Истиқлолияти комил дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлату миллат бебаҳотарин неъмат маҳсуб шуда, тавассути он таърих, тамаддун, фарҳанг ва оини давлатдориро ҷаҳониён мешиносанд. Аз таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлати мо рӯзҳои башумор гузаштанд. Вале шукуҳу ҷалоли ин санаи фархунда то ҳанӯз дар ҳар хонадон эҳсос мешавад. Худ бо чашми ҳақбин дида истодаем, ки чи тавр давлатамон пеш рафта истодааст. Муҳим сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботи сиёсӣ дар кишврамон ҳукмфармо буда, мардум бо шукрона аз тинҷиву амонӣ паи меҳнати ҳалоланд. Мо худ шоҳидем, ки чи тавр шодиву сурур, тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, Хуҷандшаҳри бостонӣ ва Раштонзамин доир гардид. Дар ин ҷашнвораҳо мардуми тоҷик ба оламиён бори дигар исбот намуд, ки барандагони фарҳанги бою рангин аст. Ва ин миллат пеши касе хору залил нест, балки бо шахсияҳои абармардаш чун  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ифтихор дорад.  Зеро ин ҳомии давлат ва миллати фарҳанпаноҳ бо дониши баланди сиёсии худ, бо дили чун оина софи худ тавонист ин миллати парокандаро бо ҳам биёрад. Дӯстиву рақобатро пойдор созад. Аммо ин ҳама дастовардҳоро аҳримансифатон дидан намехоҳанд.  Ба таъбири халқӣ аз таги нохун чирк кофтанӣ мешаванд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ кӯшиш менамоянд, обрӯ ва мақоми кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ паст созанд. Чун хоиннони Ватан дар хонаи худ ҷой наёфтанд бо роҳнамоии хоҷагони бегонаи худ берун аз марзи кишвар бо дасисаву бӯҳтонҳо мехоҳанд ба номи баланди тоҷик доғ оранд. Аъзои ҳизби мамнӯъшудаи ҲНИ ва дигар майдаанҷуманҳо дар ҷаласаи САҲА бар зидди сиёсати кунунии ҳукумати кишвар садо баланд карданд, маҳз аз ҳамин тоифаҳоянд. Зеро чашми ҳақбин надоштану бахилӣ ва кинаву кудурат доштани онҳоро ҳамагон чашмдор буданд. Ин нафарон кистанд? Онҳое ҳастанд, ки замоне дар сояи давлат барои таҳсил кардан ба хориҷа рафтан ва имрӯз побанди ақидаву равияҳои ғаразона доранд.  Агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас чаро дар мулки ғариб бегуноҳии худро исбот менамоянд. Биёянд ба Ватани худу назди халқ барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ақидаву равияҳои мухталифи ғайриқонунӣ роҳ ёфта, бахше аз ҷавононро зери таъсири худ гирифтанд. Онҳо мехоҳанд ба ҳар роҳу васила ин нерӯи созандаро ба манфиати худашон истифода бурда, ҷавонони кишварро ба корҳои номатлуб ва носолим даъват намоянд. Бадбахтиаш он аст, ки дини мубини Исломро бар манфиати гурӯҳиву шахсӣ истифода мебаранд. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ин қувваҳо мубориза барем. Махсусан саҳми онҳо дар иғвову дасисаҳои атрофии мавзӯи Бадахшон хеле калон аст. Ба ҷавонони ориятманди Бадахшонӣ мегӯем, ки  нагузоред, ки ҷавонони мо беҳуда умри азизи хешро қурбони дасисаҳо кунанд. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки Ватанро чун модари худ эҳтиром намоянд. Ва ҳар пора санги онро чун дурру гуҳар донанд.

Боварӣ дорем, ки ҷавонони банангу номуси Бадахшон дар ин роҳ мавқеи мустаҳкамро интихоб карда, дар пойдевори кохи мӯҳташами амну амонӣ ва фардои кишвар заминаҳои мустаҳкам мегузоранд.

 

Иғвоандозӣ ва ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ин ҳизби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон, яъне ТЭИ ҲНИ, ки имрӯз дар кадом маконе, ҷамъ омадаву Паймони миллӣ созмон додаанд, аз сӯҳбатҳои худхоҳонаи Алим Шерзамонов далел дод. Ва он ҳар паёмади дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як як нафари ин Паймони миллӣ, ки замоне худро ифтихорманд аз аъзои наҳзатиҳо мегирифтанд. Имрӯз бошад, аз ин бологириҳо кадом осоре намондааст. Куҷо шуд он ғурури «воло»-и наҳзатиҳо, ки манманиҳо менамуданд. Ё худатон ҳам донистед, ки фаъолияти азҳобатон бефоида аст. Ҳатто онро вирди забон намеоред ва имрӯз бо ташкили созмони Паймони миллии худ чиро ба намоиш гузоштан хостед. Шерзамонови «муҳтарам» ин қадар таърихи миллати моро ба маънои «том»- аш медонистаед, ки Эмомалӣ Раҳмон чи корҳо кардааст. Бароям бисёр аҷиб афтод, ки мабодо ин амалҳои нангинро шумо баринҳо содир карда, чун ҳарвақта ба гардани мақомот бор накарда истода бошед. То имрӯз кӯшши намудед, ки мақомоти давлатиро гуноҳкор кунед. Аниқ шуд, ки тир ба ҳадаф нарасидааст, инашро монда ба сарвари давлат часпидед. Алим Шерзамонов ва дигар назҳатиҳо, ки аъзои фаъоли Паймонии миллӣ ҳастед, боз Кабирӣ зӯру тавонатон танҳо айбдор кунист. Вагарна ин қадар лақ-лақ нокарда, боре андешед, ки мақомотҳо худ оромиву озодиро дар сарҳадҳо таъмин менамоянду боз худи кори давлатро муташанниҷ мегардонанд, ин бӯҳтони беҳадаф ва ғайримаъқул ҳеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад. Ин танҳо ақидаи пӯсидаи наҳзатиҳост, ки соҳибватан, ватанашро ба яғмо барад.

Ин кирдорҳоро танҳо сиёҳдилоне айнан тимсоли намояндагони ТЭТ ҲНИ метавонад, содир намоянд. Дар дохили миллат иғво андохтед нашуд, ҳоло оғоз кардаед, аз ҳар минтақаҳое, ки фармондеҳоантон паноҳ додаанд, лақида истодаед. Масъалаи бо Бадахшон кор гирифтани мақомоти давлати дар он аст, ки ин минтақаро аз дасти нохалафоне наҷот бахшад. На ин ки тобеи қудратгариаш созад. Бе ин ҳам ин вилоят, ин марз замини Тоҷикистон аст ва як сарвару як қонун дорад. Ягон афсона ва давом додани қудрати хонаводагӣ нест, ки Алим баён дощтааст, ин ҳама танҳо барои беҳбудии мардумон аст. Агар ин вилоятро ҳукумат муҳофизат накунад, дар дасти шумобарин худпарастон бозича хоҳад шуд. Гузашта аз ин ин мусоҳибаи Алим мақсад аз беҳбудии мардумон сухан рондааст ё Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баҳси худ қарор дода танқид намудааст.

Тавре дар боло қайд намудам, ба худи миллат часпидед нашуд, касе бароятон сухан надод, зеро имрӯз мардум аллакай саводнок шудаанд. Дигар мардумони имрӯза ба мисоли асри гузашта нестанд. Мардум дар асри нав зиндагӣ мекунанд ва бо чунин зуҳуроти номатлуб канорагирӣ карда метавонанд.

Ба Алим Шерзамонов ва дигар намояндагони «фаъоли Паймони миллии Тоҷикистон» гуфтаниам, ки имрӯз мардум медонанд, ки сари кадом нафар бовар кунанд. Қаҳрамониҳои Пешвои миллатро ҳанӯз ба сари қудрат омаданаш бо чашми сар дидаву бо тарозуи ақли худ баркашидаанд, ки ин сарвари фархундаву ояндабинро ба бахти миллати мо Худо фиристодаааст. Ва таваҷҷӯҳ ба вилояти Бадахшон низ сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст.

Амон Акбарович Амонов,

сармуаллими ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Он нафароне, ки пайваста аз иттилооти ҷаҳонӣ, хосса аз навигариҳои кишвари мо огоҳии комил доранд, медонанд, ки сомонаҳои «Паём - нет», «ксаадат.ком», «ислоҳ. нет» «ахбор.ком» барои кӣ сохта шудаасту хизмати киҳоро мекунад. Ин сомонаҳо минбари васеи паҳни мақолаҳои муғризонаи наҳзатиён буда, барои ин корашон аз хоҷагони пулҳои зиёде ҳам мегиранд. Аз ҷумла як чаласаводи оқипадар бо номи Алим Шерзамонов  чун чеҳраи ин сомона гоҳе «медурахшад». Ӯ дар мусоҳибаи охирини сохтаи худ давлатро ба он айбдор мекунад, ки гӯё бо истифода аз силоҳ мақомотҳои қудратӣ мардуми Бадахшонро тарсонда истодаанд. Ва беандешона зикр сохтааст, ки Бадахшон нуқтаи   охирини нишон додани қудрати Президент аст.

Бояд ба чунин нафрони кӯтоҳақлу сабукандеша гӯем, ки миёни халқ кайҳо нишон додани қудрат аз хотирҳо баромадааст. Президентро мардум чун падар, роҳнамо ва Пешвои худ мешиносанд. Ва беҳуда он касро Президенти мардумӣ эътироф накардаанд.

Ба Алим Шерзамонов гуфтанием, ки Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти мақомоти марбутаи соҳавӣ аллалхусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ба хотири сулҳу суббот ва осоиштагии мардуми таҳҷойии ин минтақа аст. Ин амал танҳо ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ ва талқини силоҳбадастон ба ҳаёти осоишта аст.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки афзоиши гардиши маводи мухаддир дар Бадахшон ва заҳролудшавии ҷавонони ин минтақа аз истифодаи ин вабои ин аср назар ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст. Ва ин нишондод аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин минтақа садо дода, мавриди эроди ҷиддӣ қарор дода шуд. Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ кори дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои қудратист. Ҳатто қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ин ватан аст, ки барои таъмини осоиштагии аҳолӣ бояд саҳми арзанда дошта бошад. Шумо «муҳтарам» Алим Шерзамонов як шахсияти намуна ба ин вилоят нестед. Зеро шахсе, ки пайваста мавқеашро иваз мекунад, чӣ гуна  метавонад афкори бикр дошта бошад?.  

Рўи рост, туҳмат задан ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва сари онҳо бор кардани гардиши силоҳу маводи мухаддир, мусулмонии шумою шиорпардозии ҳаводоронатонро» буданатон зери шубҳа  аст. Ба Алтм Шерзамонов гуфтанием, ки ҳар чи қадар мо ба обрӯи Президент кӯшиши хати батлон заданӣ мешавем, ҳамон қадар обрӯи он кас боло меравад. Зеро худи мардуми Бадахшон аз Шумо барин «патриот»- ҳо кайҳост, ки безор шудаанд. 

Барои мардуми Бадахшон аз шумою ҳаракатҳои муғризонаатон дида амнияти давлату миллат болост. Ҳар иқдоме, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ нуқоти кишвар мекунад, бори дигар ёдовар мешавем, ки ба хотири ободию осоиштагии ватан аст, ки сокинон аз он хуш истиқбол мегиранд. Вале Шумо як чизро фаромӯш накунед, ки шояд имрӯзиён Шуморо ба хотири чунин  «дилсӯзиҳоятон» бахшанд, аммо таърих инро нахохад бахшид.   Чунки барои мо сулҳу шукуфоии Ватан аз ҳазорҳо маводи интишории Шумо болост.

 

 

Вазъи иқтисодии на танҳо ҷумҳуриии мо балки тамоми ҷаҳон имрӯз муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгорою иртиҷоии терористон бо вуҷуди пешгирӣ намудан, вақтҳои охир каме авҷ ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум,  ақидаҳои бемаънӣ пайдо гардида истодааст ва  ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар  шуда истодааст.  Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳонӣ халал ворид менамояд.

       Ягона ҳадафи нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд, онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯиистифода менамоянд. Ва  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд. Ҳизбҳои экстремистӣ ва террористӣ  мехоҳанд ҳамеша мардумони соддафикрро ба доми олудаи хеш кашида эшонро ба фоидаи худ истифода баранд.  Маҳз барои ҳамин намояндаҳои онҳо дар маҳалҳо зери ниқоби дини мубини ислом  мардумро ба ҳар гуна амалҳои зидди инсонӣ даъват мекунанд.  Афсӯс,  ки  нафароне ҳам дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки  ба мардумфиребӣ ё худ ба  доми чунин ҳизбҳо ё ин ки шахсони алоҳида меафтанд. Ба қавлу алфози дурӯғини эшон, ки гӯё дар давлати исломӣ  зиндагии аз ин ҳам орому осуда онҳоро мунтазир аст,  эътимод менамоянд, дар урфият як зарбулмасале аст, ки “шахси бегона ҳеҷ гоҳ хонаи моро обод намекунад”.

        Имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, аксаран вақт огаҳӣ пайдо мекунем, ки аз ин ё он манотиқи кишвар ҷинояткоронеро дастгир намуданд. Ҷинояткороне, бо тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ машғуланд. Айнан ба мисоли ҳамин гуфтаҳо аксари ҷиноятпешагони роҳи терорро аз вилояти Бадахшон дастгир намуданд, ки асоси фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ додугирифти лавозимоти ҷангӣ ва маводҳои мухаддир мебошад. Суоле ин ҷо ба миён меояд, ки лавозимот барои мардумони мо барои чӣ лозим аст? Шукр, ки дар Тоҷикистон фазои ободу озод ҳукмфармост. Пас барои чи ин силоҳу автоматҳои ҷангии боҳашамат. Дар амалиёти доду гирифти чунини нафарони ҷинояткор дасти киҳо мерасад, киҳо онҳоро зимни гузаронидани ин лавозимот аз сарҳад пуштибонӣ мекунад? .

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар зимни сафари кори дар ВМКБ аз ин ҳолатҳои ба амал омада, изҳори нигаронӣ намуда, дастур доданд, то дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят таъиноти кадрӣ ба роҳ монда шавад. Хосатан дар шаҳри Хоруғ, ин ҳама барои тинҷиву ороми миёни мардумони маннотиқи вилоят.

        Ин қарори Пешвои миллат, баъзе аз нафарони дар кори худ “масъулиятдор”- ро ба мисоли Давлат Мирзобековро ба ташвиш овардааст, ки дар ҳол бо мусоҳибон ба сӯҳбат омада, фаъоляташонро мавриди таъриф қарор додаанд, ки танҳо кадрҳои маҳаллӣ бо Хоруғиён дар умум бо мардумони вилоят забон як карда метавонанду халос. Вагарна ин таъиноти кадрӣ, ки аз ҳар гӯшаи кишвар ба мақомотҳо таъин мегарданд, баракс вазъият бадтар мегардад, гӯён худро сафед карда истодаанд. Ба фикрам ин нафар кадом кори то ҳол нимкора дорад ва барои пурра намудани он мехоҳад, ҳамон дастгиронаш сари вазифа истад. Ин чи тавр шудааст, ки ӯро генерал таъин намудаанд, аминам, ки ин вазифааш амри тасодуфи шудааст.

        Хоса ба ин нафарони худпараст гуфтаниам, ки бас аст, худхоҳиву мансабталошӣ ва миллатчигии шумобаринҳо, ҳамааш то ҳамин ҷо буд, акнун тамоми қарорро ҳукумати кишвар роҳандозӣ мекунад, зеро ин сарзамин танҳо як ному нишон дорад, ки номаш Тоҷикистон аст, новобаста аз кадом вилояту шаҳре набошад.

Маърифат Мавлонова,  

устоди   ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Тожикистон азалдан турли миллатга мансуб, турли динларга эътиқод қилувчи халқлар тинч-тотув яшаган ўлка бўлиб келган. Аждодларимиз бошқа дин вакилларига доимо ҳурмат билан муносабатда бўлгани, Ватан тараққиёти йўлида елкадош бўлиб меҳнат қилгани тарихий манбаларда кўп қайд этилган.

Ҳеч шубҳасиз, юртимизда турли соҳаларда эришилаётган барча улкан ютуқларимизнинг замирида жамиятимизда ҳукм сураётган тинчлик ва осойишталик ҳисобланади.

Маълумки, бугун мусулмон оламида мураккаб ижтимоий-сиёсий жараёнлар кечмоқда. Яқин Шарқ ва бошқа ҳудудлардаги қатор мамлакатлар чуқур сиёсий танглик, ижтимоий ва иқтисодий беқарорлик ва қуролли тўқнашувларни бошидан кечирмоқда. Мазкур ҳудудларда гўёки ҳақиқий “исломий давлат” қуриш шиори остида очиқдан-очиқ зўравонлик, инсонийликка зид ваҳшийликларга асосланган амалларга қўл ураётган турли гуруҳ ва жамоалар урчиб кетди. Террорчилик ҳаракатлари нафақат беқарорлик ҳукм сураётган ҳудудларда, балки Франция, Германия, Бельгия каби Европа мамлакатларида, Россия синггари МҲД таркибидаги давлатларда рўй бермоқда.

Сўнгги йилларда ақидапараст оқимлар ёшлар ичидаги фаолиятини меҳнат мигрантларини таъсир доирасига олиш,  диний экстремистик мазмундаги материалларни электрон кўринишда тарқатиш, “Интернет” орқали тарғибот ўтказиш, яширин “ҳужралар” ташкил этиш каби усулларда амалга оширмоқда. Айниқса, Интернет тармоғида “Ироқ давлати”, “Жабат ал-Нусра” каби террористик ташкилотлар гўёки ислом равнақи йўлида курашаётган “мужоҳид биродарлар гуруҳи” экани ҳақидаги тарғибот-ташвиқот кенг кўламда олиб борилаётгани, бунинг оқибатида дунёнинг кўплаб мамлакатларидан мусулмон ёшлар “ҳижрат” қилиш ва “жиҳод”да иштирок этиб даъвосида Сурия ва Ироқ ҳудудига бориб, ушбу гуруҳ сафига бориб қўшилаётганининг гувоҳи бўлмоқдамиз.

Мутаассиб оқим аъзоларининг бош мақсадлари - “жиҳод”, “ҳижрат”, “шаҳидлик”, “кофир бўлиш” каби диний тушунчаларни сохта талқин қилиш орқали ёшларимизни оиласи ва яқинларининг таъсиридан чиқариш, ўқиш ёки ишидан ажратиб олиш ҳамда уларни қуролли тўқнашувлар кетаётган Сурия, Ироқ, Афғонистон ёки Покистон каби мамлакатларга жўнатиб, манқурт-жангари ёки “тирик бомба”га айлантиришдан иборат.

Диний экстремизм шахс, жамият ва давлатнинг ҳаётий муҳим манфааатларига таҳдид солмоқда. Жумладан, диний экстремистик ғоя ва ёт диний қарашларнинг жамиятдаги ижтимоий-маънавий муҳит ва тадрижий ривожланишга зарарли таъсири қуйидагиларда акс этмоқда:

- ДЭО аъзоси қонуний жазога тортилиши ёки “ҳижрат” даъвосида хорижий юртларга чиқиб кетиши оқибатида жамиятнинг бирламчи бўғини бўлган оилаларда парокандалик юзага келади, фарзандлар тарбиясиз, оилалар эса боқувчисиз қолади;

- жамиятда анъанавий қадриятларни авлоддан авлодга узатиш тизими ва тадрижий ривожланиш жараёни бузилади, мазкур жамиятда асрлар оша муҳим ўрин тутган миллий, маданий, тарихий қадриятлар аҳамиятини йўқотиши оқибатида маънавият пасаяди;

- экстремистик ва террористик ҳаракатлар содир этилиш орқали жамиятда “ёвузлик чегараси” пасайиб, одамлар қотиллик, қийноқ, босқинчилик, гаровга олиш, қулчилик каби жиноятларга кўникиб қолади. Айни чоғда, ушбу ёвузликлар жамиятнинг муайян қисмида ваҳима уйғотади, қочоқлар оқими пайдо бўлади;

- терроризм ва экстремизм, улар оқибатида келиб чиқадиган ижтимоий беқарорлик жамиятда криминал жиноятларнинг авж олишига хизмат қилади;

- давлат томонидан хавфсизлик чораларини кўриш учун бюджет маблағларини сарфлаши, шунингдек, террористик ҳаракат оқибатида кўрилаётган моддий зарар жамиятга иқтисодий жиҳатдан катта зарар етказади. Оқибатда ишсизлик ошади, ижтимоий муҳофазага йўналтирилган лойиҳалар бажарилмай қолади, аҳолининг турмуш даражаси пасаяди;

- мамлакатнинг тақдири иқтисодий донор ва қурол-аслаҳа сотувчи давлатларга боғлиқ бўлиб қолади.

Диний экстремизм ва терроризмга қарши курашнинг жаҳон тажрибаси шуни кўрсатадики, мазкур муаммони фақат ҳарбий куч ишлатиш билан тўла ҳал этиб бўлмайди. Уларни такрор ишлаб чиқариш тизими сақланиб қолар экан, қайд этилган таҳдидлар сақланиб қолади. Диний экстремизм ва терроризмни такрор ишлаб чиқариш тизимининг муҳим бўғинлари ақидапарастлик ва терроризм мафкураси, уларнинг илҳомчилари ва даъватчилари, мазкур мафкурани тарқатиш каналлари ва улар таъсирига тушаётган шахслар ҳисобланади.

Шу сабабли илмий асосланган, технологик жиҳатдан тартибга солинган, дунёда кечаётган ижтимоий-сиёсий жараёнларга мос (адекват) ахборот-мафкуравий курашни – аксилтарғибот ишларини тўғри ташкил этиш диний экстремизм мафкураси тарқалишининг олдини олишда муҳим аҳамият касб этади. Аксилтарғибот ишлари – мафкуравий курашнинг специфик кўриниши бўлиб, душман кучларнинг ахборот-қўпорувчилик ва психологик ҳужумини зарарсизлантиришга қаратилган сиёсий, ғоявий, ташвиқот ва ташкилий чора-тадбирлар мажмуи ҳисобланади.

 

 

Ҷӯраев Д.С, номзади илми техники,  устоди ДПДТТ

 Шукри истиқлолият, ки дар ин даврон Тоҷикистон  аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, миллати тоҷик бошад, дар дар қатори дигар миллатҳо ҷойгоҳи амиқи худро дар байни миллатҳои дигари ҷаҳон пайдо  намуд. 

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабонӣ ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳои бе маънист. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоми моро зиракии сиёсӣ мебояд, то ба тӯҳмату дурӯғҳои тарафҳои мухолифони миллат гирифтор нагардем. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Дастовардҳои бузурги миллатро нодида мегиранд, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро намехоҳанд, мардумони орому дар фазои истиқлол зиндагони кардаистодаро ба иғво меангезанд, билохира чи коре хоҳанд, карда истодаанд. Вале як чизро бояд донанд, ки «давидани гӯсоларо то пеши каҳдон» гуфтаанд. Ин фирориён, ин назҳатиёни беимон то кай ба арзишҳои миллии мо зарба мезананд, гарчанде, ки мо ба ин иҷозат надода истодаем. Вале ин хоҳиши нопоки онҳоро ба наздиктарин фурсат барҳам хоҳем дод. Бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ.

Дуруст ба мисоли чунин бӯҳтонҳое, ки дар гузашта нисбати миллати мо намояндагони ТЭТ ҲНИ аз ҳар гӯшаи олам пинҳониву паси пардагӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн сохта истодаанд, боз як васвасаи ҷадид.

Мирзохӯҷа Исмоилов, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намудани аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гашта буд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё ӯро ҳатто паноҳанда низ ба кишвараш роҳ надодааст. Аз ин лиҳоз аз пушаймонии ӯ мақомоти давлати огаҳи пайдо намуда, барои авфи ӯ қарор баровардааст, ки дар ҳақиқат аз корҳои зишту ифротгароёнааш пушаймон бошад, ӯро авф хоҳанд, кард. Аммо инро намояндагони ТЭТ ҲНИ рад намуда , бо хости худ, ки бо ин роҳ барои қарори мақомоти Тоҷикистон зарба заананд, гуфтаанд, ки Мирзохӯҷа Исмоилов ҳеҷ гоҳ аъзо ва пайрави ин ҳизб набудааст. Аминам, ки аз ин канорагирии ҳаммаслаконаш, худи Мирзохӯҷа Исмоилов фаҳмида ва пушаймони намудааст, ки аъзогии онҳоро намояндагони ҳизб аз роҳбараш оғоз карда барои манфиатҳои хеш истифода намудаанд. Вагарна чаро рад мекунанд, ки ӯ аъзо набошад. Гузашта аз ин мақомот касеро барои чизе маҷбур намесозад, инро борҳо дар дигар изҳоротам низ баён сохтаам, ки дар Тоҷикистон озодии баён ҳукмрон аст. Тоҷикистон давлати демократист ва сохти онро ба касе иҷозат намедиҳем, ки вайрон созад, хосатан ба шумобарин «имондорони беимон». Зеро ин ҷо заминни муқаддаси мардумони муқаддас аст.

Аслан Мирзохӯҷа Исмоилов банди фиреб ва макру ҳияли як тан аз фирориёни наҳзатӣ  Илҳом Ёқубов гардида, ҳамон тавре ки гуфтем, чандин моҳ сарсону саргардон гашта буд. Ӯ худ ихтиёран, бо амри дил ба Ватан баргашт ва ягон нафар аз мақомотҳои қудратӣ ӯро мавриди фишор қарор надодаанд. Ин наҳзатиён хастанд, ки аз ояндаи худ ҳавотир шуда, имрӯз ба чунин иғвоҳо даст мезананд.

Фавҷи зиёди баргаштани собиқ наҳзатиён имрӯз cаркардаҳои ҳизбро ба ташвиш овардааст.  Аз  ин рӯ, онхо омодаанд, ки имрӯз бо роҳи авомфиребӣ дили мардумро ба даст оваранд.

Манзура Машарипова,

устоди фани забони русии ДПДТТ

 

Ҳамдиёрони азиз! Хосса сокинони ваҳдатшиори вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  беш аз 20 сол аст, ки мо дар фазои озод ва тинҷу оромӣ зиндагӣ ба сар мебарем. Сулҳу оромӣ чи гуна арзишу қиммат дорад мо дар тору пуди худ эҳсос кардаем. Зеро замоне, аниқтараш солҳои навадум бо ҳилаву найранг ва дасисаҳои як гурӯҳ аз хоинони миллат дар натиҷаи  дасисасву амалҳои хиёнаткорона кишвари мо ба гирдоби бало ғӯтавар шуда буд. Маҳз ҳамин ашхос буданд, ки ҷрмеаро ба шӯр оварда, худ чун мусичаи бегуноҳ худро канор гирифтанд. Сулҳ бо хунбаҳои садҳо ҷавонон ба даст омад. Аммо ҳамин неъмати бебаҳоро  душманони миллат чашми дидан наёфта, борҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки мамлакатро бадоми бало кашанд.  Махсусан дар ин «амали хайр» нақши наҳзатиён хеле калон аст. Онҳо бо таъсиси «Паймони миллӣ» умед доштанд, ки  тарафдорони худро пайдо намуда, кишварамонро бо дасти худамон нотинҷ кунанд. Ба ин кор онҳо шабу рӯз заҳмат мекашанд. Ҳоло ки барои бадномкунии меҳан баҳоне намондааст, онҳо ба мардуми сарбаланду иродатманди Бадахшон часпидаанд. Онҳо имрӯз авзои сиёсии ин вилоятро ҳамин хел шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки гӯё дар ин ҷо ба таъбири халқӣ давлат ва Ҳукумат «чистка» карда бошанд. Аммо воқеияти ҳол ин тавр нест. То ҷое иттилоъ дорем мардуми ваҳдатшиори Бадахшон чун дигар минтақаҳои Бадахшон сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд. Аммо миёни мардум ҳастанд нафароне, ки манфиатдори нооромиҳо дар ин минтақа ҳастанд. Онҳо ба гуфтаи хоҷагони беруниашон кор мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳастанд гурӯҳҳое, ки солҳои сол бо кашонидани нашъаву силлохҳо аз Ҷумҳурии Афғонистон доираи тиҷорати худро васеъ карда, имрӯз ба дигарон маҷоли сухан ё амал кардан намедиханд. Ин нафарон дар олами ҷиноӣ бо номҳои  Толиб, Боқир, Ёдгор  машҳур буданд. Гумон доштанд, ки кассе пишаки онҳоро  «пиш» гуфта наметавонанд. Кор то ҷое расида буд, ки Президент ба ин масъала зимни сафари 5 рӯза дахл намуданд. Ин назари мӯйшикофонаи Сарвари давлат сангеро гӯиё аз дили мардуми охкашидаи мардум берун овард. Зеро дар сурати мудохила накардан ба масъала мазкур ҳатарисар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ дар ин минтақа мешуд. Гузашта аз ин,  яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Мо аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки  ҳаргиз ба шиорпартоии нафрони “дилсӯзи” Бадахшон дода нашаванд. Махсусан  ба “зебо ва шево” сухангӯии Алим Шерзамонов бовар накунанд. Ӯ як нафар ҷосуси хориҷиён аст. Вазифаи ӯ тухми нифоқу низоъ коштану ҷангро оғоз бахшидан аст. Он гоҳ хоҷагон бемалол яроқу аслиҳаи худро пул мекунанд.

Мо ин бор набояд хато кунем, баръакс пушт ба пушти давлат барои решакан кардани нафарони манфиатхоҳ кӯшиш варзем. Зеро ҳар як амали содиршуда бояд дар назди наслҳои оянда чун оина муаффо мемонад.

 

Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва кӯшиш намоянд, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошанд. Бадахшон як пораи хоки муқадасси кишвар аст.Ва мо сокинони кишвар ба рушди ин минтақаи кишвар масъулем.  Воқеан ҳам   агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳо мегардаду бо баҳонае давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъиятро тангтар карда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш, ки бо ном “Паймони миллӣ ” ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрўз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаан, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Имрўз танҳо зўрашон ба он расида истодааст, ки бо ҳар роҳ аз ин амалкарди худ бо роҳи тўҳмат ба ин миллат дифоъ намоянд. Ба ҳамин нафрони хиёнаткор гуфтанием, ки чунин беҳудагуиро бас кунед, домани мавзўеро пайгирӣ намоед, ки заррае ҳақиқат дошта бошад. Агар натавонистед, хомўширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед.

Агар сокинони кишвар дастҷамъона ин корро пеш баранд, мо пируз хохем шуд

 

 

 

 

 

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ба ифтихори таҷлили 30- солагии Истиқлолияи давлатӣ  корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Махсусан даъвати ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ  руҳияи хештаншиносии ҷавононро боз ҳам боло бурда истодааст. Маҳз таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонон аст, ки имрӯз насли ояндасоз бо эътимоду масъулияти қавӣ роҳ ҷониби фардо мегузоранд.

Дар рушди бемайлони кишвар бешубҳа нақши мардуми минтақаи зарнисори Кӯҳистони Бадахшон хеле калон аст. Имрӯз симои вилоят кулан дигар шудааст. Ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Миёна барои рушду такомули зеҳнии ҷавонон ҳизмати бесобиқа хоҳад кард.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони вилоят дар он машқу тамрин мекунанд.  

Аммо бар ивази ин ҳама таваҷҷӯҳи доимӣ ҷавонони вилоятро мебояд бештар ба ҳифзи Ватан- модар кӯшанд. Зеро барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Бояд ҷавонони баорияти вилоят ба фиребу дасисаҳои як гурӯҳи авбошони одамсурату ҳайвонсиришт дода нашаванд. Мулкамонро бояд бо меҳр обод кунем. Барои ин фазои ободу озод  лозим мебошад. 

 

Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд.

Ба шумури ин афрод ҷавононе шомиланд, ки бо фиребу найранги ин гурӯҳҳои террористӣ бовар карда, даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳаёти худ ва шаҳрвандонро зери хатар мемонанд. Муттаассифона, як қисми онҳо ба ваъдаҳои ҳангуфти хоҷагон ва наҳзатиёни фундаменталӣ дода шуда, имрӯз бар зидди меҳани худ кор мекунанд. Махсусан амалҳои риёкоронаи собиқ раиси ҳизби сотсиал демократии вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов барои манқуртшавии иддае аз ҷавонон сабаб шуда истодааст. Ӯ худ кайҳо манқурт шудааст, вале ин барояш сабақ нашудааст. То ҷое ки иттилоъ дорем, дар ҳориҷи кишвар ҳоли ӯ аз ҳоли сагони кӯчагард бадтар аст. Аммо бо вуҷуди он ӯ содиқ ба хоҷагонаш мондааст. Ба андешаи ӯ имрӯз он тадбире, ки дар Бадахшон роҳандозӣ мешавад, як навъ интиқомситонии роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аст. Лек мутлақо ин тавр нест. Ин амал танхо ба хотири амну амонӣ ва сулҳу суботи минтақа аст. Агар имрӯз пеши роҳи «зӯргӯёну» зиёдаравон гирифта нашавад, пас дер хоҳад шуд.     

Ҳодисаи нанговаре, ки дар ноҳияи Данғара аз тарафи як гӯрӯҳ ҷавонони гумроҳ сар зад, бояд ба мо сабақи таърихӣ шавад.   

Аз ин рӯ, мо устодон кафедра аз тамоми мардуми соҳибзаковати Бадахшон хоҳиш дорем, ки ба ҳар гунна овозаву дасисаҳо дода нашаванд.

 

 Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ ба мо маълум буд, онҳо тамоми кӯшишу талоши худро ба он харҷ менамуданд, ки сохти конститутсионии мамлакатҳои ҷаҳонро халалдор созанд. Ба хотири он, ки мардумонро ба ҷониби хеш кашанд эшон ҳаракат мекунанд,  бо ҳар роҳ,  шомили ин давлат шаванд  ва ҳамеша хоҳони онанд, ки фирефтагон  дар маҳалли зисти худ фармонҳои онҳоро иҷро кунанд.  Дар ҳамин холат баъзе аз рафтору кирдори чунин шахсони ҳисси инсонӣ надошта, бармеояд, ки онҳо ҳатто саводи динӣ як тараф саводи таърихӣ низ надоранд, ки аз худ барои ҳолатҳои гуногун истифода намуда, хешро аз вартаи ногувори бароранд. То кай ё худ чанд рӯз онҳо бо ваъдаҳои дурӯғ фиребхӯрдагонро нигоҳ медоранд, билохира барои корҳои ифлоси худ истифода карда ба мақсади хеш мерасанд ва парвое надоранд, ки онҳо мурдаанд ё ин ки зинда. Бечорае, ки ба доми оташбор афтодаанд дар  ҷангҳои бемаъни ва ваҳшиёнаву беадолатона беному нишон шуда мераванд.Чунин ҳолатҳо  моро водор месозад, ки мо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунем. Дар атрофи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шуда , якҷоя бо ин вабои асри XXI мубориза барем. Мардумро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд.