20 май дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани Шаҳодатномаи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба донишҷўён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳфилу чорабиниҳои гуногун вобаста ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон идома доранд.

-Бо  истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ҷавонони шоистаи Ватанро бо фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, рўзгори хушу хуррам ва дар омўзиши илму дониш дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям, - илова намуд Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки бо назардошти мақом ва рисолати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда,  барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.

Муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил бо тамоми таҷҳизоти навини технологии муосир, сохтмони иншоотҳои таълимии замонавӣ, майдонҳои варзишии ба талабот ҷавобгў, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят барои донишҷуён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, эълон гардидани озмуни китобхонӣ таҳти унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» аз иқдомҳоест, ки имрўз дар марҳилаи бунёдкорӣ ва созандагиву ободонии кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонон равона гардидааст.

Аз ҷониби дигар, таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст бо кадрҳои баландихтисос, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва таваҷҷўҳ бобати омўзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин раванди босуръати компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ воқеияти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси қарори Раиси вилоят аз 22 апрели соли 2019, «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2019» барои донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят беш аз 130 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Дар озмун барои дарёфти стипендияи мазкур баъди баргузории озмунҳо беҳтаринҳо муайян шуда, аз 320 нафар довталаб танҳо ба 130 нафар муяссар гардид, ки сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд шаванд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъол шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки 4 нафар магистрантон ва аспирантон – Ғаниҷон Сафаров, Насиба Дадобоева, Субҳон Мазбудов ва Сайёд Ашӯров,   12 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада – Абдулҳафиз Дадобоев, Фаризахон Мӯҳсинзода, Мӯҳсинҷон Ҷӯраев, Илҳомҷон Сулаймонӣ, Саидиқбол Сангинов, Мирзоравшан Норов, Сӯҳроб Ишонов, Низомиддин Ҳакимхоҷаев, Гулчеҳра Ҳомидова, Фирдавс Халилов, Абдуқаюм Қодиров ва Каромат Абдуллоева ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф гардиданд.

Дар таърихи 19- майи соли равон дар маркази вилояти Суғд даври аввали мусобиқа байни донишҷёни мактабҳои олии вилоят оид ба шоҳмот баргузор гардид. Ҳафт нафар донишҷӯёни донишкада чор нафар писарҳо ва се нафар духтарҳо ширкат варзиданд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи ихтисоси 1.25.01.04 тб  Саидов Олимҷон ва донишҷӯи ихтисоси 2.44.01.01 та Ҷалолов Абдурасул  барои ишғоли ҷои якӯм сазовори медали тилло гардиданд.  Донишҷӯён  Тӯчиев Баҳодур  ихтисоси 1.37.01.07 тв,   Ғафурова Парвина,  ихтисоси 2.50.01.02 тб,  Қосимова Рухшона  ихтисоси 1.50.01.02 тб ва Абдурахимова Мухлиса  ихтисоси 1.50.01.02 тб  барои ишғоли ҷои сеюм сазовори медали биринҷи гардиданд, ҷоизаҳо дар ваъзияти тантанавӣ аз тарафи сардоварӣ мусобиқа ва кормандони маъсули шӯъбаи вилоятии кор бо ҷавонон супорида шуд.

    Даври дуюми  мусобиқа дар шаҳри Душанбе аз 5 май то 10 майи соли равон баргузор гардид, ки дар  он ду нафар донишҷӯёни донишкада Саидов Олим  донишҷӯи ихтисоси 1.25.01.01 тб ва Тӯйчиев Баҳрдур донишҷӯи ихтисоси 1.37.01.07 тв дар ҳайати дастаи вилояти Суғд ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқаи ҷумҳуряви  Саидов Олимҷон бо гирифтани ҷои сеюм сазовори медали биринҷи гардид. Мо ин ғолибиятро барои ҷоизадорон табрик менамоем. Ин донишҷӯи азоёни маҳфили “ Дӯстдорони шоҳмот ”, ки дар таҳти роҳбарии устод  Бӯриев А.Б.  амал мекунад мебошанд.

  Мо ин музаффариятҳоро барои устод Бӯриев  А.Б., ки мурабии ин варзишгарон мебошанд, шодбош мегӯем.

              Сармуалими фанни тарбияи ҷисмонӣ    Абдуев А.   

Бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мусобиқа оид ба шоҳмот байни устодон ва кормандон баргузор гардид. Дар мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони донишкада ширкат варзиданд ва барои ғолибият ҷидду ҷаҳд намуданд. Пас аз ҷамъбасти мусобиқа маълум гардид, ки устоди донишгоҳ дотсент Бӯриев Абдуқаҳҳор Бӯриевич сазовори ҷои якум, декани факултаи информатика ва энергетика дотсент Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич мақоми дуюмро ишғол намуд. Устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Акбаров Акбар Аслонович ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар байни факултаҳо ҷои аввал насиби факултаи сохтмон ва нақлиёт, ҷои дуюм насиби факултаи информатика ва энергетика ва ҷои сеюм насиби факултаи муҳандиси иқтисодӣ гардид. Мо ғолибиятро ба ин устодон ва кулли кормандони факултаҳои ғолиб  сидқан табрик менамоем.

 

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва мубориза бар зидди нашъамандӣ бо донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ гузаронида шуд. Мулоқот  дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сурат гирифт.  Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ баён доштаанд, ки “...Озодиву истиқлолият бояд ҳамчун дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиамон чун гавҳараки чашм ҳифз карда шуда, хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, муомилоти  гайриқонуни  маводи мухаддир  нашъамандӣ ва омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шавад. Зеро вазифаи ҳар яке аз мо муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми шарифи кишварамон ва мусоидат намудан дар суботу оромӣ дар Тоҷикистон мебошад”.

Мулоқотро муовини директор оид ба илм Мақсудов Хуршед оғоз намуда, зикр кард, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар қатори дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа барои солимии шахс ва миллат хатари зиёд дорад.  Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин амали ногувор муборизаи қавӣ мебаранд. Тавсеаи якчанд қонуну барномаҳои стратегӣ барои коҳиш нашъамандӣ бешубҳа мусоидат намуд. Аммо ҳанӯз ҳам ин беморӣ хосса миёни ҷавонон зиёд паҳн шудааст. Азбаски Тоҷикистон дар сарҳади кишвари истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар - мамлакати Афғонистон қарор дорад, интиқолу паҳни маводи мухаддир зиёд ба чашм мерасад. Хушбахтона, таъсиси  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи қонуншиканиҳо мегардад.

Дар мулоқот намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Аҳмадзода ширкат варзида, оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷиаовари маводи нашъадор сухан ронд. Номбурда аз таҷрибаи кории худ мисолҳои мушаххас оварда, бо донишҷӯён мулоқоти озоду шаффоф намуд. Донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, ҳамзамон ба саволҳои намояндаи Раёсат ҷавобҳои қаноатманд доданд.

Ҷамшед Аҳмадзода зикр намуд, ки тибқи омори Маркази наркологии вилояти Суғд 1012 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 300 нафар  дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Мутаассифона, байни онҳо занону духтарон низ ҳастанд, ки 34 нафарро ташкил медиҳанд. Дар охир қйд намуд, ки ҷавонон зиракиро аз даст надода, ба дӯстону ҳамсолони худ ҳушдор диҳанд, ки аз ин доруи марговар даст кашида, рӯ ба зиндагии солим ниҳанд.

Донишҷӯён аз вохӯрии мазкур бардошти хубе гирифта, оид ба сабаб ва оқибатҳои нашъмандӣ ҳушдор гардиданд.  

Бахшида ба солҳои 2019-2021 Солҳои ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ва сайёҳӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи Карате-дои миллӣ ва Годзю-рюи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 20-ум то 28 апрели соли равон мусобиқаи варзишии вилоятӣ доир гардид.  Мусобиқа  оид ба Карате-до Годзю-рю байни ҷавонони синну соли то 21 сола сурат гирифт. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи донишкадаи мо низ иштирокчӣ ва ғолиби мусобиқаи мазкур гардид.

Раҳматов Иқбол, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 74.02.02тБ дар ду марҳилаи мусобиқа қувваозмоӣ намуд. Аввалан дар вазни 74 кг соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар даври ниҳоӣ дар вазни 79кг ҳарифи худро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба Иқбол дар вазъияти тантанавӣ дипломи дараҷаи 1 ва медал бо туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Бояд қайд намуд, ки Иқбол дар ҳақиқат маҳорати касбии варзишии баланд дорад.

Боиси ифтихори мост, ки сафи варзишгарон дар донишкада рӯй ба афзунӣ ниҳода, ғолибиятҳои пайваста насибашон гардида истодааст. Аз номи кулли варзишгарони донишкада минатдории худро ба Раёсати донишкада барои дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба мерасонем.

Раҳматов Иқболро бо пирӯзӣ табрик намуда, фатҳи қуллаҳои баландро дар ҷодаи варзиш хоҳонем.

Абдуев А.

устоди ДПДТТ дар ш.Хуҷанд

ба номи академик М.Осимӣ

Дар доираи таҷлили 74- умин солгарди Рӯзи Ғалаба алайҳи Германияи фашистӣ бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони донишкада санаи 8 – май дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо ҷанговарони интернатсионалистӣ доир гардид.

Содиқов Комилҷон, раиси Шӯрои иттифоқи интернатсионалистони вилоят зимни баромад зикр дошт, ки 30  сол қабл ба мулки Афғонистон дар қатори садҳо ҷавонони шӯравӣ ҷавонони тоҷик низ ба ҷанг рафта, 87 нафар дар ҷангҳо қурбон шуданд.  Аз миёни фиристодаҳои вилоят 67 нафар соҳиби ордену медалҳо гардида, як нафар, Набӣ Акрамов аз шаҳри Истаравшан бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуд.

Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих, дорандаи ордени сурх, ҷанговари интернатсионалист аз оқибатҳои ҳузновари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба гирдоби ҷанг 72 давлат ғӯтавар гардида, 110 миллион ҷанговар дар он ширкат варзид. Мутассифона, беш аз 65 миллион нафар дар ин ҷанг қурбон шуданд. Аз мамлакати паҳновари шӯравӣ бошад, беш аз 27 миллон аҳолӣ фавтиданд. Аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар дар ҷанг ширкат варзида, 65 ҳазор нафар ба унвонҳои баланд соҳиб гардиданд.

Навори омодакарда ва бахши фарҳангии донишҷӯён бозгӯи арҷгузорӣ ба заҳмати бобоён маҳсуб меёбад. Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.         

 

30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

 

Ҷавонон нерӯи созандаи рушди босуботи кишвар буда, ояндаи миллат дар дасти онҳост. Ҳамасола 23-май дар қаламрави кишвар Иди ҷавонон ботантана қайд карда мешавад. Бахшида ба моҳи ҷавонон факултети сохтмон ва нақлиёт тасмим гирифт, ки чорабинии идонаро дар хобгоҳи донишкада барои бошандагони он намоиш диҳад. Донишҷӯёни фаъоли факултети сохтмон ва нақлиёт, ки дар чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он фаъолона ширкат меварзанд, дастагули барномаи фароғатии хуберо пешкаши ҳозирин намуданд.

Чорабинӣ бо шеърҳои тараннуми Ватан, васфи Тоҷикистон, ҷавониву даврони хушбахтӣ оғоз ёфт. Сурудҳои ҷолиб аз ҷониби донишҷӯёни хушсадои факултет хотири ҳамагонро боз ҳам болида намуд. Дастаи ҳозирҷавобони факултет низ бо як диди хос баромад намуда, табъи ҳамагонро шод намуданд. Рақсҳои мафтункунандаи донишҷӯдухтарони факултет ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид. Устодони донишкада Темирова М., Хайруллоева Н., Ҳусаинова Ф., Икромова А. ва дигарон низ дар чорабинӣ иштирок намуда, донишҷӯёнро бо Иди ҷавонон табрик намуданд.

Донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқомат дошта барои чунин чорабинии пуршукӯҳ арзи сипоси худро ба деканати факултети сохтмон ва нақлиёт мерасонанд.

 

 

Гоҳе сари андешае ҳастам, ки агар мо имрӯз дар Афғонистон ва ё дигар мамлакатҳои арабӣ, ки мавҷи ҷангу хурезӣ дар авҷ аст, зиндагӣ мекардем, ҳоламон чӣ гуна мешуд? Вақте ин сатрҳоро менавиштам, ба ёдам яке аз корномаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафари корӣ ба Афғонистон омад. Намедонам кадом солҳо буд, вале амиқани миёнаҳои солҳои навадум буд, ки Роҳбари давлати тоҷикон, ки аллакай миёни дигар давлатҳои дунё ба хотири тинҷу ором кардани кишвари худ маҳбубияти хос доштанд, аз Бурҳониддин Раббонӣ Президенти вакти Афғонистон хоҳиш карданд, ки асирони давлати шӯравиро раҳо кунанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки тайи беш аз 5 сол аз мамлакати паҳновари шӯравӣ ҳазорҳо афсарону аскарон дар ин мулк асир монда буданд. Ҳарчанд дар  ин самт борҳо гуфтушунид шуда бошад хам, натиҷае ба бор наомада буд. Бо як сухан ва хоҳиши ин абармарди таърихӣ зиндониҳо раҳо шуданд. Ё агар дар хотир дошта бошем, асирони зиндонии тоҷики Гуантанама маҳз бо пойфишориҳои Пешвои миллат озод шуда буданд.

Хислати гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар дар рагу хуни мо тоҷикон маскан гирифтааст. Ва ин хиради азалиро Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ дастури ҳамешагии худ хонда гуноҳи садҳо нафарро бахшиданд. Фарҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба зуҳури терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон рост омад. Ин амали номатлубро  имрӯз вабои аср унвон кардаанд. Ин амали нораво хонадони миллионҳо нафар сӯзонд. Мутаассифона, бинобар гумроҳӣ ва нодонӣ садҳо ҷавонони мо ба хотири таассуб, пулу мол бандии манқуртон гардида, худ манқурт мешаванд. Аз рӯзгори нафароне, ки ба хотири ҷиҳод ба мулки бегона рафтаанд, даҳҳо  гузоришҳо пахш шудаанд. Аламовар он аст, ки ҷавонон аз паи худ зану фарзандонро бо худ мебаранд ва ҳоли онҳо дар дашнҳои лабташтани пур аз борути тир чигуна аст, мо дидаем. Борҳо ашки талхи модарону падаронро бинобар фавти фарзандон мушоҳида кардаем.

Сарвари хирадманду миллатдӯсти мо борҳо ба сокинони кишвар муроҷиат карда гуфтаанд, ки биҳишти рӯи замин маҳз Тоҷикистон  аст. Ва он нафароне, ки аз роҳи ихтиёркардаашон сидқан пушаймон мешаванд, бо дастури Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Мо хуб медонем, ки дар ин миён садҳо ҷавонони дар мактабҳои динии мамлакатҳои арабӣ мехонда ба кишвар оварда шуда, ба онҳо шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон даҳхо оилае, ки дар хориҷи кишвар сарпаноҳ надоштанд, ба кишвар оварда шуд.

Хушхабари дигаре, ки бевосита рӯҳияи кулли мардуми кишварро болида намуд, ин овардани 80 нафар кӯдакону оилаҳое, ки дар Сурияву Ироқ ҳастанд мебошад. Ҳоло таърих ёд надорад, ки сарнавишти як миллатро роҳбари хирадмандаш бо чунин дилсӯзӣ аз хафу хатарҳо эмин дошта бошад. Бо ин иқдоми инсондӯстӣ, миллатпарастӣ ва соҳибдилии хеш Президенти кишвар воқеан ҳам мардумии будани худро исбот сохтанд. Ин гуна борикназарӣ, жарфандешӣ, дилсӯзиро миллати тоҷик замони роҳбарии абармарди миллат Бобоҷон Ғафуров солҳои 50- ум ва 60 уми қарни гузашта эҳсос намуда буд. Акнун мо миллати соҳибиқболем, ки ба чунин рӯзи мурод расидем. Пас мегӯем, ҳалолат бод эй миллати хушбахту комгор!

Усмонҷон Ахмедов,

ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсияи

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 27-уми апрел ва 4-уми майи соли равон шанбегии умумивилоятӣ эълон гардида буд. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуда, ҳамаи факултетҳо саҳми худро дар ободии донишкада ва гирду атрофи он гузоштанд. Аз ҷумла, донишҷӯёну устодони факултети сохтмон ва нақлиёт бо дарки масъулияти баланд дар тозагии донишкада дар шанбегӣ фаъолона иштирок намуданд. Барои гузаронидани шанбегӣ аз тарафи факултети сохтмон ва нақлиёт нақшаи корҳои ободонӣ ташкил карда шуд, ки мувофиқи он бояд атрофи факултет ва СХТА, роҳравҳо, дару тирезаҳо, гирду атрофи озмоишгоҳҳои кафедра тоза карда шуда, бехи дарахтони назди факултет нарм карда шавад. Донишҷӯёну устодон бо роҳбарии деканати факултет ҳамаи корҳои ободонии банақшагирифтаро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, муҳити онро тозаву озода гардониданд. Факултети сохтмон ва нақлиёт боз ҳам кӯшиш менамояд, то барои ободонии донишкада аз ин бештар саҳми арзандаи худро гузошта, барои табиату намуди зоҳирии зебои он кӯшиш намояд.

 

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 10-майи соли равон конференсияи илмии вилоятӣ таҳти унвони “Ватандӯстии ҷавонон-омили рушди босуботи кишвар” дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Барои иштирок дар конференсия олимон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, ҷавонон ва дигар шахсон даъват карда мешаванд. Мақсади баргузории конференсияи мазкур ин дар замири ҷавонон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи рост ва бо ҳамин васила таҳкими дӯстиву рафоқат байни манотиқи гуногуни вилоят мебошад.

Кори конференсия аз рӯи чунин самтҳо ҷараён мегирад:

Бахши 1. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол – ҷонибдор ва идомабахши сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат.

Бахши 2. Ҳисси ватандӯстии ҷавонон – фишанги асосии пешбарандаи ҷомеа.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ

Шакли иштирок: ғоибона, иштирок бо маъруза.

Талаботи оро додани мақола:

Мақолаи илмӣ бо ҳуруфи Times New Roman TJ, андозаи 14, ҳудуди байнисатрӣ 1,5, аз тарафи чап 3 ва аз тарафи рост 1,5, аз боло ва поён 2см бояд навишта шавад. Иқтибосҳо дар қавси чоркунҷа [1, саҳ 23] оварда шавад. Ҳаҷми мақолаи илмӣ бояд аз 5 то 10 саҳифаи чопӣ бошад.

Ба мақолаи илмӣ бояд тақриз, ки аз ҷониби роҳбари илмӣ навишта шудааст, замима карда шавад.

Мақолаи илмӣ ва дархост барои иштирок ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд, к.К.Хуҷандӣ 81) то санаи 08.05.2019 фиристонида шавад.