Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати куҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуди воқеаҳои фалокатбор миллати тоҷик аз оянда ноумед нагаштааст, илму фарҳангу тамаддунаш ӯро ҳифз кардааст, аз ин ҷост, ки ҳуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорад.

Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ  ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.
Чунончӣ огоҳӣ дорем,  15-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот доштанд. Дар он аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру су­поришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва алҳол фаъолияти он идома дорад. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақо­мотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Xopyғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Мавриди зикр аст, ки маҳз фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғ имкон дод, ки  силоҳи   оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ дар муддати кӯтоҳ  мусодира карда шавад.  

Ҳамзамон, Ситоди байниидоравӣ ҳушдор медихад, ки бояд то охирин силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда шавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик, мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад. Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳррабардории нерӯҳои пештози ҷомеа муҳим аст. Маҳз истиқлолу ваҳдат доманзадани ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрӯз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳид кардани ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

 Миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофотҳои замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ки ҳеч кишвар қудрати тоҷикро, зери назари худ қарор дода наметавонад ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.

Имтиёзи бузурги истиқлолу ваҳдат ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу наҷоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва истиқлолу ваҳдат фақат шакли ҷаззоб дар рӯи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад. Ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ва­тан», «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст ва онро дарк менамояд, бояд баҳри таҳкими кишвар саҳмгузор бошад, чунки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амният, сулҳу суботи он вобастагии ногусастанӣ дорад.

 

 

Муҳиддинов А.

- профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд.

Турсунов Ф. -

дотсенти Донишкадаи иктисод ва савдои

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикстон дар ш. Хуҷанд.

Бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ дошта, дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд.

Мо қонуншиканиҳое, ки дар Бадахшон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содир гардидаанд, маҳкум менамоем. Дида истодаем, ки ҳарчанд саркардагонашон савганд ҳам ёд карда бошанд, вале аъзе аз ин ноҷавонмардон, аз ҷумла Хурсанд Мазоров аҳдшиканӣ карда, бо ҷалби чанд майзада фитнаву дасиса эҷод карда истодаанд. Чунин нафарон арзиши номи одамиро надоранд ва набояд иҷозат диҳем ин пастфитратон фазои Боми ҷаҳонро ғуборолуд созанд.

Мо дар маҷмуъ хоҳони онем, ки ҳамеша дар ҷумҳуриямон сулҳу амонӣ пойдор бошад ва ҷойи маҳалгароиро миллатдӯстӣ бигирад.

 

Мусаллам аст, ки ҷомеаи имрӯзаро яке аз зуҳуроти номатлуб фаро гирифта, он хатари ҷиддиест барои амнияти миллии чаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Раванди исломикунонии бархе аз давлатҳое, ки фирефтаи доми терористон гардида, баъзеи онҳо иҷборан барои исломӣ гаштани давлат идао доранд, мо мардуми Тоҷикистониёнро водор сохт, то аз фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон ҳамаҷониба бохабар бошему дар ҳифзу ҳимояи он кӯшем. Нагузорем, ки заҳмати чандинсолаи гузаштагони мо барбод равад, зеро барои имрӯзиён ҳазорҳо аҷдодони мо ҷоннисорӣ намуда, барои насли оянда миллати тоҷдореро ба ном Тоҷикистон эҳё намудаанд. Вазъияти ҷаҳони имрӯза болобардории фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар водор месозад, ки ин метавонад барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро таъмин намояд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-январи соли 2015 изҳор дошта буданд, «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Муттассифона,  имрӯз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии роҳбари давлат барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузурги” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омӯхт. То ин фиребхӯрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз карданӣ  шудаанд.

         Ин нобакорон за бадбиниву разолати хеш, барои манфиатҳои хоҷагони беруна ва худ ҳар амалеро, ки гарчанде созгор набошад, ба иҷро мерасонанд. Ин буд, ки чанде аз намояндагони ТЕТ ҲНИ тобистони соли ҷорӣ ба амалиёти нангин даст заданд, ки он боиси қатли сайёҳони хориҷи гашта, дар минтақаи ноҳияи Данғара ба амал омадааст. Маълум аст, ки ин амалиёт бо чи аҳдофи ғаразноки ин нохалафон амалӣ гардидааст. Яггона ҳадафе, ки созмони терористии наҳзатиҳо дорад, аз байн рабудани нуфузи миллати мост. Аз ин ҷост, ки бо ҳар тӯҳмату мутаҳамие миллати моро паст заданианд, ки гӯиё ин ҷо амнияти милли вуҷуд надорад. Ва навори иттилоияе, ки дар Додгоҳи Олии кишвар аз ҷараёни ин ҷиноят ки ба панҷ нафари ҳамлагарон тааллуқ дошта пахш гардидааст онро боз шиддан рад карда истодаанд. Инчунин идао доранд, ки ин амал ба худи мақомоти давлати рабт дорад. Магар ба ин суханон касе бовар мекунад, ки мо худ, худро ба алангаи оташ андозем. Ин ҳама мутаҳҳам кунии наҳзатиҳост ва ин ҳама  суханоне, ки аввал ба ДИИШ бор карданд нашуд ва рӯ оварданд ба давлати мо. Бояд донист, ки ин суханони як дурӯғи маҳз асту дигар осоре нест. Зеро ҳатто тариқаи оиланаи нилгун низ омма воқиф гашт, ки дастгиршудагон бо забони худ иқрор шуданд, ки фармондеҳи асоси Кабирӣ буд ва инро ба гардани ДИИШ бор карданд.

Мақсад аз ин амали сиёҳдилон дар он аст, ки миллати морро миёни олам муташанниҷ нишон дода, зери ин максади хеш амалиётҳои манфиатҷӯёнаи хешро ба анҷом расонанд.

Кабирӣ дар умум тамоми наҳзатиҳо ва як унвони дигари Шумо “аъзоёни фаъоли “Паймони милли Тоҷикистон” бояд донед, ки ин сарзамин бесоҳиб нест ва барои якпорчаи мукаддаси он, агар лозим ояд ҳар шаҳрванди баору номус ва шермардони боҷосораташ ҷонфидо кардаааст ва минбаъд низ барои ҳифзу ҳимояи он омода аст. Барои наҳзатиҳо хело фурсати кам мондааст, ки лаққиданро фарҷом диҳанд, зеро дар муддати хело кӯтоҳ ҷаҳониён низ хоҳанд фаҳмид, ки ташкилоти наҳзатиҳо ташкилоти терористист.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез ва дурӯғ алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Маҳмудова Фароғат,

номзади илмҳои техникӣ,

устоди кафедраи нақлиёт ва идоракунии нақлиёт

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзаимни биҳишосост. Дар ҳаимн радиф мо мардуми саодатманди диёр низ умед бар он мебеандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати маҳомотҳои давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Боз воқеаҳои гузаштаи дар Бадахшон рух додаро низ ҳамаамон тавассути телевизион дидем. Ва ҳатто сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро низ худ бо чашми сард идем ва суханрониҳои эшонро низ шунидем. Ин аст, ки барои фароҳам овардани фазои сулҳу дӯсти миёни мардумони Бадахшон ва пойдор намудани оромии ҷомеа дар ин марз сарвари  давлат суханрониҳо намуда қайд намуданд, ки бояд таъиноти кадрӣ дар ин вилоят ба роҳ монда шавад. Ин аз ҳама роҳи беҳтаре буд, ки низому тартибро дар ҳамаи манотиқи вилоят ҷо ба ҷо менамоянд.

Тавре мо огаҳи пайдо менамоем, намояндагон, махсусан роҳбарияти ТЕТ ҲНИ бо вуҷуди ин қадар амалҳои нопоки иҷрокардаашон нисбати Тоҷикистон ором нанишаста, баракси ҳолат, ки бо ҳар роҳе мехоҳанд, миёни мардум иғво ангезанд. Ин аст, ки вақтҳои охир чунин амалҳои нобакоронаи Кабирӣ ва чанде аз тарафдорони ин азҳоб бо далелҳои дурӯғин алайҳи миллату давлати мо тӯҳматҳо зада истодаанд. Барои ҳар як амале, ки дар Тоҷикистони мо баргузор гардидааст, онро аз худхоҳии беше мавриди танқиду тақлид қарор медиҳанд. Асоси гап дар он аст, к ибо чунин идоракунии як роҳбари ҳизб чи тавр мутаҳиддиву мустақилиро таъмин намудан имкон дорад?. Аҷибаш он аст, ки боз Кабирӣ аз нигоҳи бесаводии худ аз давлату ҳукумат ва сарвари давлат даъват ба амал овардааст, ки «истиқлолияти воқеи» - ро ҳукмрон мекардааст. Ин суханҳо барои «ҷаноби» Кабирӣ, ки агар «истиқлолияти воқеи» - и гуфтаи наҳзатиҳо ҳамин бошад, пас аз бедодгариашон ҳазар.

Ин замини муқаддас ҳамаи шуморо хӯронд ва пӯшонд. Баҳри осудаҳолии мардум сарвари давлат фазои озодиро муҳайё сохт. Барои соҳиби ҷои кори доими таъмин шудани халқ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида амали карда бошад. Пас боз кадом озодии аз бешро мехоҳӣ. Ба назари ман кӯрнамакиву ношукри аз ин ҳеш нест. Ба ҷои иғвою дасисабози кардан, боре бо чашми ақл нигаред, ки дар миллати мо то чи андоза адолату ҳуқуқи кас, озодии баён миёни мардум сар то сари кишвар ҳукмфармост.

Дар фарҷом бароятон гуфтаниам, ки дигар мардумони миллати бардошти аз даст додани азизтарин неъмат, истиқлолияту озодиро надоранд. Аз ин лиҳоз дуюмбора намегузоранд, ки пои нохалафе чаманистони Тоҷикстонро ба биёбон мубаддал созанд.

 

Раҳимов Амон Акпарович,

омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ

 

 

Ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 ноябр дар толори маҷлисгоҳи донишкада чорабинӣ  таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» доир гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои суханшиносӣ Таиба Бобоева ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки    таърихшиносону муҳаққиқон бар онанд, ки ниёгони барӯмандами мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд.  Аввалин конститутсия ё худ эъломияро онҳо офаридаанд ва муаллифи эъломияи аввалин оид ба ҳуқуқҳои башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст.

Турсун Холматов, муовини директор оид ба илм ва инноватсия  паёми шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Устоди ДДҲБСТ Латипов Сунатулло ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ Мӯътабар Ғозиева зимни баромадҳои худ таъкид доштанд, ки  дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён дар васфи диёр шеъру сурудҳо хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати осоишта, дар фазои сулҳу оромии босубот зисту зиндагӣ дораду ба қадри ҷонфидоии қаҳрамонони Ватан мерасанд.

Тоҷикистони мо ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мақому манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ дорост. Тоҷикистон гарчанде ҷавон бошад ҳам, тавонист масъалаҳои дохилидавлатии худро ҳал намуда, фазои орому осударо ба миён орад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли начандон дароз имрӯз миёни садҳо давлатҳои рӯи олам нуфузу шӯҳраташро ҳамчун як давлати мустақил пайдо намуддааст. Ин ҳама шону шӯҳрати миллати мо бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззаму хирадманд ба даст омадааст. Аз ин ҷост, ки ба хотири аз пеш беш намудани тинҷиву ороми дар кишвар давлату ҳукумат тибқи дастури Сарвари давлат камар бастаанд.    

Як масъаларо бояд хуб дарк кунед, ки Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳатто аз ҷони худ гузашт мекунад. Ва он суханони бемаънои дар баёния дарҷ гардида, ҳама бӯҳтон асту ягон осоре аз ҳақиқати ҳол дарак намедиҳад. Дуруст аст, ки мақомотҳои марбута алайҳи ҷинояткорон дар вилояти Бадахшон мубориза бурда истодааст. Ин тадбирҷӯии Сарвари давлат, ба хотирест, ки мардум аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷинояткорон эмин бошанд.

Ҳимоятгари  ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем. Мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки як порчаи он ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст. Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин қадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони бошахсият дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик ҷони худро фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада истодаанд. Ин нафарони ба мисоле, ки аз “пашша фил” сохта вазъияти дохили кишварро аз кадом як давлатҳои Аврупо истода, шабакаҳои интернетиро барои бесуботу бенизом сохтани ҷомеаи мо васеъ истифода кардаанд. Ва ба ин тариқа ҳарчанд хостаанд, вазъияти кунунии минтақаи Бадахшонро бардурӯщ баён доштаанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин афродони нобакор намояндагони “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар асл як тӯдакашони босмачии ТЭТ ҲНИ ҳастанд. Нашри баёнияҳое, ки тариқи сомонаи “Паём нет.” Паҳн сохтаанд, танҳо дурӯщи маҳс асту халос. Ва агар аз ҷониби дигар назар андозем ҳамаи ин суханони ибрознамудаи ин наҳзатиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки кӯрнамаку хиёнаткоранд. Барои ҳамин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд. Дар ҷавоби ин вазифаи мо дар он аст, ки ба ҳамаи ин суханони “дилсӯзона”-и онҳо фирефта нашуда, бар ба бари давлату ҳукумат истода, барои бартараф намудани сатҳи ҷинояткорц дар вилоят саҳм гузорем.

        

Рахимов Амон Акпарович,

Омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ

 

 

Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи “Паймони миллӣ” мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонунҳои Аврупо.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест. Ин нуктаро метавон дар хаққи носипосоне, ки имрӯз муҳити орому осудаи Бадахшони Кӯҳиро халалдор мекунанд рабт дод. 

Имрӯз ин гӯшаи ободи диёр тинҷу ором аст. Ва Ҳукумат ягон амалиёти низомӣ намебарад. Он лидероне, ки дар Бадахшон кору зиндагӣ доштанд, иқрор шуданд, ки амалашон хатост. Онҳо бори дигар ба меҳандӯстӣ ва мардумпарварии Роҳбари давлат қоил шуданд. Зеро ҳамаи гуноҳҳои кардаи онҳоро бахшиданд. Гузашта аз ин ин имрӯз онҳо аз мавзеҳои таърихии кишвар дидан карда, ба ҳамбастагии минтақаҳои кишвар аҳсант гуфтанд.

 Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

 

 

 

 Умумий жиноятчиликка, диний экстремизм ва терроризмга қарши курашиш шу куннинг долзарб масалаларидан биридир. Чет давлатлар ва Ҳамдўстлик мамлакатларида  содир қилинган террорчилик ҳаракатларидан кейин тинчликсевар халқимиз жипслашиб, республикамизда терроризмга қарши кураш ишларини олиб боришаётир. Зеро, ҳар бир фуқаро огоҳ бўлиб, ўз уйини ўзи асраши, ўз Ватанини севиб яшамоғи, юрт тинчлиги учун фидойи бўлмоғи зарурдир.

Бу иллат дин ҳам, миллат ҳам танламаслиги, бутун тараққийпарвар инсониятнинг душмани экани ва халқаро терроризм билан курашишда ҳамкорлик кучларини бирлаштириш ва қатъий кураш олиб бориш зарурлиги нақадар тўғри ва долзарб эканига яна бир бор амин бўлаяпмиз. Ғаламислар халқимиз орасига суқилиб кириб, ёшларимизга диний билимларни ўргатишни баҳона қилиб, уларни ўз домига тортишга уриниб кўрмоқдалар. Шунинг учун ҳам ҳар бир ота-она, маҳалла фаоллари, мактаб, корхона ва ташкилот раҳбарлари, ўз қўл остидаги болалар ва ўсмирларнинг юриш-туриши устидан назоратни кучайтирмоғи лозим.   Ёшларнинг чет давлатларга ишлаш учун кетиб, диний экстремистик оқимларга қўшилиб кетиш ҳоллари кузатилмоқда. Уларнинг диний экстремистик оқимлар таъсирига тушиб қолишининг олдини олиш юзасидан ҳудудларда тушунтириш ишларини олиб бориш керак. Маҳаллалар оқсоқоллари, фаоллари, посбонлари ўз ҳудудига четдан келиб, кетувчиларнинг шахсини аниқлаб, уларнинг қандай ишлар билан шуғулланаётганликларини доимо назорат қилиб боришлари,  бирон-бир ножўя хатти-ҳаракатлар содир қилиниши эҳтимоли бўлса ички ишлар бўлимига тезлик билан хабар беришлари лозим.   Тумандаги  маҳаллалар фаоллари, профилактика инспекторлари, маҳалла посбонлари билан биргаликда ҳар бир хонадонни чуқур таҳлил қилиб, қанча аҳоли республикамиздан ташқарида юрганлигини аниқлаб, уларнинг ота-оналари, қариндошлари билан суҳбатлар, тушунтиришлар ўтказиб, қайтиб келганларни туман Бандликка кўмаклашиш маркази ҳамкорлигида ишга жойлаштириш чораларини кўриши керак.

Зеро, юрт тинчлиги, халқ осойишталиги бизларнинг ҳамкорлигимизга, ҳар қандай вазиятда жипслашиб ҳаракат қилишимизга боғлиқ. Шу сабабли ҳаммамиз бир ёқадан бош чиқариб, жиноятчиликка, диний экстремизм ва терроризмга қарши курашайлик, ёшларнинг тарбиясига бефарқ бўлмайлик, ҳар доим огоҳ ва зийрак бўлайлик.

Дадахон Ҷӯраев,

номзади илмҳои физика ва математика,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ 

 

Алҳол, баъзе ашхос ва давлатҳо низ баҳри нооромӣ ва ноободии  кишвари мо тарафдор буда, бо ҳар роҳ барои расидан ба нияти худ кӯшиш менамоянд. Зимнан низ  хавфи ҷудоиандозӣ вуҷуд дорад, зеро ки қувваҳои зиддидавлатӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа такягоҳ меҷӯянд, то ки мардуми гумроҳро ба доми худ бикашанд. Мо бо боварии том мегӯем, ки манъ кардани фаъолияти ҲНИ дар кишвар қарори саривақтӣ ва дуруст буда, нияту мақсади доираҳои манфиатхоҳро барбод  додаанд. Вале дар хориҷи кишвар ҳам сарварон ва аъзоёни ҲНИ – ро баъзе давлатҳо ва роҳбаронаш хуш қабул карда, сарпаноҳ  доданд  ва  ин ҳизбро тарафдорӣ намуданд. Давлатҳои исломие, ки маҳз ҳамин хизбро таъсис дода, барои фаъолияти минбаъдааш фавто дода буданд, имрӯз онро қабул карданд. Зеро ки дар оянда тавассути ҲНИ ниятҳои нопоки худро дар амал татбиқ намуда, кишвари моро таҳти фишор ва зери тасарруфи худ қарор диҳад. Имрӯз ҳадафи онҳо нобасомон кардани минтақаи Бадахшон аст. Вале мардуми озодидӯсти мо ҳеҷ гоҳ ба иғвову дасисаҳои ирфотгарон ва душманон фирефта нашуда, ба қадри ободӣ ва осоиштагии кишвар мерасанд ва омодаанд онро  ҳифз  намоянд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конгреси 10-уми Созмони миллали муттаҳид 14 апрели соли 2000 баромад карда гуфта буданд: “Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташакилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон  ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад”.

Ҷоиз ба зикр аст, ки гуфтаҳои Пешвои миллат то имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Ва беш аз пеш моҳияти асосии худро дарёфта истодааст. Ҳодисаи нангине, ки 4 сентябри соли  2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат рўй дод, шаҳодат медиҳад, ки душманони сиёсӣ намехоҳанд, ки Тоҷикистон бо роҳи демократию дунявӣ инкишоф ёбад.  Пайравони собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хостанд, ки сулҳу оромӣ ва амнияти Тоҷикистонро вайрон карда, ба пешрафти давлат ва миллат зарба зананд.

Ин амалҳои “Ҳоҷи Ҳалим” ва муридҳои ў, ки боиси марги шаҳрвандони бегуноҳ гардид, нишон дод, ки душманони давлат ва сохтори сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд нооромиро ба вуҷуд оваранд. Ба назари мо ғараз аз чунин амалиёт ноором сохтани авзои ҷамъиятию сиёсӣ ва халалдор гардонидани ҷараёни ислоҳот аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ карда ба Абдуҳалим Назарзода чунин вазифаи масъулро супорид. Лекин ў аз мансабаш истифода бурда, хост, ки  дар арафаи ҷашни истиқлолият ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик зарба занад. Ин ҳодиса нишон дод, ки таъмини амнияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир қарор гирифта буд.

Ҳамин тариқ бобати мусоҳибаи Кабирии бесавод бо хабарнигорони «Тасмим » ва даъвои «қудато»- Абдуҳалим Назарзода, гуфтаниам, ки ин нобакорону нохалафон боз паи ҳамон мутаҳҳамкунии пеш ҳастанд ва чун ҳарвақта аз нотавонии хеш гуноҳҳоро сари мақомотҳои давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ бор карда истодаанд. «Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода» яке аз он «сарсупурдагонест», ки манфиатҳои вазифа, давлат ва миллати хешро паст зад ва фармонбардору муттакои роҳбарияти ТЭТ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони хориҷӣ гашт. Пас чӣ ин қадар воҳимаю муболиғот, ки гӯиё бошахсиятон боиси тарси Эмомалӣ Раҳмон мегардад. Агар бошахсиятиатон ҳамин бошад аз нафрату бешахсиятиатон Худо аавал худатонро нигоҳ дорад.  Кабирӣ дар баёнияи худ иброз доштааст, ки «Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳор кард барои Раҳмон меъёрҳои қонун ва ахлоқ арзише надоранд ва бештари тасмимоти ӯ бастагӣ ба тарсаш аз зуҳури шахсиятҳост.» вале дар ҳамин маврид ба Кабирӣ гуфтаниам, ки агар донӣ сухан гӯй, то ибрат бигиранд ва агарчи надонистӣ пас хомӯш ист, то ба қадре инсонат шуморанду марҳаматат кунанд.

Хосса ин изҳоротеро, ки аз ҷониби Раиси ТЭТ ҲНИ ба мо расидааст, ҳатто гӯшношунид аст, зеро имрӯз мардуми бофарҳангу бомаърифати тоҷик медонад, кик адом роҳ росту кадомаш килеб дорад. Дигар ягон ҳоҷат ба тавзеҳот ва хуннолидани наҳзатиҳо нест, чун ҳама медонад, ки тарафдорони ин аҳзоб ба чи кор машғуланд ва ҳадафҳои нопокашон дар кадом ҷанба пешбинӣ гардидааст.

 

 

Неъматуллоев Азамат,

ассистенти кафедра А ва ИН ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Сафари панҷрӯзаи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни аҳолӣ, хосса аз ҷониби «душманони миллат» вокунишҳои гуногуне ба бор овард.  Мо медонем, ки «рақибони сиёсӣ»-и давлат ба ҳар оин ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат нуктагирӣ мекунанд. Президент агар зимни сафар аз дастовардҳои ин ё он минтақа зикр намоянд, ҳатман душманон бо чашми ҳасуду нодидагирӣ мегӯянд, ки Президент аз камбудиҳо чашм пӯшиданд. Аммо чун камбудиҳоро фошофош гуфтанд, гӯиё Сарвари давлат ба он минтақа ба таъбири халқи «ганда» шуданд. Аммо ин бор Сарвари давлат дилсӯзона аз камбудиҳои мақомотҳои қудратӣ сухан гуфтанд. Баръакс, ҳар ҳарфу ҳиҷои Сарвари давлатро мардум бо хушнудӣ пазируфтанд.

Эроди Сарвари давлат дар мавриди фармонфармоии иддае аз ба ном саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дуруст аст. Дуруст аст, ки баъди супориши Пешвои миллат нисбати онҳо чораҳои ҳуқуқӣ андешида, нисбаташон протоколҳои эълон намудани огоҳии расмӣ таҳия шудааст. Ва ин нафарон Ғозибек Айёмбеков, Хурсанд Мазоров, Ёдгоршо Мамадасламов, Мунаввар Шанбеев, Амриддин Аловатшоев, Зоир Раҷабов савганд ёд карданд, ки минбаъд ба амалҳои ҷинояткорӣ даст намезананд.

Шӯрои собиқадорони донишкада  бо дарки амиқи вазъияти ба амаломада ин тадбири амниятиро нисбати саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгирӣ намуда, умед бар он мебанданд, ки дар такя бо мардуми шарифи вилоят ин мушкиливу муаммо зуд ҳалли худро меёбад.