Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҳама ҷуҳуриҳои собиқи онро бӯҳрони шаддиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ фаро гирифта буд. Дар натиҷа робитаҳои иқтисодии ҳаётан муҳимме, ки ин давлатҳоро мепайваст барбод дода шуд, зиндагии мардум тоқатфарсо ва рӯз ба рӯз вазнинтар мегардид, норозигӣ меафзуд. Мо, насли калонсол шоҳиди бевоситаи солҳои аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем, маҳрумиятҳо ва зиддиятҳо, вазъи мураккаб, душвор ва муташанниҷи кишварро аз сар гузаронидаем. Нооромӣ ва эътирозҳо дар ҷумҳурӣ дар авҷ буд, ҳамоишҳо ва роҳпаймоиҳои беохир ҳаёти бе ин ҳам вазнини мардумро боз ҳам бадтар менамуданд. Ҳизбҳои зиёди сиёсӣ ташкил шуда, мухолифатро байни омма афзуданд. Билохира, ин ҳама душворӣ ва эътирозҳо, зиддияту душманӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ анҷомид.

      Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллие дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷик нақши муассир гузошт, мамлакатро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ боздошт.

      Раванди расидан ба сулҳи тоҷикон низ маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз ёфт. Барои расидан ба Сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат беандоза бузург мебошад ва беҳуда мардум Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон намегӯянд. Минбаъд Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро маҳз барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ равона намуданд, чунки бе таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ имконнопазир буд.

      Мо, ки шоҳиди ҷанги бародаркуши кишвар мебошем, аз ҳамин лиҳоз, ба қадри Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мерасем ва онро эҳтиром менамоем. Медонем, ки сулҳу субот ва ваҳдат дар Тоҷикистон бо осонӣ ба даст наомадааст, нофаҳмӣ, низоъву хусумат, зиддияту душманӣ ва монеаҳои зиеде сади роҳ мешуданд. Барои ҳамин аз ташаббусҳои хирадмандона ва меҳнату заҳмати бузурги Пешвои миллат дар хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар хуб огоҳ ҳастем. Алҳол, овардани суханони Сарвари давлат оид ба мақом ва арзиши Созишномаро ба маврид меҳисобем: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард ва миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нобудӣ наҷот дод.”

      Маҳз, пас аз имзои Созишномаи таърихӣ имконияти ташаккул ва такомули хоҷагии халқи Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим инкишоф ёфтанд. Аз ин хотир, бояд ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар ин неъмати бебаҳо ва нодирро қадр кунад, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро ки сулҳу субот, оромӣ ва амният роҳи ягонаи пешравӣ ва ободии кишвар мебошад. Мо бояд аҳамияти Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби ҷавонон бо меҳру муҳаббати хосса парвариш намоем, то ин ки онҳо низ ба қадри оромӣ бирасанд, сулҳро ҳифз намоянд ва саҳми арзандаи хешро дар рушди ҷумҳурӣ гузоранд.

      Махсусан, имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии ҷаҳон торафт бештар пуршиддат, вазнин ва муташанниҷ мешавад, мақому эътибори Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба маротибҳо афзудааст. Чунки он ба роҳбарон ва сиёсатмадорони ҷаҳон воситаи ҳаллу фаслу бартараф намудани ҷангу хунрезӣ, маҳву харобӣ, зиддияту душманӣ, сарсониву саргардонии мардумро бо роҳи осоишта, тариқи гуфушунид пешниҳод мекунад. Бешубҳа, Созишнома мазкур барои аҳли башар ҳамчун намунаи ибрат барои омӯзиш ва пайравӣ солҳо хизмат хоҳад намуд.

         Зафар Раҳмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Қарни 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника  буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон - Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ғояҳои ҳизби ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.

 Терроризм (даҳшатафканӣ) шакли ниҳоии хатарноки ифротгароӣ дар миқиёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд.

       Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ доираи васеи мамалакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.

      Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст. Дар ҷаҳони имрӯза кишваре  нест, ки аз таъсири гурӯҳои террористӣ дар олам нигарон набошад.

         Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, даҳшату ҳароси мардуми бегуноҳ, куштори занону кӯдакон, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд.

           Имрӯз аз ҳодисаҳои харобовари дар давлатҳои Шарқи Наздик ба вуҷудомада хулоса баровардан мумкин аст, ки васеъ гардидани амалиётҳои террористӣ ва умуман терроризми байналхалқӣ ин маҳсули давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба мақсади пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ мебошад. Ин давлатҳои абарқудрат бо мақсади фароҳам овардани “Озодиву демократия”, баҳонаи барҳам додани “Диктаторҳо“, кофтукови беасоси яроқи химиявӣ дар ин кишварҳо оташи ҷанги байни мусулмононро аланга андохта, дар заминаи ин нобасомониҳо боигарии ин кишварҳоро ба манфиати давлатҳои худ истифода бурда истодааст.

            Аз таъсири “дилсӯзиҳои кишварҳои Ғарб” имрӯз зидагии мардуми Либия, Ироқ, Сурия ва Яман харобу коста шуда, шаҳрҳои ободу зебои ин кишварҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Мардуми фирефташуда дар пайи инқилобҳо осоиши рӯзгори худро аз даст додаанд. Дар Либия пеш аз “инқилоб”-и таҳмилдодаи ғарб маоши халқи заҳматкаш дар қиёс ба давлатҳои манотиқи Африқо ва ҳатто Аврупо ба  маротиб зиёд ва фарқкунанда буд. Барои таваллуди ҳар кӯдак аз ҷониби давлат 2 000 ҳазор доллар, барои навхонадорон 64 000 ҳазор доллар ва барои бекорон ҳар моҳ 730 доллар пардохт мешуд. Таҳсил, табобат, барқ ва об ройгон буду 50%-и автомобиле, ки шаҳрванд мехарид, аз буҷаи давлат пардохт мешуд. Алҳол мардуми фиребхӯрдаи ин кишвар, “Ошиқи демократия ва озодии Ғарб”, аз ин зиндагии осудаҳолона носипосӣ карда, дар пайи инқилоби тарҳрезишуда қурбони ҳавою ҳаваси демократияи ғарб гардиданд. Мардуми ин кишвар саросар дар ҳоли табоҳ  ва гуруснагию нодорӣ қарор доранд.

       Чунин мисолҳоро аз ҳаёти пеш аз “Инқилоб”-и мардумони Ироқ ва Сурия низ овардан мумкин аст. Ҳамаи ин бадбахтиҳои ба сари мардуми Шарқи Наздик омада аз амалиётҳои террористӣ, аз кирдорҳои ифротгарои исломӣ мебошанд. Ин қувваҳои иртиҷоӣ дар зери ниқоби дини мубини Ислом кирдорҳои  бадхоҳонаю ғайриинсононаи худро баҳри ба даст овардани ҳадафҳояшон истифода бурда истодаанд. Ҳамин гуна шеваи муборизаро алайҳои озодиву тинҷӣ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон пеш бурданӣ мешаванд.  Имрӯз ҳар фарди солимфикри тоҷик бояд аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми қарни гузашта ва ҳолати имрӯзаи  мардумони Шарқи Наздик хулосаи зарурӣ бароварда, сулҳу суботи устувор, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, зиндагии орому осудаи мардумро чун гавҳараки чашм муҳофизат намояд. Зуҳуроти даҳшатовари терроризм аксаран таҳти шиори динию мазҳабӣ сурат гирифта истодаанд, ки онҳо аслан ба дини мубини Ислом иртибот надоранд. Дар асл бошад дини Ислом терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату баробарӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байни ҳамдигарӣ раҳнамоӣ мекунад.

 Мо, ҷавонон пеш аз ҳама пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, тамоми донишу малакаи худро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз дареғ намедорем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ баромад намуда, терроризму экстремизмро маҳкум менамоянд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеш мубориза ба ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Пешвои миллат бори дигар дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризму экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

          Ин нишондоди Паём ҳамаи моро водор ва вазифадор менамояд, ки ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар озодию истиқлолият, манфиатҳои амниятӣ ва миллию давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намояд. Дар марҳилаи навини таърихи башарият рушд ёфтани фаъолияти таълимотҳои экстримистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани маъсулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем. Ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Падидаҳои номатлубе, ки берун аз маркази ватани мо аз  қабили тероризим ва экстремизм таҳдид менамояд вабои аср буда, хеҷ гоҳ ақидаи мо ҷавонони Ватан дӯсту меҳанпарастро заҳролуд карда наметаванад, зеро мо соҳиби Ватани азиз, фарҳанги воло ва таърихи куҳанро доро ҳастем.

Шарифҷон Сатторов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 05.03.2022 таҳти рақами №07(46).02-133 вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мактуби ирсолнамудаи вазорат аз 30.03.2022, №07 (46).02-125 ва ҷиҳати иҷрои банди 1 протоколи №16/10-82 ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа ва дар асоси  нақша чорабиниҳои ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи илми тоҷик аз санаи 11.04.2022 сол то 16.02.2022 сол дар донишкада ҳафтаи илми тоҷик эълон карда шуд.

Дар ин замина дар факултетҳои донишкада конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, бо мақсади шинос намудани донишҷӯён ба саҳми олимони тоҷик дар пешрафти илми башарият ва бедор намудани шавқи донишҷӯён ба илм ташкил ва гузаронида шуд.

 Санаи 11 апрели соли 2022 дар факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, санаи 13 апрели соли 2022 дар факултетҳои сохтмон ва нақлиёт ва информатика ва энергетика ва санаи 15 апрели соли 2022 дар факултети муҳандисӣ – технологӣ конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо иштироки ҳайати кормандони факултет, докторантон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Маълумотнома

оид ба конференсияи илмию назариявӣ

дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, санаи 11 апрели соли 2022, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ  

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 05.03.2022 таҳти рақами №07(46).02-133 вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мактуби ирсолнамудаи вазорат аз 30.03.2022, №07 (46).02-125 ва ҷиҳати иҷрои банди 1 протоколи №16/10-82 ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа ва дар асоси  нақша чорабиниҳои ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи илми тоҷик, санаи 11 апрели соли 2022, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо иштироки ҳайати кормандони факултет, докторантон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Мувофиқи барномаи конференсия сараввал декани факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ н.и.т. Исломов И.И. конференсияро оғоз бахшида дар бораи зиндагиномаи Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ – академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон суханрони намуд ва таъкид намуд, ки Муҳаммад Осимӣ барои муаррифи намудани илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бисёр заҳматҳо кашида ва соҳиби ҷоизаҳои баланди давлативу байналмилали гаштаанд. Дар синфхонаи И201 ва дар саҳни донишкада намоиши китобҳои олимони тоҷик ва олимони донишкада бахшида ба Рӯзи илми таҷик ба намоиш пешкаш карда шуд.

 

 

Сипас устод Низамитдиннов А.И. доктори фалсафа PhD, сардори раёсати идораи рақамии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ доир ба мавзӯи “Ҷамъбаҳои пешрафти соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд кард, ки донишкадаи мо аввалин шуда дар самти омӯзиши “Зеҳни сунъӣ” аҳмияти ҷидди дода дар ҷодаи ин амал як омӯзишгоҳи “Зеҳни сунъи” ба истифода дода шуд.  Низамитдиннов А.И. доир ба пешрафти ҳолати “Зеҳни сунъӣ” дар кишварҳои тараққиёфта ва ширкатҳое, ки бо коркарди барномаҳои “Зеҳни сунъӣ” карда истодаанд ва сатҳи омӯзиши “Зеҳни сунъӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашт.

 

Ғуломнабиев С.Ғ. – н.и.ф-м., дотсент, мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика доир ба мавзӯи “Рушди илмҳои дақиқ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда ҳадаф ва зарурияти эълон гардаидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта гузашт. Инчунин дар рафти маърӯза соҳаи илмҳои дақиқи дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат рӯ ба тараққи гузошта то ин ҷониб дар омӯзиши фанҳои риёзӣ ва дақиқи элементиҳои истифодаи барномаҳои компютерӣ ва моделиронӣ васеъ паҳн гаштааст, ки ин барномаҳо барои боз ҳам мукаммалтар омӯхтани баъзе масъалаҳои алгебраи хаттӣ ва графиқӣ мусоидат менамояд.

Оқилҷонова Ш.Ю. – омӯзгори калони кафедраи молия ва қарз, доир ба мавзӯи “Банақшагирии стратегии тараққиёти сармоявии минтақа (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)” баромад намуда оили сатҳи сормоявии минтаққа ва омилҳои таъсири сармоягузорӣ барои тараққиёти вилояти Суғд гуфта гузашт. Муаллима таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои пешрафт ва тараққиёт дар вилояти Суғд ин сармоягузорӣ буда имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон ҳама шароитҳои муфид аз тарафи давлат ва ҳукумат пешниҳод карда шудааст.

 Сангинов С.И. – магистранти курси 2 ихтисоси 400301-“Зеҳни сунъӣ” доир ба мавзӯи “Тадқиқоти алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар иқтисодиёт” баромад намуда таъкид кард, ки барои муайян намудани “Кредитный скорин”-и шахсӣ қарзгиранда бо ҷорӣ намудани элементҳои “Зеҳни сунъӣ” ба роҳ мондан яке аз масъалаҳои муҳими имконияти аниқ ва дақиқ муайян намудани қарзгиранда мебошад. Инчунин оиди коэффитсиентиҳои “Кредитный скорин”-и ширкатҳо ва бонкҳои қарздиҳанда магистрантон бо пуррагӣ дар баромади худ гуфта гузашт.

Расми 5 - Рафти маърӯзаи Сангинов С.И. – магистранти курси 2 ихтисоси 400301-“Зеҳни сунъӣ” доир ба мавзӯи “Тадқиқоти алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар иқтисодиёт”

Ахмедова М. А. – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 25 01 04 гурӯҳи “тб” доир ба мавзӯи “Технологияҳои муосири молиявии Fin Tech” баромад намуда, қайд намуд, ки дар асоси таҳлилҳои ҳолати молиявии бонкҳо ва ширкатҳои молиявӣ бо технологияи муосири молиявии Fin Tech имконияти пешгуии ҳолати молиявии корхонаҳо ва бонкҳо фараоҳам мегардад.

Инчунн донишҷӯ қайд намуд, ки технологияи муқосири молиявии Fin Tech барои таҳлили молиявии ширкатҳо ва бонкҳо муҳим буда, вобаста ан нишондоди молияви фаъолияти худро дигаргун карданашон мункин аст. Инчунин донишҷӯ аз ҳолати ҷори шудани технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

 

 

Қодирова М. З. – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 25 01 04 гурӯҳи “тб” доир ба мавзӯи “Механизми истифодабарии Блокчейн (blockchain)” бароимад намуда ҳолати истифодабарии системаи “Блокчейн” дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуфта гузаш ва омори ҳолати трансзаксияҳо бо воситаи “Блокчейн”-ро маънидод намуд. Инчунин донишҷӯ таҳлили вобастагии траснзаксияҳои рақимиро аз воҳиди кории маънидод карда, ки дар шароити рақамикунании системаи идораи траснзаксияҳо истифода ва ба роҳ мондани технологияи “Блокчейн” аз ҷиҳати иқтисоди самаранок буда, воҳи кориро дар ширкатҳои молияви кам мекунад.

Дар анҷоми конференсия декани факултет н.и.т., Исломов И.И. ва Ашӯров С.А. – раиси ҷамъияти илмии донишҷӯён ба кулли иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик меборакбод намуда, ба марӯзачиён сипозгузори намуданд.

 

Маълумотнома

оид ба конференсияи илмию назариявӣ

дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба рӯзи илми тоҷик ва ҳафтаи илми тоҷик дар донишкада, санаи 13 апрели соли 2022, факултетҳои сохтмон ва нақлиёт ва информатика ва энергетика

 

Тибқи дасути Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 05.03.2022 таҳти рақами №07(46).02-133 азорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мактуби ирсолнамудаи вазорат аз 30.03.2022, №07 (46).02-125 ва ҷиҳати иҷрои банди 1 протоколи №16/10-82 ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа ва дар асоси  нақша чорабиниҳои ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи илми тоҷик, санаи 13 апрели соли 2022, факултети сохтмон ва нақлиёт ва факултети информатика ва энергетика конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи  “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо иштироки ҳайати кормандони факултетҳо, докторантон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар даромадгоҳ ва дохили толори асосии намоиши китобҳои олимони тоҷик ва олимони донишкада бахшида ба Рӯзи илми таҷик ба намоиш пешкаш карда шуд.

Мувофиқи барномаи конференсия сараввал раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишкада Ашӯров С.А. ба конференсия ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки ҳафтаи равон дар асоси нақша чорабиниҳои донишкада доир ба рӯзи илми тоҷик дар донишкада ҳафтаи илми тоҷик эълон карда шудааст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат барои ҷалби ҷавонон ба илм якчанд озмунҳо эълон ва гузаронида шуда истодаанд аз он ҷумла озмунҳои “Илм фуруғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Мақсад аз ташкил ва гузаронидани конференсияи имрӯза ин шинос намудани донишҷӯён ба саҳми олимони тоҷик дар пешрафти илми башарият ва бедор намудани шавқи донишҷӯён ба илм мебошад.

Сипас Ғозиева М.С., н.и.т., омӯзгори калони кафедраи ЗД ва Ҷ доир ба мавзӯи “Муҳаммад Осимӣ арбоби барҷастаи илм” баромад намуда оиди ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули он кас ба донишҷӯён ва ҳозирин маълумот доданд.

Баъдан Ашӯров С.А. доир ба мавзӯи “Саҳми олимони тоҷик дар пешрафти башарият”баромад намуда қайд кард, ки саҳми олимони тоҷик дар пешрафти башарият хело калон ва назаррас мебошад. Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар. Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд. Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд. Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем. Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Мавлонова М., магистранти ихтисоси таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо) доир ба мавзӯи “Олими барҷастаи соҳаи нақлиёти автомобилӣ Фатҳиддинов Б.Р.” баромад намуда қайд кард, ки Фатҳиддинов Бойпочо Раҳимович олими барҷаста ва фидоии соҳаи нақлиёти автомобилӣ мебошад. Ӯ устоди ҳамаи нақлиётчиёни Тоҷикистон ё ин ки пирӣ нақлиётчиён ба ҳисоб меравад. Барои пешрафти соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми хеле арзанда дорад.

Додоҷонов Х., докторанти кафедраи сохтмон, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт доир ба мавзӯи “Баланд бардоштани хосиятҳои физикӣ-механикии маснуоти сафолӣ бо иловаи хоки бентонит” баромад кард.

Акрамов Ҷ., магистранти кафедраи А ва ИН, доир ба мавзӯи “Ҷорӣ намудани технологияи муосир барои ташхис ва таъмири муҳаррики автомобилҳои сабукрави минтақа (дар мисоли шаҳри Истаравшан)” баромад кард.

Ҷураев М. М., муаллим коромӯзи кафедраи ТБА, доир ба мавзӯи “Саҳми олимони тоҷик дар рушди энергетика” баромад намуд.

Мирзоев Д.Н., ассистенти кафедраи физика ва химия, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика доир ба мавзӯи “Саҳми олимони тоҷик дар илми физика” баромад намуд.

Турсунова Ш.Н., докторанти PhD, ассистенти кафераи муҳандисӣ иқтисодӣ ва менеҷмент, доир ба мавзӯи “Нақши рушди нерӯи инсонӣ дар саноатикунонии басуръати кишвар” баромад намуд.

Ҷураева Д., докторанти PhD, ассистенти кафераи муҳандисӣ иқтисодӣ ва менеҷмент доир ба мавзӯи “Баландбардории рақобатпазирии кормандони корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар мисоли Фаровон” баромад намуд.

Дар анҷоми конференсия муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У. ва Ашӯров С.А. – раиси ҷамъияти илмии донишҷӯён ба кулли иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик меборакбод намуда, ба марӯзачиён сипозгузорӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Чархи гардун» дар бораи терроризм ва экстеремизм маводе нашр гардида буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёнҳои тунгароӣ шоҳ Абуллоҳи 2 Бини Ал Ҳусейн соли 2004 пешниҳод карда буд, ки идеяи мусалмон-террорист ё мусалмонон паҳнкунандаи террор бояд дар ҷамъият роҳ наёбад. Дар ин маврид Абдуллоҳи 2 таъкид доштааст, ки ҳар гуна куштори дастаҷамъона ё барқасдона бо номи ҳимоят аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Вай ин ин гуна рафторро маҳкум карда, гуфтааст, ки ислом ниёз ба ҳимояти мардуми террорист надорад. Раҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон низ ба шиддат аз нафарони тундгаро ва даҳшатафкан интиқод намудаанд».

 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медоранд, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

 Собиқ президенти Русия Д.Медведев (ҳоло сарвазир) дар ҳамоише аз донишмандони Чеченистон даъват кард, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ намоянд. Президенти он вақтаи Русия Д. Медведев ба мақомот тавсия дод, ки барои фаҳмонидани хатарҳои тундгароӣ ва даҳшатафканӣ дар мактабу донишкада ва муссисоти дигар бо ширкати уламои шинохта семинарҳо баргузор намоянд. Ин пешниҳоди Д. Медведев дар кадом сатҳ амалӣ гашт, ба мо рӯшан нест. Аммо аз чунин як бархӯрд бармеояд, ки мубориза бо тундгароӣ проблемаи тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Дар ҷомеаи ҷаҳон роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро мусалмонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Зуҳуриддин Одилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими  руҳониеро тамошо мекардам. Яке аз бинандагони телевизион нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд. Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд. Ва пас аз ин гуфтаҳо мусоҳибаҳои Муҳиддин Кабирӣ ба хотирам омад, ки зимни ин мулоқот ин “олими нуктадон” аз камбудии ҷомеаи Тоҷикистон ҳарф зада, қайд мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти зиндагии мардум коре намекунад.  

Бармегардем ба масъалаи инсонгароӣ. Магар пушти боимон будани ҷавонони мо ҲНИ меистад? Ё дар мавриди эҳтироми волидон дастандаркорони ин ҳизб саҳм гузоштаанд?  Не, ба хотири он ки тоҷикон аз азал расму русуми худро нигаҳ дошта меоянд. Он насл ба насл омада расида истодааст. Кадоме аз намояндагони ҳизби наҳзати ислом амалан дар шабакаҳои байналмилалии интернет ё васоити ахбори оммаи Русия далерона суханони ин руҳонии Русия, ки дину оинаш дигар аст, гуфтааст: «Ягон нафар». Баръакс, то ҷое иттилоъ дорам, намояндагони ҲХДТ бевосита дар мулоқот бо муҳоҷирин аз кордиҳандаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати шаҳрвандони мо эҳтиёткор бошанд, ҳуқуқу манофеашонро ҳимоя намоянд.

Дар мавриди будани ҲНИ ё набуданаш ҳаминро гуфтаниам. Вақте қонунгузории кишвар кафолати озодии ибодати шаҳрвандонро додааст, чӣ ҳоҷат аст ба ташкили ҳизб, ки рисолаташ аз ин зиёд буда наметавонад. Оё боре ба худ савол додаед, ки дар мамлакате, ки масҷид аз мактаб зиёд аст, чӣ ҳоҷат ба таблищу ташвиқи намозгузорӣ. Оё он нафароне, ки аз «таги нохун чирк» мекобанд, боре андеша кардаанд, ки бо супориши ҳомии миллат барои маънавиёти ҷомеаро боло бардоштан «Қуръон»-ро бо ҳуруфоти кириллӣ баргардондаанд ва пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Дар рафҳои китобхонаҳо, бозору хиёбонҳои кишвар даҳҳо асарҳои динӣ фурӯхта мешаванд, касе кордор нест. Магар ин нест щамхориву меҳрубонӣ?

Дини мубини Ислом ҷузъи маънавиёт, фарҳанг ва рӯзгори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи мо намояндагони бисёр дину мазҳаби дигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи Конститутсия тамоми мардум, новобаста аз мансубияти наҷодӣ ва диниашон, шаҳрвандони баробархуқуқи ҷомеаи дунявии мо мебошанд ва созмонҳои динӣ бояд қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба сиёсат дахолат накунанд. Бояд гуфт, ки дар бисёр мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизбҳои динӣ манъ кар­да шудааст.

Ҳоло дар ҷаҳон бисёр роҳбарони шӯҳратталаб пайдо шудаанд, ки минбарҳои гуногунро барои ба истилоҳ, "ҳимояи ислом" истифода мебаранд. Дар робита ёдовар карданӣ ҳастам, ки Президенти мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 дар баромадаш аз минбари СММ гуфта буд: "Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон кӯшиши баъзе доираҳо гузоштани аломати баробар миёни чунин таҳдидҳои ҳалокатбор, мисли тер­роризм ва ифротгароӣ ва дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Чунин тафсир моҳияти сулҳдӯстонаи исломро таҳриф мекунад ва дар назари ҷомеаи ҷаҳон ин дин ҳамчун манбаи бадию зӯроварӣ менамояд, ки бо ҳамин нисбати тамоми ҷаҳони ислом ҳисси танафурро бедор карда, беихтиёр равияҳои фашистии навбаромад ва шовинистиро дастгирӣ ме­намояд. Ман бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони сангдил ва бераҳме мебошанд, ки ташнаи қудрати сиёсӣ ё ба даст овардани сарват буда, моҳиятан бо дини мубини ислом ягон умумияте надоранд". Президент ин суханонро аз минбари баланд вақте иброз дошт, ки дигар роҳбарони сиёсӣ ҷуръат накарданд, то барои ҳимояи ислом сухане бигӯянд.

Ба фикри коршиносон пешравони динӣ бояд ба ҷомеа дар мустаҳкам кардани пояҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд. Динро аз таассуб бояд фарқ кард. Вақте дини мубини исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, мафкураи шаҳрвандон низ нисбати дини мубини ислом дигар мешавад. Он ҷавононе, ки риш мондаву пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд, бояд донанд, ки асли ин ҳама тоату ибодатҳо шинохти Худованд аст. Худовандро бояд бо дил шинохт на бо симову рафтор. Имрӯз ҷавононе, ки дар пояи дур аз ҳақиқат ҳизби Исломро ягона сипари боадолат ва ҳифзкунандаи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум медонанд, сахт хато мекунанд. Чунки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва тӯли садҳо сол худи шаҳрвандон асолати Исломро кайҳо дарк кардаанд.

Чун дар меҳвари дини мубини Ислом инсон меистад, ҳамаи таълимот ва нишондодҳои он ба инсоният ва зиндагии шоистаи фарзандони одам равона карда шудааст. Дар ин замина нақши масъулият ва ӯҳдадориҳои падару модар нисбати ояндаи фарзандон, таълиму тарбияи онҳо дар оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ ба хубӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар сураи «Луқмон» омадааст:

«Вақте ки гуфт Луқмон ба писараш ва ӯ панд медод фарзандашро: гуфт: Эй писаракам, ба Худо ширк маёр. Чунки ширк гуноҳест бузург.

Эй писаракам, агар гуноҳи ту баробари донаи қаланфур бошад, дар осмонҳо карда бошӣ, ё ки дар замин Худо пешат меорад (дар охират). Чунки Худо  нозукбину бохабар аст.

Эй писаракам, сабр кун ба сахтиҳое, ки ба ту мерасад. Чунки инҳо аз корҳои муҳиманд. Ва турш макун рўятро ба мардум ва дар рӯйи замин мутакаббирона роҳ нагард. Чунки Худо дӯст намедорад ҳар мутакаббири фохирро. Мутавозиона (хоксорона) роҳ рав ва овозатро нарм кун. Албатта, бадтарини овозҳо овози харон аст.

Ҳадисҳои  Пайщамбар (с) бошад, дар масъалаи таълиму тарбия  мефармоянд:

 

«Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед,  фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед.

Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад

Гулнора Юсупова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши оила дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардан ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва фарзандон дар назди ҳамдигар ва қонун як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба табъ расидаанд. Инчунин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо  мақсади ҳимоя ва рушди оила , раванди таълиму тарбияи шоистаи фарзандон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.  

   Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: “Пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст. Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд”. Ин таъкиди Сарвари давлат  мароми асосии фаъолияти ҳизбии мо занон мебошад.

 Ҳарчанд имрӯз Қонун қабул гардидаву чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд, вале то ҳол ҳам волидоне ёфт мешаванд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд фориғболӣ мекунанд ё тарбияи ӯро ба дӯши мактаб ё шахси дигар мегузоранд..   Педагоги шинохтаи рус Сухамлинский гуфтааст: “Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем, пас барои инсон шудан ҳам вақт надорем”.Аз ин рӯ, тарбияи фарзандонро ба дӯши шахси бегона гузоштан аз нотавонӣ ва оҷизии волидон аст. Вазифаи парваришу тарбияи фарзандро ба дӯши дигарон вогузоштан натиҷае ба бор меорад, ки онро ислоҳ кардан як умр ғайриимкон аст. Падару модаронро лозим аст, ки раҳму шафқатро дар қалбашон ҷой дода, фикри ояндаи фарзандонро кунанд ва дасти муҳаббату садоқати худро ба сари меваи умрашон гузоранду меҳрубонона тарбия намоянд.

   Чи тавре ки дар боло зикр гардид, таъсири модар дар рушди маънавию ҷисмонии фарзанд бағоят калон аст. Аз ин рӯ, занону бонувони арҷманди мо ба тарбияи фарзанд бояд  аз хурдсолӣ ҷиддан машғул шуда, дар сари гаҳвора бо шири сафеду аллаи ҷонбахш дар замири кудаки худ меҳри Ватан,хислатҳои ҳамидаи инсониро парваранд. Дар ҳақиқат:

                    Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

                    То ба охир меравад девор каҷ.

 

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Таджикистан – это государство народ, которой принадлежит к священной религии ислам. Религией, которая является источником мира и добра. К сожалению, из-за социально-экономических проблем, к которым можно отнести уровень коррупции и безработицы, неустойчивое финансовое положение некоторые террористические организации, в том числе ПИВТ, постоянно пытаются создать в республике ситуацию, направленную против Правительства РТ, а также основываясь на социально-экономические проблемы пытается внушить неверность политической системы молодежи страны.

В настоящее время, чтобы не допустить присоединение таджикской молодежи к террористическим организациям вузам страны следует в разрезе их воспитательной работы в правильном направлении повысить знания о священной религии ислам и конечно же о деятельности и целях политических организаций, направленных на нарушение спокойствия и мира в стране.

Ввиду запрещенности деятельности таких организаций в стане террористические группировки создают оппозиционные группировки за рубежом. Например, М. Кабири вместе со своими саратниками начали развивать деятельности ПИВТ в нескольких европейских странах. Студенческой молодежи следует знать, что к террористическим организация действующим за пределами республики относится Национальный Альянс Таджикистана в Варшаве, который включает в себя Партию Исламского Возрождения, Форум свободно мыслящих Таджикистана, Ассоциация мигрантов Центральной Азии, где лидером оппозиционной стороны Таджикистана является М. Кабири.

Выше было отмечено, что используя социально-экономические проблемы страны, в частности нелегкое положение мигрантов за рубежом, ПИВТ умело навязывает свои интересы при поддержке иностранных государств. Такого рода зарубежная финансовая поддержка навязывает молодежи нашей страны свои интересы. А такие как М. Кабири, не беря во внимание, что может повлечь за собой их борьба, какие могут  быть жертвы, используя преданность и приверженность большинства населения, в частности молодежи, священной религии ислам просто на просто слепо рвутся к власти.

Против целей ПИВТ, сеющих ненависть к нашей родин и системе ее управления следует бороться путем разъяснения народу настоящих ценностей террористических организаций, воспитания в подрастающем поколении и молодежи любви и преданности родине, благодарности Всевышнему и руководству страны за мир и спокойствие, благополучие и стабильность и путем формирования идеологии и целей объединяющих взрослых и молодежь, за которые готовы бороться все слои населения.

   

Юсупова Г.А.. устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад. Бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем. Маориф пешрафти нерӯи инсонӣ ва Ватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин суханони Асосгузори сулњу вањдати миллӣ–Пешвои миллат воқеан ҳам дуруст мебошад, зеро қувваи зеҳнии насли Тоҷикистонро маорифи мамлакат рушд медиҳад ва ҳатто ояндаи давлат низ аз маорифчиён вобаста аст.

Мо огоҳ ҳастем, ки дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ эълон шудааст. Чун омӯзгор ба андешаи он ҳастам, ки бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба воя расонида, заминаи мусоидро барои рушди ин соҳа фароҳам месозад.

Маорифи миллии мо дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат зина ба зина пеш рафта, боиси муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо талошҳои бевоситаи Пешвои хирадманд ва маорифпарварамон ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо Парчами давлати азизамон Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Ҳамчунин, муҳаққиқони мо рисолаҳои номзадии худро дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо ҳимоя намуда, маорифи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Миллати тоҷик аз қадим риёзидону олимони барҷастаи соҳаи физика, астрономия, тиб ва дигар улумро соҳиб буд, ки аз маҳсули кори олимони барҷастаи мо ҷаҳониён истифода мебаранд. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ барои илми астрономия корҳои мондагорро анҷом додаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Мо бовар дорем, ки солҳои наздик донишмандони ҷавони соҳибистеъдодро дарёфт менамоем. Онҳо барои рушди илми кишвари азизамон таҳқиқоти ҷиддӣ ва муҳимро анҷом дода, хизматҳои шоён ба давлату миллати худ мекунанд.

Эълон гаштани бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ дар соҳаи маорифи кишвар бесабаб нест. Зеро баробари дигар равияҳои илм илми риёзӣ, физика, астрономия низ бояд пеш бурда шавад. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ кам гардид ва ин аз мадди назари Пешвои миллат дур намонд. Бо мақсади ҷалб ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ва кашфи истеъдодҳои нав байни ҷавонон эълони омӯзиши бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ басо муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд   

 

Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии аҳли ҷомеа аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

         Мутаассифона ба ном «донандагони Ислом» имрӯз зери номи муқаддаси ислом ба таълимоте даст мезананд, ки ягон ҳарфи он дар «Қуръони азимушшанъ» наомадааст. Имрӯз ба ном  ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ аз қабили «давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҷунбиши исломии Туркистон», «Чунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул- муслим» ва даҳҳои дигар зери ниқоби ислом ба амалҳое даст мезананд, ки ба он инсони комил қодир нест. Пас ин тоифа пеш аз ҳама инсон нест. Аксари роҳбарони онҳо имрӯз дар мамлакатҳои осоишта зиндагӣ дошта, рулро ба ҳамон саркардаҳои фанатии худ додаанд.

         Ислом солиму солеҳ аст ва танҳо инсондӯстию рафоқатро миёни мардум талқин мекунад. Аммо ҷавонони соддаву гумроҳ ва ноогоҳ ба ваъдаҳои хоҷагон бовар карда, ба хотири маблағи зиёд гирифтану дар сурати фавтидан ба биҳишти адн рафтан ҷони ҷавони худро барвақт қурбон мекунанд.

Инсоне ки Ватанашро дӯст медорад пас вай Худовандро азизу мукаррам медорад. Дар оятҳои Қуръон омадааст, ки шахсе барои ҳимояи марзу буми хеш ҷасорат нишон медиҳад, пас ӯ дӯстдори Худованд аст. Ватани мо Тоҷикистон аст. Пас моро мебояд ин меҳанро ҳимоя кунем, на балки ба Сурияву Ироқ барои «корнамо»-и равем.

Воқеан ҳам тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, беш аз 500 нафар ҷавонони мо имрӯз бинобар гумроҳӣ ҷони худро аз даст доданд. 675 нафар бошанд, имрӯз дар зиндонҳои давлатҳои Скрияву Ироқ қарор доранд. 

Имрўз мо ворисони чунин илму фарҳанги волои инсонӣ бояд нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо зери ҳар гуна идеологияҳои ба ном  «исломи асил» аз нав моро ба гирдоби ҷудоиҳо кашида, ваҳдату ягонагӣ, асолати миллӣ ва ҳуввияти  воқеии дини мубини исломро халалдор бисозанд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар тӯли чанд сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабиниҳо рушди завқи бадеӣ ва боло бардоштани маърифати толибилмон буда, минбаъд барои пеш бурдани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 3-юми феврали соли 2022 таҳти №АП-155 доир ба баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз санаи 11-уми апрел то 15-уми апрели соли ҷорӣ даври якуми озмун гузаронида шуд.  Даври аввали озмун дар факултетҳои донишкада байни донишҷӯён аз курси як то чор тариқи анкета-пурсишнома, ки дар он ҷадвали саволҳо аз миқдори китобҳои хондашуда ва байтҳои ҳифзкарда иборат буданд, гузаронида шуд. Аз байни иштирокчиён донишҷӯёни бисёр қироатнамуда ва ҳифзкарда интихоб шуда, дар даври дувум даъват шуданд. Дар даври дувуми озмун 25 нафар донишҷӯён аз 4 факултет иштирок намуда, 17 нафар баргузида шуданд, яъне онҳо ба даври севум роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки дар байни донишҷӯёни донишкада нафароне ҳастанд, ки бо эҷоди шеър машғул буда, бо шоирони муосир робита доранд ва малакаву истеъдоди худро сайқал дода истодаанд. Инҳо донишҷӯёнии соли дуюм, ихтисоси 2-700201 та Аминзода Абдусаттор ва Деҳқонов Амирҷон ва донишҷӯйи ихтисоси 2-440101 та Олимзода Хусрав мебошанд. Барои аз шеъру шоирӣ бохабар шудан ва инкишофи завқи бадеӣ донишҷӯёни номбаршуда ду сол боз аъзои маҳфили илмии “Фарҳангшиносон” мебошанд, ки роҳбарии онро омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муллоусмонова Г.Ғ. ба зимма гирифтааст. Донишҷӯён бо устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ низ дар самти эҷодӣ пайваста дар алоқа мебошанд. Аксари  иштирокчиёни ин маҳфили номбурда дар озмун иштирок намуданд ва ҷойҳои сазоворро гирифтанд.

Даври донишкадавии озмун дар толори донишкада ботантана гузаронида шуд. Аз ҷониби мудири китобхона ва кормандон намоиши китобҳо ташкил гардид. Донишҷӯён бо китобҳои нави чопгардида шинос шуданд. Толор бо овезаю лавҳаҳои тарғиботӣ оро дода шуда буд. Сухани ифтитоҳиро муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия Ахмедов У. иброз дошта, доир ба мақсад ва моҳияти озмун ҳарф зад ва таъкид карда гуфт, ки имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳо ва макотиби олӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуда истодааст. Дар донишкадаи мо низ озмун ҳар сол дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Инчунин ӯ ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ хоста, зимоми суханро ба мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ҷӯраева Д.Р. супорид. Мавсуф зикр намуд, ки хондани китоб, на балки нутқро инкишоф медиҳаду ба кас завқи бадеӣ мебахшад, инчунин ниҳоди инсониро пок месозад ва ба накукориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Он касе ки пайваста китоб мехонад, тафаккураш низ рушд мекунад ва тавфиқ меёбад.

Бо шукрона аз ваҳдату оромии Тоҷикистон гузаронида шудани чунин чорабиниҳо боиси сарбаландии мост ва моён ҷавобан ба ин дилсӯзӣ ва иқдомоти наку бояд бештар омӯзем, сулҳу суботи кишварро таҳким бахшем, дар амал дониши хешро татбиқ намоем. Баъдан муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия Ахмедов У. ҳамагонро бо ҳайати комиссия ошно намуд.

Раиси комиссияи озмун: Ҷӯраева Д.Р. – мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ.

 

Аъзоёни комиссия:

Мудири  кафедраи забонҳои хориҷӣ: Солиев З.Т.,  омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ:   н.и.ф. Раҳмонов З.А., н.и.п. Темирова Х.И.,  н.и.ф. Раҳматова М., Хоҷаева Н., Файзиева Ш.М. ва котиби озмун: ассистенти кафедра Муллоусмонова Г.Ғ.

Минбаъд иштирокчиёни озмун тариқи қуръапартоӣ ҷойи худро муайян намуда, бонавбат баромад карданд. Ҳайати комиссия тибқи талаботи озмун ба нутқу тарзи баён, хулосабарорӣ ва қироати китобҳои пешниҳодшуда хол гузоштанд. Дар даври сеюм 17 нафар беҳтаринҳо иштирок намуда, ҷойҳо чунин муқаррар гардиданд.

Ғолибони даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

 

Ному насаб

Курс, гурӯҳ

Баҳогузорӣ

Ҷойи ишғолнамуда

Адабиёти ҷаҳонӣ (назму наср)

 

1

Каримова Хушнуда

 

3_45.01.02ра

9 хол (120 асар, 400байт)

I

2

Маҳмудова Рисолатбону

2_40.01.02тб

 7 хол (170 асар, 300 байт)

II

3

Маҳмудова Зебунисо

1_40.01.02та

 6 хол (120 асар, 200 байт)

III

Адабиёти классикии форсу тоҷик (назму наср)

 

4

Бобоев Мӯҳсинҷон

4_44.01.01тб

8 хол (15 асар, 3000 байт)

I

5

Шокиров Пайрав

4_40.01.01та

7 хол (20 асар, 2000 байт)

II

6

Саидов Олимҷон

4_25.01.04тб

6 хол (40 асар, 100 байт)

III

Адабиёти муосири тоҷик  

 

7

Қурбонқулов Ҷаҳонгир

2_25.01.04та

7 хол (10 асар, 1500 байт)

I

8

Шарипов Дониш

4_43.01.03тб

6 хол (40 асар, 250 байт)

II

Эҷодиёти назму наср

 

9

Мавлонова Маърифат

Магистрант,

2-080101

8 хол (100 байт, 10 шеъри чопӣ, 3 монолог, 1 ҳикоя)

I

10

Аминзода Абдусаттор

 

2_70.02.01тб

 

8 хол (210 байт)

II

11

Деҳқонов Амиҷон

2_70.02.01тб

 

5 хол (150 байт)

III

 

Ягона ҳадафе, ки роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ дорад, ин ғасб ҳукумати конститутсионӣ ва харобазор табдил додани ин мамолике, ки биҳишти рӯи олам гаштааст, мебошад. Бори дигар қобили зикр аст, ки агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст. Айнан ба мисоли гуфтаи худи Кабирӣ, ки мардумро ба босмачиёни асри гузашта, табдил медиҳад. Инро албатта мардум рад мекунанд, зеро касе дигар тобу тоқати дидани манзараи ҷангу даҳшатро надорад.

Мардум сарбаланди тоҷик имрўз бо  Пешвои миллати хеш ифтихор доранд, зеро ки ин марди қавииродаву оқил ҳанўз дар давраи мудҳиштаринни кишварамон ба по хесту барои хомўш намудани алангаи оташи ҷанг камар баст. Ин ҷоннисори ба хотире буд, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу дўстӣ зиндагони карда, лаззати истиқлоле, ки солҳо дар интизораш буданд, чашанд.

Муттассифона, имрўз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии Пешво барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузурги” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омўхт. То ин фиребхўрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз кардани шудаанд.

Қабирӣ, Илҳом ва дигар намояндагони “фаъол”-и ТЭТ ҲНИ магар он танқиду тақлиди бемаъниатон ба дилатон назад, зеро он ягон натиҷа надодааст. Ман итминони комил дорам, ки дигар мардум низ ба ин васвасаву шайтонии шумо бовар намекунад, дигар дил хун накунед худро бо чунин оворагиҳо. Дар масъали бадкинагииву ғаразнокиатон гуфтаниам, ки ботинатон пур аз фасод аст, ки ҳатто ба хотире мардум ба суханони Пешвои миллат қарсак мезананд, чашм дўхтаед.

Хушбахтона имрўзҳо аксари мардуми тараққипарвар зўровариву ваҳшоният ва хунхории  низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зўроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зўроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад.

Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои  идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад.

Он дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз, давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, махсусан аз байн бурдани ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи хиндагии миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти баланд ва пурсамари сарвари маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Тамоми миллати тоҷик шоҳид аст, ки баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ халќи тоҷик ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон  ҳазор нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ҳама манзили авлодии худро тарк намуда буданд. 

            Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кўшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро ҶТ ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд