Ватану ватандориро бояд аз Пешвои миллат омӯхт, ки дар ҳама вазъият сарпаноҳи халқу пуштибони миллат аст. Ҳамеша аз манфиатҳои мардум ҳарф мезанад, ҷони хешро барои  озодии ин миллат борҳо нисор кардааст.

Дар ҳақиқат замони муосир раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои куи мардумони сайёра таассуроти амиқе дар хотираҳо боқи гузошта истодааст ва ин таъсирҳо соҳои со аз хотирҳо канда шуданаш амри маҳо аст. Зеро ҳар он коре, ки ба фитнаву иғво ва дасисаҳо оғозу анҷом дорад, ҳатман, ки ба мардум ба халқ ба зиндагии онҳо рахна ворид месозад. Ҳаёти хушу хурраму ободи онҳоро ба заробазор мубаддал месозад. Замоне буд, ки миллати тоҷик аз дасти бархе аз ташкилотҷӣёну гурӯҳбозони ифротгар дар оташи ҷанг кам монда буд сӯзад. Маҳз дар ҳамон вақҳо низ хиради азалии сулҳпарастону ватандӯстон ва ҷасурмардони кишвар мо аз ин бало беру номада будем.

 Мо ҳама мусалмонем, инро бояд дар дил нигоҳ дорем, на инки барои реклама намудан гурӯҳу созмону азҳоб нашкил намуда, мусалмононро қатл намоем.

         Мо бояд бо Ватани маҳбуби худ Тоҷикистони биҳиштосо ифтихор намоем. Онро қадр кунем, чун ин  макон ягона сарпаноҳи миллионҳо нафари ватандӯсту худогоҳ ва сарзамини биҳиштосои ҳар шахс аст.

Мусаллам аст, ки мардуми адолатпарвари миллати тоҷик ҳақиқатҷӯиро танҳо барои он равона месозад, ки ҳақиқат рӯи об бошад ва адлу инсоф дар муҳити давлати демократӣ ҳукмрон бошад.

Воқеан дар замони ҷанги бародаркушӣ миллати тоҷик ҷонибдори ин адолатпарвариву ҳақиқатпарастии сарвари давлат буд, ки дар натиҷаи он оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гардида, сулҳу субот дар кишвар парвози озод намуд.

Он сулҳ миллати тоҷикро сарҷамъ намуда, ба кишвар саодати зиндагӣ ва амнияти миллӣ бахшид. Суботе, ки ба ваҳдату сарҷамъӣ далолат намуд. Сулҳе, ки миллати тоҷикро дар арсаи баландпояи ҷаҳонӣ чун кишвари салоҳпарвар, башардӯст муаррифӣ намуд. Суботе, ки гарави асоии истиқлолияти давлат  гардид ва барои пойдор гардидани халқи тоҷик мусоидат кард.

Ҷоиз ба таъкид аст, пас аз имзо расидани Оштии миллӣ, кишварҳои зиёд ба давлату миллати тоҷик ва иродаи қавии сулҳпарваронаи эшон аҳсан хонданд.

Шароити нави таърихӣ ва рушду такомули босуръату таѓйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иљтимоию фарҳангӣ ва љамъиятиву ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки фарзандони бонангу ори миллати тољик бо васоиту омилҳои маъмулу пазируфташуда, таърих, забон, фарҳанг, ҳуввият ва асолати худро ҳифз ва инкишофи онро таъмин намояд.

         Мо бояд ффахр кунем, ки маҳз бо шарофати  ғамхориҳо ва дастгириҳои бевоситаи сарвари давлат миллати тоҷик сӯи қуллаҳои муроду мақсуд ҷасоратмандона гом зада масири хешро дар арсаи байналмиллал амик пайдо намудааст.

Амон Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Пешвои миллатамон дар паёми навбатии худ қайд карданд, ки «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгароии дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрванди кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид».

Дар ҳақиқат афроди беруна, мамлакатҳои ҳамсояву дур, ки сиёсати гуногунро пайравӣ менамоянд кӯшиш ба харҷ дода мехоҳанд мамлакатҳои гуногунро ба зери сиёсати пайравикунандаи худ аз ҷиҳати иқтисодиву сиёсӣ муттаҳид намуда роҳ ба иқтисоди дохилии он ёбанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ онро роҳгумзада созанд ва ба манфиати худ то қадри имкон истифода баранд. Ин намуд таҷриба ва амалия байнидавлатӣ вуҷуд доранд ва аксарияти давлатҳо ин амалияи нодурусти ба осудагиву оромӣ мухолифро пайравӣ менамоянд, ки ояндаи он нокомӣ ва гум кардани алоқаҳои байнидавлативу баамалории нокомиҳои маънавӣ мебошад. То қадри имкон ин равияву амалҳои нокомсозанда дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амал мекунад ва бо ин роҳ муносибатҳои баробар ва баробарҳуқуқро аз байн мебаранд ва боиси зӯрии ниҳониро байни давлатҳо баамалӣ овардан сабаб мешаванд. Набояд байни давлатҳо ин намуд муносибатҳо ҷой дошта бошад. Баробарҳуқуқӣ, эҳтиром байни давлатҳои миёнаву абарқудрат, ҳукумрон бошад. На як давлат хоҳад аз шартнома барояд ё ки онро бо хоҳиши худ бекор кунад. Ин набояд дар муносибатҳои байнидавлатӣ ҷой дошта бошад.

Аз дигар тараф дасисабозиҳои дохили ҳизбӣ ва дохилии мардумӣ, дар ҷомеъа ҷой дошта низ саҳми калонро оиди вайронсозӣ ва баамалоии низоъҳои байнигурӯҳӣ, дохили ҷомеъавӣ сабаб мешавад, ки саҳми онҳо дар вайронсозӣ хело калон ва даҳшатнок мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун байни мардум ақидаҳои росту дурӯғи худро тарғиб намуда ба баамалоии тарафҳои мухолифини давлативу, зидди давлати баамал оварда шӯру мағалро, оқибат куштору нооромиро дар мамлакат баамал оварданд. Инсонҳо ба фардои орому осуда боварӣ надоштанд ва боварӣ қариб аз байн рафта буд. Гуфтори бузургон, охири шаби сияҳ сафед аст, албатта қиммати худро гум накардааст ва ҳеҷ гоҳ гум намекунад ва пайваста рӯзгори инсонҳоро равшан мегардонад. Барои бунёди рӯзи равшани бардавом ақли солим, иродаи мустаҳакам, дурбинии таҳаммулпазирона лозим буд, ки ин сифатҳоро президенти ҷумҳуриамон зоҳир намуда, ба муросо омадани мухолифинро талаб карданд ва барои амалӣ кардани ин нақша ҳамаи чораҳои заруриро андешиданд. Албатта дар ин лаҳзаҳои пурмасъулият якчанд шабҳои бехоби паси сар мешавад. Фикру хаёли печ дар печ бо саволҳои, аз кадом тарафи муаммо сар кардан лозим, ки масъала ҳалли худро ёфта бошад. Оё мухолифин ба ину он пешниҳодҳои ман розӣ мешуда бошанд. Агар розӣ нашаванд, пас чи кор бояд кард? Агар ин гуфтушунидҳои забонӣ тӯл кашад, пас ҳоли мардуми фирорӣ чи мешуда бошад? Оё ин равандро тезонидан мумкин аст? Барои тезонидан чи бояд кардҳо барин саволҳои Раҳмонӣ фикри пешвоямонро банд месохт ва ҳалли тезтари онро барои пайдо кардан аз кадом тарафи масъала бояд дохил шуд ва кадом масъалаҳоро кундалнг бояд гузошт, роҳбарамонро ба ташвиш меандохт. Ақлу тамизи фарогири роҳбарамон ҳаммаи ҷабҳаҳои ин масъаларо пайваста омӯхта, ҳалли дурусти онро пайдо карда пас муамморо барои таҳлилу ҳалкунӣ ба миён гузошт. Ҳамаи он шабҳои бехобӣ, масъалагузориҳои дақиқу нотакрори пешгӯянда ва пешбинанда, кори худро кард ва сулҳи деринтизори тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ партавафшон шуд, ки хизматҳои Пешвоямон муайянкунанда ва бунёдсозанда буд. Албатта муҳаббати беандозаи президентамон ба мардуми кишвар, нисбат ба талаботҳои кӯтоҳандеши ифродгароӣ мухолифин якчанд андоза боло гирифт ва сулҳ дар кишвар пойдор гардид. Ин ҳама аз дурбинӣ ва таҳаммулпазирии президентамон нисбат ба муаммоҳо, гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамаи ин баҳсу мунозира ва кашмакашиҳо ақли буррои призидентамон кори худро кард ва сулҳ пойдор гардид. Албатта ақли бурро ва таҳаммулпазирӣ беандозаи халқамон, масъалаи пайдошударо дуруст аз ҷиҳати ҳам иқтисодиву ҳам сиёсӣ фаҳмида рӯ ба дастгирии ақли солим карданд. Дастгирии онҳо буд, ки муаммо ҳалли худро ёфт. Бе дастгирии мардум ҳалли муаммо тӯл кашиданаш мумкин буд.

Файзулло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мардуми тоҷик аз азал сулҳдӯсту сулҳофар буд. Бо эътимоду боварӣ гуфта метавонам, ки мо ҳеҷ, гоҳ ба дурӯғу бофтаҳои фитнаангезии хоинони давлату миллат дода намешавем. Боиси таассуф аст, ки хоинони Тоҷикистон ҳама дастоварду муваффақиятҳо, сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дида наметавонанд ва аз ғаразу кинаҳои хеш достонҳои дурӯғ эҷод намуда, мардумро ба худ ҷалб мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки як маротиба аъзои ТЭТ ҲНИ ба мардуми тоҷик хисороти бузурге расониданд, ки он аз ёдҳо нарафтааст. Маҳз фитнаи ТЭТ ҲНИ ҷавонони тануманд, донишманду ҳунарманд ва ҳазорон фарзандони номбардори моро аз байн бурданд, ки он ба рушди пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон даҳсолаҳо таъсиргузор хоҳад монд. Нафаре, ки аз сиёсат бохабаранд, ба гуфтаҳои ин ифротгароён бовар намекунад саҳму талоши ҳар сокини кишварамонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он мушоҳида мекунем. Итминон дорам,ки мардуми Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҷанги шаҳрвандиро,ки аз кӯтоҳандешӣ ва хиёнату иғвоангезии чунин ашхос сар зада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дигар он шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, ки зери таъсири ғояҳои дурӯғин қарор гирифта, қурбонии ҷангҷӯёну фурсатталабони ватанфурӯш гарданд.

Ашӯрова Шабнам, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тавре дар аввали Паёми навбатии худ пешвои миллатамон қайд карданд: «Мову Шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоишии бисёр сахту сангини таърихи буд».

Дар ҳақиқат ҳол ҳамин тарз буд. Дар солҳои аввал якдигарфаҳмӣ байни мардум барқарор нашуда буд. Ҳар фард кӯшиш мекард, ки вазъро дуруст фаҳман ва ба он такя намуда амал кунад, ё ки ҳақиқати ҳолро дарк кунад. Ин вазъро ҳамаи қишрҳои ҷомеъа дуруст дарк накарда буданд. Равшанфикрони ҳамон давра баъзе барои вазъро фаҳмидан сар нафуроварда аробаи холиро кашида мерафтанду даъвоҳои беасосро рӯ меоварданд, ки дурусттар ба он назар кунем мақсадҳои нопок ва ғаразноки лаъини онҳо равшан мегардид. Дар ин давра ҳар сухан ҳар рафтору кирдор ҷову мавқеъ доштанаш лозим буд. Беасос гунаҳгор кардани мардум аз тарафи намояндаи наҳзади ислом Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода гӯё, мадуми аз чорсола болои вилояти Ленинобод кофиранд. Ҳамаи кофироне, ки он шахс дар назар дорад пеш аз ҳама бандаи худоанд. Агар ҳол ҳамин тарз бошад пас он шахс чи мехостааст ва бо ин гуфтаҳои беасоси худ чиро исбот кардани мешудааст. Ҳол он, ки дар сураҳои аввалини Қурони маҷид тасдиқ карда мешавад, ки ҳаммаи пайғомбарон, китобҳои фиристодашуда барҳақанд. Агар ҳол ин тарз бошад, пас бо кадом мақсад ин гуфтаҳо иброз карда шуда буд? Ин танҳо барои тафриқаандозӣ байни мардум бошад даркор. Ба шаҳодат расонии инсонҳо дар натиҷаи гӯшбурриву дастбурри ин оё беҳурмати нисбат ба инсон не. Ҳар кас, ки нисбати инсон беҳурматӣ мекунад ӯ шарики шайтон аст ва номи онҳоро шайтон гӯем хато намекунем. Дар адабиёти ниёгон оварда шудааст, ки пӯшидани ҷомаи дароз низ ин беҳурмати нисбати атрофиён мебошад, аммо ин амалҳо аз тарафи намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳо раво дониста мешаванд. На гуфтор на рафтори онҳо ба кӯчаи инсони дуруст намебошад.

Анакнун гуфтаи Пешвоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меорем: «Ман ба шумоён сулҳ меорам». Ҳар як одами солимфикр ин гуфтаҳоро пеши назар оварда беихтиёр ба дурандешӣ, солимфикрӣ, маҳбубдонии инсонҳоро аз тарафи пешвоямон мадди назар меорем ва беихтиёр онро бе чунну чаро қабул менамоем. На он суханонӣ беманӣ ва фирқаандозӣ аз фалон қисми мардуми вилояти Ленинобод боло мусулмон нестанд, ки ба ҳамаи нуқтаҳои мусалмонӣ зид аст, садҳо, ҳазорҳо маротиба беҳтар ва муттаҳидкунандатар мебошад. Ки-ки буданашро танҳо худои мутаъол медонад, наход ашхоси гунаҳгор, ки назди худо ва қудрати беандозаи оҷиз ҳазорҳо маротиба оҷизӣ кашанда, ки будани инсонҳоро муайян карда тавонад. Оё ин гуфтаҳоро баён намуда он шахсон ба гуноҳи азим гирифтор нашуда бошанд. Оё онҳо ин суханонро гуфта худоталоши накарда бошанд, ки он гуноҳи азим ва нобахшиданӣ дар назди худо аст.

Сухани ҷаззобу меҳроварандаи президентамон кори худро кард ва ба дили мардуми ҳозиқи, кунҷкову пуриродаи кишварамон меҳри якдигарфаҳмӣ рафоқату садоқат ва оштии абадиро бунёд сохт. Ҳар як шахси солимфикр ин сухани равон, диқатҷлбкунандаро ба дилу дидаи худ ҳамчун гавҳараки чашм ҷой дод ва ба сулҳи пойдори тоҷиконро овард ва барпо намуд.

                           Файзуло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мо ҷавонон доир ба терроризм ва экстремизм маълумот дорем ва медонем, ки ин гуна ташкилотҳо  аз сустиродагӣ ва зудбоварии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб менамоянд.

Дар моддаҳои 8 ва 30-и Конститутсия муқаррар гардидааст, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёси мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохторҳои конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.

Ташкилоти экстремистӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи қонуни мазкур оид ба барҳам додан, ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ, бо қарори суд ба қувваи қонун даромадааст.

Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, тамаддуни созандаи исломӣ ва арзишҳои умумӣ эътирофшудаи башарӣ метавонад кишвари азизамон- Тоҷикистонро аз ин разилатҳои замон эмин дорад.

Барои гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, ҷавонону донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд фаъол бошанд ва бо бедории миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба онҳо зарба зананд.

 

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

ШИНОХТИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИРДар натиҷаи ҷаҳонишавии кишварҳои муттарақӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ чархиши маълумотҳои зиёди сиёсӣ, ки шинохти фаъолитяи экстремизм ва терроризмро мушкил намудааст, ба мо лозим меояд, ки шинохти гурӯҳҳои ифротӣ ва огоҳӣ ёфтани ҷавонон аз маълумотҳои паҳннамудаи онҳо мафҳум ва моҳияти фаъолияти онҳоро шарҳ диҳем, то ки ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд. Чи тавре, ки дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.01.2021 зикр намуданд: “...пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.”

Воқеан мафкураи сиёсии инсонҳои олам дар ҳолати парокандагӣ қарор гирифта, ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ пайваста ҳаёти худ ва ҳаёти хонаводаи худро дидаву дониста дар зери хатар қарор медиҳанд. Сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон ин ноогоҳ будани онҳо аз фаъолияти ифротгароӣ ва ғарази нопоки онҳо, инчунин надоштани донишҳои сиёсӣ ва геосиёсии олам мебошад.

Ифротгароӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ ба ақидаҳо, мавқеъҳо ва тадбирҳои ифротӣ, радикалӣ пайравӣ кардани шахсон, гурӯҳҳо, ташкилотҳо мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ (экстремизм) инҳоянд:

- ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва вайрон кардани низоми қонун;

- сафедкунии оммавии терроризм ва дигар фаъолияти террористӣ;

- барангехтани адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ;

- таблиғи истисноӣ, бартарӣ ё паст будани шахс аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ;

- поймол кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахс ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ;

- монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандон ё вайрон кардани сирри овоздиҳӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- монеъ шудан ба фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, комиссияҳои интихоботӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ ё дигар ташкилотҳо бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- таблиғ ва намоиши оммавии сифатҳо ё рамзҳою аломатҳои ба миллатгароӣ монанд;

- даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани ин кирдорҳо ё паҳнкунии оммавии маводи ифротгароёна, инчунин истеҳсол ё нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн кардани он ба омма;

- ошкоро айбдоркунии бардурӯғ нисбат ба шахсе, ки мансаби давлатиро ишғол мекунад;

- маблағгузории ин санадҳо ё кӯмаки дигар дар ташкил, таҳия ва татбиқи онҳо, аз ҷумла бо роҳи таъмини базаи таълимӣ, полиграфӣ ва моддию техникӣ, телефонӣ ва дигар намудҳои алоқа ё расонидани хизматрасонии иттилоотӣ.

Маводҳои экстремистӣ хуҷҷатҳое мебошанд, ки барои интишор ё маълумот дар дигар воситаҳои ахбори оммавӣ, ки ба амалӣ гардондани амалиёти экстремистӣ даъват мекунанд ё зарурати ин гуна фаъолиятҳоро асоснок мекунанд.

Терроризм дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ як шакли шадиди зуҳуроти ифротгароӣ дониста мешавад.

Терроризм як падидаи мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва ҷиноятӣ мебошад, ки дар натиҷаи зиддиятҳои дохилию берунии рушди ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Терроризм ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷомеа ва давлат таҳдид мекунад, ки яке аз навъҳои хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Терроризм аз рӯи моҳияти иҷтимоию сиёсии худ ин истифодаи мунтазами аз ҷиҳати иҷтимоӣ ё сиёсӣ асосёфта, аз ҷиҳати идеологӣ зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он мебошад, ки тавассути тарсонидани шахсони алоҳида рафтори онҳо ба самти манфиатбахши террористон ва ҳадафҳои пешбинишуда аз ҷониби террористон ба даст оварда мешаванд.

Терроризм якчанд унсурҳои ба ҳам алоқамандро дарбар мегирад: идеологияи терроризм (назарияҳо, консепсияҳо, платформаҳои идеологӣ ва сиёсӣ), сохторҳои террористӣ (ташкилотҳои террористии байналмилалӣ ва миллӣ, экстремистӣ – рост ва чап, миллатгароӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои ҷинояткории муташаккил ва ғайра), инчунин амалияи воқеии террористӣ (фаъолияти террористӣ) мебошад.

Соли дувум аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар саросари Ҷумҳурӣ гузаронида шуда, истеъдодҳои навба нави ҷавонон кашф шуда истодааст. Ба он бовар ҳастем, ки сафи китобхонҳо зиёд гашта, донишҳои сиёсӣ нисбат ба халқамон ва халқҳои ҷаҳонӣ пайдо гашта, зиракии сиёсиро ба даст меорем.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд    

 

 

 Саломатии инсон неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ баён намуда буданд “ Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.

  

Бо суръати баланди инкишофи техникаву технологияи ҳозиразамон мушкилоти як қишри ҷомеа бар канор карда шуд. Техникаву технологияи ҳозиразамон тавонист диққати тамоми аҳолиро ба худ ҷалб карда, мардум ба кулли барои осоиши кор, гирифтани  иттилооти хуб, истироҳати бофароғат аз онҳо истифода мебаранд, яке аз чунин эҷоди инсони телефони мобилӣ мебошад, ки ҳам усули мусбӣ ва ҳам усули манфии худро дорад. Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд.

Бо кумаки онҳо ҳамеша ба нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он ки ӯ дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем. Аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зарарасонӣ дошта, оҳиста-оҳиста ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони мобилиро ҳамроҳ доранд.

 Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда, мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Дар мавриди зарари телефони мобилӣ бояд қайд намуд, ки истифодаи аз меъёр зиёди он шахсро ба заъфи асаб гирифтор намуда, мавҷи нурҳои электромагнитии он оҳиста – оҳиста ба одам таъсири худро мерасонад.

Имрӯз кӯдакони хурдсол ва мактаббачагон низ аз телефонҳои мобилӣ ва планшет истифода мебаранд. Онҳо телефону планшетро на танҳо чун воситаи гуфтугӯ, балки бештар барои бозӣ истифода мебаранд, ки он ба хирашавии чашм оварда мерасонад. Олимони Аврупо қайд намудаанд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефонҳои мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияаш ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад.

Истифодаи ҳар як техника қоида ва меъёри муайян дорад.

-  бе зарурат набояд аз телефони мобилӣ истифода кард;

-  истифодаи ками телефон ба фоидаи саломатии инсон аст;

-  дар хона ва ё корхона бояд аз телефони одии симдор истифода намуд;

-  истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони то 16 сола бояд маҳдуд карда шавад;

- ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугу намоем ва ё гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;

- кӯшиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;

- дар хона онро дар масофаи 65-70 см аз худ дур гузорем, хусусан ҳангоми хоб ин хеле мӯҳим аст;

- ҳангоми гуфтугӯ асбобро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёниаш доштан зарур аст. Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дарсад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад.

 

Абдусамад Назаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

                                     

 

 Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омўзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз ба туфайли ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат барои эҳё, ҳифзу гиромидошт, ривоҷи арзишҳои фарҳанги милливу динии тоҷикон чорабиниҳои зиёде гузаронда шуданд. Бо мақсади эътирофу тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар мамлакат корҳои бузурге анҷом пазируфтанд. Вале ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар олами муосир фаъолияти неруҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро, ки аслан душманони давлату миллати тоҷиконанд, хеле ҷоннок шудаанд. Онҳо бештар ба ҷавонон такя мекунанд ва мутаассифона, гурўҳе аз онҳоро ба доми худ медароранд. Ифротгароии ҷавонон боиси таҳдид ва хатар на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гаштааст. Ифротгароён имрўзҳо дар шиорҳои динӣ, таълимоти Илоҳӣ масъалаҳои воқеан сиёсиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва барои ғасби ҳокимияти давлатӣ кўшиш мекунанд.

Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад.

Вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурўҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанўз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Баъзаи иҷтимоии экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан ҷавонон (аз 18 то 35 сола) ташкил медиҳанд, ки фаҳмиши мукамаллӣ сиёсӣ ва динӣ надоранд, ҳамчун экстремизми ҷавонон низ ном бурда мешавад.

Дарвоқеъ, ҷавонони мо, ки пиромуни масоили динию дунявӣ дониши қазоӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаву найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд аз мардумозорӣ безор аст.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кўшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.

Мо насли ҷавон тоҷик, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созем, моро мебояд, ки Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем. Бигзор, ваҳдати миллӣ сулҳу суботи поянда, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.

Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани ана ҳамин қабил омилҳо зарур мебошад.

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Тоҷикистон дар масири 30 – соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, шикастанҳову сӯхтанҳо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз дар ҷомеа  суботи комили сиёсӣ таъмин аст. Ин ҳама пешравию муваффақиятҳои самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради мардум рӯи даст омаданд. Аммо дар ҷомеаи имрӯз ҳастанд нохалафону бадбинон, бадкешону нотавонбинон, ки чашми ҳақбин надоранд, камтарин мушкилоти ҷомеаро тавре паҳн мекунанд, ки гӯиё мусибати калоне ба сари миллат омада бошад ва бо дархости хоҷагони берунаи худ барои бадном намудани давлат ва миллат саъю талош меварзанд. Ин гуна аҳримансифатон қодиранд, ки ба хотири манфиатҳои хеш ҳатто Ватан, Модар ва миллати хешро фурӯшанд.

Амали ноҷавонмардонаи аҳримансифатон боис бар он гардидааст, ки бо истифода аз амалҳои хакерӣ, шикастану ба даст овардани рамз  ба саҳифаи фейсбукии  мардум ворид шуда, аз номи онҳо дар саҳифаи “Озодандешон” ҷумлаҳои иғвогаронаро миёни омма паҳн намоянд. Навиштаҳои онҳо ба мантиқ рост намеояд, зеро мардум сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллатро куллан дастгирӣ мекунанд ва ифтихор аз он доранд, ки сарварии давлатро шахсияте бар дӯш доранд, ки маҳз ба миллат саодат овард ва онро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид..

Ин амалкарди душманони миллат ҳаргиз ирода ва масъулияти мардумро дар назди халқу Ватан намешиканад, баръакс моро боз ҳам муттаҳид ва сарҷамъ ва муҳиматар аз ҳама қавитар дар атрофи Пешвои муаззами миллат мегардонад.

Лаънат ба хоинон, лаънат ба кӯрдилон, лаънат ба носипосон!

 

Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Вобаста ба пешгирии хатарҳои имрӯза, ки ба ҷони садҳо мардуми сайёра таҳдид намудаву ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда истодааст, яъне суръат гирифтани амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам, бахусус амалҳои экстремистиву террористӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ, ки башариятро ба ташвиш оварданд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Имрўз тезу тунд гардидани авзои сиёсии ҷаҳон, яъне хатари экстремизму терроризм, ки ҷони миллионҳо нафарро аз байн бурдаву ҳазорҳо нафар сокинони кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дур аз Ватанашон намуда истодааст, моро водор месозад, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тафриқаангез, бахусус, падару модарон, фаъолон, омӯзгорон, шахсони рӯзгордида, зиёиён саҳмгузор бошем.

Имрўзҳо паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва иртиҷоӣ дар байни қишрҳои ҷомеа, ба хусус ҷавонону наврасон аз ҷониби гурӯҳҳои мутаассиб, ҷудоихоҳ ва тафриқаангез бо мақсади заиф намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида истодаанд. Ин аст, ки қисме аз ҷавонону наврасон бо таъсири унсурҳои ифротии хатарзо дар доираи эътиқоди динӣ асосан бо таъсиррасонии муҳити зист маҳз дар сатҳи авлод, кӯча, мактаб, деҳа, ҷамоат ва ноҳия майл пайдо карда баъдан ҳадафи асосии мубалиғони ташкилотҳои террористию экстремистӣ  мегарданд.

Пешвои миллат ҳамзамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоки ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромўш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд.

Мо мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудани мардуми бетаҷриба, аз ҷумла ҷавонон маҳз ҳамин тарғиботи тундгароён, ташвиқотӣ яктарафа ва сиёсати бегонапарастии онҳо буд, ки Ватани моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Аз ин рӯ  ҳар як фарди солимфикр, ба хусус ҷавононро лозим аст, ки дар асоси дастуру тавсияҳои ҳамешагии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва  доштани ҳисси баланди миллиро пуштибонӣ намуда, фирефтаи сиёсати  ғаразноки бегонагон, бахусус роҳбарону аъзои Ташкилоти экстремистию  террористии собиқ «ҲНИ» ва дигар созмонҳои ба ин ташкилоти террористӣ монанд нашаванд.

Ҳамзамон дар қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, зери лавҳаи “Бешарафӣ”, ки аз ҳаёти беномусонаи як нафар аъзои Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин маълумот медиҳад, бояд ҳар як сокини кишвар хулосаҳои даркорӣ бароварда, ба маводу гузоришҳое, ки имрўз дар шабакаҳои иҷимоӣ аз ҷониби ин шахси ҷудоихоҳу тафриқаангез нашр гардида истодаанд, дода нашаванд. Зеро ин қабил афрод сулҳу субот ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноором кардан мехоҳанд.

Ҳар як шахси солимфикр бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки хиёнат ба миллату давлат дар ягон давру замон ва ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд.

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Рӯзҳои охир вобаста ба ҳодисаҳои ногувори сиёсии дар Ҷумҳурии Қазоқистон баамаломада, баъзе шахсони бо ном "ватанпараст" тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба иғвоангезиҳо сар карда, нияти ба нооромии сиёсӣ кашидани дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ишора мекунанд.

Ин бехирадон мақоли халқии "дар мавриди ҷангу нооромиҳо тару хушк баробар месӯзад"-ро фаромӯш карда, гумон мекунанд, ки бо ошӯбҳои идоранашаванда ҳамаи муаммоҳои иҷтимоӣ фавран ҳалли худро меёбанд.

Дар чунин як давлати аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан пурқуввату бо кишвари мо ҳамкори стратегӣ

Қазоқистон, бидуни дастгирии молиявию роҳнамоии идеологии қувваҳои беруна, амалӣ намудани ин тазоҳуроти шадиди оммавӣ, имконнопазир буд.

Дар баъзе вокунишҳо гуфта мешавад, ки ин норозигии худи мардум аз сиёсати роҳбарияти олии ин кишвар буда, митингчиён гӯё танҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии хеш, ба майдон баромаданд, вале бо чунин ақидаҳо пурра розӣ шудан норавост.

Мумкин аст, ки баъзе беадолатиҳои дар ҷомеаи имрӯза ҷойдоштаю сари вақт ҳал нашудани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ боиси норозигии мардум гардад, вале барои инсонҳои хирадпеша роҳи ягонаи ҳалли онҳо хунрезию сӯзандагӣ намебошад.

Магар, оташ задани мошинаҳою биноҳо, ғасби бинои ҳокимият, ғораткунии банкоматҳою нуқтаҳои тиҷоратӣ, аз кормандони мақомоти қудратӣ зада гирифтани силоҳи оташфишон, бо арматураю дигар воситаҳо задани кормандони полис ва куштани одамони бегуноҳ, ин митинги осоишта ҳисоб меравад?

Ҳаргиз не !!!

Ҳама мардум бояд аз фирефта шудан ба дасисабозиҳои гурӯҳҳои радикалӣ - экстремистию хоҷагони пасипардагии онҳо ҳушёр бошанду ватани тинҷу ороми хешро ноором насозанд.

Протсессҳои ҷаҳонишавӣ хатарҳои зиёдро низ дораду сокинони ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, дӯстони қазоқи мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Оқибати ин хел амалҳои нооромкунандаи вазъи сиёсии мамлакатҳо, танҳо боз ҳам бадтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми оддӣ мешаваду халос.

Ҳар як фарди ватанхоҳ ва онҳое, ки сидқан рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакатро мехоҳанд, ҳеҷ гоҳ ( новобаста аз тамоми ғаразҳои сиёсию норозигии шахсӣ) сабабгори нооромии сиёсии давлат набояд шавад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳад, ки муаммоҳои мавҷударо бо роҳҳои маслиҳатомез, пешниҳодҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ ва гуфтушунидҳои тарафайни беғаразона ҳал намуда, рисолати таърихии хешро дар назди миллат сазовор ба иҷро расонад.

Имрӯз, тамоми ҷаҳонро штаммҳои нав ба нави бемории сироятии коронавирус ба ларза овардааст ва нооромиҳои сиёсӣ сокинони минтақаҳои гуногуни сайёраро ба ҳолатҳои даҳшатбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Дар чунин мавридҳои ҳассос, кулли инсонҳои хирадпеша бояд муттаҳид шуда, пеши роҳи ҳамагуна ноамнию нооромиҳоро бигиранд ва мардумро ба сабру таҳаммулпазирӣ даъват намоянд.

Дар баробари ин, ба ҳамаи шахсони мансабдори мақомотҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишварашонро дурбинонаю боадолатона пеш баранд ва ҷиҳати ҷилавгирии ҳамагуна омилҳои хавфовар чораҳои саривақтиро андешанду иҷрои вазифаҳои хизматии хешро одилонаю боинсофона ба хотири беҳсозии сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа ва рушди босуботи давлат, таъмин намоянд.

“Меҳвари дониш”