Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст

Зеро Ҷаноби Олӣ дар лаҳзае вориди арсаи сиёсат гардиданд, ки Ватани мо - Тоҷикистон дар оғӯши хун буда, дар марҳилаи порашавӣ қарор дошт. Аз ҳамон лаҳзаи нахустин, ки ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, қавл доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Воқеан, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кӯшиш намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рӯшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст. Ба ин мақсад ҳанӯз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон - ояндаи миллат» - ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд.

Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тавре таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шӯъла бардорем на ин ки хокистар». Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда, дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан-Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ифода меёбад. Зеро таърих инсонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву масъулиятшиноӣ тарбият менамояд.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Ҳар як хонанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» Ҷаноби Олӣ таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти асар дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Омӯзиши асарҳо хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад, зеро дар асар корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамен, хиради Бузургмеҳр, неҳзати Абӯмуслим ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиаи асар ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Тавре медонем ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушдаш суръат мегирад.

Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад. Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Раҳимов Амон Акбарович,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Таърихи начандон дур гувоҳ аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бӯҳрони шадидеву вартаи мушкиле  Тоҷикистони соҳибистиқлолро шуруъ аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ фаро гирифта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, тарки хонаву манзил, бародаркушӣ ва  хатари маҳв шудани миллати тамаддунофар доғе буд, ки қалбҳои ҳазорон шахсони бономусу ори тоҷикро месӯзонд. Он лаҳзаҳое, ки  фиғони зори модарон ба гӯши ҳафт осмон мерасид, оилаи тоҷик дар парокандагӣ ва сарсонӣ қарор дошт.  На ҳамсояе  ба ин оила кӯмаке мекарду на дӯст ва маслиҳатгаре дошт.  Баръакс алангаи низоъи бародаркушӣ маҳз бо мадади нотавонбинони ин оила авҷ мегирифт.   

Дар ҳамин марҳила ақлу хирад ғалаба кард ва шахсе зимоми роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт, ки ба ҷузъ аз ҳуввияти ватандорӣ дигар арзишро болотар намедонист. Инак дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлолӣ ҷомеа дар ҳоли рушд ва субот пеш рафта истодааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки таассубу хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ дар ҷомеа торафт пеша паҳн намуда истодааст. Бо вуҷуди он, ки барои намозгирандагони баровардакунии эҳсоси динӣ дар кишвар ҳама шароит муҳайёст, мардум ноогоҳона банди хурофотпарастӣ гардида истодаанд.                       

 Бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона эътироф гардидааст. Дунявӣ будани давлат дар он аст, ки дин аз давлат ҷудо буда, мавқеи дин, масҷидҳо ё меъёрҳои динӣ эътироф гардидаанд. Вале дар дин идоракунии давлат, қонунгузорӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ эътибор надорад. Дин ҳамчун ойини муқаддас набояд ба сиёсат вобаста ва омехта бошад. Ҳамчунин сиёсатмадорон ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд динро ва руҳониёнро барои манфиатҳои сиёсӣ истифода набаранд.

    Дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) омадааст, ки соҳиби дин ва муҳофизаткунандаи дин худи Худованд ва диндорони боимон мебошанд. Имондор будан, амали нек кардан, омӯхтани илм, эҳтироми волидайн, ибодат, закот, садақа, дур будан аз фитна, нифоқ, зулм, ҷанг-ин аломатҳои асосии диндорӣ мебошад. Бинобарин дини ислом ҳамчун дини муқаддас эътироф мешавад. Зеро дини муқаддаси ислом дар асоси таълимоти Қуръони Карим муаррифӣ шудааст. Зеро ҳадафи асосии нозил шудани Қуръон пеш аз ҳама ба ҳаёти поку беолоиш, зиндагии осоишта ҳидоят намудани мардум ва раҳоӣ аз ҷаҳолат мебошад.

    Афсӯс, ки имрӯз аз амалҳои ғайриисломии гурӯҳҳои алоҳида ислом ба он ҷое меояд, ки дар он таҳсилот ва ҷаҳонбинии илмӣ арзи вуҷуд надорад, баръакс аз ҷониби исломгароёни имрӯза куштору хунрезиҳо ба амал меояд. Гурӯҳии давлати исломӣ мисоли равшани таърихи имрӯза аст. Давлати исломӣ солҳои зиёд дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон вуҷуд дошта, ҷавононро ба муборизаи исломгароӣ ҷалб карда истодааст. Баъзе аз ҷавонон имрӯз сарбозони фаъоли гурӯҳи Хуросони Давлати исломӣ гашта, нафарони зиёди онҳо дар ин мубориза ҷони худро аз даст додаанд. Мувофиқи зикри исломгароён бо воситаи сомонаҳои Интернет он метавонад ба Тоҷикистон ҳам ояд. Давлати исломӣ барои Тоҷикистон имрӯз душмани аз ҳама даҳшатноку хавфнок мебошад. Имрӯз раванди исломгароӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ дахл мекунад. Ин раванд пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ва занон вусъат меёбад, ба сар гирифтани ҳиҷоб, риш мондани ҷавонон мисоли равшани ин падида мебошад. Бинобарин, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро бобати исломгароён, мақсади Давлати исломӣ пурзӯр хоҳад кард. Зеро мақсади онҳо бо воситаи қатлу куштор ташкили давлати Хилофатӣ мебошад.

   Файласуфи шинохта - Арастуи бузург зимни ифодаи афкор ишора намуда буд: агар кафшдӯз пойафзолро бесифат дӯхтаву омода намояд, ба давлат зараре намерасад, вале агар ба кори таълиму тарбия афроди белаёқат ҷалб гардад, ин теша ба решаи давлат задан аст. Моро зарур аст, ки дар муқобили  ин ҳама ифротиён дониш, малака ва маърифати аҳли ҷомеаро баланд бардорем, дар зеҳну тафаккури онҳо андешаи дӯст доштани Ватан, обу хок ва модарро ҷо намоем.  Дар он сурат мо муваффақ ба кори худ хоҳем шуд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дӯст доштани Ватан, гиромидошти музаффариятҳои он ва саҳм гузоштан дар рушду инкишофи он баҳри ҳар соҳибватан воҷиб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 аз ҷумла зикр менамоянд: «Ташаккули инсони ҳамаҷониба инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас ва руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, Ватандустиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои некусозандаи миллию умумибашарӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад ».                                                                         

Ватан аз мафҳуми муқаддасу азизи ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Ватан ва шаҳрвандӣ ба ҳам алоқаи зич дошта. шахси бе Ватан амсоли булбули бечаман аст. Он касоне, кадри Ватанро намедонанд, кадри Модари худро низ намедонанд. Он ягона ҷое, ки шахс тавлид мешавад, ташаккул меёбад ва ба воя мерасад. Соҳибватан бояд ҳамеша Ватани худро сидқан дуст дорад ва онро хамчун гавҳараки чашм муҳофизат намояд. Ватан тавассути таҳкими босубот,  сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ суботи сиёси ва Ваҳдати миллӣ ҳифз мебояд намуд.

Ватандӯсти, ватанпарварӣ – ин принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни асосиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои он аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.

Дар ҳақиқат мавзӯи Ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, ки ин вазифаи ҷонии хар як шаҳрванд, наврасон ва ҷавонон, алалхусус донишчуён мебошад.

Имрӯз мо ҳамчун ҷузъи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо ватани худ ифтихор мекунем, фарзандони худро бо меҳри ватандӯсти ба ғоя расонда ба хизмати Ватан тайёр менамоем. Ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон бояд барои ҷовидон пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва таҳкими Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Имрӯз ҳар яки мо бо дастовардҳои беназири ватанамон дар ҳамаи самтҳо ифтихор мекунем. Дастоварди бузургтарини мо дар даври 33 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо сари баланд ва бо камолу эътироф дар ҳама кишварҳои хориҷа метавонад  Ватанамонро  ҳамун Кишвари сайёҳиву меҳмондӯст ва рӯ ба рушди ҳадафҳои стратегии хеш муаррифӣ намояд.

Зокиров Р. Ш., устоди кафедраи меъморӣ

 

 

 

 

 

 

Наврӯз  яке  аз кадимтарин идҳои  тоҷикон  ба  шумор  меравад. Тавре, ки  дар  китобҳои таърих омадааст,  аввалин   касе,   ки  ин  идро  чашн  гирифт  яке  аз  подшоҳи  форс  бо  номи  Ҷамшед буд.

     Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон - Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз бо унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ дошта, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба монанди ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои маркази Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъанаҳои Наврӯз ҳифз шуда, мардуми ӯзбек низ бо чунин расм ва оинҳо Наврӯзро таҷлил менамоянд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ - саману ё суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

    Калимаи "Наврӯз" маънои "Рӯзи нав" дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз - ин китоби муқаддаси зардуштиён "Авесто" мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чӣ хеле, ки дар "Наврӯзнома" (Китоби Наврӯзии)-и Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён оварда шудааст.

Дар китоби "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чӣ тавре ки маълум аст, дар 21 март шабу рӯз баробар шуда, ба 12 соати тақсим мешавад.

Дар "Наврӯзнома" гуфта шудааст: «Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Дар ин меросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гӯштини паҳлавонҳо,  ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона дода мешавад, ки ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки бо ҳарфҳои "С" ва "Ш" сар мешавад гузошта мешуд. Ҳамчун қойда дар ид 2 намуди дастархон оро дода мешавад: Ин "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" мебошад. Дар алифбои форсӣ "Син" ва "Шин" ҳарфҳои "С" ва "Ш" мебошад. Дар дини зардушти ва исломи рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд. Ҳафт-синро Арабҳо дохил карданд аз сабабе, ки дар ислом нушидани шароб манъ аст, лекин ҳафтсинро аз байн бурда натавонистанд.

   

ҲАФТ СИН ВА ҲАФТ ШИН ДАР НАВРӮЗ

Ҳафт син яке аз анъанаҳои Наврузӣ ин 7 син мебошад. Ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи - с (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

 

1.Сир - рамзи саломатӣ

2.Себ - Рамзи зебогӣ ва саломатӣ.

3.Сабзӣ -Рамзи сабзиши табиат.

  1. Санҷид - Рамзи ошиқӣ
  2. Сирко - Рамзи пуртокатӣ, ва хирадмандӣ
  3. Суманак - рамзи нерӯманди ва боварӣ

7.Сипанд.

    Ба ғайр аз инҳо дар дастархон аксар вақт китоби қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.

    Умуман ороиши дастархон аз урфу одати ҳар миллат вобастаги дорад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон мегузоранд. Чӣ тавре, ки гуфтем ин аз урфу одати мардум иборат аст.

       Ҳафт шин - Ба ғайр аз ҳафт син дар рӯи дастархони Наврӯзи ҳафт шин мемонанд.  

     Ҳафт шин ин он  номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо ҳарфи Ш (шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

1.Шакар

2.Шона

3.Шамъ

4.Ширини

5.Шарбат

6.Ширбиринч

7.Шир

     Орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

Рамз як навъ баёни ичтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, ичроӣ ва моддӣ унсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣ ва ичтимоию фархангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтаанд.

Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро хамчун рамзи покиву беолоишӣ,  сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосхои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврӯзӣ  шакар, шир, мост ва хурокҳои аз ширу биринч таҳияшуда мегузоштанд. Аз гушти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони Сосонӣ пагоҳии рузи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷушида ва ё хурдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӯзи Наврӯз ба шох дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кӯҳистон асосан дар айёми Наврӯз шурӯь ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ - сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохгаанд.

Хурокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончӣ, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахӯд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, чаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кулоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон) ғуча (дар Панчакент) ва ғайра меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзии  соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкуча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.

      Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе чойҳо гандуму нахуд медоданд.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

 

 

                                                                    

 

                          

    Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткороӣ ва пешгирии ҳама гуна хуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад пояҳои давлатро заиф гардонад, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад. Зуҳури ифротгарӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ-террористии он айём дар Тоҷикистон ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Афғонистон фирор карданд. Бо кумаки дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқӣ онҳо дар нимаи 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардониданд. Бо ин мақсад ба Ҷумҳурӣ гурӯҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд.

Ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст. Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд ба бешак барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.

    Равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ моро пайваста ҳушдор медиҳанд, ки имрӯзҳо неруҳои тахрибкорӣ ба амнияти давлатҳо таъсиррасон хеле зиёд гардида ва пайваста дар ин ё он шакл таъсири ғаразноку манфиатхоҳонаи худро ба вазъи сиёсию иҷтимоии кишварҳо расонанд. Мусаллам аст, ки мо, тоҷикон, аз ин сабақи талхи таърих огоҳии комил дошта бошем ва набояд гузорем, то ин гурӯҳҳои ҷудоиандоз бо мақсаду ниятҳои нопоки хеш ҷавононро ба доми худ кашанд ва фазои орому осудаи мамлакатро ноором созанд.

Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати маъалаи мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намояд. Ташкил намудани вохӯрию конфронсҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои дар боло зикргардида дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок карда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқии ҷомеа аст.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Дар давоми наздик ба 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоистаи таҳсин ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид. Худ расидан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрӯз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.  Бахусус, дар ҷомеаи имрӯза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониён ҳатто хостори он ҳастанд, ки  имрӯз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омӯзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.

Аммо ҳамин сулҳи побарҷо, якдиливу ваҳдати сар то сариро ҳифз доштан, ҷомеро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят кардан заҳмати содиқонаро талаӣ карда истодааст.

Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Мулоқоти озоду шаффофи Роҳбари давлат дар остонаи моҳи шарифи Рамазон бо  фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар маҳз аз ҳамин зовия зарур ва ҳатмӣ буд. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва муборизаҳои  геополитикӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ниёгон дар раванди таъмини ваҳдату суботи сиёсӣ нақши бориз мегузорад.

Фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки тарғибгарони фаъоли сиёсати созандаи давлату ҳукумат ва муаррифгарони таъриху фарҳанг  мебошанд, масъул ҳастанд,  то бо мардум ҳарчи бештар дар мулоқот бошанд, рӯҳияи миллию хештаншиносии сокинонро баланд бардоранд, дастовардҳои шоистаи давлатдориро фаҳмонанд.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки истиқлолу ваҳдат неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он ба дӯши ҳар сокини мамлакат меистад. Танзими расму оин, роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ ба мардум, фаҳмонидани роҳи дурусти диёнат, тарбияи фарзанд аз таъкидҳое буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор дастур доданд. 

Воқеан ҳама мактаби давлатдории зиёда аз 30-солаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки дар меҳвари сиёсати ин абармарди миллати тоҷик ба таври равшану возеҳ ва мушаххас таҳкими тафаккури миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад.

 Таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди шароити бисёр ҳассоси ҷаҳонишавӣ бамаврид ва саривақтӣ буда, саршор аз оини ватандорӣ аст.

Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки танҳо маърифат садди роҳи ҷаҳолат шуда метавонад. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда, барои зиндагии босубот ва шоиста истифода гарданд. Миллати тоҷик аз азал ҳамчун миллати соҳибмаърифат дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дорад. Бо омӯзиш аз сабақҳои таърих имрӯз бояд шукрона кард, ки аз баракати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардида, шаҳрвандон тамоми фарзияҳои динии хешро озодона анҷом медиҳанд.

Имрӯз барои мо мардуми тоҷик саодати бузург аст, ки дар чунин фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебарем. Ин пеш аз ҳама, нахуст аз шарофати неъмати Илоҳӣ ва саъю кӯшиши шабонарӯзиву сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рӯзгори матлуб ҳама рӯза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти баъзе аз амалҳои номатлуб раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷӯш занад. Муҳаббат ба ватанро чун ибодат ба Худо фарз шуморем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.

Замира Ҷӯраева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистон, миллати кӯҳантамаддуну бофарҳанг ва ориённажод аст. Албатта ҳар қавлу миллат ба хотири гиромидошти арзишҳои олии меросӣ талош менамояд, то ҳамеша ҷовидону пойдор гардад. Маҳз чунин хиради азалии ватандӯстонаи мардумони оқилу донои тоҷик аст, ки миллати мо тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намуда, рӯз то рӯз мақому манзалати хосеро дар арсаи ҷаҳонӣ касб намудааст. Хуш ба ҳоли миллати мо, ки имрӯз дар сари қудрат сарваре доре, ки ба хотири мардум ва осоиштагии эшон бо ҳама гуна чораву тадбирҳо ҳидоятгар ҳастанд.

Мо ҳама хуб медонем, ки қисми зиёди мардумони Тоҷикистон ҷонибдор ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, фаъолияти ин азҳобро хеле хуб дарк менамоянд, зеро медонанд, ки ин ҳизб танҳо ҳомии сулҳу субот ва таъминкунандаи зиндагонии шоиста халқи тоҷик фаъолият мебарад. Маҳз дар ҳамин шароити зисту зиндагонии иқтисодиву иҷтимоӣ моро ҳушдор месозад, ки сиёҳро аз сафед фарқ намуда, баробари давлату Ҳукумати кишвар баҳри некуаҳолии мардум саҳми сазовори хешро гузошта бошем. Бар зидди душманони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки кафили амният ва сулҳу суботи ҷомеа аст, мубориза бурда, онҳоро танҳо бо амалҳои ободкоронаву созандагӣ ва ватандӯстона зарба занем. Вагарна он нохалафон дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кору фаъолият дошта бошанд  ҳам, ношукрӣ намуда, миёни мардумон ғавғо барангехтанӣ мешаванд.

Моро мебояд, ки дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош намоем, ки пеш аз ҳама ҷавононро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва меҳнатпарастӣ роҳнамун созем, зеро ҷавонон нерӯе мебошанд, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти онҳост ва пойдориву устувории ваҳдати миллиро танҳо насли фардои замон метавонанд, таъмин намоянд. Албатта ҳар яки мо ба ҷавонони Тоҷикистон бовар дорем, зеро ҳамаи онҳо худшиносу худогоҳ буда, миллатамонро аз дасти хоинону душманонаш ҳамеша эмин хоҳанд дошт.

 Роҳат Низомиддинова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Терроризму экстремизм худ аз худ пайдо нашуда, онҳоро ба вуҷуд овардаанд. Гуруҳҳои тундраву ифротгароӣ баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ноогоҳиву бесаводии одамон истифода карда, ба ҳиссиёти динии онҳо таъсир карда, террористону экстремистонро барои расидан ба мақсадҳои худ тайёр мекунанд. Ислом дини пок ва соф буда, дини одобу ахлоқ ва тарбияткунандаи инсон аст. Аммо, имрузҳо ба назар мерасад, ки гуруҳҳои абарқудрат ва манфиатдор мехоҳанд, ин динро барои ба мақсадҳои пинҳонии худ расидан истифода бурда, байни кишварҳои дунё ҷанг андозанд. Ин неруҳои ифротгароӣ бо ёрии ташкилотҳои қудратманду дорои дунё торафт пурқувват гашта, руйхати амалҳои зишти онҳо то бор васеътар шуда, аз ягон ваҳшоният даст намекашанд. Онҳо худашон, сохташон, нақшаҳову амалашон сиёҳ буда, арзишҳои волоии инсониро поймолкунанда мебошанд. Онҳо аввал ба мағзшуии одамон сар карда, аз нуқтаи назари идеологӣ фикру ақидаи ҷавонони сустиродаро дигаргун карда, охирон гумроҳ месозанд. Гуруҳҳои ифротгарою тундрав бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои биҳишт  ҷавонон ва ҳатто ноболиғонро ба ин гуруҳҳо шомил менамоянд. Ҷавонони содаю ноогоҳ ба доми фиреб афтода, таассубу хуруфотро қабул менамоянд, шаҳид будану шаҳид шуданро қабул менамоянд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар ва марг мегузоранд. Аз ин ҷост, ки байни террористону экстремистон ин шахсони пешмарг зиёд буда, боиси куштори одамони бегуноҳ мешаванд. Бинобар ин дар байни ҷавонон барои пешгирӣ аз ин хатар корҳои фаҳмондадиҳӣ бисёр бояд гузаронида шавад. Ҷавоноро бояд огоҳ намуд, ки ба ҳар гуна  таблиғот ва динситезӣ, ки зидди Конститутсияи кишвар аст, дода нашаванд. Вагарна дар назди қонун бояд ҷавоб диҳанд. Дар суханрониҳои Президенти кишвар низ борҳо мушоҳида мекунем, ки ин шахсони беватану бемиллат паси пардаи дину мазҳаб истода, вазъи сиёсии мамлакатро ноором менамоянд, дар байни ҷомеа зиддиятҳо ва бесарусомониҳо меофаранд, обруи давлатро дар арсаи ҷаҳон коста гардонида, муносибатҳои дипломатиро дар байни кишварҳои ҷаҳон вайрон мекунонанд. Бинобар ин ҳамагонро мебояд пайваста барои ҳифз кардани мафкураи насли наврас аз таъсири қувваҳои ифротӣ ва идеологияи ваҳшиёнаи онҳо кушиш ба харҷ дод. Нагирифтани сади роҳи ин вабои аср боз боиси марги ҳазорҳо мардуми сулҳхоҳ гашта, ба харобазор гаштани манзилу иншоотҳо ва гуреза гаштани аҳолӣ аз макони ҷойи зисти худ мегардад. Бо ин неруҳои иртиҷоӣ бояд ҳамакаса пайваста ва хастагинопазирона мубориза барем. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм вазифаи натанҳо давлат ва мақомотҳо аст, ин масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки якҷоя ин хатару хавфҳоро метавон ба пуррагӣ решакан намуд. Мо бояд нисбат ба ин кирдорҳои номатлубу ваҳшиёнаи террористону экстремистон бетараф набошем, бар зидди онҳо садо барорем ва муборизаи доимӣ барем.

 

 Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар ҷамъияти мо мутаассифона аксаран, хоса ҷавонон перомуни масоили диниву дунявӣ дониши қазоӣ надоранд, ба осони фирефтаи ҳилаву найрангҳои равияҳои бадхоҳу ифротгаро мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд аз мардумозорӣ безор аст. Ростӣ, барои мо басо шигифтовар ва дарднок буд, вақте тавассути васоити ахбори умум як зумра ҷавонони мамолики хориҷӣ ба равияҳои гуногун дохил шуда, худро “мусулмони комил” гирифта, мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Баръакс, онҳо ба ин корашон ба дахшатафканиву ноором сохтани чомеа мусоидат карда, фазои осоиштаро ноҳинҷор месозанд. Оё дар ягон китоби муқаддаси динӣ гуфта шудааст, ки қатли инсон савоб аст?

     Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: “номи поки исломро бо зухуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт кувватгирифтаистода ва сиёси намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоли матраҳ ин аст, ки мо чӣ тавр бояд сари роҳи чунин амалҳои нангинро бигирем. Фикр мекунам, қабл аз ҳама, дар ин масъала бояд ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намоем. Падару модаронро мебояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд” - ро дар амал татбиқ кунанд. Зеро чуноне ки маълум аст, танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ фаъолият намояд.

 Корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, хоса, дар мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ тақвият бахшидан зарур аст. Шогирдон бояд дар руҳияи худшиносӣ, ватанпарастӣ ва инсонгароӣ тарбия ёбанд. Барои баланд кардани сатҳи саводнокӣ ва маърифати динии ҷомеаи мамлакат тадбирандешӣ менамояд. Ҷавонон аз донистани таълимоти дини не, баръакс, аз ҳуруфот ва бесаводию каммаърифатӣ даст ба ҷиноят мезананд. Бояд ҳангоми тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, аз ҷумла, соатҳои тарбиявӣ ба ин тарафи масъала низ диққати ҷиддӣ дода шавад. Яъне, бештар ба мавзӯҳое рӯ биёрем, ки аз боби маҳкум кардани терроризм ва дӯст доштани ватану меҳани худ қисса кунанд.

 

Исмоилова С.К., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

          

 Дар ҷаҳони муосир, ки тамоюли истифодабарии технологияи рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои халқ мунтазам рушд ёфта истодасст, донистани забони хориҷӣ барои инсон имкониятҳои беохирро мекушояд. Ин на танҳо қобилияти муошират бо хориҷиён, балки имкони беҳтар фаҳмидани фарҳанги дигар кишварҳо, ба даст овардани бартарият дар касб ва инчунин васеъ кардани самти фаъолияти мутахассиси муосир мебошад.  Дар мақолаи мазкур зарурияти, роҳҳои ба таври самаранок омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва чӣ гуна онҳоро дар амал татбиқ намудан барои дар фаъолияти худ аз он баҳра гирифтан баррасӣ шудаст. Инчунин воситаҳои гуногун барои азхудкунии ба воситаҳои барномаҳо пешниҳод гардидааст.

Оид ба ин масъала Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониашон қайд ва таъкид менамоянд, ки барои мутахассисони имрӯза донистани 2-3 забони хориҷӣ ҳатмист. Дар суханронии бахшида ба Рӯзи дониш такроран қайд карданд, ки: “... Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад”.

Доир ба ин масъала дар кишвари мо Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "30" августи соли 2019, № 438) қабул гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат зикр гардиддааст, ки:  Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳонӣ нақши пешбаранда дорад.

Боиси қайд аст, ки дар асри рушди технологияҳои информатсионӣ шахс аз ҳар минтақаи ҷаҳон имкон дорад, дар донишгоҳҳо таҳсил кунад ва дар ширкатҳои хориҷӣ кор пайдо кунад. Аз ин лиҳоз, донистани забонҳои хориҷӣ ва маҳорати гуфторӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди шахсият ва некӯаҳволии моддӣ мегардад. Забони англисӣ ҳамчун забони асосии муоширати байналмилалӣ ба миён меояд. Аксар вақт ба ҷавонон барои дар ҳаёт татбиқ намудани неруи зеҳнии худ дар ин ё он соҳаи фаъолият ба ғайр аз донистани забони давлатӣ, инчунин озодона донистани забонҳои русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.

Дар ҳақиқат азхудкунии забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ вақти зиёдро талаб менамояд. Дар ин раванд тадқиқотҳое бурда шудаанд, ки роҳҳои самаранок омӯхтани он таҳлил ва пешниҳод карда шудаанд. Инчунин барномаҳои, махсусе барои телефонҳо мавҷуданд, ки на танҳо ба истифодабарнда хондани калимаҳои хориҷиро меомӯзонад, балки навиштан, талаффуз кардан ва грамматикаи онро низ. Бартарияти чунин барномаҳо дар он аст, ки дар арванди омӯзиш  ҳангоми хатогӣ намудан дар ягон қисми дарс -он дарс такроран бо намуди дигар ба истифодабаранда пешниҳод мегардад, ки имкон медиҳад онро такрор намуда ба пуррагӣ азхуд намояд. Мисоли чунин платформаҳои маъмул Duolingo, puzzle-english, AnkiWeb ва ғайра мебошанд. Ин платформаҳо имкон медиҳанд,, ки масалан як гурӯҳ донишҷӯён ё ин омӯзгорони забони хориҷӣ азхуд карда истода аз платформа ягдигарро ҷустуҷӯ намоянд ва аз пешравии якдигар бохабар бошанд. Пешравии истфодабарнда бо холҳо муайян карда мешавад.

Дар муддати муайян истифодабаранда бо дониши муайян метавонад ба таҳлили маводҳо, китобҳо ва маҷаллаҳои илмии соҳавӣ ки бо забони хориҷӣ мебошанд, гузарад. Ин усул имкон медиҳад, ки донишҷӯ, омӯзгор ё мутахассис дар як вақт аз навигариҳои самти фаъолияти худ шинос гардида инчунин забондонии худро такмил диҳад.

Албатта, ба ғайр аз ин усулҳо боз даҳҳо методикаҳо маълум мебошад, ки дар асоси он шахси забони хориҷиро азхуд мекардагӣ бояд барои худ писанд омадаро интихоб намояд.  

Дар ҷаҳони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд.

Донистани забонҳои хориҷӣ имкониятҳои касбиро ба таври назаррас васеъ мекунад, дастрасӣ ба лоиҳаҳои байналмилалӣ, кор дар ширкатҳои гуногуни байналмиллалӣ ва имкониятҳои дигарро фароҳам меорад. Донистани забони хориҷӣ бартарии рақобатист, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолият қадр карда мешавад.

                             Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Паём воқеан ҳам барномаи мукаммали фаъолият барои як соли оянда ва татбиқи нақшаҳои дурбинонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави ҳаётӣ, марҳилаи созандагиву пешравиҳои назаррас қарор дорад.

Пешвои муаззами кишвар дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.

Нуктаи меҳварии Паёми Сарвари давлат чун ҳамешагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди соҳаи маориф, беҳбудӣ бахшидан пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои соҳибтахассус, мароқи бештар зоҳир намудан ба омӯзиши илмҳои дақиқ, техникаву технологияи муосир, азхуд намудани ду- се забонҳои хориҷӣ, рӯ овардани насли наврасу ҷавон ба китобу китобхонӣ, эҳтироми волидон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, тақвияти донишҳои сиёсӣ,  пешгирии амалҳои номатлуб, саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат, ҳифзи марзу буми кишвар маҳсуб меёбад. Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд шуданаш далели гуфтаҳои болост.

Зимни ироаи қайд гадид, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шудааст, ки ин ҳам бошад барои некӯаҳволии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин ҳукумати мамлакат ба масъалаи ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок шуморида мешавад. Вобаста ба ин дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд таҳияи мақолаи илмӣ, монографияҳо, иҷрои корҳои тахассусии хатм, корҳои курсӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди сабз, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона менамояд.

Солҳои охир ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи худро ба занону бонувон беш аз пеш намуда, қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тавре ки қайд гардид, соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Аз ин рӯ ҷомеи омӯзгорони донишкада барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ, ки омили рушди саноат ба ҳисоб меравад, кӯшишҳои зиёд менамояд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Аз тарафи вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус дода мешавад.

Аз тарафи сарвари давлат барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар солҳои 2018 – 2023 чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст, ки ин ҳам бошад аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории сарвари давлат барои рушди ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Таъкиди Президенти кишвар барои ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ зарур ва саривақтӣ буда, моро водор месозад дар ояндаи наздик баҳри вусъат додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ амалан кӯшиши зиёд кунем.

Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр шуданд, дар муассисаи мо зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Боварии комил дорам, ки нуктаҳои муҳими Паёмро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён сармашқи фаъолияту таълими худ дониста, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори донишкада саҳм мегузоранд.

Маҳмудова Фарангис Музаффарҷоновна

Омӯзгори кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ