Артиши Миллӣ зо­даи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хур­дани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои му­стақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншо­оти амнияти ҳарбӣ до­шта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ тех­никаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ мутаассифона, он замон милликунонии артиш ме­тавонист сабабгори ва­сеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқиша гардад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Ар­тиши миллӣ афсарони мо дар баробари дар сангарҳо ҷангидан, ба танзими со­хтори ташкилию штатии худ машғул шудаанд. Таҳ­курсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Но­расоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушки­лиҳо ҳайати шахсии Қув­ваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқо­вимат, роҳи пурпечутобе­ро тай намуд. Бунёди Қув­ваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асо­сии давраи аввали таъси­си Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳа­ёти осоиштаро дошта бо­шад.

Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти кон­ститутсионӣ буд. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси наму­дҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зид­диҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд му­тобиқи тағирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии мин­тақа амал намоянд, соз­мон ёфтанд. Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусал­лаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гар­дид. Дар ин давра вази­фа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд.. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид шу­данд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобили­яти онҳо баҳри тағйирё­бии вазъияти ҳарбӣ-си­ёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳиф­зи субботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такья мекунанд. Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, собит на­муд,ки он ҳамчун такягоҳи асосии давдат ва сипари боэътимоди миллат, ба­рои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу су­бот хизматҳои беназир на­мудааст.

Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлоли­ят ва ин хонаи обод намоему дар обод­тар гаштани Ватани азиза­мон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қу­дратманди низоми муҳо­физи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хиз­мат мекунанд. Артиши ҷа­вони Тоҷикистон хусусан, дар солҳои душвори фоҷе­абори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳиф­зи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кар­дани ошӯбҳои хиёнатко­рона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷа­вонмардона гузошт.

Имрӯзҳо чун маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, танҳо аз хатмкунандагони ихтисоси меъмории донишкада 18 нафар (беш аз 50%) бо амри дилу виҷдон иқдом намудаанд, ки пеш аз муҳлат рисолаҳои хатми худро ҳимоя намуда, барои ҳимояи марзу буми Меҳан маҳз дар ҳамин мавсими баҳорона равона хоҳанд шуд, ки дар ин ҷода ба онҳо далериву шуҷоат ва матонату мардонагиро таманно менамоем.

Юсуфов Ф.Ғ., устоди калони кафедраи меъморӣ

 

Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад. Ин кор ба мавқеи равшани ҳизбҳои сиёсй, иттиходияҳои чамъиятию динӣ ва шаҳрвандон вобаста аст. Пешгирии зуҳуроти ифротгароиро ҳамчун воситаи муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди шаҳрвандҳо дар роҳи мустаҳкам намудани иқтидори иктисодию сиёсӣ ҳисоб кардан лозим аст.

Вазъияти байналмиллалӣ, афзоиши таҳдидҳои террористиву ифротгароӣ тақозо мекунад, ки ҷиҳати ҳифзи субот дар ҷомеа ва муқовимат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Терроризм бо тамоми шаклу зуҳуроташ ва бо миқёс ва шиддати худ  бо ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи худ имрӯз ба яке аз мушкилоти тезутунд ва актуалии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳама зуҳуроти терроризм боиси талафоти зиёди одамон гардида, тамоми арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангиро нобуд месозад, ки дар тӯли асрҳо дубора эҳё карда намешаванд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тамоми маҷмӯи чораҳоро андешидан зарур аст.

Баҳри пешгирии  падидаҳои номатлуб волидайн, атрофиён масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷўҳ зоҳир намуда, баҳри аз байн бурдани он кўшиш намоем.

 Аз нигоҳи коршиносон, мутаассифона, имрўз фаъолияти таблиғотии чунин гурўҳҳои мусалмоннишин доман густурда то марзи  Тоҷикистон низ расидааст. Бархе  аз ҷавонони гумроҳро  бо ҳар баҳона ва ҳавасмандии бардурўғ ҳаммаслакони падидаҳои номатлуб ба сафҳои худ ҷалб кардааст, ки ҷони худро қурбони ормонҳои бегонаву муғризона мекунанд.  Аз гуфтаҳо бармеояд, ҳамаи қишри ҷомеа бояд масъулият ҳис намоянд ва баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ саҳми худро гузоранд. Мо шањрвандон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода барои пеш рафтани љомеаи њуќуќбунёду дуниявии Тољикистони азизамон тамоми кўшишњоямонро ба харљ дињем, ва нагузорем, ки ѓояњои бегона ба руњияи мо таъсири худро гузораду ба њаёти осоиштаи мо халалдор гардад.

 

Исмоилова С.К., ассистенти кафедраи МО ва ФДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

 Сиду сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

 

 

 

 

Наврасону ҷавонон ҳамчун гурўҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ фаъолтарин иштирокчиёни низоъҳо ва ташкилотҳои гуногуни харобиовар, аз ҷумла созмонҳои ифротӣ мебошанд. Майли ифротгароӣ дар насли ҷавони муосири ҷумҳурӣ воқеист ва аз ин рӯ таваҷҷӯҳ ва омӯзиши амиқро тақозо мекунад. Ҷавонони муосир дар пешорӯи дигаргуниҳои бузург, номуайянӣ ва номуайянии бузург қарор доранд, ки дар навбати худ нигаронии онҳоро нисбат ба ояндаашон зиёд намуда, хоҳиши аз байн бурдани ин ташвишро ба вуҷуд меорад, мутаассифона, на ҳамеша бо роҳҳои созанда.

Рафтори харобиоварро рафторе меноманд, ки ба меъёрҳо ва нақшҳо мувофиқат намекунад ва ба қатъи рад кардани нуқтаи назари алтернативӣ нигаронида шудааст. Дар баробари ин, баъзе олимон истифода бурдани интизориҳои  рафтори мувофиқро ҳамчун нуқтаи истинод (“меъёр”), дар ҳоле, ки дигарон муносибати (стандартҳо, намунаҳо) рафторро афзалтар медонанд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки на танҳо амалҳо метавонанд харобиовар бошанд, балки ақидаҳо (намоишҳо) низ метавонанд. Шаклҳои рафтори харобиовар ифротгароӣ, терроризм ва дигар дуршавӣ аз рафтори меъёриро дар бар мегиранд. Ба эътиқоди олимон, ифротгароӣ ва терроризм ҳалқаҳои занҷири мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд мебошанд: радикализм – ифротгароӣ – фанатизм – терроризм. Радикализм (аз лот. radix - реша) маънои майли ба хулосаҳои ниҳоии мантиқӣ ва амалии худ овардани ақидаи сиёсӣ ё дигарро дорад, бидуни тоқат накардан ба ягон созиш. Экстремизм (аз лотинӣ ехtremus - ифротӣ) ҳамчун пайравӣ ба ақидаҳои шадид ва чораҳои радикалӣ тарҷума карда мешавад Фанатизм (аз лот. fanum - қурбонгоҳ) пайравии қатъӣ ва ғайриалтернативии шахс ба ақида ва эътиқоди муайянест, ки қариб ҳама гуна фаъолият ва муносибати баҳодиҳии ӯро ба ҷаҳони атроф ба таври қатъӣ муайян мекунад.

Маҳз ҷавононе ҳастанд, ки гурӯҳи хавфи ба амалҳои таҷовузкоронаи ифротгароӣ майлдоштаро намояндагӣ мекунанд. Ба ҷавонон вобаста ба синну соли худ чунин хислатҳои равонӣ, аз қабили максимализм ва нигилизм, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, бепарвоӣ ва оштинопазирӣ, майли гурӯҳбандӣ, ноустувории ҷаҳонбинӣ ва нокомиҳо дар ҷустуҷӯи худшиносӣ хосанд, ки дар шароити муайяни зиндагӣ ва мавчуд будани мухити ғизоӣ, метавонад хамчун ангезаи фаъолияти зиддичамъиятии онхо амал кунад.     Мушкилии вазъияте, ки ҷавонони муосири Ҷумҳурӣ дар он қарор доранд, аз он иборат аст, ки дар ҷомеаи ноустувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, хатари баланд, мушкилоти худмуайянкунии иҷтимоӣ, интихоби ин ё он стратегияи мушаххас дар раванди ҳамгироии иҷтимоии ҷавонон дар бӯҳрони ҳувияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ сурат мегирад. «Экстремизм ва терроризм, — кайд мекунанд Л. Дробижева ва Е. Пайн, — бо вирусе ки инсоният аз ягон чо гирифта шудааст, мукоиса кардан мумкин нест. Ин бемории дохилии ӯ аст, ки асосан дар натиҷаи рушди нобаробар дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадааст. Муҳаққиқон панҷ сарчашмаи асосии терроризм ва экстремизмро муайян мекунанд:

Аввалан, терроризм ва ифротгароӣ дар ҷомеаҳое, ки ба роҳи таҳаввулот, дигаргуниҳои шадиди иҷтимоӣ дохил шудаанд ва ё дар ҷомеаҳои муосири постмодернӣ бо қутббандии ошкори аҳолӣ аз рӯи хусусиятҳои этноиҷтимоӣ зуҳур мекунанд. Гурўҳҳои маҳдуд ва беҳаракати аҳолӣ иштирокчиёни амалҳои террористӣ мегарданд.

Сониян, тазодҳои иҷтимоъӣ, табақабандии шадиди ҷомеа ба сарватманду камбаѓал, на танҳо фақр ва ё паст будани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ боиси таҷовузӣ гардида, заминаҳои терроризмро фароҳам меоранд.

Сеюм, зуҳуроти ифротгароӣ дар давраҳои ибтидоии навсозии ҷомеа афзоиш меёбад. Дар марҳилаҳои ниҳоии дигаргуниҳои муваффақ зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм якбора коҳиш меёбад.

Чорум, урбанизатсияи нопурра, шаклҳои мушаххаси индустрикунонӣ, таѓйироти сохтори этнодемографии ҷомеа, махсусан муҳоҷирати бетанзим боиси ифротгароӣ ва тақаммулнопазирии ҷомеа мегардад.

Панҷум, дар паҳншавии экстремизми этникӣ ва мазҳабӣ ва терроризм дар ҷаҳони ислом бартарияти режимҳои сиёсии худкома нақши муҳим дорад. Онхо зуровариро хамчун шакли халли зиддиятхои сиёсй ба амал оварда, ба он характери нормаи маданй медиханд.

Экстремизм ва яке аз шаклҳои хатарноки он – терроризм бо суръат тағйир меёбад, мутаассир мешавад, усулҳои харобиоварро аз худ мекунад. Субъектҳои фаъолияти ифротгароӣ аллакай чаҳорчӯби ахлоқиеро, ки қаблан миқёс ва миқёси ифротгароиро бозмедоштанд, паси сар карда, аслан ба тоҷирони прагматик табдил ёфтаанд. Агар қаблан сухан дар бораи терроризми ба истилоҳ “қурбонӣ” (бе олудаҳои ҷиноӣ) мерафт, ҳоло бештари мардум дар бораи заминаи иқтисодии ифротгароӣ ва терроризм ҳарф мезананд. Инро наворҳои видеоии худи амалҳои террористӣ ва оқибатҳои он тасдиқ мекунанд, ки дар асл ба ҷуз ҳисобот ба муштарӣ дар бораи маблағҳои додашуда чизи дигаре нестанд.

Ҷангиёни исломи радикалӣ ба Тоҷикистон асосан тавассути афроде ворид мешавад, ки дар кишварҳои алоҳидаи араб таълим гирифтаанд, ки дар он ҷо ваҳҳобизм ва дигар ҷараёнҳои динии ортодоксӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтаанд ва мегиранд. Таҳдиди возеҳу ошкор ба амнияти миллиро равандҳои сиёсӣ низ ба вуҷуд меоранд, ки тамоюли вайрон кардани фазои умумии ҳуқуқии кишвар тавассути қонунгузории маҳаллӣ, ки аз ҷониби як қисми муайяни элитаҳои минтақавӣ ташвиқ карда мешаванд, эҳсосоти сепаратистӣ, беэҳтиромӣ ба давлатамон бармеангезанд. конунгузорй, ҳуқуқу озодихои инсон ва миллатҳои алоҳида гап мезананд. Маҳз ана барои ҳамин моён омӯзгорон сари вақт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯёён бояд ҷоннок намоем зеро ҷавонон очндасози мо мебошанд.

Дадобоев А.И., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Сиду сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

 

 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик, дар суханронии худ оиди пиряхҳо қайд карданд: “14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин, ки  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.”

Дар ҳақиқат ҳам пиряхҳо ин неъмати бебаҳои Ҷумҳурии азизамон мебошад, ки мо бояд онро ҳифзу ҳимоя кунем. Пиряхҳо дар Тоҷикистон басо зиёданд ва масоҳати на камтар аз 9000 километри мураббаро ишғол мекунанд, ки ин қариб 6 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Онҳо дар баландкӯҳҳо захираҳои бузурги барфу яхро ташкил медиҳанд. Дар ғарби кишвар сарҳади иқлимии барфи абадӣ то баландии 3500-3600 метр, дар шарқ бошад баландии 5800 метр ва ҳаҷми он 559 километри мукааб яхро ташкил медиҳад.

Раванди обшавии пиряхҳо бар асари гармшавии глобалӣ ва як қатор омилҳои дигар, аз се як ҳиссаи ҳаҷми пиряхҳоро, дар ин шаклҳои табии, кам кардааст.

Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. Дарозии онҳо зиёда аз 1,5 км, 16-тои он зиёда аз 16 км мебошад, аз ҷумла пиряхҳое, ки дар минтақаи Қуллаи Истиқлолият (собиқ Қуллаи Инқилоб) дар каторкуҳҳои Язгулем ҷойгиранд. Калонтарин пирях Федченко мебошад, ки дарозиаш 71,2 километр аст ва калонтарин пиряхи арзи миёна ба ҳисоб меравад. Инчунин пиряхи Грумм-Гржимайло ҳаст, ки дарозии он ба 36,7 километр мерасад. Дар шарқи мамлакат калонтарин марказҳои пирях — пуштаҳои Академияи илмҳо, Заалай, Дарвоз, Пётри якум, Язгулем ва Рӯшон мавҷуд аст.

Пиряхшавии зиёд дар Помири шимолу ғарбӣ, ки аз он ҷо дарёҳои Вахш ва шохобҳои рости Панҷ — Бартанг, Ванҷ ва Язгулем ҷорӣ мешаванд, мушоҳида мешавад. Маҳз дар ҳамин минтақа пиряхи калонтарини Федченко, инчунин даҳҳо пиряхҳои дигар, ки маркази бузурги пиряхшавиро ташкил медиҳанд, ҷойгир аст.

Сарчашмаи водиҳои кӯҳиро пиряхҳо ва майдонҳо фаро гирифтаанд, ки ин мавзеъ аз ҷихати географӣ ва геологи барои табиатшиносон ва сайёҳон шавқу ҳаваси зиёд дорад. Майдонҳои барфу пиряхҳои абадӣ дар Помир 8046 километри мураббаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои маркази Помир ҳамаи навъҳои пиряхҳои кухӣ паҳн шудаанд. Диапазони амудии онҳо хеле калон буда, баландии онҳо аз 3000 то 4000 м ва ба ҳисоби миёна зиёда аз 1000 м мебошад. Дар баландтарин қуллаҳо, бахусус қуллаи Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) обшавии барф амалан вуҷуд надорад.

Пиряхҳо захираҳои калони оби тоза ва мӯҷизае мебошанд, ки онро бояд ҳифз ва эҳтиёт кард. Пиряхҳо кафолати таъмин намудани одамон бо оби ошомиданист.

Сатторов Шарифҷон Амирович,

ассистенти кофедраи молия ва қарз

 

 

 

Бо кӯшишҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати кишвр миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони факултети информтика ва энергетика  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо ҷавононро талқин мекунем, ки танҳо илм омӯзанд ва роҳи ростинро пеша созанд.

 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик, дар суханронии худ оиди маросими пӯшидашавии конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ-2023), ки санаи 25 марти соли 2023 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, кайд намуданд: “Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем. Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст.  Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад. Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.”

Оре, об дар ҳақиқат неъмати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт дар замин мебошад. Ин моеъи аҷиб як моддаи ҳатмист, ки ҷузъи тамоми организмҳои зинда аст.

Ҷисми инсон 65-75% аз моеъ иборат аст, аммо аз рӯзи таваллуд ин нишондод тадриҷан коҳиш меёбад. Майнаи одам 75-85% ва бофтаи мушакҳо тақрибан 70% об дорад. Об дар раванди ҳозима, хориҷ кардани таксинҳо ва дигар моддаҳо аз бадани инсон ва ҳайвонот нақши муҳим дорад, барои буғумҳои мо ба сифати равған хизмат мекунад ва ҳарорати баданро танзим ва нигоҳ медорад.

Олим ва мутафаккири бузург Абуалй ибни Сино таъкид мекунад, ки об манбаи шифои беморон ва нигахдории тандурустии чамъият мебошад. Хушбахтона, Тоҷикистон аз рӯи шумораи чашмаҳои шифобахш дар байни кишварҳои минтақа дар ҷои аввал аст. Ба монанди: Чашмаи Шахритус Чилу-чор Чашма, Сарчашмаи Кулоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Нияти Панҷакент, Лангари моҳиёни Исфара, Чинори Ашт, Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибй дар кӯҳи машҳури Муғул, Ҳавзи моҳиёни Истаравшан ва дигарон. Обҳои гарм ва маъданро бо мақсадҳои табобатӣ, ҳамчун нушокӣ, барои гарм кардани хонаҳо ва истихроҷи маъдан истифода бурдан мумкин аст. Чашмаҳои маъдании Хоҷа оби гарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хавотог ва Хоҷасангхок (Анзоб) дар Точикистон ва хориҷа машҳуранд. Ба шарофати ин обҳо тамоми эҳтиёҷоти инсон ва олами набототу ҳайвонот бо оби ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.

Тоҷикистон аз захираҳои оби бой буда, 7000 пирях, 155 кӯли ҳаҷмашон гуногун, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оддӣ, маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ба Тоҷикистон дарёҳои Вахш, Зарафшон, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон ва Панҷ чорӣ мешаванд. Онҳо на танҳо киштзорҳои Точикистонро, балки Узбекистон ва Туркманистонро хам обёрӣ мекунанд. Баҳри Арал, ки ҳоло хушк шуда истодааст ва метавонад ба минтақаи Осиёи Марказӣ хисороти зиёд расонад, аз ду дарёи калонтарин Сирдарё ва Амударё пур мешавад. Ин дарёҳои калон бошад аз кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон ҷорӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, мо бояд ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти об, беҳтар намудани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он аҳамияти хоса зоҳир намоем.

Сатторов Шарифҷон Амирович,  ассистенти кофедраи молия ва қарз

 

 

Дар замони пешрафти техникаву технология, ки кишвари мо сол то сол ба он ноил мегарданд, нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла,  собиқ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Масалан онҳо дар ояндаи наздик мехоҳанд Иттиҳодияи опозитсионии наверо таъсис додани ҳастанд.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо – ҷавонони донишкада рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун        тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд.

 

 

Сол аз сол обшавии пиряхҳо ба таври назаррас маъмул гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бидуни маълумоти соҳавӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ аз ин хатари ҷаҳонӣ маълумот доранд. Дар он мавзеъҳое, ки 50 сол пеш сармои абадӣ буду дар он ҷо барф мехобид, акнун қишри кӯҳи намудор шуда истодааст. Дар мақолаи мазкур оид ба сабаб ва роҳҳои ҳифз ва бартарафкунии обшавии пиряхҳо роҷеъ ба мақолаҳои олимони ҷаҳонӣ оварда шудааст.

Ихроҷкунии бевоситаи дуди оташи дар табиат мавҷуд буда, таъсири дуди он ки ба атмосфера ихроҷ мешавад, обшавии барфу пиряхҳоро метезонад. Заррачаҳои дар натиҷаи кори муҳаррикҳои дизелӣ, метан ва дигар намуди газҳои зараррасони ба атмосфера ихроҷшаванда қишри озонии атмосфераро сӯрох намуда, ба тағйирёбии иқлим сабаб шуда истодааст. Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳалли масъалаҳои хусусяити экологӣ дошта дар имконияти танҳо як давлат нест, инро метавон дар якҷоягии давлтҳо ба ҳадаф расид. Ҳамаи ин масъалаҳоро Тоҷикистон ва роҳбарияти он ба хубӣ дарк намуда, пешниҳодҳои худро дар арсаи байналмиллалӣ арзёбӣ намудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба роҷеъ ба ин масъалаи мубрами рӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ибрози ақида карда буданд. Маротибаи дигар дар Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (15.12.2022) қайд гардид, ки қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо дарназардошти ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пайгирӣ намудан ва ҳалл кардани масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- эълон гардидани 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- дар назди СММ таъсис додани фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо. Дар соли 2025 доир намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Тавре Президенти кишвар таъкид мекунад, дар даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо ҳарчи бештар тағйироти ҷиддиро дар иқлим мушоҳида карда истодаем. Зимистони мо хунуку дарозтар, тобистони мо гармтару хушктар шуда истодааст. Ба ин муносибат талабот ба қувваи электрикӣ ва манбаҳои об хеле афзуд. Ба ғайр аз ин, сикли гидрологи низ тағйир меёбад, ки ин боиси тағйир ёфтани маҷрои дарёҳо дар минтақа ҳам аз чиҳати ҳаҷм ва чӣ аз ҷиҳати вақт мегардад. Дар ин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи тавлиди нерўи барқ ва танзими захираҳои оби минтақа қодир нестанд талаботи рўзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиётро қонеъ созанд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ бо норасогии об рӯбарӯ шуданд.

Дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пиряхҳо мавҷуд мебошад, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як манбаи асосии захираҳои об буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии пиряхҳо шиддат гирифтааст, дар кишвар маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст, ки ин масъалаи муҳимро амиқ омӯхтааст. Дар баробари пажӯҳиш, ин марказ ба нақша гирифтааст, ки манбаи обро назорат кунад ва харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода кунад. Факултетҳои географии донишгоҳҳо оид ба пирьяхшиносӣ мутахассисон тайёр мекунанд, то ки онҳо дар давоми даҳсола тадқиқоти махсусро ба ҷо оваранд.

Гуфтан зарур аст, ки хатарҳои обшавии пиряхҳо ба оқибатҳои хеле шадид оварда мерасонад. Хатарҳои обшавии пиряхҳо ба норасоии оби ошомиданӣ ва хушксолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ: обхезӣ ва боронҳои шадид, ярч, тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, паст рафтани рушди кишоварзӣ, аз байн рафтани чарогоҳҳо, кам шудани оби полезӣ оварда мерасонад.

Аз ҳама ташвишовараш дар он аст, ки ин хатар боиси баланд шудани сатҳи камбизоатӣ, норасогӣ дар таъмини аҳолӣ бо об ва озуқа гардида, ба сар задани муноқишаҳо барои тақсимоти об байни давлатҳо ва сарҳадҳо оварда мерасонад.

Дар давлатҳои Аврупо барои пешгирии оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва обшавии пиряхҳо аллакай чорабиниҳо татбиқ шуда истодааст. Ё худ ба иқтисод ва экологияи сабз гузариш карда истодаанд. Мо бояд дар амал барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ дар байни халқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Тарғиб кардани коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар маданияти шаҳрдорӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар сохтмони сарбанд ва обанборҳо боиси пешгирии ин масъала мебошад. Зиёд намудани масоҳати ҷангалҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ низ яке роҳҳо пешгирӣ мебошад.

Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистон 98% неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи табиӣ истеҳсол мешавад, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия тааллуқ дорад.

Бояд гуфт, ки тамоми ҳадафҳои кишвари мо ба устувории экологии сайёра нигаронида шуда, бештар прогрессивӣ мебошанд. Яъне тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳои бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати ин соҳаро фаро мегиранд.

Бо дарназардошти проблемаи глобалии обу иқлими мазкур ҳамаи пешниҳодҳои Ҷаноби олиро мо ҳамчун миллати давлати ташаббускор зарур аст, ки ҳамаи чорабиниҳои банақшангирифтарро мақсаднок дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Маҳмудова Ф.М.,

омӯзгори кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ

 

 

 

 

Ташвиқи фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто оғози бузургтарин донишгоҳи исломӣ, ки солҳои наздик ба истифода дода мешавад, далели гуфтаҳои болоист.

Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем .