Дар замони муосир хусусияти дунявӣ будани мамалакатҳо хислату ҷунбиши ҷаҳонӣ дошта ин тамоил тамомии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибихтиёрро низ фаро гирифтааст ва ҳамеша ин ғояҳою арзишҳои онро ҳифз карда метавонанд. Ифротгароиву куштори инсоният барои дини мубини ислом ноҷоиз аст ва албатта Президенти кишвар муҳтарам Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият тўли чандсолаҳо дар гузоришҳои худ таъкид месозанд, ки ба ҳар гуна  амалҳову ҳаракатҳои ғайридавлатӣ мардум дода нашаванд, зеро ки мо мардуми тоҷик осудагиву оромӣ ва ҳамчун ободиву сарсабзиву хуррамии  кишвари худро  карда бошем. Ин ҳама амалҳои бад аз сабаби надоштани мафкураи дуруст, илм ва маърифат, меҳру садоқат , хоксорӣ ва мисоли инҳо мебошад. Мо набояд ба ин “ғамхориҳо” бовар карда, хуро ба гирдоби ҷаҳолат партоем. Зеро дини ин ифротгарон ҳеҷ ба дини мубини Ислом рост намеояд. Мо медонем, ки аз дасти ин “дилсӯзони миллат” бахусус Кабирӣ мо чанд сол қабл ҳодисаи даҳшатнокеро паси сар кардем. Дар кадом ҷиҳати низоъи ташкилкардаи онҳо ахлоқе ниҳон буд, ки онро дини Ислом исбот мекунад. Гузашта аз ин омезиш додани дин ба сиёсат дар Конститутсияи миллати мо нест, зеро ки миллати моро ҳамчун давлати дунявӣ эътироф кардаанд.

Мусодараи мулки Кабирӣ бошад тамоман як масъалаест, ки имрӯз барои ӯ як мавзӯъи бо маърузаи калон баромад карданӣ гаштааст. Ин суханони ӯ низ ба қавли худаш аз тариқи расонаҳое, ки ба манфиати худи онҳо кор мекунанду бо маслиҳати якдигар ба шӯру иӯво ангехтани мардум фаъолият доранд. Бобати муколама ва якдигарфаҳмии тарафҳо гуфтаниам, ки бидуни муколама низ мо худ шоҳиди он гашта истодаем, ки тариқи расонаҳо чи гуна муколамаҳо баргузор гашта истодааст. Далели ин гуфтаҳо ҳамин мусоҳибае, ки дар “Ахбор” тарҳрезӣ шудааст. Охир ҳамаи муколамаву мусоҳибаро бо рузноманигорон кардаед, дигар чи ҳоҷат, ки бо давлату Ҳукумат муколам карданиед.

Имрўзҳо наҳзатиҳо аз пеш беш бо ҳар баҳонае нисбати миллати мо ва мардумони тоҷик сухан мекунанд, тӯҳмат мезананд, дурӯғҳо мебофанд, зидди якдигар мешӯронанд, нисбати нафаре, ки ба миллати мо сулҳ овардааст носазо мегуянд. Пас вазифаи мост, ки дар ин марҳилаи ба сухан даромдани “булбулони хушхон” мо  лаб ба хомўшӣ карда набошем , чунки амалу суханҳои ноҷо ва ҳаракатҳои гуногун  хатари нохушро пеш меорад. Барои аз байн бурдани амалҳои ғайридавлатӣ ва суханони дурӯғи онҳо бешарафу бетараф набошем.

Бакаев Мирзохамид Хабибович, мудири кафедра,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосии фаъолиятро на танҳо баҳри сулҳу осоиштагии кишвар, балки оромии ҷаҳон равона кардааст. Ҷаҳониён аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷикон воқифанд. Далели ин гуфтаҳо баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар бораи хатарҳои табиӣ ва геополитикӣ мебошад. Нооромии кишварҳои ҷаҳон кулли тоҷику тоҷикистониёнро, ки башардӯсту сулҳпарваранд, орому бетараф намегузорад. Зеро яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти  моддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст.  Бинобар ин тибқи қонунҳои давлат, бояд ҷинояткор ба гуноҳҳои худ ҷавоб гӯяд. Албатта ин ба он хотир, ки амнияти мардум ҳамеша таъмин бошад.

Аммо, мутассифона, инро “ҷаноби Кабирӣ” тактикаи давлатдории Ҳукумати кишвар медонад. Албатта шумо дуруст қайд намудед, ки мардум дигар низоъро намехоҳад, хоҳ монанд ба Либия бошаду хоҳ ба Судон. Зеро яқин медонад, ки дар паси ин ҷангу низоъи мансабталошиҳои шумо барин опозитсионҳо танҳо қатлу куштори бегуноҳон асту халос. Роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтани Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ки ҳодисаҳои нангине дар кишвар солҳои 1990-1992 ба вуқўъ омада буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хусусият, яъне дунявият ба Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун омили ҳимояи соҳибихтиёрии давлат ва таҳкурсии бунёди давлати миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад ва тақозои замон аст. Вагарна аз дасти мазҳабпарастону ифротиён миллат тамоман тороҷу ба яғмо мерафт. Инро хуб дарк карда бошед, ки ягон иттиҳомоти мақомот нисбат ба наҳзатиҳо ва шумо роҳбари “сухандон” бардурӯғ нест. Тавре гуфтед, ки ҳар рӯз як хабари нави мусодараю зиндон, инро дарк созед, ки аллакай ба шумо низ оддати канораҷӯи аз гуноҳҳову иғвоангези миёни мардум ба ҳукми анъана даромадааст. Вагарна бидуни ягон асос имкон надорад, ки касеро зиндонӣ намоянд. Вақте, ки ин қадар ”мусичаи бегуноҳ”- ед пас чаро худро дар кадом як кунҷи хонаи хоҷагонатон пинҳон кардаед? Бобати муколамаи худ бо мақомот ба дараҷае худро меҳрубону босамимият нишон дода истодаед, ки дар ҳақиқат дили кас ба шумо “месӯзад”, зеро наҳзатиҳо бениҳоят нисбат ба Ватан дар ҳамон ҳодисаҳои асри гузашта, “меҳрубониҳои зиёде” нишон дода буданд. Ҳамон ҳодисаҳо ҳамааш натиҷаи муколама барои Созишнома бо шумо буд. Дидем, ки ба чи ҳолате расидем. Ҳоло бошад ба он суханони муҳоботиатон нисбат ба сарвари давлат хотима бахшед. Зеро саховатмандии ӯ ҳақиқӣ аст. Ба он хотир, ки дасти сахоро аввал ба камбизоатон бояд боз кард. Муҳим он нест, ки бойу бадавлатон инро чи гуна қабул доранд, муҳим он, ки дармондагон низ ба ҳама чиз дастрасӣ дошта бошанд.

Маърифат Мавлонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Амалҳои хайру сахо дар ҳама давру замон аз хислатҳои наҷиби одаму одамгарӣ маҳсуб ёфта, гирифтани дасти афтодае беҳтарин амали инсонист. Кӯмаку дастгирии ҳамаҷониба ба ниёзмандону муҳтоҷон  аз зумраи амалҳои неки хайру саховатмандӣ  аст, ки бояд ҳар фарди соҳибдил онро иҷро намояд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ анъанаи хубе  солҳо идома дорад. Ҳамасола  бо иқдоми худи донишҷӯён зери роҳнамоии устодон бо дастгирии роҳбарияти донишкада номгӯи бисёри аксияҳо барои кӯмак ба хонаи кӯдакон, хонаи маъюбон, хонаи пиронсолон ва ниёзмандон ташкил ва гузаронида мешавад, ки ҳамагон дастаҷамъона дар он ширкат меварзанд. Донишҷӯёни донишкада бо роҳбарии устодони худ пайваста бо туҳфаву ҷиҳози лозима, бо барномаҳои фарҳангӣ ба дидорбинии онҳо рафта, заррае бошад ҳам, кӯмаки моддиву маънавии худро мерасонанд. Ин навбат, бо ибтикори ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 10 апрели соли равон дар назди «Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ аксия барои кӯмак намудан ба беморони дауна баргузор гардид. Дар рафти аксия қуттии хайриявӣ ташкил карда шуд, ки мувофиқи имконият ҳамагон маблағҳои хайриявиро ҷамъ намуда, ба қутии хайриявӣ партофтанд.

Боиси хурсандист, ки донишкадаи мо низ аз ин кори хайру сахо дар канор намонда, ҳиссаи худро барои кӯмак ба ин нафарон гузошт. Донишҷӯёну устодон, кормандони донишкада дастаҷамъона дар муддати кӯтоҳ маблағҳои хайриявиро ҷамъ намуданд. Маблағҳои ҷамъшуда  аз ҷониби  намояндагони донишкада, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо ва аҳли донишҷӯён ба қуттии хайриявии ташкилкардашуда партофта шуд.

Боварӣ дорем, ки минбаъд низ донишкада дар чунин аксияҳо фаъолона ширкат варзида,  кӯмаки худро барои шахсони ниёзманд дареғ нахоҳанд дошт.

 

Аминҷонова М.М

муовини декани ФИЭ оид ба тарбия

1. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

2. Масъулони озмун

3. Масъули асосии озмун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Мутасаддии баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони баргузории озмун ҳастанд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул мебошанд.
7. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо масъулияти баргузории озмун ба зиммаи раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, маънавиёт ва фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад.
8. Барои сафарбар кардан ба хондани китоб ва аз худ намудани порчаҳои назмию насрӣ, инчунин тарғиби васеи он сохторҳои марбута ва васоити ахбори омма масъул мебошанд.

3. Комиссияи озмун

9. Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Салоҳияти комиссияи озмун:
- ба танзим даровардани ҷадвали баргузории озмун;
- назорати баргузории саривақтии озмун;
- таҳияи талабот ва дигар тавсияҳое, ки барои озмун зарур мешаванд;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот;
- риояи талаботи озмун ва расонидани тавсияҳо ба довталабони озмун;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон.

4. Тартиби баргузории озмун

11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моҳи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарҳо ва аз ёд кардани шеъру достонҳо (интихоби жанр, хондани асар ва миқдори аз худ кардани мисраъ ба қобилияти иштирокчӣ вобаста аст) вақт дода мешавад.
Даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ҷамъбаст мегардад.
Даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.
Аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр ба мақсади хондани китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз ин вақти иловагӣ истифода карда, ба ҷамъбасти даври чорум омодагӣ мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Даври сеюми озмун дар маркази вилоятҳо, шаҳри Душанбе нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
Даври чоруми озмун барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад.
12. Ҷойи баргузории даврҳо дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
13. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм, сеюм бар уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) вогузор карда мешавад.
14. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуда, инчунин сабти овози иштирокчиён дар радиоҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пахш карда мешаванд.
15. Барои омода кардани ҷойи баргузории озмуни даври чорум муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муваззаф шуда, дар маркази деҳоту шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо китобхонаҳои деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоят сафарбар карда мешаванд.
16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» даҳаи якуми моҳи декабр муқаррар карда мешавад.
17. Беҳтарин иштирокчиёни даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
18. Омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.

5. Шартҳои иштирок дар озмун

19. Дар озмун табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар иштирок менамоянд.
20. Шартҳои озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
21. Барои аз худ кардан ва хондан ба низомнома рӯйхати асарҳо пешниҳод карда мешаванд (замима мегардад).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати аз худ кардан ва хондани осор бартарӣ дода мешавад.
Ба хонандагон ва донишҷӯён (бакалавру магистр), ки аз меъёри муайяншуда бештар асарҳои бадеӣ аз худ мекунанд ва мехонанд, бартарӣ дода мешавад.
Ҳар як довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, ба ҳайати комиссия ва ҳакамон маҳорату малака ва қобилияти аз худ кардан ва хондани ашъори адибонро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла:
- ба довталаб барои аъзои фаъоли китобхона буданаш низ хол дода мешавад;
- ба тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ хол дода мешавад;
- ба мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накукорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот бартарӣ дода мешавад;
- довталаб дар аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, шифоҳӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;
- довталаб метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайраҳо истифода намояд;
- як ҳафта пеш аз озмун довталаб рӯйхати асарҳои хондаашро бо гузоштани имзои худ, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо суроғаи макони фаъолияти ҳакамон ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тариқи воситаҳои ахбори омма ва масъулони озмун эълон менамоянд;
- ҳайати ҳакамон аз рӯи ин рӯйхат довталабро ба озмун роҳ медиҳанд ва аз маҳорату истеъдоди ӯ натиҷагирӣ карда, суратҷаласа тартиб медиҳанд;
- ҳайати ҳакамон холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
- натиҷаи озмун дар суратҷаласа дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

6. Талабот ба довталабони озмун

22. Маҳорату истеъдоди довталабон аз рӯи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
- барои довталабон хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ иҷозат дода мешавад;
- хондани шеър аз жанрҳои лирикӣ, аз ҷумлаи ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достон ва дигар навъҳои адабии манзум озод аст;
- афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар намудҳои осори шифоҳии халқ иҷозат дода мешавад;
- аз худ кардан ва хондани осори адибони ҷаҳон низ тавсия шуда, дар озмун ба инобат гирифта мешавад.

7. Меъёри арзёбии ғолибони озмун

23. Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:
- шарҳи мухтасари асар;
- маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
- баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
- озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
- ҳунари ровӣ ва наққолӣ;
- қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
- дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
- таассуроти довталаб аз хондани осор.
Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад.
Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди наққолӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Ба ҳар як довталаб инчунин аз рӯйи осори пешниҳодшудаи банди 21 10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

8. Ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун

24. Миқдори ҳайати комиссияи озмун дар асоси банди 9 амалӣ мегардад. Ҳайати ҳакамон дар асоси банди 26 ҳамин Низомнома муайян карда мешавад.
25. Ба комиссияи озмун салоҳият дода мешавад, ки рафти озмунро назорат намояд, тавсия ва тавзеҳод таҳия ва тасдиқ кунад, назару пешниҳодоти ҳайати ҳакамонро баррасӣ созад, ба номинатсияҳо тағйироти иловагӣ ворид гардонад ва ба арзу шикояти довталабон ҷавоб диҳад.
26. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳраку деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳоро раисони шаҳр, ноҳия ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд.
27. Ба ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгороне, ки завқи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд, шоирону нависандагони маҳаллӣ, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Миқдори аъзои ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
28. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи ҷумҳуриявии озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.
29. Комисияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

9. Таъминоти молиявии озмун

30. Хароҷоти даври якум, дуюм, сеюм ва сафарбаркунии ғолибон ба даври чоруми озмун аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) амалӣ карда мешавад.
31. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун, ба истиснои ҷойи хоб, аз суратҳисоби махсуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
32. Ба ғолибони даври чорум тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад (замимаи 3).
Тартиби пешниҳод ба ҷоиза ва мукофоти пулиро барои даври чоруми комиссия озмун омода намуда, бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тартиби мукофот ва ҷоизаро раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
33. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун

34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун маводи зерин ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун пешниҳод мешавад:
- маълумотнома дар бораи довталаб;
- асарҳои мутолиашуда;
- миқдори ашъори азёдшуда;
- маҳорати суханронӣ ва суханварӣ, ровигӣ ва наққолӣ;
- қобилияти эҷодӣ;
- суратҷаласаи ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Замима
ба Низомномаи озмуни
ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...»


Рӯйхати асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан
ва хондан тавсия дода мешавад


а) Барои аз ёд хондани осори адибон:


- ғазал - на кам аз 100-то (ғазалҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Носири Хисрав, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон);
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120-то (рубоӣ ва дубайтиҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ҳақназар Ғоиб, Ғоиб Сафарзода, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Камол Насрулло, Фарзона, Озар ва дигарон);
- қасида - на кам аз 100 мисраъ (қасидаҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддини Айнӣ ва дигарон);
- порча аз достон - на кам аз 300 мисраъ (150 байт) (аз достонҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);
- дигар навъҳои шеърӣ – 200 мисраъ (100 байт) аз шоирони классикӣ, муосир ва хориҷӣ.


б) Асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ
ва муосири тоҷик барои хондан:


Адабиёти қадим: «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард».
Достонҳои «Калила ва Димна», «Симбоднома», қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май»-и Абуабдулло Рӯдакӣ, «Таърихи Наршахӣ»-и Абубакри Наршахӣ, «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Пирӯзнома» -и Абуалӣ Сино, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ғазал, қитъа, рубоиҳо ва достони «Маснавии маънавӣ» -и Ҷалолиддини Балхӣ, «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Қобуснома»- и Унсурмаолии Кайковус, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Сиёсатнома» – и Низомулмулк, «Вомиқу Узро»-и Фаррухии Сиистонӣ, девони ашъори Бобокӯҳӣ (Абдулло Алӣ), рубоиёту дубайтаҳои Бобо Тоҳири Урён, маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақоиқ»-и Саноии Ғазнавӣ, «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор, маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома», «Сафарнома»-и Носири Хисрав – достони «Вис ва Ромин» -и Фахриддин Асъади Гургонӣ, достони «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Хамса» - («Махзан-ул-асрор», «Хусраву Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Искандарнома») –и Низомии Ганҷавӣ, «Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, достонҳои «Хамса» –и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ, қасидаҳо, маснавиҳои «Сад панд», «Дилкушо», «Мушу гурба»-и Убайди Зоконӣ, ғазалҳо, қитъаҳо ва рубоиҳои Камоли Хуҷандӣ, девони ғазалиёт, достону маснавиҳои «Ҳафт авранг», «Баҳористон»- и Абдураҳмони Ҷомӣ, ғазалу рубоӣ, достонҳои «Сифот-ул-ошиқин», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддини Ҳилолӣ, «Анвори Суҳайлӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия» ва «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Латоиф –ут- тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Тирмизӣ, достони «Гулзори Ирам»-и Абдураҳмони Мушфиқӣ, қасида, бадеҳа, чистон, ёддоштҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, ғазал, мухаммас, рубоӣ, «Шаҳрошӯб» ва «Баҳориёт»–и Сайидои Насафӣ, ғазалҳои Зебуннисо, «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ» - и Аҳмади Дониш, «Тӯҳфаи дӯстон», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва ғазалҳои Шамсиддин Шоҳин, ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ, ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ.
Намунаҳои насри ривоятӣ: «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тутинома», “Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома».
Ҳикоя, новелла, повест, драма, ёддошт, роман, достон, ғазалиёту рубоёт, қасида ва дигар ашъору осори Абдурауфи Фитрат, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Урун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Сорбон, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҳабибулло Файзулло, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон.

в) Намунаҳои ашъори бачагона ва афсона

Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо.

г) Намунаҳои осори адибони ҷаҳон

Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийҳан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муҳаммад Иқбол, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Саид Нафисӣ, Мо Ян (Гуан Мое).

Мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ:

Ҳикояву новелла – 50-то, роман – 20-то, повест – 30-то, ёддоштҳо – 15-то, афсонаву қиссаҳои насрӣ -20-то, асарҳои насри ривоятӣ – 10-то, дигар асарҳои халқӣ – 10-то (ба ин миқдор осори адибони ҷаҳонӣ низ ворид мешаванд).

 

Замимаи 2 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, № АП - 1165


Ҳайати
комиссияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»

 

1. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссия.
2. Вазири маориф ва илм – муовини раиси комиссия.
3. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия.
4. Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», муовини раиси комиссия.
5. Муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

6. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
7. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила;
8. Муовини вазири фарҳанг;
9. Раиси Иттифоқи нависандагон;
10. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;
11. Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;
12. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
13. Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Равшани Махсумзод – мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
15. Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон ;
16. Абдулҳамид Самадӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон;
17. Ҷумъа Қудус – сармуҳаррири маҷаллаи «Помир»;
18. Русакова М.В. – мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия;
19. Муртазо Зайниддинзода - мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ – форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
20. Раънои Мубориз – муовини сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат»;
21. Восиева Рухшона – мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.


Замимаи 3 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, №АП - 1165


Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ...»


Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон

Ҷоизаҳои зерин барои ғолибони озмун муқаррар шудааст:

1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик:

1.Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Ҷойи дуюм - 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
3. Ҷойи сеюм - 20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:

4. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
6. Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:

7. Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
8. Ҷойи дуюм - 17000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
9. Ҷойи сеюм - 13000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:

10. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
11. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
12. Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

5. ШОҲҶОИЗА

Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ

Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Шарҳ: Довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.
Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои мукофот: 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ).
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд.

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, назорати одобу рафори духтарон дар хобгоҳ, аз наздик шинос шудан бо шароитҳои хобгоҳ бо 70 нафар духтарони дар хобгоҳ буда, аз ҷумла, бо духтарони факултети информатика ва энергетика  вохӯрӣ гузаронида шуд.   

Дар вохӯрӣ муовини декани факултети информатика ва энергетика оид ба тарбия Аминҷонова Муҳиба, устодони донишкада Темирова Хайриниссо, Усмонова Маҳина, Темурова Муҳаррам, Икромова А., сардори духтарони хобгоҳ Эмомова Манижа  ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ устодон оид ба одобу рафтори духтарон, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни духтарон, одоби либоспӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сухан ронданд. Ҳамзамон, аз шарту шароити хобгоҳ пурсон шуда, фикру ақида ва дархостҳои духтаронро низ шуниданд.

Қайд карда шуд, ки дар хобгоҳ дафтари қайди духтарон ташкил карда шуда, омаду рафти духтарон зери назорат аст. Устодон бори дигар аз қоидаҳои хобгоҳ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки духтарон бояд дар ҳама ҷой одобу рафтори хешро дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар хобгоҳ маҳфилҳои шеъру сухан, дӯзандагӣ, пазандагӣ ташкил карда шуда, духтарон фориғ аз дарс, дар вақтҳои холигӣ аз ин маҳфилҳо бархурдор гарданд. Бояд гуфт, ки хобгоҳи донишкада дорои шароитҳои замонавӣ буда, истиқоматкунандагони ошёнаи дуюмро духтарон ташкил медиҳанд.

Вохӯрии мазкур хеле саривақтӣ буда, дар оянда бояд чунин мулоқотҳо бо истиқоматкунандагони хобгоҳ бештар гардад, зеро робитаи устодон бо онҳо қавитар гардида, дар тарбияи онҳо нақши муассир мегузорад.

Темирова Х.

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

 

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, таҳти №АП-1165, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардидааст. Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талқин намудани китобхонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа  баргузор мегардад.

Мақсади асосии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” баландбардории завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолардонии доираи забондонӣ миёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад. Озмун аз рӯи чор номинатсия сурат мегирад:

  1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик.
  2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик.
  3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик.
  4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон.

Тибқи тартиби баргузории озмун даври якум аз 10.03.2019 то 10.06.2019 барои тарғибу ташвиқи иштирокчиён барпо мегардад.

 Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ даври якум аллакай оғоз гардидааст. Аввалан, озмун дар сатҳи факултет доир гардид. Беҳтарин хонандаи китобҳо аз байни донишҷӯёни ҳар чор факултет интихоб шуда, ба даври донишкадавӣ омодагӣ дида истодаанд. Ҳамарӯза хоҳишмандони дар озмун иштирокмекарда бо мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба бо шартҳои озмун, номинатсияҳои он шинос гардида, омодагӣ дида истодаанд.

Чунин мулоқоти тарғиботию ташвиқотӣ аввалан дар факултети сохтмон ва нақлиёт доир гардид, ки ду нафар донишҷӯён Рустамов Алишерҷон ва Мамадалиев Фарҳод ғолиб омаданд. Рӯзи гузашта вохӯрии Бобоева Таиба бо донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ барпо гардид. Устод донишҷӯёнро бо тартиби баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шинос намуда, маслиҳатҳои муфид доданд. Имрӯз бошад, ҷиҳати иштирок дар озмун донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика дар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ ҷамъ омаданд.

Ҳамарӯза Бобоева Таиба бо донишҷӯёни хоҳишманд ҷамъ омада, аз китобҳои хондаи онҳо, мазмуни мухтасар, аз ёди шеъру ғазалҳо пурсон гардида, маслиҳатҳо дода истодаанд. Ҳамин тавр, донишҷӯёни хоҳишманд ҳамарӯза  баъди машғулиятҳо ҷамъ омада, ба даври донишкадавӣ бо устод омодагӣ дида истодаанд.

Аз рафти баргузории озмун боз иттилоъ хоҳем дод.

 

 

 

 

Миллати тоҷик аз азал мардумони сулҳшиору ватандӯстро ба оғӯш кашида асту ин оини неки ниёгон то кунун аз байн нарафтааст. Аслан рисолати ҳар як шаҳрванди баору номус дар он аст, ки ба ҳотири ҳифзу ҳимоя аз озодиву ваҳдати ягонагии халқ камари ҳиммат баста бошад. Мо ҳамон вақт бар зидди мухолифони миллат мубориза бурда, ғалаба менамоем, ки пеш аз ҳама меҳанпарвару адолатхоҳ бошем. Зеро ин силоҳест, ки синаи душманони бадхоҳу нохалафро сӯрох мекунад. Ҳадафҳои нопоки эшонро ба хок мезанад ва онҳоро мағлуб менамояд.

Арзишҳои милливу манфиатҳои давлатиро пос доштани ҳифозат намудан низ имрӯз вазифаи фарзияву қарзии ҳар кадоми мост. Агар мо якдилонаву сулҳҷӯёна ба зидди нафарони бадхоҳу бадкеш мубориза барем, аминам, ки онҳоро мағлуб хоҳем сохт. Зеро агар мо майдонро барои ин ташкилотҳои иртиҷоиву ифроти холи гузорем, он вақт боз муртакиби ҳодисаи садаи гузашта хоҳем гашт.

Ҷавонони арҷмманд, имрӯз давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвли миллат дар симои ҳар кадоми Шумо ҷавонони ояндасозу масъулиятшиносро мебинад. Аз ин хотир талош варзед, то ба ин бовари содиқ гардед. Кӯшшиш кунед, ки аз дасти Шумо ояндаи Тоҷикистон дурахшону нурборон гардад.

 

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публитсистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни қаламкашони ҷавон дар мавзӯи «Меҳри Ватан» доир намояд. 

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ метавонанд мақолаҳои худро барои иштирок дар озмун ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (шахси масъул: Муродзода М.-934640440) пешниҳод намоянд.

Муаллифони ҷавони беҳтарин мақолаҳои публитсистӣ дар арафаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 

Одами солимақл ҳам медонад, ки зиндагӣ дар Аврупо бе меҳнати машаққати сангин амрест маҳол. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷамъи ёронаш натанҳо он ҷо кор мекунанд, балки фаъолияташон барангехтани кинаву адоват, паҳн кардани фитнаву надомат ва ниҳоят бар гардани кишвар бор кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо мебошад.  Худ маълум, ки ӯву ҳизбаш чун зулук молу сарвати хоҷагони эронии худро макида, бар ивази ин “подошҳояшон” ба роҳбарияти олии шиамазҳабон ҳамарӯза гузориш медиҳанд.   Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад.

Хонандагони азиз агар нағз дар хотир дошта бошанд, ҷониби наҳзатиён дар остонаи таҷлили солгарди ҷашни  Ваҳдати миллӣ ҷор заданд, ки дар таъмини амният сулҳу суботи сартосари нақши Ҳизби наҳзати исломи кишвар калон аст.  Бале мо инро инкор намекунем, ки сулҳи деринтизор дар сурати ҳамдигарфаҳмии ду тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътилофи миллӣ рӯи даст омад. Наҳзатиёни арҷманд хуб медонанд, ки роҳбарияти олии кишвар, шахсан Президент то дами марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ пайваста аз ҳолаш хабар мегирифтанд. Ва ҳамчунин мувофиқи бандҳои Созишнома 30 фисади вазифаҳои давлатӣ бар дӯши намояндагони эътилофи миллӣ гузошта шуда буд, аммо аксаран умедҳои мардумро бароварда карда натавонистанд. Таърих гувоҳ аст, ки  соли 1998 барои ба пешвози Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набаромадани собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собир Бегиҷонов, ки аз эътилофи миллӣ ба ин мақом расида буд, ба қатл расонида шуда буд. Зеро ин раиси ноҳия дар ҷараёни роҳбарии худ  дар ин ноҳия эҳсос кард, ки амалкарди мухолифин ва баҳои онҳо нисбати давлатдории  кунунӣ пурра нодуруст аст. Чунин қатъият ва моил шудани он ба ҷониби Ҳукумати кунунӣ ба наҳзатиён нафорид. Ин нафарон чӣ гунна Худою Расулро ба забон мегиранд, ки худ даст ба куштор мезананд ва ҷониби давлатро низ тӯҳмат мезананд, ки намояндагонро онҳоро ба қатл расониданд.

Ин аст оини ватандории наҳзатиён, ки мардумро ба инсондӯстию эҳтироми Ватан талқин мекунанд.

Баръакси ин гуфтаҳо роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадомин шароите, ки набошад, мардумро ба сабуриву таҳаммулпешагӣ, бахшидани гуноҳи якдигар даъват мекунанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки расидан ба  сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод, ҳамзистиву ҳамаромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.  Мо бояд ҳамагуна бӯҳтон ва тӯҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум намоем ва нагузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

Бакаев М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Ҳамкории донишкада бо лоиҳаву барномаҳои байналмиллалӣ сол то сол тақвият меёбанд. Нишонаи возеҳи чунин ҳамкориҳо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави озмоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо дар факултети муҳандисӣ - технологӣ ва  дар расми ифтитоҳи он ширкат варзидани як қатор меҳмонони баландпоя мебошад. Ба фаъолият шуруъ намудани сехи нонпазӣ дар назди парки технологӣ низ самараи чунин ҳамкориҳо аст.

Санаи 11 апрели соли равон бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар толори донишкада семинари маълумотии барномаи байналхалқии Erasmus+ баргузор гардид. Дар кори семинар донишҷӯён, устодон ва кормандони донишкада, танзимгарони лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридинова Заррина, мутахассиси Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин корманди лоиҳаи Erasmus+ Нурова Санавбар ширкат варзиданд.

Зимни баргузории чорабинӣ Нуриддинова Заррина оид ба барномаи мазкур маълумоти пурра дода, моҳият ва имкониятҳои онро маънидод намуд. Қайд карда шуд, ки Erasmus+ барномаи Иттифоқи Аврупо дар соҳаи дастгирии таҳсилот, омодакунии кадрҳо, ҷавонон ва варзиш мебошад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати ҳамкор ба ин баронома дохил гардидааст. Фаъолияти молиявии барнома дар асосии маблағгузории он, лоиҳа, стипендия сурат мегирад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бошад, яке аз фаъолони аъзои лоиҳа буда, тайи чанд соли охир аст, ки бо барномаи мазкур равобит ва ҳамкории мустаҳкам дорад. Чанде аз устодону донишҷӯён аллакай таҳсил ва таҷрибаомӯзиро дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии  мамлакатҳои дигар идома додаанд.

Дар анҷоми қисми шиносоӣ бо барномаи Erasmus+ аз ҳамаи иштирокчиён анкета оид ба барнома ва дархосту пешниҳод гирифта шуд.

Қисмати дуюм бо иштироки устодону кормандони донишкада сурат гирифт. Нуридинова Санавбар дар мавзӯи “Системаи дохилии таъминоти сифат дар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Номбурда оид ба шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, баландбардории сифати таҳсил дархост ва пешниҳоди худро манзури ҳамагон намуд. Ҳамчунин, зикр намуд, ки барои баландбардории сифати таълим 5 сатҳи асосӣ муҳим аст. Ин ҳам бошад, баландбардории сифати таълим дар сатҳи ҷомеа, дар сатҳи системавӣ, дар сатҳи муассисаҳои олии касбӣ, дар сатҳи малакаи устод ва дар сатҳи донишҷӯ мебошад. Баъди маъруза устодон фикру дархостҳои худро оид ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои олии касбӣ баён намуданд.

Семинари мазкур дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, барои пешбарии фаъолияти донишкада дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо барномаҳои хориҷӣ мусоидат намуд. Донишкада, аз ҷумла, Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки пайваста робитаҳоро мустаҳкам намуда, фаъолияти пурсамарро пеш барад.  

 

 

 

 

То дирӯз барои кишварҳои пасошӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси дӯст ва шарики стратегӣ ҳисоб мешуд. Зеро ин кишвар яке аз аввалин давлатҳоест, ки мустақилияти аксари  ҷумҳуриҳоро эътироф карда, робитаҳои дипломатиро барқарор намуд. Махсусан равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна қавитар шуда, доду гирифти молу коло, равобити фарҳангӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Зеро пас аз ҷанги чандинсолаи Эрон бо Ироқ, муносибати хуб надоштан бо мамлакатҳои арабӣ як навъ давлати Эронро дар вартаи танг гузошта буд. Имрӯз Эрон дар симои Русияи абарқудрат ҳомӣ ва пуштибони худро мебинад. Зеро аён аст, ки ҳар кадомин давлате, ки бо Амрико душман аст, дӯсти Русия аст. Ин сиёсат дар Амрико низ роиҷ аст. Ва ин давлати абарқудрат низ бо мамлакатҳое, ки бо  Русия душман аст, дӯстигарӣ меварзад. Дар мисоли Ҷумҳурии Украина, ки имрӯз  дар муқобили Русия истодагарӣ мекунад. Умуман чун 50 соли пешин ҷаҳон  ба ду қисмат – лагери Амрикоӣ ва лагери Русия қисмат шудааст.

Тарафдорони Амрико, ки қисмати бузури Аврупоро низ фаро гирифтаанд, кулан аз сиёсати роҳандозишудаи Русия норозиянд. Аммо чанд давлатҳои пурнуфуз аз қабили Чин, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Осиёи Миёна, якчанд давлатҳои Амрикои лотинӣ дар симои сиёсати кремелӣ пуштибони худро ёфтаанд.

Тоҷикистон чун давлати навроҳ дар саргаҳи соҳибистиқлолии худ аз он сарфарозӣ мекард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон диду назари хосса дошт. Охир мо чи тавр ифтихор накунем, ки забони якдигарро ба хубӣ медонистем. Таъриху фарҳанги муштарак доштем. Ва ин наздикиҳо имкон доданд, ки тарҳои бузург дар Тоҷикистон ба сурати умум роҳандозӣ шаванд. Фавҷи шаҳрвандони эронӣ аз Тоҷикистон дидан мекарданду мо низ беибо ба Эрон сафар мекардем. Касе гумон надошт, ки пушти ин ҳама «хуб»- ҳо мақсади дигаре ниҳон аст.

Мо сад дар сад изҳороти давлати Амрикоро дар мавриди пуштибонии Эрон аз ҳаракату равияҳои террористӣ афсона мехондем, агар онро дар пӯсти нохуни худ эҳсос намекардем. Гузашти айём исбот намуд, ки Эрон на ба хотири таҳкими дӯстӣ бо Тоҷикистон робитаашро густариш бахшид, балки мехост кишвари моро ҷангзада намуда, бо баҳонаи ҷанг ғаниматҳои онро берун барораду мардумро гумроҳ созад. Онҳо хеле «маккорона » ва «боадабона» ин корро дар тӯли беш аз 20 – сол идома доданд. Фиристодаҳои онҳо дар симои фаъолони наҳзатӣ аввалан миёни омма маҳбубият пайдо карданд. Он нафароне, ки аз таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар огаҳӣ доштанду аз кӯчаи  одаму одамшиносӣ гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама тӯдакаш буданд, бо дасти аҳримансифатон ҷисман аз байн бардошта шуданд. Касе дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки маблағгузори асосии ҲНИ, ки тору пудаш аз бадбинии ин миллат сиришта буд, маҳз эрониён буданд. Он миллионҳо долларе, ки хоҷагони эронӣ ба Нуриву Кабирӣ фиристода мешуданд, танҳо ба хотире буд, ки рӯзи ин миллат сиёҳ бошад. Ақидаву хурофотпарастии ин нафарон ба ҳадде дар зеҳни мардум таъсир кард, ки ҳар касе мусулмонии худро ба аъзогии ҲНИ исбот менамуд.  

Шикасти тилисми онҳо ҳанӯз дар солҳои навадум пас аз интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Дертар сулҳи деринтизор умедҳои онҳоро барбод дод. Аммо хоҷагони наҳзатӣ чун торҳои анкабут бар ҳар кошонаи мо роҳ ёфтанд. «Пешравону муъбадон»-и онҳо дар симои Кабирӣ бо «хушгӯ»-и ҳои  дилҳои ҷавононро тасхир сохт. Онҳо хостанд аз дарун ин миллатро забун созанд. Мубаллиғони ҳизб дар масҷидҳо, ҳатто дар ҷанозаҳо мавизахонӣ намуда, мардумро ба «исломдӯстиву»тифоқӣ даъват мекарданд. Дар ин миён чандин ҷавонони таҳти сеҳру ҷоду монда дар мисоли Илҳому Шарофиддин, Сайидюнусу дигар «сарсупурда»-ҳо рӯи сиёсат омаданд, ки имрӯз мехоҳанд бо даъватҳои беасосу дӯруғгӯиҳои хоҷаи худ Муҳиддин Кабирӣ дар зеҳну тафаккури мардуми тоҷик роҳ ёбанд. Аммо ҳар чи қадаре, ки онҳо манфиати ҳизби худу хоҷагони худро ҳимоя кунанд, ҳамон қадар аз ҷониби сокинони кишвар ҷавоби радро мешунаванд.

Эроне, ки бо ин бузургиву ҳашмат, чун меросбари бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар дасти исломпарастони худ бозичае беш нест. Имрӯз ин кишвар сабабгори бисёр бадбахтиҳост, ки худи миллати сарбаланди Эрон онро тамоман тарафдорӣ намекунанд.

Мо бояд ҳушёр бошем, дӯст кист, душман кистро донем, дарк кунем ва барои ҳифзу амнияти миллати хеш кӯшиш намоем.     

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд