Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегирад. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Чанде пеш хабари баргузор гардидани ошӯби наҳзатиҳо дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ба дастам расид. Дар ҳақиқат ҷоиз ба қайду зикр аст, ки «Гирдиҳамоии бузурги наҳзатиҳо» бо ҳафт хоҳиши «шоҳона» - е баргузор гардидааст, ки бо баробари шунидани ин талаботҳои аз Ҳукумати Тоҷикистон ба амал овардаашон ба таҷҷуб афтодам. Зеро талаботҳои кардаи онҳо аз он мақсади нопок дарак медиҳад, ки дар баробари озодии зиндониёни “сиёсӣ” давоми нақшаи нимкораашонро комил кунанд. Гузашта аз ин аз мардумони кишвар, ки дар хориҷу дохил зиндагӣ доранд даъват ба амал овардаанд, барои пуштибонӣ аз ин талаботҳо пайравӣ онҳо бошанд.

 Хушбахтии тамоми милати тоҷик аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои сарвари созандаи кишвари азизамон, Пешвои миллат имрӯз мо ба озодии воқеи расидаем. Ва барои ҳифзу ҳимояи ин муқаддасоти кишвар ҷони хешро дареғ наҳоҳем дошт.

 

 

Рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарии иғвоангез ва ҷамъкунандаи ахбори мардумфиреб гирдиҳамоӣ задани наҳзатиён паҳн гаштааст. Бо баргузории ин “намоиши муборизони роҳи озодӣ” наҳзатиён фикр карданд, ки муҳоҷирони тамоми гӯшаву канори Аврупо муттаҳид гардида, муқобили ҳукумат мебароянд. Аммо ин тасаввурот ва хаёле хоме беш нест. Ин масхарабозӣ бо ташаббуси худи Кабирӣ ва тарафдорону лагандбардорони ӯ барпо гардид. Аммо чӣ суд аз баргузории ин маъракаи бемаъно?

Наҳзатиёни кӯр, нобиноёни пешравии давлату миллати тоҷикон аз ободиву озодии кишвар, соҳибистиқлолии Ватан ва тараққиёти Тоҷикистон, аз хушнудӣ ва рӯзгори ободи халқи меҳнатдӯст дар канор ҳастанд. Онон ҳатто тасаввур намекунанд, ки чунин давлати хатари нестшавӣ дошта чӣ тавр аз доми ҷангу ваҳшоният халос ёфт. Чӣ гуна аз вартаи марг наҷот ёфту имрӯз мисли оне, ки ҷангро надидааст, рушду нумуъ дорад.

То ҳол ин “озодихоҳони пешравии давлат” орзуҳои хом доранд. То ҳол фикр доранд, ки касе ба дастаи 10-15 нафараи онҳо ҳамроҳ гардида, заррае ҳам онҳоро дастгирӣ мекунад. Аммо ин танҳо хобу хаёл, орзуҳои ширини Кабирӣ асту халос. Кадом шахси солимфикр ба чашми ҳамватанони худ хок пошида, фирор мекунаду аз ким-кадом гӯшаи ҷаҳон монанди муши гуреза бар муқобили Ватани худ мебарояд? Ҳеҷ як нафари ғурури ватандорӣ ва ифтихори миллӣ дошта, шахсияти комиле, ки сиёҳро аз сафед фарқ мекунад, аққалан фикри шунидани номи наҳзатиёни лаънатиро надорад. Он нафароне, ки оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳанд, хатои маҳз мекунанд. Махсусан, ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар истода, роҳи иғворо пеш гирифтааст. Аммо бо ин гуна дурӯғу сафсата онон ҳеҷ ба пеш намераванд. Онҳо бо гирдиҳамоӣи худ исбот намуданд, ки худ аз уҳдаи ҳеҷ коре баромада натавониста, аламашонро аз Ҳукумат гирифта истодаанд.

Баргузории “гирдиҳамоии бузург”-е, ки талаботҳои амалинашавандаро ба миён оварда, мардумро гумроҳу беақл гумоштааст, Тоҷикистонро заррае ҳам ба таҳлука наовард. Агар наҳзатиён мардуми моро содаву гумроҳ фикр кунанд, вой бар ҳоли худи ин бесаводону гумроҳшудагон.

Тоҷикистони ҷавону ба пеш рафтаистода аз ҳеҷ душмане наметарсад ва нахоҳад тарсид. Ҳеҷ як гуруҳҳои “номдор”-и аз 10 нафар иборатбуда аз хориҷи кишвар наметавонад Тоҷикистони бузургро тарсонида, амалҳои бади худро амалӣ гардонад. Зеро имрӯз тоҷикону Тоҷикистон Пешво дорад. Имрӯз Тоҷикистон пуштибону пайрав дорад. Халқи тоҷик пайрави фарзанди бузургмарди сарзамин мегардад, ифтихор ва ҳисси ватандориашро баланд бардошта, намегузорад, ки пойи адӯ ба зодгоҳаш  расад.

Каримов И. Р.,

устоди факултети информатика

ва энергетикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд. Бале Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст.

Бояд қайд намуд, ки дар боби якум ва моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, домократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад” ва ин маънои онро дорад, ки дин аз давлат ҷудо аст. Хушбахтона имрӯз бо сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳои буду боши мардум ба маънои томаш муҳайёст. Aз ҷумла шароит барои тоату ибодат ва ё эътиқоди ҳар нафар ба дину мазҳаб. Масъалаи риоя накардани моҳи мушаррафи Рамазон бошад ин васвасаи наҳзатиҳост, масъалаи тӯю маъракаву маросими дафну азо тамоман дигар аст. Ин тадбир ба хотири некӯаҳволии мардум аст. Ва аз ин тамоми мардуми кишвар рӯҳбаланд гардидаву хуш пазируфтаанд. Зеро сaрфaву сaриштaкориро низ Худовaнд дӯст медорaд.

Имрӯз ман ба ҳайси як Тоҷикистонӣ бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ва дар айни замон Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як наҷоданд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Ва ҷоиз ба зикр аст, ки масъалаи ба “рӯйхати сиёҳ” ворид намудани Амрико ва “сиёсат” - и Трамп ягон монеае нест, ки миллати моро аз рушду тараққиёт боз монад.

Маълум, ки ин хабар ба шабакаҳои ахбороти бо муболиғоти наҳзатиҳо хело расонаӣ шудааст. Вагарна чанде пеш тибқи баёнияи онҳо Ҷопону Олмон яке аз кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки потенсиали бузурги кӯмакҳоро барои Тоҷикистон ташкил медод. Имрӯз, ки масъала Амрико шуд, дарҳол воҳимаҳоро аз ҷониби кӯмакҳои пулӣ оғоз карданд, ки наздик 2 миллиард доллар кумак омадааст. Хандаовараш дар он аст, ки натиҷаи ба назорати сиёсати Амрико ворид шудани Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мавриди нигаронии хос робитаи ин ҳамкориву дасти кӯмак дароз кардани онҳо қатъ мегаштааст.

Тоҷикистонро то имрӯз сиёсати вазирони Амрико ё Трамп бо кӯмаки худ Тоҷикистон накардааст ва барои мо имрӯзро насохтаанд, ки бо канда шудани робитаҳои ёридиҳии онҳо миллат табоҳ шавад.

Мо миллати тоҷик бо заҳматҳои зиёд бо ҷоннисориҳои абармардони ватандӯсту масъулиятшинос 27 сол муқаддам кишварамонро ба озодӣ ва сулҳу субот баровардем. Чаро он рӯзҳо Амрико моро ба “рӯйхати сафед” – аш ворид накард. Ҳоло, ки Тоҷикистон бо маром пешрафт мекунад, Амрико онро ба руйхати сиёҳ ворид кардааст. Шояд хостааст ва бо мақсади ин, ки миллати моро низ ба мисоли Сурияву Ироқ алайҳи якдигар шӯронида, тамошобин шуданист. Ҳиллаҳои амрикоиҳо нисбати давлатҳои ҷангзада ба ҳама маълум аст, ки нерӯҳои иқтидорманди худро ба хотири дастрасии терористон бо лавозимотҳои ҷангӣ масраф менамояд. Ва имрӯз аз озодиҳои байналмиллалии мазҳабҳо ҳарф задааст.

Ин чеҳраҳои зери ниқобиро амрикоиҳо бояд захира кунанд, ки рӯзе барои ба мисли худ “мазҳабпарастон” лозим меояд.

М. Тошхӯҷaевa,

омӯзгори кaлони кaфедрaи тaъмини бaрқ вa aвтомaтикaи ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд

Боиси ифтихор ва сарбаландии мо, ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ аст, ки сафи олимон дар донишкада зиёд гардида истодаанд. Рӯзҳои наздик боз се нафар устодони донишкада рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд. Санаи 12 декабри соли 2018 омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Аминҷонова М.М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Формирование институцилональной среды развития предпинимательского сектора в региональной экономичекой системе”, ки бо роҳбарии д.и.и., профессор Бойматов А.А. таҳқиқ гардида буд, дар Шӯрои дифоии Д 999.020.02 дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 08.00.05 ҳимоя намуданд. Устоди дигари донишкада  Соҳибназаров М.Д. рисолаи номзадии худро дар мазӯи “Товарно – денежные и торговые отношения в золотодобывающей промышленности Средней Азии в начале XVI – начале  XX вв.”, аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – отечественная история дар шӯрои дифоии Д. 737.004.02 дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳимоя намуданд.

14 декабри соли 2018, Қосимов Абдунабӣ Абдурауфович омӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Коркарди асоси системаи автоматии муайянкунии муаллифи матнҳои номаълум (дар мисоли асарҳои бадеие, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст)”, ки бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ҶТ, профессор Усмонов Зафар Ҷураевич иҷро карда шудааст, дар назди Шӯрои дифоии 6D.КОА-032 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.11 - Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, муҷтамаъҳо ва шабакаҳои компютерӣ дифоъ намуданд.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ устодон Аминҷнова М.М., Соҳибназаров Д.М. ва Қосимов А.А.-ро бо дифои рисолаи номзадӣ самимона табрик намуда, барояшон барору комёбиҳои нав ба навро таманно мекунем.

Бо ташаббуси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки идоракунандагону созмондиҳандагонаш ТЭТ ҲНИ мебошанд бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон карданд 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии «бузург» - е баргузор хоҳанд кард.

«Гирдиҳамоии бузурги наҳзатиҳо» бо ҳафт «шоҳона» - е баргузор гардидааст, ки бо баробари шунидани ин талоботҳои аз Ҳукумати Тоҷикистон ба амал овардаашон ба таҷҷуб афтодам. Гузашта аз ин аз мардумони кишвар, ки дар хориҷу дохил зиндагӣ доранд, барои пуштибонӣ аз ин талаботҳо пайравӣ онҳо бошанд.

Ба таҷҷуб омадани ман аз он иборат аст, ки наҳзатиҳо то ҳол мардуми ватанпарасту тамаддунпарвари моро соддаву беақл меҳисобанд, ки дар асл худ чунин беақлу бетамизанд. Вагарна аз мардуми даъват намекарданд, ки тарафдор бошед, барои талаби озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров, ки Созмони милали муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб кардааст. Ин нафароне хастанд, ки тибқи ҷиноятҳои вазнину ба амнияти кишвар хатарнок зиндонӣ гаштаанд. Ва ба озодӣ баромадани ин нохалафони наҳзатпараст, маънои онро дорад, ки кишвар дубора ба макони ҷинояткорону терористон мубаддал гардад. Вазъи оромии кишварамонро нотинҷи фаро гирифта, дубора ҷавонони мо фирефтаи макри ин бадбинон гарданд ва оқибати вой дошта бошанд. Барои суханони бардурӯғу ғаразноки ин беимонҳо ҷони ҷавони худро дар мамлакатҳои бегонаи ҷангзада оғӯштаи хуну хок созанд.

КШКГЗСТ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷандро нашр кунад.

КШКГЗСТ худ фаъолияташро барои кадом ҷониб равона карда аст. Оё дар ошӯбе, ки дар зиндони шаҳри Ҳуҷанд сар зад, дар аввал КШКГЗСТ ба фикрам аз мадди назари наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ наметофт. Ҳамин, ки имрӯз мадади ин кумита лозим омадааст, бо онҳо забон як кардаанд ва ба хости худ «митинги бузург» ташкил намудаанд, ки дар он ҳатто наздики 50 – нафар ҷонибдоронро ҷамъ карда натовонистаанд.

 Ба фикри наҳзатиҳо чаро мақомот рӯйхати комили қурбониётро махфӣ медорад. Ин тӯхмати онҳо, ки теъдоди кушташудагон дасти кам 50- нафарро баён доштаанд. Бояд тазаккур дод, ки ин ягон ҳақиқат надошта, танҳо як ақидаи носолими наҳзатиҳост, ки сари онҳоро гаранг кардааст.  Чанде хабари маъмули гузориши сардори навтаъини зиндон расонаи гашта буд, ки теъдоди қурбониёни исёни зиндониён ба 21 нафар расидааст.

Дар масъалаи ин, ки давлату Ҳукумати кишвар наздикону пайвандони ҷонибдорони наҳзатиҳоро мавриди таъқиб қарор медиҳад, комилан тӯҳмати ин хиёнаткоронест, ки алайҳи кишвар, мақомотҳои дахлдор тарҳрези шудааст. Худ қазоват намоед, ки ин ҷинояткорон, кӯдаки 10-12 сола нестанд, ки пушти наздиконашро гирифта, пайвандонро ҷавобгарӣ кашанд. Вале бояд зикр намуд, ки давлат тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи онро дорад, ки ҷои сукунати ҷинояткоронро аз наздикону пайвандон бипурсад. Агар инро волидону пайвандон надонанд, пас ки медонад. Аммо ин маънои онр надорад, ки эшон мавриди таъқиб пайгирии пулисон қарор гирифтаанд.

Дар охир ба ин наҳзатиҳо ва ба он хабарнигороне, ки ин қадар ман-мании беше доранд, гуфтаниам, ки баргузории гирдҳамоии «бузург»- и бенитиҷаатон моро ҳеҷ ба таҳлука новардааст. Ва донед, ки он талабу дархостҳое, ки аз ҳукумати кишвар кардаед амалӣ нахоҳад гашт. Ва масъулони «Ахбор», ки пайравони наҳзатиҳоянду якеро сад баён кардаанд, бояд донанд, ки масъалаҳои табъу нашри хабарҳои расонаатон, аррае монеа вуҷуд оварда наметавонад, ки мо аз тасмимоти худ аз азми худ сарфи назар нахоҳем кард.

Комиловa М.Ё.,

устоди кaфедрaи тaъминоти бaрқ вa aвтомaтикaи ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд

 Хеле ҳузновар аст, ки имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракату  равияҳои ифротгаро  ва гурӯҳҳои ҷиноятӣ  ба миён омада, ҷомеаи  моро вайрон месозанд. Дар асл сиёсате, ки онҳо пеша кардаанд, сиёсати зӯроварию ифротгароист, ки аз дини мубини ислом дур аст.

Душманони миллат ҷавонони соддаву зудбоварро ба доми худ кашида, бо маблағҳои ночизу кирдорҳои хоинона ба содир кардани амалҳои номатлубу барои ҷомеа зараровар, ба куштор, сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд, онҳоро аз Ватан, фарзандони дилбанд ва падару модар ҷудо месозанд.

Моён, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон тaзоҳургунaи нaҳзaтиён дaр шaҳри Берлини Ҷумҳурии федеролии Олмонро  маҳкум намуда гуфтанием, ки амалу рафторҳои  онҳо бар зидди манфиатҳои давлату миллат буда, нишони ноҷавонмардист.

Мо бояд ба ҷавонон омӯзем, ки нисбати сарнавишти ватани хеш бетараф набошанд , баҳри пойдории сулҳу амният, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ  ҳиссагузор бошанд.

Онҳое, ки aз фaъолияти сиёсии нaҳзaтиён огоҳ ҳaстaнд, медонaнд, ки онҳо aз ҳеҷ чиз як чиз сохтaниaнд. Ин «кaлaкaдуҳои рaвшaнхaёл» фикр кaрдa, бa чунин хулосa омaдaaнд, бо бaрпо нaмудaни пикет метaвонaнд ҷомеaи ҷaҳониро бa ҷониби худ ҷaлб созaнд.    Муносибатҳои дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба зуҳуроти тероризму экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Aхирaн ҷaмъи фирориёни хориҷи кишвар дар Аврупо ҷамъ омада як ташкилот бо номи Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ) –ро ташкил дода, санаи 10 декабри соли 2018 дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин гирдиҳамоие баргузор намудaнд.  Ташкилкунандагони ин “кумита”, ки аслан чан нафар наҳзатии беномус аст,  пуштибонӣ аз зиндониёни аъзои ДИИШ дар Хуҷанд аст.

Пеш аз ҳама Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳидро лозим аст, ки фаъолияти ин гурӯҳхоро аз рӯзи созмондеҳи ва кадом корҳоро ба анҷом расонидааст мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, хулосаи даркорӣ барорад. Ба суханпардозию дӯруғгӯиҳои онҳо бовар накунанд. Зери ин гуруҳи хатарнок ҳар замон метавонад пӯсти худро иваз намояд.

Мaрдуми ҳушёру зирaки кишвaр медонaнд, ки пaси пaрдaи ин aҳримaнсифaтон чи мaқсaде ниҳон aст. Бaръaкс ин aмaли онҳоро мaҳкум мекунaнд.

 

  Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.

Ин аст, ки давлати мо аз масоиле, ки Амрико аз он пайрави дорад, дур аст. Хабаре, ки гӯё давлати мо ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид гардидааст, моро ҳеҷ нигарон накaрдааст. Зеро то имрӯз мо ба кӯмаки мадади касе мӯҳтоҷ набудем. Давлатамонро худамон сохтему бино кардем. Амрико ҳатто як хиште нагузоштааст, ки барои бино шуданаш зимина гардад. Аз ҳамин лиҳоз муаммои ба рӯйхати сиёҳ ворид гардидани кишвар ва канда карда кӯмаку дастгириҳо аз ҷониби Амирико ягон масъалае нахоҳад буд, ки моро ба ташвиш оварад.

Тавре ба мо маълум аст, кишвари мо Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, комилҳуқуқ, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дунявӣ будани давлат кафолати он аст, ки масъалаҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад. Татбиқи ин қонун барои ҳар кадоми мардуми шарифи кишварамон то кунун зиндагии шоиставу арзандаро муҳайё сохтаст

Нодида гирифтани тамоми пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти мамнуъ ва ТЭТ ҲНИ, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводи хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои интернетии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳои хоину мазҳабфрӯш, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо панаҳ бурдаанд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрӯз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кунанд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ бо пайравони ТЭТ ХНИ-ашон набояд фаромӯш кунанд,ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми Тоҷикистон ин чорабиниҳои иғвоангезро пуштибонӣ нахоҳад кард ва бахусус ҷавонони тоҷик, чӣ дохилу чӣ хориҷӣ кишвар ҳамеша аз робита бо аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ дурӣ меҷӯянд.

 

 Давлати муосири миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзи вуҷуд карда метавонад.

Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,  самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд.

Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд.

 Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, ки Тоҷикистон бинобар як кишвари нигаронии хос дошта буданаш, ба рӯйхати сиёҳи давлати Амрико ворид гаштааст. Гузашта аз бо муболиға ин наҳзатиҳои нобакор, ки дар табъу нашри муаммои ба рӯйхати сиёҳи давлати Амрико ворид шудани миллати моро даст доранд. Ва масъалаи ба танзим даровардани маъракаҳоро дар кишвар ба назар гирифта, идао кардаанд, ки ин гӯиё  аз он дарак медиҳад, ки дар миллати мо озодиҳои диниву мазҳаби вуҷуд надорад. Аминам, ки ин тӯҳматҳову дурӯғҳои наҳзатиҳоро касе бовар намекунад, зеро васвасаву шайтониҳои тарафдорони терористҳо аллакай мардумро дилбазан кардааст. Аз ин рӯ Амрико чи кор хоҳад кардан гиранд. Моро аз ин ҳеҷ ғаразе нест.

Пас аз он, ки дар сомонаи "Ахбор” нақшаи “Гирдиҳамоии бузург”- и наҳзатиҳо нашр шуд, онҳое, ки аз рӯӣ ин касифон рӯзи бадбахти дидаву ҳаёти талх чашидаанд ба ғазаб омаданд. Ва тасмим гирифтанд, ки дар ҷавоби ин ошӯби наҳзатиҳо тазоҳуроте барпо хоҳем кард, ки онҳоро нобуду шарманда созад. Вале ба хотири он, ки мақомот барои ин тазоҳурот чандон розӣ набуд, нақшаи гирдиҳамоии ҷавобӣ дар назди сафорати Олмон дар Душанбе, созмондиҳандагонаш аз ин нақша даст кашидаанд ва митинг дар Душанбе доир нашуд. Сабаб ин аст, ки мардумони дурандешу бофаҳм дарк карданд, ки аз ин танҳо Сафорати Олмон дар кишвар мавриди иззо қарор мегираду боз дигарон бо роҳи худ. Аз ҳамин ҷост, ки ин митинг доир нагардид. Вале қаблан эълон гардида буд, ки беш аз 500 нафаре, ки модарону хоҳарону фазандони онҳоеро, ки "аз ТЭТ ҲНИ зарар дидаанд,” дар назди сафорати Олмон гирд омада, ин кишварро барои "пуштибонӣ аз терроризм” ва паноҳ додан ба роҳбарони ТЭТ ҲНИ маҳкум мекунанд. Дар митинги тарафдорони оппозитсия дар Берлин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳаит, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов ва дигар роҳбарони ҲНИ ва "Гуруҳи 24”-ро аз зиндон озод кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки тазоҳуротчиён бо чи мақсаду мароме ва бо хости кадом, як “сарнишину пешвои” терористон якчанд талабу дархости “шоҳона” кардаанд, ки аз ин талабот дидан карда дар ҳайрат афтодам. Ин чи нодониву паствиҷдонист. Ин чи гуна ҳисси мардигарист, ки тӯдаи одамони бегуноҳро дар шаҳрҳои мусофират, иҷборан барои иштирок дар ин ошӯб ҷамъ оварда, талаби муҷозотии ҷинояткоронро кардед.

Як чиз бароям нофаҳмост. Ин наҳзатиҳои беимона бадкина худро кӣ мешуморанд, ки бо ошӯбу таҳдид аз Ҳукумати кишвар талабу пешниҳод менамоянд. Охир давлат ба роҳнамоиву пешниҳодҳои наҳзатиҳо мӯҳтоҷ нест.

         Ин талаботҳои кардаи тазоҳуротчиён танҳо аст, аз бечорагии беше ташкили ин гирдиҳамои намудаанд ва муҷозотии онҳоеро талаб кардаанд, ки тибқи қоидаву қонуниятҳои милии кишвар дар асоси ҷиноятпешагӣ маҳбуси гардидаанд. Ин нақшаи онҳо ба хотирест, ки нафарони номаргардидаро барои ҳамчун яроқу аслиҳа аайҳи кишвар истифода бурдан, озодиашонро талаб доранд. Вагарна дигар паймоне миёни онҳо вуҷуд надорад, ки то ба дараҷаи ошӯб ташкил кардан баҳри ҳимояи “ҳуқуқҳои зиндониён” арзиш дошта бошад.

Дигар ин, ки масоили руйхати пурраи қурбониёни саркӯби ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд, қатъи шиканҷа нисбат ба зиндониён, риояи ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи башар дар дохили кишвари мо ба шумобарин хиёнаткорону бевиҷдонҳо ба кадом хотир зарур аст. Давлату Ҳукумат аз худ қоидаҳо дорад ва барои риоя он аз касе маслиҳат напурсидаву талабу пешниҳод низ дархост накардааст.

Гузаштаи миллати тоҷикро аҷдодони боҷасорату боматонатамон сохта ба мо мерос гузоштанд, мо мардуми шарафманди кишвар дар пайравии Пешвои миллатамон имрӯзро бунёд сохтем. Ва мақсад дорем, ки худро барои ояндагон ҳамчун меросхӯрон тоҷвар ва ба ору номус нишон дода, барояшон фардои дурахшону ободро аз худ боқи гузорем, то наслхои оянда доннанд, ки ҳар кадоми мо ворисони арзандаи абармардони шуҷоъву далер, мардумони сарбаланду ватанпарвар ҳастем. Ва ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.

Ҳaмроҳ Рaҳимовa,

  мудири кaфедрaи дизaйн вa меъмории ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд