Рӯз то рӯз намояндагони ҳизби мамнӯъгаштаи ТЭТ ҲНИ доманаи фаъолияти худро густурдатар мекунанд.  Дар конфронси САҲА баромад карданд, боре худро чун «истиқлолхоҳ» вонамуд сохтанд ва дар дигар иброз намуданд, ки эшон давомдиҳандагони насли нави босмачиён ҳастанд. Ин навзуҳуркардагони қавми босмачиҳо зикр медоранд, ки дар Тоҷикистон озодии баён ҳукм намеронад, дигаре мегӯяд, ки  сиёсати пешгирифтаи миилати мо гӯё бо меваю сабзавот аст, чорумин иброз мекунад, ки танҳо минтақаи Бадахшон мондааст, ки онро низ тобеияти қонунияти иллат сохта истодаанд. Ба фикрам мардум ягон ин изҳоротеро, ки барояш хуни ҷигари мухолифин рехтааст, ҳатто назар накардаанд. Акнун идао намудаанд, ки ҳокимияти хонаводагиро ба роҳ мондаанд, Сарвари давлат ва таъиноти кадрии Бадахшон сафи ифротиёнро бештар месохтааст. Боз дидем, ки кадом нафар ба ин суханони пучу бемаънии аъзоёни фаъоли «Паймони миллии Тоҷикистон» бовар намудааст. Назарам бар он аст, ки ин нафарони нохалаф бо ҳар гуна ақидаҳои ифлоси хеш метавонанд ба зеҳни ҳар нафари саводи кофии динӣ надошта таъсир расонанд. Аз ин ҷост, ки бояд ҳар кадоми мо зиракии сиёсии хешро аз даст надода, ба ҳар суханони эшон бо ҷавоби рад зарбаи ҳалокатбор занем.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шахрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин дорем.

 

 

Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали соҳиби истиқлолият гардиданаш, дар баробари дигар мамолики мутараққии олам дар ҳоли рушду тарақӣёт қарор дорад. Ин далели он аст, ки дар кишвар ҳама ба мисоли мақоле, ки «аз як гиребон сар бароварда» дар атрофи давлату ҳукумат ва Пешвои миллат, сарҷамъ омада, бар зидди ҳамаи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, падидаҳои сиёсии ба ислом олудакардаи ташкилотҳои терористиву экстремистӣ муборизаи беамон бурда истодаанд. Ва ҳамаи ин барои миллати мо имкон дод, то дар тамоми миқёси олам номи тоҷику тоҷикистонӣ шинохта гардад.

Ҷоизи зикр аст, ки барои ҳамаи ин пешравию тараққиёти кишвар қабл аз ҳама корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят назаррас аст. Зеро сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарвари давлат имрӯзу фардои моро гулгулшукуфон намуд. Мутмаинем, ки то дар сари ҳокимият будани ин марди хирад, кишвари мо ҳамеша дастболову пирӯз ва саодатманд хоҳад буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқот, ки масъулони давлат, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҷавонони босаодати диёр барпо менамояд, иброз мекунанд ва аз ҳамаи онҳо даъват ба амал оварда, ҳамчунини вазифадор месозанд, ки: « ҳар қадар, ки мо дар кишвар барои рушди руҳу равони мардум дар зиракии сиёсӣ ва ҳаёти солими эшон шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли наврасро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгаро наҷот мебахшем».

Ба ин далел, Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро дастур медиҳад, ки беҳтарин ҷойҳоро барои бунёди майдончаҳои варзишӣ ҷудо кунанд, то наврасон ба нашъамандӣ рӯ наоранд ва корҳои дигари ифротгароӣ даст назананд. Ин тадбир ба хотири он роҳандозӣ мешавад, ки ҳамаи солиму бардам бошанд, зеро оилаи солим асоси ҷомеа солим аст ва ҷомеаи солим кафолат медиҳад, ки давлат солим бошад.

Тибқи ҳамин дастур бо мақсади мубориза бурдан бо ин вабои аср, яъне нашъамандӣ Пешвои миллат ҳамеша мекӯшад, ки воридоти ин мавод дар дохили кишвар ба роҳ монда нашавад, бар зидди ин амалҳо мубориза намуда истодааст.

Вале аз чи бошад, ки тарафҳои мухолифин бо мутаҳҳам намудани сарвари давлат, иброз доштаанд, ки дар воридоти он гӯё мақомот даст дорад. Ин девонагист ё ягон аҳмақии дигар, ки ҳам мубориза мебаранд ва ҳам ин ҷиноятро содир менамоянд. Ба фикрам мардуми моро аз Сарвари давлат оғоз намуда, то дигар намояндагони ватанпарвараш ба мисоли худ гумон намудед, ки гумони шумо нохалафон ботил аст. Ин рафтори шумост, ки худро алайҳи худ таҳрик менамоед. Кадом кӯрнамакеро, ки барои мубориза ба зидди қочоқи маводи мухаддир ба давлати мо ворид гардидааст, беҳтар аз он Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин омил аз байн равад. Гуфта мешавад, ки бе кӯмаки Амрико низ худи кишвари мо метавонад аз ӯҳдаи ин кор барояд, зеро ҳамин ба роҳ мондани таъиноти кадрӣ дар марзи вилояти Бадахшон худ, решакан намудани нафароне, ки ба корҳои ғайриқонунӣ даст доранд аз ҷумлаи ҳамин қочоқи маводи мухаддир.

Ин амали Пешвои миллат, ки солимии мардум ва оромии кшварро кафолат медиҳад, маълум гардид, ки назҳатиёни собиқ ва аъзоёни «Паймони милли Тоҷикистон»-ро ба ташвиш овардааст, зеро ба корҳои номатлуб онҳо ба наздикӣ бо ин роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумат нуқтаи ҳамешагӣ хоҳем гузошт.

 

Зариф Довудов,

номзади илмҳои физика ва математика,

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ


 

Аз мушоҳидаҳои вактҳои охир бармеояд, ки имрӯз бисёре аз собиқ аъзоёни ҲНИ, ки замоне аз тарсу воҳимаи ҳамҳизбиёни худ тарки диёр карда буданд, хатогии хешро фаҳмида,  ба хонаҳои худ баргашта омада истодаанд. Ин идеология нодруст аст, ки ту замоне аъзои ҲНИ будӣ,  имрӯз паси панҷара меравӣ. Ва ин амалро давлат ва ҳукумати кишвар намекунад.

Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Мо ба наҳзатиён мегӯем, ки шикаст хӯрдаед, пас иқрор шавед, ки дар сафҳоятон аъзо намондааст.

 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миооат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту баромадҳояшон ба мардум таъкид менамояд, ки: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки дар ҷавоби ҳамин суханони дурбинонаи Пешвои муаззамамон манфиатҳои халқу миллатро дар мадди аввал гузошта, барои якпорчагии диёрамон якдилона хидмат намоем. Зеро ҷаҳони имрӯза бо талотумҳои сиёсиву динбозиҳои ифротиён кам мондааст, ки олуда гардад. Ягона амалеро, ки зидди ин нобакорон мо анҷом дода метавонем, қабл аз ҳама ба суханони инсонфиребонаи эшон гӯш надиҳем ва худро аз ҳар гуна хатари шомилшаваи ба чунин гурӯҳҳои тундгаро эмин нигоҳ дорем.

Имрӯз дар пайравии Пешво будани мо мардумон аз ҳама зарур аст, зеро тарафҳои мухолиф чашм дӯхтаанд ба он неъматҳое, ки миллати тоҷик онро ба осонӣ ба даст наовардаанд.

Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавонста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Дар кадом як хабаре маънӣ бардоштам, ки намояндагони ин азҳобро ҳатто барои паноҳандагӣ ва муқимӣ шудан низ дар он ҷо иҷозат надода истодаанд, ҳол он ки аз толори конфронси САҲА берун карда шудааанд. То кай худхоҳиву худписандӣ, то кай гапи ин наҳзатиҳо гапу гуфтаҳояшон амалишаванда. Он рӯзҳо гузашту рафт, нияти фаъолият медоштед, инсонвор бояд кор мекардед, на ин ки мардумонро илми ҷангу ҷидол ва силоҳбадастиро медодед.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд. Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳама гуна равияҳои тундгароии динӣ эълон дошта, дар паноҳи рӯҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, барои ободию шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои химия, 

устоди кафедраи химия ва агротехнология

 

Алим Шерзамонов аз кай боз муовини раиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ба ӯҳда дорад? Ва аҷибтараш дар он, ки кадом як нафари бесаводу бетаҷриба, имрӯз, кӣ медонад бо кадом салоҳият ин паймонро созмон додааст ва идоракунандагону намояндагонро кӯр-кӯрона интихоб намудааст. Зеро ҳамаи онҳоро ҳамон нахалафони аъзоёни ТЭТ ҲНИ намояндагӣ мекунанд. Барои Алим: ман намедонам, ки ту бобати кадом қабила меросӣ ва қудрати хонаводагӣ сухан кардаӣ? Аслан ту дар бораи он, ки Пешвои миллат барои осоиштагии мардумони кишвар кадом қаҳрамониҳоро кардааст, маълум гардид, ки намедонӣ аниқтараш чашми дидан надорӣ.

Ба андешаи Алим Шерзамонов ҳукумати кишвар кадоми мансабдорони вилояти Бадахшонро бидуни ғалаткори аз вазифа сабукдӯш сохтааст, ба ман маълум нест. Вале яқин медонам, ки худи Алим низ яке аз намояндагони фаъоли қочоқчиёни маводи мухаддир буда, агар не пас ин ҳама маълумотҳои ба болояш сад муҳобот ҷамъ карда аз куҷост.

Алим ту бояд дониста сухан кунӣ, ин тавр яз як канори девори гурезагиатон нишаста лақидан ба ҳамаи шумо намояндагони ТЭТ ҲНИ ба ҳукм анъана даромадааст. Дар асл ин воситаи мардумфиребӣ нест ин нотавонии аъзоёни «Паймони миллии Тоҷикистон» аст. Ту фикр мекунӣ ва иброз доштаи, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо вилояти Бадахшон мондааст, ки онҷоро низ комилан тобеи қонунияти хеш созад ва барои ҳамин дар он ҷо таъиноти кадрӣ эълон намудааст. Ва инро ба манфиати хеш мекунад. Маълум, ки чанде аз сари мансаб будагони вилоят ҳамрадифу ҳамдаму ҳамрози шумо будааст, маълум ки баробари ба истеъфо афтани онҳо ягон нақшаи ифлосатон барбод меравад. Ва маҳз барои ҳамин чанде пеш сари ин масоил Давлат Мирзобеков лақ – лақ намуда буд, имрӯз бошад ту. Дар асл он ҷо макони ту барин ватанфурӯшон шудааст ва ин барномаи тағйирот дар вилоят айни мудааост. Корнамоиҳои кадоми мансабдорони вилоятро бароятон нақл кунам, гарчанде, ки аз ман хубтару бештар медонед ва устоди бадтинаташ шумобарин пастсифатон аст. Медонам, ки якеи аз онҳо агар дар дигар мамолики дунё рафта кишварро мавриди танқиду тақлиди бегона ва бардурӯғ қарор диҳад ба грантҳои маъмулу машҳури он давлат мушарраф мегардад, дуюмин фақат ҷинояткорони силоҳбадаст ва нафарони наркобизнесро ҳимоя менамояд, ки ин на танҳо дар миқёси вилоят балки дар тамоми кишвар нафарони наркотерорро омода месозад. Сеюмин сӯиистифода аз мансабу утоқи кории раисонааш ба айшу ишрат ва олудагиҳои ғайри одоби инсонӣ машғул аст. Боз кадом сифати онҳо бароятон лозим аст, ки ифшо намоям.

Хулоса Алим Шерзамонов аввал ту якбор бин ва биандеш, ки Пешвои муззами миллат баҳри мустаҳкам сохтани пояҳои истиқлолият сулҳу ваҳдат ва оромиву осудаҳолии мардум то чи андоза талошу кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то миллати мо ҳамчун миллати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр дар тамоми олам шӯҳрату шонашро бештар аз имрӯз намояд.

Акилов Аҳмадҷон, 

сармуаллими   кафедраи таъминоти барҳ ва автоматика

Таъмини амният ва оромиву осудагӣ миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомотҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад. Гузашта аз ин дар вилояти Бадахшон, хосатан шаҳри Хоруғ ба роҳ мондани таъиноти кадрӣ аз ҷониби давлату ҳукумат аз манфиат холӣ нест. Зеро камбудии фаъолияти кормандони мақомотҳои марбута зидди ҷинояткорон ва қочоқчиёни маводи мухаддир, танҳо камбудии оддии ислоҳшаванда нест, балки он ҷинояткорони минтақаҳо эшонро низ ҷинояткор кардаааст. Ба хотире, ки то ҳамин дараҷа бо осони ғайриқонунӣ фаъолияти ҳамон ҷиноятпешагонро сарфи назар менамояд. Ё шояд гумон меравад, ки худи эшон низ дар ин даст доранд. Куҷост масъулияти корманди давлатӣ будан? Куҷост он савганде, ки баҳри ҳифзу ҳимояи ватан вирд забон овардааст? Куҷост он виҷдони мардигарии эшон, ки ҷомеаи тинҷу оромро носолим карданианд?

         Аз суханронии Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таи 9 моҳи охир 456 ҷиноятро ошкор ва аксари онро пешгирӣ сохтаанд, ки 35 % нишондаҳанди кишварро инъикос менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин нафарони нохалафро мардумони вилояти Бадахшон ташкил медиҳад. Зеро дар ин минтақа ҳамаи намуди ҷиноят аз қабили 26 ҷинояти махсусан вазнин яъне куштори одамон, 163 зӯровариву авбошии ноболиғон дар шаб, воридкунии маводҳои мухаддир, гирифтани силоҳи ғайриқонунӣ ба даст ва мисоли ин ҷиноятҳои вазнинро содир кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари теъдоди ин ҷиноятҳо махсусан дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 456 – ҷиноят, 342 – ҷинояткорон ба ин шаҳр тааллуқ дорад.

Дар гузашта Давлат Мирзобеков нависта буд, ки бигзор таъиноти кадрии ба роҳмонда амалӣ нагардад. Зеро нафарони ба ин шаҳру вилоят таъиншуда то имрӯз бо мардуми инҷо забон як карда натавониста, низоъҳо ба вуҷуд омаданд. Қадрҳои маҳаллӣ бошанд, метавонанд, низомро ба тартиб ҷорӣ созанд. Хуб! Вале то ин даме, ки ин қадар ҷиноят содир шудааст, кадом намояндаи мақомот пешгирӣ намудааст. Кӣ ин бадтинатону ношукронро дастгирӣ мекунад. Аминам, ки ҳамон кадрҳои маҳаллӣ дар амалиёти ҷинояткорон худ даст доранд. Вагарна то имрӯз ба кишвар 3 тонна маводи мухаддир ба пои худ намеояд – ку! Сол то сол нишондиҳандаи баландро воридоти  маводи мухаддир нишон додааст. Бино ба гуфтаи мутахассисону коршиносон ҳар 10 – килограми он тани саломати 40 000 нафарро ба бемории вазнини ВНМО гирифтор мекардааст. Магар чунин як ҳадафи муғризонаи ин нохалафонро дастгирӣ мебояд?

Агар ман дар ҷои ҳамин кормандони бемасъулияти маҳаллӣ мебудам теша ба решаи ин ҷинояткорон зада, ин қавми тудагурезро бе ному нишон месохтам, зеро ҷомеаи солим асоси пешравии миллат аст. Мутмаинам, ки ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарвар дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар содиқу вафодор аст.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали соҳиби истиқлолият гардиданаш, дар баробари дигар мамолики мутараққии олам дар ҳоли рушду тарақиёт қарор дошт. Ин далели он аст, ки дар кишвар ҳама ба мисоли мақоле, ки «аз як гиребон сар бароварда» дар атрофи давлату ҳукумат ва Пешвои миллат, сарҷамъ омада, бар зидди ҳамаи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, падидаҳои сиёсии ба ислом олудакардаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ муборизаи беамон бурда истодаанд. Ва ҳамаи ин барои миллати мо имкон дод, то дар тамомим миқёси олам номи Тоҷику Тоҷикистонӣ шинохта гардад.

Ҷоизи зикр аст, ки барои ҳамаи ин пешравию тараққиёти кишвар қабл аз ҳама корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят назаррас аст. Зеро сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Cарвари давлат имрӯзу фардои моро гулгулшукуфон намуд. Мутмаинем, ки то дар сари ҳокимият будани ин марди хирад, кишвари мо ҳамеша дастболову пирӯз ва саодатманд хоҳад буд.

Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқот, ки масъулони давлат, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҷавонони босаодати диёр барпо менамояд, иброз мекунанд ва аз ҳамаи онҳо даъват ба амал оварда, ҳамчунини вазифадор месозанд, ки: « ҳар қадар, ки мо дар кишвар барои рушди рӯҳу равони мардум дар зиракии сиёсӣ ва ҳаёти солими эшон шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли наврасро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгаро наҷот мебахшем».

Ба ин далел, Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро дастур медиҳад, ки беҳтарин ҷойҳоро барои бунёди майдончаҳои варзишӣ ҷудо кунанд, то наврасон ба нашъамандӣ рӯ наоранд ва ба корҳои дигари ифротгароӣ даст назананд. Ин тадбир ба хотири он роҳандозӣ мешавад, ки ҳамаи солиму бардам бошанд, зеро оилаи солим асоси ҷомеа солим аст ва ҷомеаи солим кафолат медиҳад, ки давлат солим бошад.

Тибқи ҳамин дастур бо мақсади мубориза бурдан бо ин вабои аср, яъне нашъамандӣ Пешвои миллат ҳамеша мекӯшад, ки воридоти ин мавод дар дохили кишвар ба роҳ монда нашавад, бар зидди ин амалҳо мубориза намуда истодааст.

Вале аз чи бошад, ки тарафҳои мухолифин бо мутаҳҳам намудани сарвари давлат, иброз доштаанд, ки дар воридоти он гӯё мақомот даст дорад. Ин девонагист ё ягон аҳмақии дигар, ки ҳам мубориза мебаранд ва ҳам ин ҷиноятро содир менамоянд. Ба фикрам мардуми моро аз Сарвари давлат оғоз намуда, то дигар намояндагони ватанпарвараш ба мисоли худ гумон намудед, ки гумони шумо нохалафон ботил аст. Ин рафтори шумост, ки худро алайҳи худ таҳрик менамоед. Кадом кӯмакеро, ки барои мубориза ба зидди қочоқи маводи мухаддир ба давлати мо ворид гардидааст, беҳтар аз он сарвари давлат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин омил аз байн равад. Гуфта мешавад, ки бе кӯмаки Амрико низ худи кишвари мо метавонад аз ӯҳдаи ин кор барояд, зеро ҳамин ба роҳ мондани таъиноти кадрӣ дар марзи вилояти Бадахшон худ, решакан намудани нафароне, ки ба корҳои ғайриқонунӣ даст доранд аз ҷумлаи ҳамин қочоқи маводи мухаддир.

Ин амали Пешвои миллат, ки солимии мардум ва оромии кишварро кафолт медиҳад, маълум гардид, ки назҳатиёни собиқ ва аъзоёни «Паймони милли Тоҷикистон»-ро ба ташвиш овардааст, зеро ба корҳои номатлуб онҳо ба наздикӣ бо ин роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумат нуқтаи ҳамешаӣ хоҳем гузошт.

Зуҳуриддин Одилов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд


 

Истиқлолияти комил дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлату миллат бебаҳотарин неъмат маҳсуб шуда, тавассути он таърих, тамаддун, фарҳанг ва оини давлатдориро ҷаҳониён мешиносанд. Аммо ин ҳама дастовардҳоро аҳримансифатон дидан намехоҳанд.  Ба таъбири халқӣ аз таги нохун чирк кофтанӣ мешаванд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ кӯшиш менамоянд, обрӯ ва мақоми кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ паст созанд. Чун хоиннони Ватан дар хонаи худ ҷой наёфтанд бо роҳнамоии хоҷагони бегонаи худ берун аз марзи кишвар бо дасисаву бӯҳтонҳо мехоҳанд ба номи баланди тоҷик доғ оранд. Аъзои ҳизби мамнӯъшудаи ҲНИ ва анҷумани «Озодандешон» бар зидди сиёсати кунунии ҳукумати кишвар садо баланд карданд, маҳз аз ҳамин тоифаҳоянд. Зеро чашми ҳақбин надоштану бахилӣ ва кинаву кудурат доштани онҳоро ҳамагон чашмдор буданд. Ин нафарон кистанд? Онҳое ҳастанд, ки замоне дар сояи давлат барои таҳсил кардан ба хориҷа рафтан ва имрӯз побанди ақидаву равияҳои ғаразона доранд.  Агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас чаро дар мулки ғариб бегуноҳии худро исбот менамоянд. Биёянд ба Ватани худу назди халқ барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд.

Мо бояд дастҷамъона бар зидди ин қувваҳо мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо беҳуда умри азизи хешро қурбони дасисаҳо кунанд. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки Ватанро чун модари худ эҳтиром намоянд. Ва ҳар пора санги онро чун дурру гуҳар донанд.

Боварӣ дорам, ки ҷавонони банангу номуси диёр дар ин роҳ мавқеи мустаҳкамро интихоб карда, дар пойдевори кохи мӯҳташами амну амонӣ ва фардои кишвар заминаҳои мустаҳкам мегузоранд.

 

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат баҳри пешрафти мамлакат равона гардидааст. Ин абармарди таърихиро ояндаи ҷавонон бетараф гузошта наметавонад. Таърих ёд дорад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  садҳо ҷавонони солҳои 80 –ум дар хоки Афғонистон асир афтода ба ватанашон баргардонда шуд. Маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ буд, ки ҷавонони  роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Агар мо ба Паёми Пешвои миллат, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ назар афканем, нисбати ғамхорӣ ба ҷавонон аз вартаи нофаҳмӣ баргардонидани онҳо вазъи маорифи кишварро бо нишондиҳандаҳои назаррас баррасӣ намуданд: ”Мувофиқи назарсанҷе, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017-ум Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳанда-дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд”. Ин ғамхориҳо дар Соли ҷавонон якчанд маротиба афзун гардонида шуд.

Аммо вазнгӯёни назҳатӣ ба монанди Алим Шерзамонов аз худ қаҳрамон ва вафодори миллат тарошида бо мусоҳибаю мақолаҳои бесару нӯгаш авзои ҷомеаро халалдор намуда истодааст. Мусоҳибаи охирини ӯ дар мавриди авзои сиёсии Бадахшон бисёр нигаронкунанда аст. Ӯ худ кист, ки имрӯз ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ вазъи ин минтақаро таҳлилу баррасӣ мекунад. Ӯ нафарест, ки як муддат домони ҳизби сотсиал - демократҳоро мегирифт. Аммо дид, ки “истиқболи гарм” нашуд, тарки диёр намуд. Имрӯз ҳамин манқурт мехоҳад, ки вазъияти кишвар бад шавад.  

Ба рағми ин носипосиҳо мо ҷавононро чунон тарбия намоем, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонанд. Мо бояд  ҷавононро аз он амри маъруфҳои нодурусте, ки аз тарафдорони назҳатиён ба гӯшашон мерасад дур созем, дар бораи бо номи дини мубини ислом мансабталошӣ кардану суистифода намудани онҳо маълумоти дуруст диҳем. Бо номи дини ислом ташкил намудани ҳизб ин худ носозгориву ноадолатӣ аст байни мардум, алахусус ҷавонон.

Аз сабаби паст будани маърифати фарҳангӣ аксарияти ҷавонон дар бораи ба куҷо шомил шудану манфиату зарари онро намефаҳманд. Аз ин лиҳоз дар байни ҷавонон то ҳол ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомил шудан вуҷуд дорад. Маънои терроризм ва терроист, экстремизмро (ифротгароӣ)  намедонанд. Бо мақсади ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон мушаххас  бояд ба муқобили ин падидаҳои номатлуб мубориза барем.

 Имрӯз дар қатори созмонҳои иғвогари “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ваҳҳобия”... созмони тундгаро “Гуруҳи-24” бо тамоми қувваи худ ба сари халқи шарифи тоҷик бӯҳтонҳо, тӯҳматҳо мерезанд. Онҳо ҳоло ҳам баргаштан ба ватану ба боварии халқу ҷавонон сазовор шуданро умедворанд. Мардуми тоҷик алалхусус ҷавонон имрӯз кӣ будану чӣ гуна сирату сурат доштани Кабириҳоро дарк карданд. Имрӯз ҷавонони мо, ба он бардурӯғҳои назҳатиёну садақаи барояшон маззадорӣ аз ҳисоби хориҷиён гирифта ба ҷавонон пешниҳод мекардаи онҳо, муҳтоҷ нестанд. Имрӯз фаҳмиши динии мардум бакуллӣ тағйир ёфтааст, хусусан ҷавонон. Назҳатиён, магар ҳоло ҳам дарак надоранд, ки халқи тоҷик бо ҳукумату мардумаш якдилу якмаром аст.  Ба ақидаи Кабириҳо гӯё дар Тоҷикистон имрӯз дин зери по шуда бошад. Ҳар як шаҳрванди мусалмони тоҷик аз тоҷику тоҷикистони будану эътиқоди дини мусулмонӣ доштанаш шукр мекунад. Ҷавонони тоҷик аз Ватани зебову манзараҳои нотакрори он лаззат бурда нисбати хоинони ватан нафрат доранд, дар ғарибӣ ба кӣ дарафтодону ба кӣ чӣ тӯҳмати навбатиро раво дидани назҳатиён ин худ далели гуфтаҳои болост.

Мо ба ҷавонон ба воситаи дарсҳои фарҳангшиносӣ, таърихи дин, сиёсатшиносӣ ва дигар фанҳое, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи мактабҳои олӣ ворид карда шудааст, ба воситаи китоби муқаддаси мусулмонони тамоми рӯйи замин “Қуръон”, ки ба воситаи дастгирии Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дигар китобҳое, ки маълумоти диниву дунявии ҷавононро тарбия мекунад истифода намоем, ба ҷавонон омӯзонем.

Ба ин масъала на фақат устодони донишкадаву мактабҳои миёна, балки падару модар низ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” роҳандозӣ намоем.   Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо мақсади тарбияи маънавӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, меҳанпарастӣ, ба фарҳанги бегона тақлид накардани ҷавонону занон, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагардидани онҳо аҳамият дода бошем.

Таваҷҷуҳи ҷавононро дар бораи суръати баланди рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, барномаҳои миёнамуҳлати мамлакат, кишоварзӣ ва ғайраҳо ҷалб намоем.

 Манзура Машарипова,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо-устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯем, аз он изҳори ташвиш дорем, ки ҳоло низ дар ҷомеа мисли ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ ва анҷуманҳое  бо номи «Озодандешон», «Муҳоҷирони Осиёи  Миёна» мавҷуданд, ки мехоҳанд ба оромӣ ва пешрафти кишварамон халал ворид созанд. Он навиштаҳои бӯҳтонангез ва изҳороти бе сару нӯги дастандаркорони гурӯҳи «Анҷумани озодандешон» Алим Шерзамонов ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи  Миёна»    бо истифода аз минбарҳои моҷароҷӯй имрӯз наметавонад иродаи халқи ваҳдатшиори кишварамонро шиканад. 

«Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ», ин гурӯҳ «фидоиёни» ҳизби шумоянд ва воқеан ҳам  агар Шумо лидери як ҳизби «пурқувват» мебудеду дар ҷомеа, хоссатан миёни ҳамкешони худ мақом ва мартаба медоштед, имрӯз паноҳандагиро дар кишварҳои Аврупо намегирифтед ва чунин изҳоротҳои нобарҷоро паҳн наменамудед, балки бегуноҳии худро дар Ватан исбот менамудед. Он далелу рақамҳои малулхотир, ки солҳои охир нисбати ҳизби шумо ошкор шуд, пештар ҳам давлат ва ҳукумат медонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳи бебозгашт ва таъмини амнияти миллӣ борҳо аз гуноҳҳои ба қавле «кабираи» Шумо ва пайравонатон баромада буданд. Вале душманӣ, ки дар дилу тинататон ҷой буд, боз амалҳои ноҷавонмардонаи солҳои навдумро такрор кардан хостед.

Мо қатъиян аз Шумо ва ҳаммаслаконатон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунед, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонед. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшед. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳед, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

Давлат ва Ҳукумати кишвар ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба хотири амну суботи кишвар аз гурезагони сиёсие, ки хатогиашонро дарк намуда,  ихтиёран ба Тоҷикистон бармегарданд, аз гуноҳҳояшон мегузаранд. Ин пайғом агар барои нафарони дар чорсӯи тақдир ҳайронмонда, ҳадяи тақдир бошад, ба он нафароне, ки пешравии кишварамонро чашми дидан надоранд, зарбаи ҷонкоҳе зад.  Аз ҷумла, Илҳом Ёқубов бо супориши хоҷааш Муҳиддин Кабирӣ барои гирифтани пеши роҳи ин тадбири адолатгустарии давлат ва Ҳукумат «ҳолнома»-и Мирзохӯҷа Исмоиловро ба тафсир кашидаанд. Ба навиштаи мубаллиғони ҳизб гӯиё ӯро бо роҳи фиреб ба Тоҷикистон овардаву ӯ мавриди фишору шиканҷа аз ҷониби КДАМ қарор гирифтааст. Онҳо бо ин навиштаашон хостанд аз як нишон ду сайд ба даст оранд. Аввал ин ки бо ин мақолаҳояшон пеш роҳи пушаймоншудагонро мегиранд, сонӣ мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилӣ паст мезананд. Аммо тирашон хок хӯрд.

Худи Мирзохӯҷа Исмоилов дар нашрияи «Нигоҳи халқ» ин овозаро рад карда, иброз доштааст, ки ӯ ба доми фиреби Илҳом Ёқубов афтида, муддате дар  шаҳрҳои Аврупо хизмати онҳоро ба ҷо овардааст, чун дидаст, ки онҳо бар зидди давлат кор мекунанд, пушаймон гардида, аз раъйаш  гардидааст.  Ин бори дигар бадтинатӣ ва аз авомфиребии наҳзатиён дарак медиҳад. Ин нафарон сарҷамъ гардидани миллати тоҷик, сулҳу субот ва оромии ин кишвар ва ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии он кинаву бадбинӣ дошта, миёни аҳолии сулҳпарвар ва меҳнатдӯсти тоҷик бо ҳар роҳу восита тафриқаандозӣ менамоянд.

Мо дида истодаем, ки бештар ин тафриқаандозиҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ он хоиноне анҷом медиҳанд, ки дар давлатҳои хориҷ, хусусан Аврупо сукунат дошта, зархариди хоҷагони бадхоҳи миллатамон гаштаанд. Наҳзатиён нангу номусашонро фурӯхта имрӯзҳо дар пайи гумроҳ кардани дигар ҷавонони бетаҷриба мебошанд.  Хандаовар он, ки думравони Кабирӣ ба худ вазифаҳои баландро дода, бо ташкили «Паймони миллӣ » имрӯз корбарӣ мекунанд.  Аммо имрӯз миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат ва фарзандони боору номусаш тавонистааст, ки дар таърихи наонқадар дарози соҳибистиқлолӣ як зиндагии шоистаро барои худ аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барпо намояд.

Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо ба ҳамагон аён аст, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик ва намояндагони давлату Ҳукумат  борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд.

Махсусан ҳамин паймонсозиҳои мазҳакавиашон нишон дод, ки дигар дар хориҷи кишвар ҳам обрӯву эътиборашонро аз даст додаанд. Ин наҳзатиён, хусусан ифротгароён дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарҳ дода, дар маҷмӯъ дар назди кулли мусулмонон беэътибор гардидаанд.

Онҳо ба ҳар роҳе набошад мекӯшанд, ки садди роҳи зиндагии хушбахтонаи мардум гарданд. Вале ҳама кӯшишҳои онҳо барбод рафт ва тирашон хок хӯрд.

Наҳзатиёни лаънаткардаи халқ чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ-экстремистӣ ҳадафи дар Тоҷикистон ноором сохтанро доранд, ки мардуми бофарҳангу қавииродаи мо инро бисёр хуб медонанду бар зидди ин хоинони миллат ҳамеша мубориза мебаранду хоҳанд бурд. Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён мехоҳанд ҳамеша ваҳму тарсро ба сари миллати мо гузоранд.

Аммо сулҳу ваҳдат орзуву омоли кулли мардуми  кишвар  аст, мо ҷавонмардон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд