Оид ба ниятҳо ва амалҳои Раёсати шӯрои олӣ ва аъзоёну ҷонибдорони ҲНИ хело зиёд ибрози назар кардаам, аммо ҳоло ҳам ба мушоҳидаи ман идеология, яъне зарари мафкуравии онҳо аз ҷомеа ва аз байни ҷавонон ҳоло тамоман решакан нашудааст. Барои ба даст овардани муваффақият дар роҳи пешгӯи ва оҳиста – оҳиста аз байн бурдани тафаккури заҳролудшудаи наҳзатиён, ки ҳоло дар байни ҷомеаи мо пинҳонӣ амал карда истодаанд, бояд ҷомеаи мақомотҳои давлатӣ, қудратӣ, идеологӣ, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҳатто боғча яслиҳо ба тарзи муташаккилона, доимо аз ҳисоби донандагони хуби арзишҳои миллӣ, тамаддун ва таърихи миллат, забон, маданият, адабиёт ва фарҳанги миллату дину оинҳои ин, ҳайати доимоамалкунандаи тарғиботчиёнро омода ва роҳандозӣ намоянд, то дар корӣ фаҳмонидани худшиносиву хештанпарастӣ, ақлона шинохтани арзишҳои милливу динӣ, арҷ гузоштан ба гузаштагони сазоворамон дар байни аҳли ҷомеа ва махсусан ҷавонон мунтазам баромад намуда аз хатарҳои ҷонкоҳи идеологияи заҳролудшудаи наҳзати исломӣ, хатари ҳуҷуми идеологияи ғарб бо номи ташкили давлати исломӣ (бо ин шиори дуруғин имрӯз ғарбиён ва ғосибон тавонистанд, ки ҳазорҳо ва ҳазорҳо мусулмононро қатл намуда, зану фарзандони онҳоро хору залил гардонанд), мунтазам дар тамоми ҷабҳаҳои тарғибот ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳам дар садову симо, ҳам дар мактабҳои оливу миёна, баромади илман асоснок намуда, ҷомеа ва ҷавонони мӯҳтарами кишвари азизамон Тоҷикистонро огоҳ созанд. Имрӯзҳо хоҷагон ғарбиву шиамазҳабашон роҳбарони ҳизби наҳзатиро дар зери қанотҳои ғоибонаву маккоронаи худ пинҳон кардаанд, ки онҳо гоҳ – гоҳе аз он зери пари мусулмонкуш берун шуда, ба аҳли башар тавассути воситаҳои ахбори умум баромад намуда санги маломат ба рӯйи миллати ман мезананд, ки ман шахсан инро қабул карда наметавонам. Ман доимо тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои дохилу хориҷиро мутолиа менамоям ва хулосаи мантиқии худро бароварда ба хулосае омадам, ки тамоми ҷаҳони ғарб бо сарварии Америкаву Англия ва ҷаҳони шарқ бо найрангҳои пасипардагии Эрону Арабистони Саудиву Туркия, ҳама ниятҳои нопок дошта, Америкаву Англиия гӯё, ки онҳо ҷонибдорони исломанду ҷонибдорону пайравони онҳоро қадр менамоянд, аммо дар асл сарвари Ироқро ба дор кашиданду сарвари Ливияро пеш – пеши пояшон чун туби футбол бозӣ доронданд: - «ин аст ҷаҳони исломро дӯст доштани ғосибон». Эрони ҳам фарҳангамону Арабистони Саудиву Туркияи мусулмонӣ барои ҳадафҳои нопоки хеш қариб дар ҳамаи давлатҳои мусулмониву мусулмоннишин барои ҳадафҳои давлати хеш ба қатли мусулмонҳо бераҳмона пардохтаанд. Мисоли хело имрӯзаи он қатли хело зиёди мусулмонҳо дар Сирия. Мардуми тоҷик ва махсусан ҷавонони ғаюри баномуси миллат бояд донанду дарк кунанд, ки ягон давлати бегона ва миллати бегона барои мову Шумо ғамхор набуду нест ва агар худашро барои Шумо ғамхору мунис нишон диҳад донед, ки дар ботинаш ниятҳои нопок ва ҳадафҳои зарароварро пинҳон нигоҳ доштааст.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли – Пешвои Миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мудом иброз медоранд, ки “террористу терроризм на миллат дораду на ватан” – ин суханони орифонаи сарвари давлати тоҷикон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо бояд махсусан ҷавононро зарур ва ҳатмист, ки ба суханфурӯшиву исломдӯстдории наҳзатиён бовар накунем, мо ҳама шоҳид ҳастем, ки чанд қадар оилаҳои тоҷику тоҷикистониён ба тарғиботҳои дурӯғини онҳо бовар карда ҷони азизи худро дар мамлакатҳои бегона аз даст додаанд. Чи хеле, ки М. Иқбол мегӯяд:

 

Яке бингар фаранги каҷкуллоҳон,

Ту гуйи офтобонанду моҳон.

Ҷавони соддаи ман гармхун аст,

Нигаҳ дораш аз ин кофарнигоҳон!!!

 

Маро шукр гузории ин миллату ин давлату ин Сарварро хушбахттарин мардуми олам мегардонад.

 

Акбаров Акбар,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

 

 

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Шахсони ба ин гуна ҳаракатҳо шомилгашта амалҳои зишти худро бо ислом рӯйпӯш намуда, ин дини покро ба таври дигар муаррифӣ менамоянд.

Терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, фосиқу авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст.

Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

 Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

 

 

 

 

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмуъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст.  Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмӯъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмӯъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Мусаллам аст, ки гурӯҳҳои мухталифи  ифротгарою тундрав, аз қабили ТЭТ ҲНИ солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд. Ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Онҳо  мехостанд  ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд  субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро  сарнагун созанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки  дар давраи  Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят  соли 2015 амали анҷомдодаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт .Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вучуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд.

Абдуев Абдуҳамид,

омӯзгори калони кафедраи забонҳои

давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи

 политехникии Донишгоҳи техникии

Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ

 

 

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст. Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Сокинони кишвар бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва фазои ободу озод зисту зиндагонӣ доранду ҳар яке аз пайи кору фаъолияти худ аст. Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садои хурсандӣ ва суханони меҳрбор танинандоз аст. Эҳсос мешавад, ки вуҷуди ҳар як соҳибватанро ифтихори миллӣ фарогир аст. Махсусан, ҳар як суханронии пур аз меҳру садоқати Сарвари давлатро сокинон бо вуҷуди том гӯш менамоянд, ки  дар ботини ҳар як сокини меҳандӯст ҳисси боварӣ ба  фардои дурахшони кишварро боз ҳам қавитар менамояд. Бо кӯшишҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати кишвр миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Вале, ин ҳама барои онҳое, ки умуман пешравии кишвари моро дидан намехоҳанд,  ҳамчун намак барои ҷароҳат пошидан аст. Махсусан, саркардаҳои ҲНИ ва даҳҳои тани дигар ин ободиро дида, қарор доданд, ки бо як ҳамоиш  ба иғвову дасиса оғоз бахшанд.

Имрӯз вазъияти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муборизаи оштинопазир баранд, на ба ҷинояткорони махсусан хавфноке, ки гуноҳашон исбот гардида, ба мақсади сар тофтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои мухталиф паноҳ бурдаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд.

Хоинони миллат пас аз ин қадар хиёнатҳо боз фитнаҷӯӣ ва носипосӣ намуда,  бо эътироз ва норозигӣ аз боздошт ва ҳабси аъзоёни собиқ ҲНИТ  худро ҳамчун хешовандони дастгиршудагон шуморида, иштирок намудаанд.  Ин эътирозчиён на хешовандон балки шарикон ва сарварони амалҳои ҷинояткоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ мебошанд.

Ин гурӯҳи кӯрнамак аз гузаштҳо ва  шароити муҳайёнамудаи давлат носипосӣ намуда, мақсади бо роҳи зӯроварӣ сарнагун сохтани ҳукумати қонуниро доштанд ва имрӯз бешармона аз поймол гардидани ҳуқуқҳои худ сухан меронанд.

ҲНИ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикон боқӣ мондаанд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд. Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд. Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем .

(Дар ҳошияи мақолаи Тӯй дар Тоҷикистон мотам дар анҷумани «Озодандешон»-у сомонаи «Кимиёи саодат»)

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойлдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

         Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Пешвои муаззами миллат бошанд, сарвари арзандаву оқили кишвари мост. Сарваре, ки умри миллатро наҷот бахшидаву халқро ба озодӣ бароварда.  Бузургтарин коре, ки ин марди шариф ба ҷо овард, ин сулҳу оромӣ дар ҷомеа мебошад. Ӯ ҳамчунин барои пешрафти кишварамон иҷроиши се ҳадафи статегиро ба миён гузошт ва ин ҳадафҳо дар амал тадбиқ шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО «Роғун» худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Вале он наҳзатиҳои нобакор нуқтаҳои беасосеро, ҳамчун восита алайҳи мардум истифода карда истодаанд. Як – як намояндагонаш ба сухан баромада, аввал гуфтанд дар Тоҷикистон озодии баён вуҷуд надорад, дуюм бо даъвое дар Тоҷикистон истиқлолияти воқеи вуҷуд надорад, сеюмин хостанд, ки бо «ғамхории беше нисбат ба мардум», изҳори табрикот ба Истиқлолияти давлатӣ намуданд.

Кабирӣ дар нишасти Варшава бо якчанд намояндагони нобакораш баомад карда, вазъияти Тоҷикистонро мавриди сухани марказии маърӯзаи худ қарор додаанд. Аз ҳама тарафи аҷоиби суханони гуфтаи Кабирӣ дар он аст, ки онҳо худро давомдиҳандагони босмачиёни садаи гузашта, номидаанд. Дар асл давомдиҳандагон не, балки оғозбахшандагони он босмачиёне, ки садаи гузашта, оташи ҷанги бародаркушро барангехтанд, ҳамин наҳзатиҳо буданд. Барои ҳамин гуфтаниам, ки зарурати додани ҳисобот нест, зеро ҳама медонад, ки фаъолияти экстремистии ин наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ ба миллат тоҷик иснод овард.

Дар умум ин наҳзатиҳо аз як кунҷи олам истода, ҳар чи мехоҳанд мегӯянд. Кабириро имрӯз масъалаи эҳтироми Пешвои миллати мо аз ҷониби мардумон, хосатан мардумони Бадахшон ба ташвиш овардааст. Вале ин дафъа ҳатто аз ҳадди худаш гузаштааст ва иддао кардааст, ки Эмомали Раҳмон аз баъзе "бошахсиятон" – и беҳуввият ҳисси тарс дорад. Кабириро лозим меояд, ки аз изҳороти навиштаи худ чанде қабл огаҳӣ пайдо намояд, зеро дар он, ки мардум ба Пешвои миллат эҳтироми воло доранд, кинаву қасди хешро ғаразона иброз дошта буд. Акнун он изҳороташ кор надод, пас гуфт, ки тарафи асосии тарси миллат, гӯиё дар онҳост, ки бошахсиятанд.

Кабирӣ «бошахсият» гуфта киро дар назар дорад? Ҳоҷи Ҳалими хоин ё худ ватанфурӯшу авомфиребро. Гулмуроди беимону бемазҳаб ё хиёнаткорро. Асосаш худи Кабирӣ худ, кист, ки бобати «бошахситону боҳуввиятон» ҳарф задааст?

Кабирӣ аввал ту худ дараҷаи инсонияти хешро барқарор кун, ҳол он ки бошахсиятиат як ҷониб, сипас номи «бошахсиятон» - ро ба забон ор. Ту ку худро босмачӣ эълон сохта будӣ – ку? Чаро имрӯз аз шахсияту ҳуввият сухан кардӣ. Магар инро ҳам омӯзонем, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Аз ин лиҳоз дон, ки кай ва дар куҷо чӣ гуиву чӣ шунавӣ. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки агар сухан  донистӣ бигӯ то боиси ибрати дигарон шавӣ, агар надонистӣ хомӯш ист, то туро инсон шуморанд. Бо он изҳоротеро, ки ба мусоҳибон изҳор намудаи бовар кун, ки касе ба ин васвасаҳои бемаъни бовар нахоҳад кард. Зеро ин ҳама танҳо дурӯғ асту бас.

 

Алиев Шамшод,

мудири кафедраи А ва ИН ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҶТ сиёсати «дарҳои кушод» - ро пеш гирифтааст ва тайёр аст, бо ҳама давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва робита намояд. Пеш аз ҳама, бо давлатҳое, ки мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқу қонунҳои моро эътироф мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Мутаассифона, дар ҷаҳон қувваҳое ҳастанд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо ва миллатҳо рахна зада, байни онҳо тухми душманӣ ва бадбинӣ кошта, мақсадҳои разилонаи худро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ин рӯ, мо набояд ба таблиғу ташвиқоти иғвогаронаи  душманони миллати тоҷик  бетараф бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати дурӯғу бӯҳтони мухолифин мавқеъ ва муносибати худро ошкоро баён намоем. Мо бояд ба вазъияти муташанниҷ, ки ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст, баҳои дуруст дода тавонем, ба фиребу иғвои мухолифин ҷавоби мушаххас бидиҳем. Сиёсат ва ташаббусҳои дурандешона ва созандаи Пешвои миллат   ва ҳукуматро ба мардум, алалхусу ҷавонон амиқ, дуруст ва ҳаққонӣ мунтазам фаҳмонидан зарур аст.       

Мо хеле хуб дар хотир дорем, ки баробари соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон –Тоҷикистон, ҲНИ фаъолияти сиёсии хешро оғоз намуд ва дар ҳама гӯшаю канори ватанамон бо воситаи аъзоёну ҷонибдоронашон тарғиботи сиёсии худро ба роҳ андохта, аз илми дини муқаддаси ислом маккорона ба зеҳну тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳадафҳою ниятҳои нопокашон тарғибгарӣ мекарданд. Ва ҳатто тавонистанд, ки баъзе аз пешвоёни худро ҳатто ба олитарин маҷлиси ҷумҳурӣ ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии кишвар ҷойгузин намоянд. Ин ҳизби аз ҷониби аҷнабиён таъсис дода, тавонист, ки ҳатто дар муҳити маънавию сиёсии кишвар нобасомониҳои хело нангинро ба бор оварад ва дар як муддати хело кӯтоҳ ду майдонро ба миён овард, ки ҳатто писар ба муқобили падар менишаст. ҲНИ, ки воқеан ҳадафҳои нопок ва разилона дошт тавонист, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ҷанги бародаркушро оғоз намуда, ҳазорҳо одамонро бехонаю ҷой ва садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг кашад.

  Сарварон ва аъзоёни ҲНИ, ки дар хориҷи кашвар зидди Ҳукумат ва мардуми тоҷик фаъолият мебаранд, оид ба сафедкунии чанд нафар пайравонаш тавассути сомонаҳои воситаи ахбор гаштаву баргашта суханони дурӯғ мегӯянд. Сабаби асосии чунин рафтори ноадолатона зидди кишвари мо, пеш аз ҳама муносибати боғаразонаи баъзе ташкилоти хориҷӣ нисбати ИДМ мебошад. Зеро бархе аз давлатҳои мутараққии ғарбу ИМА бар зидди Русия ва тарафдоронаш  муборизаи ошкорову пинҳонии сиёсӣ оғоз намудааст.

Аз тарафи дигар, фаъолияти  ҲНИ дар ҳама кишварҳои узви ИДМ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти эшон манъ шудааст. Аз ин лиҳоз, зидди ҳар як ташаббус, фаъолият ва ҳаракати кишварҳои ИДМ кӯшиш мекунанд, мамоният ва душворӣ пеш оварда, бо ҳамин ба онҳо зарар расонанд. Инчунин, мо муносибати яктарафа ва нодурусти чунин ташкилоти байналхалқиро нисбати кишвари худ баръало эҳсос менамоем. Ҳол он ки фаъолияти зиддиқонунии ҳаракати ҲНИ ва пайравонаш дар ҶТ исбот карда шуда, фаъолияти он на танҳо дар кишвари мо, инчунин дар бисёр давлатҳои ҷаҳон  манъ карда шудааст. Сабаби дастгирии мухолифини давлат аз тарафи баъзе ташкилот ва муассисаҳои хориҷӣ маълум аст, яъне пайдо кардани қувваҳои зиддидавлатӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон.

    Ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистонро аз хурдиаш оғоз карда,  бояд  дар руҳияи ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ, эҳтироми волидайн  ва меҳан тарбия намоем, то ба қадри меҳнати калонсолон бирасад ва оянда дар ободӣ ва рушди зодгоҳ ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.

 Барои пешрафти кишвари маҳбуб, пеш аз ҳама ашхоси бомаърифат ва баландихтисос зарур мебошад, аз ин рӯ тарбияву таълими дурусти ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва ҳар як шахси солимфикри тоҷикистонӣ мебошад. 

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад. Ва бори дигар  низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Мардуми тоҷик Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст.

 

 (Дар ҳошияи мақолаи Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун)

 Ибтидои солҳои навадуми  асри 20 барои Тоҷикистони  соҳибистиқлол  давраи  имтиҳонҳои  ҷиддӣ  гардид. Вазъи  тамоми  минтақаҳои  кишвар  ноором  гашт. Решаи аслии ноамниҳо  ин фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳое, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро кафолат дода буд.  Ана  дар  ҳамин  ҳолат  ҲНИ  бо  кӯмаки хоҷагони хориҷӣ  таъсис  ёфт. Ва мақсади ниҳоии ин ҳизб ноором кардани ҷомеа ва гирифтани қудрат тариқи табадуллоти давлатӣ буд.  Аз  амалҳои  онҳо  бӯйи  хуну  бӯйи  ҷанг  меомад.  

 ҲНИ   баъди  воқеаҳои  фоҷиабори  моҳи  феврали  соли  1990  аз  пинҳонкорӣ  баромада, байни  мардум рӯи рост  корҳои  таблиғотии  сиёсӣ  мебурд. Эҳсос мешуд, ки мақсадҳои нопоки онҳо бештар ба умқи дили мардуми соддаву гумроҳ медаромад. Зеро ҳар яке аз мубаллиғони ҳизб дар гуфторҳояшон ҳатман аз Худову расул ва оятҳои каломи раббонӣ ёдовар мешуданд. Аммо ботини сияҳ доштанд. Гуфтор дигару амал дигар. То соли 2015 давлат ва Ҳукумати кишвар амалҳои онҳоро таҳаммул намуд. Инсофу тавфиқро ба худашон ҳавола намуданд. Дар интихоботи соли 2015 ин ҳизб натавонист овози бештарро соҳиб шавад. Илова бар ин, ягон вакили пешбарикардаи  ҳизб  дар ҳавзаи интихоботӣ ғолиб нашуд. Онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои худ бо дасти генерали ошӯбгар ҳоҷи Ҳалим Назарзода, хостанд табадуллоти давлатӣ кунанд, аммо тирашон хок хӯрд. Воқеан ҳам,  инсон,  ватан ,миллат   ин  чизҳои  муқаддасанд,  вале  барои  наҳзатиён ин аҳамияте  надорад. Барои  мақсадҳои  нопокашон онҳо қодиранд  виҷдону имонашонро фурӯшанд.

 Фаъолияти   ҳизби  наҳзати  ислом  ҳарчанд  дар  Тоҷикистон  ҳамчун  ҳизби  террористӣ  манъ  шудааст , вале аз   пайомади     нанговар    ва    хатарнокро ҳар лаҳза   эҳсос кардан мумкин аст.  Баъзе   наҳзатиёни   дар  хориҷи  кишварбуда , умедворанд , ки  мақсадҳои  нопоки  худро зина ба зина амалӣ  мекунанд. Масалан онҳо аз он изҳори ноҳинҷорӣ мекунанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдату ҳамбастагӣ танинаноз аст. Ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки агрегати якумаш пагоҳ ба фаъолият шурӯъ мекунад, рамзи тифоқӣ ва шикастнопазирии миллати мо мебошад. Бояд гуфт, ки  миллати  тоҷик, ҳар  фарди  солимақли  он  аз  гузашта ,  аз  солҳои  навадуми  асри  20  сабақи  хуб  гирифта , ҳаргиз  ба  суханони  бофтаю  сохтаи  наҳзатиён  бовар  накарда , сулҳро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  менамоянд. Муҳиддин   Кабирӣ  ба  маҳзаби  шиа  гузашта , ба  бадномкунӣ , бадгӯйӣ ,    дурӯғбофӣ      бо      далелҳои    беасос  кишвари  мо  ва  Сарвари  давлат , мардуми  сарбаланди  тоҷикро  ба  таври  худ  сиёҳ  мекунанд.

Тоҷикистони  имрӯза  аз  Тоҷикистони  солҳои  навадуми  қарни  бист  ба   куллӣ  фарқ  дошта , ба  диёри  нозанину  дилрабо ,   ба  боғшаҳри  биҳиштосо, ба  манзилу  макони  маҳбуби  ҳар  тоҷику  тоҷикистонӣ  табдил  ёфтааст.

 

Мирзо Соҳибназаров,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мардуми Тоҷикистон боз як воқеаи таърихиро интизоранд. Ин ҳам бошад, ба истифода додани чархаи аввалини НБО “Роғун” аст, ки имрӯз дар назар дошта шудааст. Ин боз як ташаббус, ибтикори Пешвои миллат аст, ки ба наздикӣ ҷомаи амал мепӯшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш дилпуррона гуфта буданд, ки мардуми Тоҷикистон бо нохунҳояшон НБО “Роғун”-ро месозанд ва имрӯз бо сари баланд ба ҷаҳониён бори дигар исбот карда тавонистем, ки мо миллати созандаем. Бо роҳбарии Пешвои миллат, талошҳои пайвастаи ӯ, ҷидду ҷаҳди беандоза ин нияти нек амалӣ гардид. Он рӯз дур нест, ки мо нерӯи аввалини ин иншооти азими асрро дар чароғҳои равшани хонаҳои худ хоҳем дид. Ҷумҳурии мо пурра аз камбуди нерӯи барқ баромада, иловатан ба ҷумҳурии содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт. Ба ин мақсад аллакай хатҳои барқӣ ба дигар мамлакатҳо кашида шудаанд, ки намунаи он хати баландшиддати барқии «Касса 1000» мебошад.

Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар як бор ба ҷаҳолату торикии гумроҳонаи солҳои навадум ғалаба карда бошад, ин бор ба зулмоту торикии табиат ғалаба кард. Миллати тоҷикро дар оянда музаффариятҳои нав ба нав интизор аст. 

Бигзор нотавонбтинон дар оташи бухлиу кина ва ҳасуд сӯхта миранд

То ҷое ки мо медонем, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳар гуна амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ ба таҳлука овардааст, албатта барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои ношоиста моро мебояд, ки тамоми кӯшиши хешро ба харҷ диҳем, то ин беморӣ ба дигарон низ сироят накунад. Бо мақсади нуқта гузоштан ба ин масъалаҳои мубрами рӯз, дар донишкада бо иштироки кормандони Раёсати корҳи дохилии вилоят силсилачорабиниҳо доир шуда истодааст. Чунончи дирӯз бо иштироки муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, подполковники милитсия Нозим Турсунов ва сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Шаҳбоз мулоқот доир шуд.

Чорабинро муовини директор оид ба тарбия  Фаррух Аминов ҳусни ифтитоҳ бхшид.

Дар баромади Турсунов Нозимҷон зикр шуд, ки давоми 10 моҳ дар байни донишҷӯён 11 ҷиноят содир шуда, ҳамзамон 12 далели бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият омадани донишҷӯён ба қайд гирифта шуд. Инчунин 14 ҳолати бо истеъмоли тамоку ва нос дар ҳудуди донишгоҳҳо ба назар расида, нисбати қоидавайронкунандагон ҷазои маъмурӣ раво дида шуд. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештар ба хондани китобу рӯзномаҳо машғул шаванд. Рӯзгори талхи нафарони гумроҳшуда барояшон дарси ибрат бояд бошад.

Ҳамин нукта зимни баромади Ахмедов Шаҳбоз низ қайд шуда, номбурда афзуд, ки  давоми нӯҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилоят аз ҷониби масъулини Раёсат 2 адад семинар – машварат бо фарогирии 180 нафар ҷавонон, 24 мулоқотҳо дар мавзӯҳои «Ҷавонон – ифротгариро маҳкум месозанд», «Ҷавонон – зидди терроризм», «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ» ва «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм» бо иштироки беш аз зиёда аз 6  ҳазор нафар ҷавонон баргузор карда шуданд.

Фаррух Аминов дар ҷамъбасти чорабинӣ зикр сохт, ки роҳбарияти донишкада барои хубтар ба таълиму тарбия фаро гирифтани донишҷӯён кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву сиёсӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён мусоидат мекунад. 

 

 

Мо бо баромадҳои собиқ раиси ҳизби мамнӯъ шудаи ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо мусоҳибони «Тасмим» шинос шудем. Ҳангоми баромади худ дар назди сиёсатмадорон ва дипломатҳои баландпояи конфронси САҲА ваъзи ҳодисаҳои охири кишвар, ваъзи аъзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ инчунин оқибатҳои мамнуъ гаштани фаъолияти ҳизб аз тарафи мақомоти Тоҷикистон  бо мусоҳибони «Тасмим» сӯҳбат орост, ки пур аз тӯҳмату бӯҳтони холист.

«Ҷаноб» - и Муҳиддин Кабирӣ магар фаромўш кардааст, ки сар кардаи ҷанги бародаркушу таҳлилии Тоҷикистон ҳамон «исломгароён» набуданд, ки ҳангоми фаъолияти ТЭТ ҲНИ чӣ навгониҳо барои беҳбуди халқ чӣ корҳо ба субот расониданд.

Баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонаги ба онҳо бовар карда ба вазифаҳои гуногунро супориданд. Лек аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд, мисоли охирин воқеаҳои сентябри соли 2015 бо роҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои ТЭТ ҲНИ буданд. Имрӯз бошад, Кабирӣ ин хиёнаткору хоинро «женероли бошахсият буду, тӯдагӣ набуд» гуфтааст. Бо шахсиятиаш ҳамин бошад, Худо аз нафраташ нигоҳ дорад. Ин генерали хоин аз кӯрнамакиву номардиаш ба Ватану миллат хиёнат кард, шахсияту ҳуввият барои ин иблисон ҳайф аст.

Оё аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳуқуқ доранд, ки мазҳаби ғайр ва бегонаро зўран ба зўран ба аҳолии мусулмони Тоҷикистон таҳмил диҳанд. Вале чунин амалро иҷро сохтанд. Пас имрӯз Кабирӣ мегӯяд, ки сабаби баста шудани фаъолияти азҳоб дар тарси давлату миллат аст. Ба чунин афкороташ ӯ натанҳо қувваи моро, балки тарафдорони хешро заиф месозад. Зеро то кай авомфиребои мекунанд ва то кай дурӯғ мегӯянд. Ҳамаи мо медонем, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Аз ин ҷост, кия гон суханони ин нобакорон исботи худро намёбад. Ва аз дигар ҷониб баён намоям, Кабирӣ зимни сӯҳбати хеш, кӯдаквор сухан гуфтааст. Ақли касе ба ин бовар мекунад, ки хоинон нафарони бошахсиятанд. Ин муболиғот як тараф, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон аз ин «бошахсиятони» ҳисси тарс доранд. Дар баёнияи Кабирӣ омада, ки: «решаи тасмимоти Раҳмонро бояд дар тарси ӯ аз инсонҳои бошахсият, боҳувият ва мустақил ҷустуҷӯ кард. Ва агар боз чанд нафар бо чунин вежагиҳое дар гурӯҳе, ҳизбе ва ҳатто маҳфиле даври ҳам ҷамъ шаванд, барои ӯ ин як хатари бузург маҳсуб мешавад. Аз байн бурдани аҳзоб, шикастани тоҷирони муваффақ, зиндонӣ кардан, куштор ё водор ба муҳоҷират кардани шахсиятҳои мустақил, натиҷаи ин тарс аст».

Барои чӣ «ҷаноб» - и Кабирӣ доири ин ҷинояти нангине, ки аз бо фармони худи ӯ ва ҳизбиёнаш ягон даҳан сухан нагуфтааст. Албатта, ки касе айби худро намебинад, хосатан Кабирӣ, ки бисёр «бошахсият» аст, чунин камбудиашро дида наметавонад ва ягона гапу сухан дорад, ки мақомоти кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон дигар далели аниқ нест, доим дурӯғ ва тӯҳмат.

 

Тоҳиров Т.И. – омӯзгори калони кафедраи А ва ИН

Дар   воқеъ,  имрӯзҳо  миллати  тоҷик  баъ  аз  ба  даст  овардани  Истиқлолияти  давлатӣ  ва  Ваҳдати  миллӣ  тавонистааст  ба  дастовардҳои  назаррас  ва  намоён  ноил  гардад.

Самараи  Ваҳдати  миллӣ  пеш  аз  ҳама  дар  кишвари  мо  ин  оромӣ, сулҳу  субот  ва  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Бо  кӯшишу   талошҳои  фарзандони  фарзонаи  ин  миллат ,  хусусан  талошҳои  шабонарӯзии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ , Пешвои  миллат , Президенти  маҳбуби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  таи  солҳои  соҳибистиқлолӣ  дар  кишвари  мо  сулҳ  пойдор  гардид

Аммо  имрӯзҳо  ҳастанд  нафароне, ки  аз  сарҷамъ  гардидани  миллати  тоҷик, сулҳу  субот  ва  оромии  ин  кишвар  ва  ба  пешравиҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  он  кинаву  бадбинӣ  дошта , миёни  аҳолии  сулҳпарвар  ва  меҳнатдӯсти  тоҷик  бо  ҳар  роҳу  восита  тафриқаандозӣ  менамоянд.

Яке  аз  чунин  курнамакон  гурӯҳи  наҳзатиёни  хоин  мебошанд  , ки  куфри  неъмати  озодиву  истиқлол  намуда, ғуломи  бегонаҳо  гаштаанд.

Бештар  ин  тафриқаандозиҳоро  тариқи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  он  хоиноне  анҷом  медиҳанд , ки  дар  давлатҳои  хориҷ ,  хусусан   Аврупо  сукунат  дошта,  зархариди  хоҷагони  бадхоҳӣ   миллатамон  гаштаанд.

Наҳзатиён  нангу  номусашонро  фурӯхта,  имрӯзҳо  дар  пайи  гумроҳ  кардани  дигар  ҷавонони  бетаҷриба  мебошанд.

Аммо  имрӯз  миллати   тоҷик  бо  роҳбарии  Пешвои  миллат  ва  фарзандони  боору  номусаш  тавонистааст , ки  дар  таърихи  наонқадар  дарози  соҳибистиқлолӣ  як  зиндагии  шоистаро  барои  худ  аз  ҷиҳати  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  барпо   намояд.

Таърих   ба  ҳама  суолҳо  ҷавоб  дорад.

Бо  гузашти  ду  даҳсола  аз  итмоми  ҷанги  шаҳрвандӣ  вокеиятӣ  он  рӯзҳо  ба  ҳамагон  аён  аст , ки  аз  сӯйи  собиқ  масъулони  ташкилоти  террористӣ – экстремистии  ҳиби  наҳзат  боз  ба  сари  мардуми  тоҷик  нооромиҳоро  мехоҳанд  ташкил  кунанд.

Пайваста  тавассути  маводи  иғвоангезон  бар  сари  миллати  тоҷик  ва  намояндагони  давлату  Ҳукумат  борони  тӯҳматҳо   мерезанд ,  баҳсу  мунозираҳо  карда, баромадҳои  бемаврид  ва  бемазмунро  баён  менамоянд.

Махсусан  ҳамин  паймонсозиҳои  маҳзакавиашон  нишон  дод, ки  дигар  дар  хориҷи  кишвар  ҳам  обруву  эътиборашонро  аз  даст   доданд.

Ин  наҳзатиён, хусусан  ифротгароён  дар  тасаввуроти  ҷавонони  мо  тамаддуни  исломиро  нодуруст  шарҳ  дода, дар  маҷмӯъ  дар  назди  кулли  мусулмонон  беэътибор  гардидаанд.

Ба  афроде , ки  миёни  мардум  тафриқаандозӣ  менамоянд , бояд  расонем , ки

« Бори  каҷ  ҳеҷ  гоҳ  ба  манзил   намерасад »  ва  барои  ҳамватанони  азиз  чӣ   гунае  , ки  Роҳбари  давлатамон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамеша  қайд  менамоянд , аз  даст  надодани  зиракии  сиёсиро  лозим  мешуморем.

Онҳо  бо  ҳар  роҳе  набошад  мекӯшанд , ки  садди  роҳи  зиндагии  хушбахтонаи  мардум  гарданд.

Вале  ҳама  кӯшишҳои  онҳо  барбод  рафт  ва  тирашон  хок  хӯрд.

Наҳзатиёни   лаънаткардаи  халқ  чун  ҳар  ташкилоти  дигари  террористӣ – экстремистӣ   ҳадафи  дар  Тоҷикистон  ноором  сохтани  вазъи  сиёсиро  доранд , ки  мардуми  бофарҳангу  қавииродаи  мо  инро  хуб  медонанду  бар  зидди  ин  хоинони  миллат  ҳамеша  мебаранду  хоҳанд  бурд.

Аҷиб    ин  аст, ки  ҳамин  наҳзатиён  мехоҳанд  ҳамеша  ваҳму  тарсро  ба  сари  миллати  мо  гузоранд.

Аммо   сулҳу  ваҳдат  орзуву  омоли  кулли  мардуми  кишвар  аст , мо  ҷавонмардон  намегузорем , ки  чунин  нохалафон  боз  дубора  ба  сари  халқи  мо  мақсадҳои  ғаразноку  душманонаи  худро  амалӣ  созанд.

Мо  ояндаи  неки  давлату  миллатро  дар  суботу  оромӣ  мебинем  ва  Тоҷикистони  биҳиштосои  худро  ҳамчун  гавҳараки  чашм  аз  нохалафони  беватан  ҳифз  менамоем.

Мирзо Соҳибназаров,

устоди ДПДТТ,

унвонҷӯйи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ