ҳастанд, ки бояд чанде сари ин масъала низ андеша ронд. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамолики дунё ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошанд, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидаанд. Тақозои замон ва авзои печидаи ҷаҳон мо ҷавонони содиқи меҳанро водор менамояд, ки дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа зарур аст. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳанд, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш-Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Бояд ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавонони кишварро зарур аст то насли навраси тоҷикро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем то дар оянда номбардору парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Истиқлолият ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу мадор бахшид.

Бавуҷудоии миллати тоҷик, раванди давлатдории тоҷикон ва саҳми аҷдодони мо дар ташаккули фарҳанг ва тамаддун дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ исбот намудааст, ки аҷдодони мо дар гузаштаи таърих ҳамчун бунёдгузори фарҳанг ва тамаддун баромад намуда, дар ривоҷу равнақ додани он саҳми арзанда гузоштаанд.

Таҳкими ғояҳои далатдорӣ дар шароити мураккаб гаштани вазъи геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ торафт аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунад. Ҳар фарди миллатро мебояд дар зиракии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, худшиносию худогоҳӣ, омӯхтани таърихи хеш як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлат ва таъмини амнияти миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозад ва дар мадди аввал қарор диҳад.

Воқеан ҳам, ба миён омадани далватҳо, бахусус давлатҳои миллӣ ва пойдориву устувории онҳо аз натиҷаи амалҳои ватандӯстонаи сарварони сиёсӣ ва боло гирифтани ҳисси ватандӯстии мардумонаш вобастагӣ дорад.

Намунаи барҷастаи роҳбари лаёқатманд, дурандеш ва хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз оғози ба мансаби Роҳбари давлат таъин шудан боварии халқро сазовор шуда, дар рӯзҳои барои кишвар фоҷеаноку тақдирсоз тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ берун кашида, ба самти сулҳу субот ва пешрафт раҳнамо созанд.

Миллатҳои зиёд то ҳол барои соҳибватан шудан дар мубориза ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳар фард қарзи инсониву виҷдонии хеш бидонад, ки ҳифзи Ватан баҳри ободиву осоиштагии ин миллат ва ин Ватан талаби замон аст ва пойдории онро таҳким мебахшад. Бошараф бошему ватандӯстдор ва номбардори Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ!

Раҳмонқулова Л.З.,  ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

Таҳдиди рузафзӯни экстремизми байналмиллалӣ ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳар фарди ҷомеаро  водор месозад, ки дар ин масъала бетараф  набошад.

         Терроризми байналмиллалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вабои аср эмин нест. Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло бештар аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро дар мамлакатҳои шарқи наздик ва Афғонистон ҷалб шудаанд. Бесабаб нест Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳояшон ба масъалаи мазкур дахл намуда, аҳли ҷомеаро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ ба манфиатҳои миллию давлатдорӣ даъват мекунанд.

         Гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротию террористӣ боиси нигаронӣ гардида, сохтору мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани роҳи пеши амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон тақвият бахшанд.

         Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаю ноогоҳ ба доми таъсири гурӯҳҳои манфиатҷу афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд. Обру ва мақоми кишварро дар арсаи байналмиллалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро  ба хатар гузошта, ба хотири ваъдаи бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд,  волидону наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор мегардонанд.  Барои пеши ин роҳи кирдорҳои ношоистаро гирифтан сохторҳои дахлдор, аҳли зиё ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Дар рафти машғулият дар муассисаҳои таълимӣ аз он ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  омӯзгоронро зарур аст, ки корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва мавзуҳои хештаншиносию дар замини толибилмон парваридани ҳуввияти миллиро ба роҳ монанд.       Падидаи номатлуби терроризм ва ифротгароӣ муаммои тамоми ҷаҳониён ба шумор меравад. Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки бо тамоми масъулият барои мубориза ба ин кирдорҳои ношоям саҳм гузорем. Ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Пеши роҳи бегонапарастиро гирем.

         Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо, нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмонҳои садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва дигар корҳои шоистаю созанда бо иштироки ҷавонон ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Ҷавононро зарур аст, ки Ватани худро дуст доранд, дониш андӯзанд, илми замонавиро аз бар намоянд, ҷаҳонбинии худро такмил диҳанд. Муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ дошта  бошанд. Худогоҳу хештаншинос бошанд. Барои Ватан хизмат кунанд.

         Ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ танҳо  мусибат, навмедӣ, шикаст  ва амсоли ин гуна падидаҳоро оварда теша ба решаи давлатдорӣ,  оиладорӣ ва инсонгароӣ мезанад.

         Итминони комил дорем, ки ақли солим, андешаи олӣ  ва ҳуввияти баланди инсонгароӣ ҳамеша ғолиб хоҳад шуд.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз   Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Шарҳи воқеии ин ду санаи таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл бозгӯ кардаанд:

«Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем».

   26 сол муқаддам дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик низ ин падидаи софу беолоиш, ин натиҷаи заҳматҳои ватандӯстона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи ваҳдати миллӣ ба миён омад ва  сокинони кишвар бо умед ба ояндаи нек маҷрои зиндагии хешро тағйир доданду комёбиву хушбахтиҳои навин рӯйи кор омаданд. Зеро дар ин марзу бум хандаи беиллат, оромишу нишот ва орзуҳо қариб ба арсаи нестӣ рафта буд.

Он лаҳзаҳои ҳассос  дар ҳақиқат душвор буд, зеро  ҷанге, ки бештар аз 150 ҳазор нафарро кушт, 1 миллион нафарро муҳоҷири иҷборӣ кард, 500 ҳазор нафар кӯдаконро бесарпаноҳу бекас кард ва хисоротҳои дигари равонӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ оварда буд.

Дар он рўзҳо эҳтимоли аз байн рафтани давлат, пароканда гардидани миллат ва нобуд шудани кишвар ба назар мерасид.

      Хушбахтона, ба ин ҳама бедодгариҳо Ваҳдати миллӣ анҷом бахшид.         

    Баҳри ба даст омадани сулҳи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ҳамон инсоне, ки ин миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид, давлатро сохт ва   фазои якдилии мардумро  ҷовидон пайваст, бо сулҳ, ваҳдат ва бақои миллат. Ҳамон абармарде, ки вожаҳои истиқлолият, якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсиро дар вуҷуди халқ ҷой намуд ва ҳисси эҳтиромашро боло гузошт, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо кору пайкори ибратомӯзи хеш дар қалбу ҷони мардум  маъво гирифтаанд. Ва мо имрӯз боифтихор сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро “МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ“ меномем. Зеро бо иродаи бузурги ватандӯстона ва ҷавонмардона тавонистанд, ки  бо қувваҳои даргир ва мусаллаҳ давоми 40 моҳ гуфтушунид анҷом диҳанд ва ин хидматҳо , дилу нияти пок ва муҳаббат ба Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ дод.

 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигарбора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ  қомат афрохт.  Ҳикмати ҷовидонаи ваҳдати миллии халқи тоҷик муъҷизаи асри 21 ба шумор рафта, ин муъҷиза бо бузургтарин бозёфти миллии халқи тоҷик ба гушу дили тамоми ҷаҳониён расидааст. Дар ҳақиқат Ваҳдат мафҳуми ҳастисози миллати тоҷик мебошад. Ваҳдат муҳимтарин омили хушбахтии кудакон, модарон  ва мардуми тамоми дунё буда, онро на ҳама кас қодири офаридан дорадОнро мардони бузург фозилу бофарҳанг, оқилу ҷонфидо меофаранд, ки яке аз чунин мардон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки изҳор намудаанд:  «Ваҳдат пояи миллат аст». 

Муъҷиби хушнудист, ки руз аз руз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар раванди ҳаёту зиндагӣ онро эҳсос намуда истодаанд. Маҳз арҷгузории мардуми матину меҳнатдусти ватан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва амнияту осудагии кишвар аст, ки имруз фарогирии занону ҷавонон дар сафи ҲХДТ бештар шуда истодааст. Имруз ин пайвандгарони миллат бо саҳмгузорӣ дар баргузории як зумра чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва сиёсии кишвар корҳои назарраси тарғиботию ташвиқотиро анҷом медиҳанд.

   Вале бо вуҷуди ин  имрӯзҳо дар шароити нави таърихӣ зуҳури равияву ҳаракатҳо ва ақидаҳои ифротӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ бояд мо фаъолони ҷомеа бо роҳи мусоидат дар  тарғибу ташвиқ ва такягузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ мазмуну муҳтавои ифтихор аз давлату миллат, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ватандустиву меҳанпарастиро тавре ба дили мардум ва хосатан ҷавонон ҷо намоем, ки он ҳиссиёт ангезандаи эҳсоси олиро, яъне муҳаббатро дар қалби онҳо ҷуш занонад. То ки ба қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасанд.

 Дар баробари ин ҳама арзишҳо имруз ҳамчун зан, модар, Ваҳдати занону модарони тоҷикро орзу дорам. Зеро пирузии оила, авлод, наҷоду миллат ва давлат маҳз аз иттифоқиву якдилӣ ва ваҳдат сарчашма мегирад. Зеро бузургтарин дастовради инсоният ин сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта мебошад. Маҳз осоишу осудагӣ,якдиливу якдигарфаҳмӣ  инсонҳоро ба хушбахтӣ мерасонад.

    Пас бошад, ки ваҳдати тоҷикон ҷовидон чу офтоби дурахшон дар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурпошӣ кунаду сулҳу ваҳдат пояндаву побарҷо бимонад 

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд