Мо, устодону шогирдони факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ гуфтанием, ки хоинони миллати тоҷик аз қабили ҲНИ, Анҷумани озодандешагон, Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагонатон анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ва он амалӣ нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, ки дар он маҳз ТЭТ ҲНИ даст дошт ва бо ин восита мехост Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллӣ аз лиҳози амну субот заиф нишон диҳед, фаромӯшношуданист. Тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд. Шумо бадхоҳони миллат фаромӯш накунед, ки мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманди худ ифтихор дорем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат менамоем

 

 Президенти мамлакат дар ҳамаи мулокоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошем. Ба он маъни ҳар дафъа аз зиракии сиёсӣ ҳарф мезаданд, ки агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳо мегардаду бо баҳонае давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъиятро тангтар карда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрўз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаан, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Имрўз танҳо зўрашон ба он расида истодааст, ки бо ҳар роҳ аз ин амалкарди худ бо роҳи тўҳмат ба ин миллат дифоъ намоянд. Ба ҳамин Кабириву Илҳоми хиёнаткор гуфтаниам, ки чунин беҳудагуиро бас кунед, домани мавзўеро пайгирӣ намоед, ки заррае ҳақиқат дошта бошад. Агар натавонистед, хомўширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед.

 

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Гарчанде, ки инро ҳамон Илҳом Ёқубови роҳбари “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” аз ин неъматҳои миллати мо огаҳ асту дигар илоҷи ба ин сарзамин ворид шуданро надорад. Имрӯз аз ночорӣ  ва пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳаш намуда, иддао дорад, ки дар миллати мо ба озодандешон гӯё ҷой набошад. Ин танҳо аз назарии маҷбурияти ӯст ё шояд назари асосиаш бошад, аммо баробари шунидани ин изҳороти Илҳом ба ҳоли маъюсаш “раҳм” кардам, ки ӯ дигар кор наёфтааст ва пайгирии ин муамморо намудааст. Дар қаламрави кишвар наздики 350 нашрияҳои дафлативу махсусгардонидашуда, фаъолият мебкаранд. Ва ҳамаи онҳо хабарнигорону кормандони масъул доранд ва ҳар кадоме мавзӯъеро пайгирӣ намуда, онро ба нашр мебароранд. Касе бобати нашрияи эшон ва баёни суханашон коре надорад.

Дар масъалаи журналисти “муваффақ” Исмоилови Аштӣ гуфтаниам, ки ӯро барои ситонидани ришва ба бар киссаи мардум зарар ворид намуданаш аз кораш сабукдӯш намуда, зиндонӣ карданд. Илҳом бояд фаҳмад, агар ин қадар “озодандешу сухандону журналист” бошад, ки агар дар ҳақиқат Исмоилов бегуноҳ ҳабсӣ мешуд, худ аз ҳамаи қоидаву қонуниятҳои муаллифӣ дифоъ намуда, худро раҳо мекард. Айб дар гарданаш печ задааст, ки аз худу аз касбаш дифоъ карда натавонист.

Гузашта аз ин чаро ин қадар ин Илҳоми замоне бо сарварии ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, худро муаррифӣ менамуду бо пулу моли ҳароми хоҷагонаш гӯё сарватманду бизнесмен гардида, ба хоки поки ватанаш хиёнатро раво дид. Имрӯз бошад ӯро кӣ ва бо кадом салоҳият Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ кардааст, ҳайрон шудам.

Бисёр аҷибу хандаовар, ки Илҳом худро гӯё журналиста барҷаста ҳисобида атрофи озодии баён дар Тоҷикистон талош намуда истодааст.  Ӯ худ кист, ки тоҷику Тоҷикистониёнро фикр мекунад. Тавре ҳарф задааст, ки ӯ журналист асту барои нашри баёнаш касе иҷозат надода бошад.

Ҳоло аниқ ба кори  ташкилоти САҲА баҳои худро медиҳам, ки он бар шаҳри бедарвозае мубаддал гардидааст. Дар асл макони буду боши намояндагони ТТЭ ҲНИ гаштааст, ки ҳар кадоме мехоҳад аз минбари он рози дил ва маърӯзаи бардурӯщу ифроташро паҳн мекунад. Дуруст ба мисоли роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва шогирдони дар мактаби “сухандонон”-и Кабирӣ тарбиятдида.

Илҳом Ёқубов бояд донад, ки дар миллати мо озодии баён дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатиамон ҳукмфармо гашт ва бо боварии беш аз пеш метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем. Ҳамин тавр дигар аз инсонии Илҳом осоре боқӣ намондааст, дар умум ин чиз дар ниҳоди тамоми ватанфурӯшону хоинони миллат бармоло ба мушоҳида мерасад. Шумо ба қавле назҳатиҳо дар ҳақиқат ба гардани ташкилоти САҲА бор шуда гирифтед, дар ҳамин замина ба Шумо маслиҳат медиҳам, ки ин созмон замоне барои нафароне кор мекард, ки бо баромади худ аз минбари он ба кишварҳои аъзо роҳҳои дурусти рушду тараққиётро нишон диҳад. На ба мисоли имрӯз паҳнкунандаи нашрияи ифротиву муҳалгарои ва ҷудоиандозии мардумон.

Кабирӣ ва намояндагони “фаъоли” ӯро зарур аст, ки агар дар гузашта аз демократӣ  будани кишвари мо дарак надошта бошанд, бори дигар таърихи начандон дури онро варақгардон намоянд. Он гоҳ хоҳанд дид, ки Тоҷикистон мазраи ободу озоди мардумони соҳибфарҳанг аст.

Наимхон Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент,

устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

 

Муаммои  мубрами  рӯз  падидаи номатлуб, афзоиши ташкилотҳои терористиву экстремистӣ, ки таи солҳои охир  ҳамаи ҷаҳониёнро  ба  ташвиш оварда, аксар  кашварҳоро  муташанниҷ  карда истодааст. Соле чанд бо фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо низ амалҳои ваҳшиёнаи чунин гурӯҳҳои ифротӣ ба вуқўъ пайваст. Ин падида тамоми мардуми Тоҷикистонро ба таҳлука овард ва барои қатъномаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ пайравӣ намуданд, зеро фаъолияти чунин як ташкилоти ифротӣ ба нафъи халқу миллат буда наметавонад. Имрўзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  наҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Ҳамаи ин намоишоти характери терористӣ дошта кам набуд, ки имрўз ҲНИ ба танқиди навбатии беасос равона кардааст. Маълум, ки талошҳои Кабирӣ самар надодааст, ҳоло шогирдони «сухангўйу озодандешаш» дар мисоли Илҳом Ёқубов, замоне, ки сарварии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буд, бо даъвои он ки дар миллати  мо барои озодандеши ҳуқуқ нест, ба сароидан даромадааст. Ин ҳам бо суханони дурўғу бемаъно. Охир ў дар мактаби ки сабақ омўхтааст, ба ҳама бараъло маълум аст.  Охир ў кист, худ як хиёнаткору ифротгар. Охир ў кист як нафаре, ки дар дохили кишвар, нону намаки ҳамин хокро хўрда истода, барои бар бод рафтани ин хоки муқаддас нақша кардааст. Ў ва намояндагони терористу экстремистанд ва ба қавле аз гуфтаи гузаштагон, агар некӣ карда  морро дар остинат ҷой кунӣ, вақти ба озоди баромадан дастатро мегазад. Маълум гардид, ки мо низ барои мор дар остини хеш ҷой дода будем.

Муаммои асоси дар ин суханони дурўгу бемавриди «сухандони барҷаста» Илҳом Ёқубов нест, зеро ў бо чунин суханонаш маъюсии худро нишон дод, ки дигар чора наёфта, пушти ҳамин мавзўи ба журналистон марбутро гирифтааст. Муаммои асосӣ дар он аст, ки чунин террористон  дар зеҳни  мардум  то метавананд ба маънои  ислом  ҳар гуна  ақидаҳои  экстремистиро ҷой дода, онхоро  алайҳи  якдигар  таҳрик  менамоянд ва иғво меандозанд, билохира аз як  манотиқи тинҷу ором ҳеҷ осоре ба ҷуз харобазору  қатли  ваҳшиёна дигар чизе боқӣ  намемонад. Ҳоло хулоса  мекунем, ки дар кадоме аз ин  аъмол нишонаи ислому  мусалмонӣ ниҳон аст, дар  тарконидани масҷиду ибодатгоҳ ё дар  куштори модарону фарзандони бегуноҳ. Албатта, ки имрӯз  терористон дар ниқоби  ислом  тарғиботи иртиҷоии хешро  адо  мекунанду ҷавонони  аз дини пок  бехабарро  гумроҳ  ва фирефтаи ваъдаҳои  бевафоёнаи худ мегардонанд.

Гуфтан айни  муддаост, ки баробари  дигар  тараққиёту  пешрафт, таассуб низ ақибнишинӣ  накарда,  пеш меравад ва  тафаккури  мардумро то ба дараҷае заиф  гардонидааст, ки  ҳатто  ба исломи  гуфтаи хоҷагони ифротгаро эътиқод  доранду ба қавле таассуб мекунанд, бегонапарастӣ  нисбати  фарҳанги  миллат, тақлид  ба либосҳои  мамлакатҳои  аврупову Эрону Афғон, миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ  чодарпӯш набуд, ки имрӯз  қабиле аз  занону духтарони мо худро бо чодару либоси сиёҳ, ки нишонаи мотам аст,  ба бар намудаанд, гӯё ба ин васила имони худро ба дигарон намоиш медиҳанд ва хешро фидоии ислом меҳисобанд. Билохира имонро аз таассуб ҷудо карда наметавонанд. Имон доштану ибодат кардан ба хотири худ аст, на ба хотири намоиш.

Ақидае, ки имрӯз тарафи мухолифин мегӯяд давлатро исломӣ мегардонанд хеҷ гоҳ нахоҳад шуд, зеро мардуми имрӯза ба мисли халқи солҳои 80-90-ум нест, ки пушти ин суханҳои бардурӯғу хислати экстремистӣ доштаро гирифта, ин мамлакати биҳиштосоро ба тороҷу яғмо бубарад. Моро мебояд, ки ба қадри озодӣ дар зиндагӣ, ҳаёти ширин дар бари ёру фарзанд, хоби осуда, табассум дар лабони кӯдакони маъсум ва қабл аз ҳама хонаи ободу тани саломати хеш бирасем. Шукронаи ин давлату миллати боамн кунем, дар ҳар нафаси худ бояд шукрона кунем, то ин ки дар нафасҳои минбаъда низ Худованд хайри моро бидиҳаду давлат ва ҷомеаро боз ҳам оромтару тинҷтар гардонад. 

Шабнам Ашӯрова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

унвонҷӯйи кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттиллоотӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

И

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад. Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири чанд дирҳам худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

Тавре аз баромадҳои Пешвои муаззамамон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон бармеояд «қабл аз он ки мо ба бунёдкориву созандагӣ даст бизанем, сараввал бояд аз ҷавонон то калонсолон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», зеро ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна амалҳои сиёсатбозист. Якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани хазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ҷоннисориҳо кардаанд. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд, то кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташвиқотии  хешро идома дода истододаанд ва   сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Эшон  бо ин амалашон дар кишвари мо  нооромиро эҷод мекунанд, худашон доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд. 

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

 

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои физика ва математика, дотсент,

мудири кафедраи  барномарезӣ ва низомҳои иттиллотӣ

 

 

 

 

Мо, устодон ва шогирдони факултет бо қатъияти том суханронии Алим Шерзамонов, роҳбари Анҷумани озодандешони Тоҷикистонро дар таҷлили 27 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Варшава ва баромадашро дар анҷумани «Паймони миллӣ » маҳеум мекунем. Ӯ дар баромадаш Тоҷикистонро соҳибистиқлол унвон накард ва таъкид ҳам дошт, ки  ӯро бахшида ба  ин ҷашн табрик ҳам накунанд. Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки ягон интихобот дар кишвари мо озоду шаффоф доир намешаванд. Магар ин ҳама дурӯғи маҳз нест. Ӯ бояд бо чашми воқеъбин имрӯз мамлакати моро бубинад. Агар ӯ истииқлолияти моро эътироф накунад, ягон боке нест. Чунки мавҷудияти Тоҷикистонро беш аз 195 давлати дунё эътироф кардааст. Имрӯз Тоҷикистон  ҳамонгуна Тоҷикистоне нест, ки ба ҳудуди худ душманонро ворид намуда, пойбанди мафкураи беруна гардад. Мо мустақилем ва дар роҳи дуруст равонаем. Дар масъалаи интихобот ҳамин нукта кифоя аст, ки имрӯз дигар ҳизбҳои сиёсие, ки тарафдорон дошт, дар парлумон намояндагонаш фаъолият надоранд. Дар ҳоле, ки ҲНИ ва Алим Шерзамонов маҳбубият ва самимияти худро гум кардаанд, айби ҳукумат   нест, ки онҳо дар интихобот шикаст хӯрданд. Халқ заршинос ҳаст ва дӯсту душманро фарқ мекунад. Барои мо ободӣ, тинҷӣ ва хуррамии кишварамон болотар аз ҳама манфиатҳост.

 

Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Тавре аз вазъияти таи солҳои охир ба вуқӯъ омада, тимсоли ҳодисаи даҳшатовари соли 2016, хиёнаткории чанде аз нафарони соҳиби мансабҳои давлатӣ ва аз ҳама муҳим куштори саёҳони хориҷӣ дар кишвар инчунин изҳороту паёмҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ пайваста бармеояд, чанд нафар ба ном «сарсупурдагони миллат» чеҳраи воқеии худро нишон доданд, оромии кишварро халалдор намуданд, лекин ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ин ҳодисаҳо хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем, то  он нафаронеро ки то имрӯз мехоҳанд сохти давлатдориву конститутсионии мо аз байн равад, маҳкум менамоем, эшон ва мафкураи пасти онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирем, аслан тамоми мардум катъиян бар зидди онанд, ки кадом як нафари бенишоне аз дигар мамлакат миллати моро назорат намояд. Дар хақиқат чӣ тавр фаъолият намудани аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ баръало эхсос шуд ва имрӯз онҳо аз он ки дигар имкони фаъолият надоранд, ба ғазаб омада, бо ҳар гуна роҳ ва бо василаи ҳар касе ки дар ин ватан зисту зиндагонӣ мекунанд ва аз додани ахборот ба тарафи мухолифин мебошад, ки хиёнати бузургеро муртакиб мегардад. Имрӯз акнун баромаданд ду-се нафар, ки аз намуди давлатдории мо розӣ нестанду сохтори моро дигаргун мекунанд. Онҳо минбаъд қарор доданд, ки дар якҷоягӣ нерӯи оппозитсионӣ ташкил намоянд. Ҳамин тавр Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин гурӯҳ интихоб шуда, минбаъд Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов ҳар кадоме рохбарии ҷамъияти худро пеш мебаранд.

Ба ин «инқилобчиён» гуфтанием, Худоро шукр, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхориҳои зиёд  менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи олимону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Аз ҷавонон даъват ба амал меовардам, ки эшон қаблан дарси хештаншиносиро биомӯзанд, то дар ниҳодашон худогоҳии миллӣ пайдо гардад.

Муътабар  Ғозиева, номзади илмҳои таърих, дотсент

 

 

 

Миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли арзи вуҷуди хеш шоҳиби бисёр аҳдшиканиву хиёнаткорон гардидааст. Ин решаи амали нобахшиданӣ то ба имрӯз пойбарҷост. Мо аз он шигифтзада шудем, ки фарзанде, ки миллат хононд, соҳибмаълумот намуд, барои густариши соҳибкориаш монеа эҷод накарду дар оилаи зиёӣ ба камол расид, имрӯз аз пои миллат мегирад. Ӯ худ медонад, ки роҳи интихобкардааш фарҷоми нек надорад. Умед ба ояндаи худ надоранд. Дар ягон кунҷи Ватан барояшон маконе нест. Ин беватанон шодии мардуми хушфоли тоҷикро дида натавониста, маҳз рӯзи хотирмоне, ки  мардум ҷашни 27-солагии Истиқлолияти кишварро тантана доштанд, изҳороти бардурӯғи хешро баён намуданд. Ин амали  душманони миллат  аз беақливу бемаданиятист, зеро гуфтаҳои онҳо комилан дурӯғ аст. Мо – устодон ва донишҷӯёни факултет рафтори хиёнаткори миллат – Илҳом Ёқубовро сахт маҳкум намуда, кӯтоҳандешии хоинони давлатро ҳаргиз намебахшем. Мо бояд фарзандони ояндасози миллатро тарбия намуда, ба камол расонем. Нагузорем, то ки ягон нохалафе, беватане сулҳу салоҳ ва оромии кишварро халалдор созад.

Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дар вазъияти бисёр ногувору сахте қарор дошт. Вале мардуми шарафманди ватани азизамон нагузоштанд, ки сабабгорони ин вазъият ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Фарзанди фарзонаи миллат каҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарварониашон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Гурӯҳи мухолифинро даъват намуда, ба хотири якпорчагии миллат гуноҳҳои онҳоро бахшида, ба онҳо бовар карда баъзе аз корҳои баланди давлатиро ба онҳо супориданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хоинони миллат шукргузории бахшиши Пешвои миллатро ба ҷо наоварда даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, вале хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасида шармандавор шикаст хурданд ва ба хориҷа фирор намуданд. Яке аз он думравони наҳзатӣ, ки худро ҳоло роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст Илҳом Ёқубов мебошад. Барои ӯ дар зиндагӣ пул мавқеи асосӣ дошт ва мемонад. Ӯ ислоҳнашаванда аст ва аз рӯи гуфти устодонаш кор мекунад. Мавзӯе, ки дар нишасти САҲА иброз доштааст ба фаъолияти журналистика ва суди Тоҷикистон рабт дошт, вале ӯ аз назари бадбинона ин соҳаҳоро дар Тоҷикистон дар ҳоли паст баҳогузорӣ намудааст, ки ин хатои маҳз аст. Мо ба баҳои чунин як нафари хиёнатпеша ниёз надорем. Ва гуфтанием, ки миллати мо дар роҳи дурусти давлатдорӣ қадами устувор мегузорад. Мо намегузорем, ки пойи як лаине ба Тоҷикистон бо мақсадҳои сиёҳ ворид шавад.

А. Акрамов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт

Ш. Алиев, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи нақлиёт

М.Холиқов, унвонҷӯйи кафедраи нақлиёт

Мо, устодону шогирдони факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  «иқдоми» навбатии гурӯҳе аз хоинони миллатро, ки имрӯзҳо дар шаҳри Варшава дар нишасти САҲА қарор доранд, қатъиян маҳкум мекунем. Зеро «рақибони сиёси»-ии мо ҳамагӣ дар ҷомаи наҳзатиён гурӯҳҳои худро созмон дода, бо ин амалашон мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор диҳанд, ки зиди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон як рақиби сиёсӣ не, балки чор ниҳоди пурқудрат мубориза мебарад.Аммо ҳамон Алим Шерзамнов, Илҳом Ёқубов ва Шарофиддин Гадоев дар гузашта аъзо ва ҳатто роҳбарони ҲНИ дар минтақаҳо буданд. Имрӯз ин нафарон бо таъсиси “Паймони миллӣ” қудрат ва тавоноии худро мехоҳанд нишон диҳанд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик гумроҳзада нест ва медонад, ки ин нақшаву тарҳ аз ҷониби кӣ шурӯъ шудаву муалллифи ин мазҳака кист. Интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ин «Паймони миллӣ» бори дигар гуфтаҳои болоиро шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин аъзоёни «Паймони миллат» ҳамагӣ он нафаронеанд, ки собиқ дӯстону ҳамҳизбиёни худро дар чорраҳаи тақдир танҳо гузошта, аҳдшиканона тарки диёр намуданд ва имрӯз хориҷ аз кишвар бо маблағҳои хоҷагонашон фақат иғвову дасисаро ба ҷомеа паҳн мекунанд.

Ин амалҳои хиёнатпешаи душманони миллати руҳи моро шикаста намегардонад, балки моро боз ҳам муттаҳидтару қавитар мегардонад.   Миллати мо аз имтиҳонҳои сахту сангин борҳо гузаштааст. Иродаи қавӣ, масъулияти бештар дар муқобили ин ҳама тадбиркориҳои «дӯстони миллат» моро ҳатман пирӯз мегардонад. Мо ҳама сарҷамъона дар атрофии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шуда, баҳри ободии диёр саҳм хоҳем гирифт.

 

 

Мо Илҳом Ёқубовро ҳамчун фарзнди шаҳри Хуҷанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул надорем. Нафаре, ки обу хоки диёрро хӯрда,падараш дар яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар кор мекарда имрӯз тасмими хиёнат ба Ватанро дорад. Ӯ гумроҳ аст, фирефтаи молу маноли хоҷагони Эрон аст. Ҳатто падару модари худро ба ин роҳ дароварда оқибат имрӯз шаҳди ғарибӣ мечашанд. Он суханроние, ки дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава иброз дошт, дар ҳаққи кишвар тӯҳмати маҳз аст. Зеро дар мамлакати  мо адолати судӣ барқарор аст ва ҳар он касе, ки ғуломи қонун аст, озодона кору зиндагӣ дорад. Он маҳбусони сиёсие, ки имрӯз дар маҳкама нишастан барои кӯшиши табадулоти давлатиро ба миён овардаанд, нишастаанд. Вале давлат ва Ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки гуноҳҳои онҳоро ба хотири таъмини сулҳу суббот мебахшад. Ин амали хайри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати  миллати хеш аст. 

А. Акбаров, номзади илмҳои филологӣ,

У. Мақсудов, номзади илмҳои филологӣ,

М. Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ