Мусаллам аст, ки амнияти милливу мардумӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат буда, барои таъмини он беш аз пеш талош меварзанд. Аз ин ҷост, ки мо мардуми сулҳхоҳу ватандӯст аз ин, ки нархи интернет дар кишвар боло рафтааст сад дар сад ҷонибдорӣ намуда, нисбат ба изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон чунин ибрози назар менамоем, ки ба ин иқдомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ на «қудои раисҷумҳур» рабт дораду на кадоми манфиатҷӯёни гуфтаҳои шумо.

Мо медонем, ки ин баланд шудани қимати интернет ва дастрасии кам пайдо намудани аҳолӣ ба он беш аз пеш тарғиботгарони наҳзатиро ба ташвиш овардааст. Зеро ин воситаи ягона роҳе буд, ки минбари тафриқаву низоъ барпокуниҳо дар байни мардум аз рӯи наҳзатиҳо гашта буд.

Пас ҳоло вақте расидааст, ки ба касе интернет барои истифодаи омӯзиши ахбори лозима ва дуруст кор ояд, нарх қиммат аст, самаранок ва сарфакорона истифода менамоянд. То имрӯз ба мисоле арғамчинро бисёр дароз карда буданд ва истифодабарандагон онро дар равияи нодуруст истифода карданд. Тибқи тарғиботи бегонапарстии мухолифон ҳар гуна равияҳои тундро интихоб намуда, ба номи миллат доғ оварданд. Гузашта аз ин муаммои асоси дар он аст, ки мухолифони миллат барои барҳам додани фазои оромии миллати мо хуб аз ин восита истифода карданд. Айнан ба мисоли изҳороти Паймони милли Тоҷикистон бобати болоравии қимати интернет, ки инқадар инҳо нисбати мардум «ғамхор»-анд ва аз «меҳрубон» - и худро паҳлӯ ба паҳлӯи мардумони тоҷик диданианд.

Хулоса, кулли мардумони тоҷик бояд донанд, ки ҳар иқдоми давлату Ҳукумат барои зиндагии осуади мардумонаш аст. Далели ин гуфтаҳо дастоварди бузурги миллатамон Истиқлолият аст. Агар носазо бошад, дар вақташ ҳеҷ гоҳ барои мустақилият ҷонбозиҳо намекарданду мисоли ҳамин «озодхоҳон» худро дар канор намегирифтанд. Ин баёни изҳорот низ яке аз шохаҳои ҳамон иғвоангезию шӯр андохтани наҳзатиҳост. Худ қазоват кунед, ки дар кишвари мо касе барои иҷрои коре маҳдудият надорад, зеро мо дар фазои озодӣ ва амнияти миллӣ зиндагӣ дорем. Ҳоло вазифаи мост, ки аз ин иқдомоти давлату миллат тарафдорӣ намуда, барои таъмини амнияти мардум ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои манфиатхоҳ фаъолияти созандаи хешро ба роҳ монем.

Акрамов А.А., декани факултети сохтмон

ва нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Варзиш аз беҳтарин омилҳои саломатии инсон буда, мунтазам машғул шудан бо он ба шахс руҳияи наву тоза мебахшад. Яке аз намудҳои дӯстдоштатарини ҳамагон ин бозии футбол мебошад.

Бо ташаббуси донишҷӯписарони курси 4, ихтисоси 40.01.02тБ-и факултети информатика ва энергетика тайи моҳҳои март ва апрел мусобиқаи футбол байни гурӯҳҳои факултет ташкил карда шуд. Ҳадаф аз ташкил намудани мусобиқа мустаҳкам намудани дӯстии донишҷӯён дар факултет, санҷидани маҳорати ҷисмонӣ ва малакаи футболбозии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Шуруъ аз 18 март то 22 апрели соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии донишкада гурӯҳи донишҷӯёни курсҳои 1-4 бо дастаҳои худ қувваозмоӣ намуданд. Ҳамарӯза баъди итмоми машғулиятҳо гурӯҳҳо бо дастаҳои худ дар майдончаи варзишии донишкада ҷамъ омада, маҳорати футболбозии худро санҷиданд. Устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ ба рафти бозӣ холгузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, ба даври финалӣ дастаи гурӯҳҳои 1_40.01.02тв, 1_26.03.01рА, 1_40.01.01рА, 2_40.01.02тБ роҳ ёфта, барои ғолибият қувваозмоӣ намуданд. Бо ҳисоби 5:4 дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 1_26.03.01рА ғолиби мусобиқаи футболи факултети информатика ва энергетика дониста шуд.

Ба дастаи ғолиб ва фаъолон аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои тарбия Довудов Гулшан, декани факултети информатика ва энергетика Солиев Одилхӯҷа, устодони кафедра Худойбердиев Х., Назаров А., Низоматдинов А. диплом ва медалҳо супорида шуд. Ба дастаи 1_26.03.01рА Ҷоми футболи факултет тақдим карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби донишҷӯписарони 4_40.01.02тБ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар хотири ҳамагон то дер нақш хоҳад монд. Иштирокчиёни мусобиқа баҳри дастгирӣ ва шароити фароҳам барои ба варзиш машғул шудан ба Раёсати донишкада арзи сипос менамояд.

Маълумоти бештарро оид ба рафти мусобиқа метавонед аз суроғаи ijtimoisugd.tj/football.php  дастрас намоед.

 

 

 

  

Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешавад, танҳо ба  хотири некўаҳволии мардум, ба хотири сулҳу субот аст.  Аз ин рӯ мо низ дар ҷавоби ҳамин ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави давлату миллат бошем на дуравони наҳзатиҳое, ки моро ба бало гирифтор мекуннанд.

Васвасаҳои пучу бемаънои Кабирӣ аллакай ҳамаро дилбазан кардаву такроргӯиҳояш касро бештар нисбати ин нобакорон нафратманд кардааст. Ин қадар дурӯғу пуписаҳо нисбати миллати мо. Аммо янҳо чизеро намедонанд, ки ба ин хомфикриҳои хаёлиашон дигар касе бова намекунад, зеро бар қавли худи Кабирӣ мардум аз ҷангу низоъ безоранду чунин ҷангҷӯёну бадкешонро чашми дидан надоранд. Ба он хотир, ки ҳама медонанд, ки Тоҷикистон биҳиштосои рӯи замин аст.

        

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароии экстримистиву террористӣ дар толори донишкада вохӯрӣ таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ” баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода А., намояндаи Кумитаи занон ва оилаи вилояти Суғд Умаршоева, муовини директор оид ба тарбия Довудов Гулшан  ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо ширкат доштанд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз ҷавонон бояд фирефтаи найранги дигарон нагардида, аз пайи донишандӯзӣ ва ҳамқадами технологияҳои муосири манфиатовар гарданд.

Бисёре аз ҷавонон аз нодониву гумроҳӣ ба доми гурӯҳҳои гуногуни хислати ифротгароӣ дошта ҳамроҳ шудаанд. Бинобар ин зиракии сиёсиро  аз даст надода, аз чунин амалҳои бад худро дар канор гирифт. Зеро имрӯз мо дар кишвари озоду мустақил зиндагӣ дорему фардои Ватан бошад дар дасти ҷавонон аст. Баъди суханрониҳои меҳмонон саҳнаи ҷолиб аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд. Намоиши  “Фарзанди гумроҳ” бо маҳорати хосаи донишҷӯён намоиш дода шуда, хеле таъсирбахшу тарбиявӣ буд. Фарзанди  гумроҳ  аз баҳри оилаву модари бечораи ташнаи роҳи фарзанд баромада, шомили гуруҳе гашта, сахт пушаймон мегардад. Донишҷӯён ва ҳозирин саҳнаи мазкурро бо як ҳиссиёти баланд тамошо намуда, барои худ хулосаи зарурӣ бароварданд. Мулоқоти мазкур барои тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ,худогоҳии  донишҷӯён мусоидат намуд.

Дӯст доштану гиромӣ доштани Ватан барои ҳар яки мо қарз асту ҳам фарз. Зеро диёри мо гарччанде, ки ҷавон бошад ҳам дар пешрафту тараққиёт ҳамто надорад. Як аз дастовардҳои бузург ва муҳими мо дар ин даврон ин бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ буд, ки паёмади нишотангез дар миллати мо сулҳро танинандоз намуда, оташи ҷанги бемаънии алангагирифтаро хомӯш сохт.

Мо бисёр халқияту давлатҳоеро медонем, ки имрӯз дар гирдоби шадидди ҷанг ва мухолифатҳо афтодаанд. Ва миллионҳо нафар дар орзуи он ҳастанд, ки ба мамлакаташон сулҳ ҷорӣ гардад. Ин гуфтаҳо ба он хотир аст, ки агар мо низ ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро мабодо аз даст диҳем, дубора ғарқи ҳодисаҳои садаи гузашта мегардем. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи ҷавонони боҳуш ва зиррак  даъват ба амл меоварам, ки ба суханони фитнаҷӯёну фиребгарон дода нашаванд. Ватани маҳбуби худро доранд ва онро қадр намоянд.

 

Мардуми босаодат ва бошарафи тоҷик аз азал дорои маърифату фарҳангӣ воло буд. Ҳамеша ҷангу низоъро маҳкум намуда, паи талоши сулҳу ваҳдат буданд ва ҳозарон дар ин роҳ ҷонбизиҳо низ кардаанд. Дар ҳамин радиф имрӯзиёнро барои меросхӯрони гузаштагон ном бурдан шакке надорам. Зеро дар лаҳзаҳое, ки миллати мо дар ҳоли завол ёфтан буд, як аз чунин фарзандони сулҳхоҳон, сулҳҷӯёна сари минбари Иҷлосияи 16 умин баромада, бо сраи баланд савганд ёд кард, ки: “ ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам”. Хушбахтона баъди садо додани ин сухан миллати моро нури Раҳмон фаро гирифт ва кишвар соҳиби Истиқлолқ ваҳдат гашт.

 Мо шукри он дорем, ки чуннин Пешвои муаззаму қавиирода ва саховатманд дорем. Якдилонаю якзабона ба Кабирӣ ва дигар пайравону думравонаш гуфтаним,к и ин бадномкуниҳои шумо ва тӯҳматҳои ноҳақӣ шуморо нисбати сарваи давлат беасосо меҳисобем ва онро маҳкум хоҳем намуд.

Ба Кабирӣ тавсия хоҳам дод, ки ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мугӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст.

Шукронаи миллати давлату ободу озод ва соҳибистиқлол, ки ин неъматҳо моро дар тамоми олам саодати беназир додаву ваҳдатамонро вусъат бахшида, сулҳи бебозгаштамонро пойдор сохт.

Тоҷикистон, Ватани азизу маҳбуби ман, кишвари ҳамешабаҳору дилрабо ва соҳибтамаддуни тамоми тоҷикони дунёст. Кишвари азизи ман, имрӯз бо шукргузори аз фазои ободу софу беғуборат меболаму менозам. Дар васфат шоирона месарояму саҳфаҳои хотиротамро бо мисраъҳои дилнишин андар ситоишат пур менамоям. Ту бароям хонаи ободиву маскани дилшод ҳастӣ. Баҳорат сабзу гулафшон, заминҳоят аз сабзаҳои тару тоза рӯида қабои сабз  пушон аст. Ту ин қадар зебоӣ ва назокати бениҳоят аъло дорӣ. Вале медонам, ки нафароне ҳастанд, қадри ин зебоию тараққиёти бемайлони туро намедонанд. Тавони дидани озодиатро надоранд. Аммо медонам, ки ту хоки поки муқаддас дорӣ. Ту аз ин замин барои миллат ва барои наҷоти давлат, озодандешону ватандӯстонро офаридаӣ, ки хиради азалии онҳо силоҳест бар зидди душманони миллат. Бар зидди онҳое, ки арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва пешравиҳои туро пушти по заданианд.

 Мо насли хушбахтем, ки Яздони пок бар сари мо нури Раҳмонро пошидааст. Ва ин нур мо ҷавононро дар ин даврони Истиқлолият саодат додаву хирадпеша кардааст. Зеро мо Пешвои муаззаме дорем, ки ҳатто ба хотири зиндагии хурраму ободу озоди мардуми тоҷик манфиатҳои милливу давлатиро пеш аз манфиатҳои ҷонии хеш гузоштааст. Зеро ба миллати мо сулҳ овард, ваҳдат пойдор карду миллатро аз гирдбоди ҷанги хунини бародаркуш раҳо бахшид. Ҷанге, ки бо айби Кабирибарин “саховатманду доротарин парлумони кишвар” сар зада буд.

Инак мо наздики 30 сол мешавад, ки дар фазои сулҳу амният ва ваҳдату ягонагӣ зиндагии осудаҳолонаро ба сар мебарем. Ва ақидаи ифротии Кабириро дар ҳар мусоҳибаҳояш бемаъною дурӯғ пиндошта, онро ҳамчун василаи барангехтани низоъ дар кишвар медонем. Зеро ягона ҳадафи наҳзатиҳои мазҳабфурӯш ин вайрон намудани фазои ягонагиву якдилии мардум  буд ва ҳамин гуна боқӣ монд.

 Барои мо ин ҳама арзишҳои олии кишва қадри воло дорад, зеро мо як бор аз ҷангу низоъ таҷриба кардаем ва дигар барои такрор ёфтани он ҳолат иҷозат нахоҳем дод.

Тоҳиров Т.И., омӯзгори калони кафедраи А ва ИН

Диёри арҷманду саодатмандам, ту бароям неъмати бузургтарини олам файзи Истиқлолро додиву зиндагамро нусрат бахшидӣ. Ман ҳамеша ифтихор аз ту доштаму бо ному ту менозамқ меболам. Медонам, ки барои ба даст овардани арзишҳои милливу маънавии ту ҳазорон нафар сарсупурдагони миллат ҷонфидоиву ҷонбозиҳо кардаанд. Медонам, ки ту барои тамоми шаҳрвандони баору номусат арзиши беш аз ҳарвақта дорӣ. Ба хотире, ки ту муқаддасӣ, хоки покат муқаддас аст. Ту биҳиштосову дилрабоӣ, зебоманзару дилнишинӣ.

Бо шарофати Истиқлолият ва ваҳдату ягонагиат туро дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ шинохтанду туро ҳамчун давлати мутамаддин ва сулҳшиор донистанд. Зеро ташаббусҳое, ки аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод мешаванд, ки бо ин иқдомҳои наҷибонаи давлату Ҳукумат оламиён моро ҳамчун мардумони босаодту башардӯст шинохтаанд. Зеро дар ин баробар ба мушоҳида мерасад, ки давлати мо дар якчанд муаммоҳои глобалии рӯз, вабои аср пайдошавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби қарни нав, афзоиши ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир масъалаҳои ҳалталабе аз ҷониби мо пешниҳод гардидааст. Албатта дар вазъияти ҷаҳони навин рӯз то рӯз паёмади ҷидиде тавлид гаштаву оламиёнро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин раванд мо мардуми ваҳдатсаро ин вазъро нодида нагирифта, баръакс тадбирҳоеро барои мубориза бар зидди чунин падидаҳои номатлуб андешида истодаем. Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки имрӯз дар мубориза бо тероризму эсктремизм роҳеро интихоб намудааст, ки бояд онро решакан созад, то амнияти мардум таъмин карда шавад. Барномаҳое, ки вобаста ба ин муаммо дар миллати мо амал мекунад, онро ҳамаи созмонҳои умумиҷаҳонӣ пазируфта, дар вобастаги ба масъалаи рӯз яъне афзоиши ташкилотҳои тундраву ифротгаро дар як чанд мамолики олам пешниҳоди саивақти ва тадбири судманд арзёбӣ гардидааст.

 Мо сарфароз аз онем, ки дар Ватане зисту зиндагони менамоем, ки дар он фазои ободу озоди зиндагонӣ, Истиқлолият ҳукмрон аст. Мо ифтихор мекунем, ки миллати мо таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ва дар пайравии дастури суполришҳои ин марди ҷасур барои хеш роҳу равишеро дар зиндаги пеша кард, ки шоистаи саодатмандию обрӯмандӣ бошад.

Худоё Тоҷикистонро нигоҳ дор,

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ дор.

Барои ман барои миллати ман,

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ дор.

Муаттара Раҳматова, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

 Яке аз вазифаҳои муҳим ва қарзии ҳар як фарди баору номус ин пеш ҳама ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллиии худ аст, на бегонагон. Албатта дӯст доштани Ватан, хоки муқаддаси он арзишҳои умумибашарии он ахз имону виҷдони мардигарист. Аз ин ҷост, ки сарвари оқилу хирадманди тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманд ва ваҳдатшиори кишварро ба худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиноси дар шинохти асолати ватандорӣ талқин менамоянд, ки : “...Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад...”. Дар  ҳамин радиф мо бояд масъулияти хешро бар зидди онҳое, ки ба ҳар восита гиромидошти арзишҳои миллии мо халал ворид месозанд бештар намоем. Чунки нохалафоне ҳастанд, ки пешравии миллати моро чашми дидан надоранд.

Имрӯз мо аз қувваи заифи ин душманон наметарсем ва муборизаи алайҳи ин нохалафон аз тарсу табоҳ нест, балки ташвиш аз он дорем, ки ҷавонони мо гумроҳ нагарданд ва ҳаёти ҷавони худро дар майдонҳои набарди кишвари бегона сипар насозанд. Ин аст ҳадафи асосии мо дар мубориза ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро.

 Мо бояд як чизеро дарк намоем, ки оё Кабирӣ он сармояву молу мулки мусодирашудашро аз кадом тиҷораташ ҷамъ оварда бошад? Аз тиҷорати ташкили ҳизб ва ташкилотҳои мазҳабӣ ва ё гаравиши ҷавонон ба ташкилоти терористӣ ва чун бад ин васила аз хоҷагони хориҷиаш “дастранҷ” – е барои ин кори худ меситонад. Мардумро бо ин лаҳни “орому меҳрубонона” фиреб кардани ҳастӣ, ки бигузор мусодара куннад ва мактаб созанд. Охир боре фикр кун, ки ту ҷигарбандони онҳоро гумному бенишон ва қотил сохтӣ. Магар бо ҳамин суханоне, ки ҳатто аз вирди забонат ларзон – ларзон мебарояд, захми дили онҳоро пок месозад магар. Ҳоло агар тавони онро дошта бошӣ боре худро дар тарозуи аламу доғи дили дилшакастагон баркаш баъд мефаҳмӣ, ки ин ҳиллагариҳои ту ягон маъное надорад. Зеро ин дӯстдориву меҳрубониҳои ту аз имон нест, балки барои манфиати худат равона шудааст.

Шамшод Алиев, мудири кафедраи  кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт

 Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем.Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифи  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Вале боиси таассуф аст, ки замоне, оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем.  Он замон низ он нохалафон ҷавонони соддаи моро бо роҳи фиреб  гумроҳ сохта буданд. Мутассифам, ки иддае аз ҷавонон даргири банди ҳавову ҳавас ва афкори бегона монда, худро қурбони ҷаҳолат мекунанд.

Азбаски ҷавонон қишри асосии ҷомеаро дар бар мегиранд, маҳз гурӯҳҳои тундрав ба ин насл бештар такя мекунанд. Он ҷавоне, ки донишу маърифати сиёсӣ дораду хатари оқибатҳои ин амалро бахубӣ дарк мекунад, худро дур аз ин амалҳои номатлуб мегирад.

         Барои тамоми оламиён мусаллам аст, ки бо ташаббусҳои фитнаҷӯёне ҷаҳони имрузаро падидаҳои номатлуб аз қабили пайдошавии гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва сиёсатбозиҳои “сиёсатмадорон” фаро гирифтааст. Ва дар ҳамин баробар минбари розу ниёзи ин “сиёсатмардорон” сомонаҳое ҳастанд, ки бо воситаи ақидаҳои тундгарои ин нохалафон миёни мардуми олам иғвову дасисаҳо меангезанд. Мо бояд донем, ки сомонаҳои иғвоангезе ба монанди “Ахбор. ком”, “Паём .нет” ва “Кимиёи саодат” фаъолият мебаранд, маҳз аз рӯи фармонҳои ифротгароне кор мекунанд ва даромади асосии онҳо низ аз ҳамин ҷиҳат аст. Вагарна ҳеҷ маълум нест, ки як нафар паси ин ҳама найрангбозиҳо кор карда бошад.

         Мо хуб медонем, ки бо айби бархе “исломдонҳо”- и аз ислом бехабар барои манфиатҳои худхоҳон кор карда, вазъи тамоми оламро муташанниҷ карданианд. Маълум аст, ки ин бадкешон аз рӯи ин амали худ пули муфте ба даст меоранду ба ин воситаи ба мисоли “ҷаноби Кабирӣ” сармояву молу мулкро ҷамъ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки пуркунадаи балансии ин сомонаву сайтҳо ва нафарони фитнаҷӯй ин эрониҳо ҳастанд, зеро ин далелро мушоҳидаҳо исбот карда истодаанд. Пас имрӯз вазифаи мост, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуби аср мубориза барем. Нагузорем, ки ин нохалафон ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд ва вазъро аз имруз бештар муташанниҷ гардонанд.

         Дар ҳақиқат давлату Ҳукумати ТОҷикистон ояндаи дурахшони худро дар нерӯи ҷавонони солимақлу равшанфикр мебинад. Зеро ҷавонони боақлу закц ҳамеша ҳушёру зирак ва масъулиятшиносу худогоҳ аст ва ба касе иҷозаи онро намедиҳад, ки сулҳу ормии ватанашро халалдор намоянд. Барои пойдории вағдати миллц ва устувории Истиқлолият талош менамояд, то Ватани маҳбубаш аз равшании сулҳ нурборон гардад.

         Ин ҳама дастовардҳое, ки миллати тоҷикро муяссар гаштааст, дар ҳақиқат душманонашро ба ғазаб овардааст. Зеро дасти онҳо та ба дараҷае кӯтоҳу нотавон ҳастанд, ки зӯру тавонашон танҳо ба ҳангомабозиҳо мерасаду мардумро бо дасисаҳои бемаъно бар зидди ҳам мешӯронанд. Вале яқин медонам, ки кам мондааст ба он рӯзе, ки тамоми он нахалафон ва амалҳои бади онҳо аз решааш ҷудо мешаваду кишварҳое, ки сулҳро орзу мекунанд ба ормонҳои хеш хоҳанд расид. Бо боварии том гуфта метавонам, ки тамоми олам алайҳи ин зуҳуроти номатлуб қарори муборизаи беамони худро эълон кардааст ва дар анҷоми ин амали некбинона ва осудахоҳонаи худ муваффақ хоҳад гашт.

М. Раҳимова, мудири кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд