Низомномаи Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ)

 

Ассотсиатсияи хатмкардагони ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ махзани маълумоти «Хатмкардагони ДПДТТХ »-ро ташкил менамояд, ки он ҷиҳати ба вуҷуд овардани робитаи мутақобила бо хатмкардагон оид ба мубодилаи маълумот ва ташкили алоқа бо устодону кормандони донишкада бо мақсади тақвияти нерӯи кадрӣ, дар корхонаю ташкилотҳои минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

  1. Маълумоти умумӣ

1.1. Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ,  ки минбаъд Ассотсиатсия ном мегирад, ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии таъсисёфта буда, бо мақсади пешбурди фаъолият  дар асоси худидоракунӣ манфиатҳои умумии донишҷӯён ва хатмкардагонро ифода менамояд.

1.2.Самтҳои асосии фаъолияти Ассотсиатсия дар Низомномаи мазкур нишон дода шудааст.

1.3.Ассотсиатсияи хатмкардагон дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи  ДПДТТХ, Низомномаи мазкур ва санадҳои танзимкунандаи фаъолияти маърифатӣ, илмӣ, дигар намудҳои фаъолияти донишкадаро ба роҳбарӣ мегирад.

1.4. Қарор дар бораи ташкил намудани  Ассотсиатсия бо пешниҳоди гурӯҳи ташаббускор дар ҷаласаи Шӯрои илмии ДПДТТХ аз «______»________ соли 2018 қабул шудааст.

1.5. Роҳбарӣ ба Ассотсиатсия тавассути Раёсати  Ассотсиатсия, ки бо назардошти пешниҳоди гурӯҳи ташаббускор дар ҷаласаи хатмкардагон аз ҳисоби хатмкардагони ДПДТТХ интихоб шудааст, ба роҳ монда мешавад.

 

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои Ассотсиатсия

       2.1. Мақсади стратегии Ассотсиатсия дар бавуҷудории ҳамкории хатмкардагони ДПДТТХ дар асоси ягонагии иттиҳодиявӣ ифода ёфта, ба самтҳои зерин нигаронида шудааст:

- кӯмак дар коркардабароии салоҳияти ташкили технопарк, бизнес- инкубаторҳо, шароити наздик ба истеҳсолот;

-  беҳтарсозии малакаи касбии хатмкардагон;

-  мубодилаи таҷриба баъди расидан ба маснади баланд;

-  ҳифз ва афзуннамоии анъанаҳои беҳтарини донишкада;

       2.2. Мақсади гузошташуда тавассути ҳалли масъалаҳои зерин  муяссар мегардад:

- тақвияти рӯҳияи иттиҳодиявӣ дар байни ҳамаи наслҳои донишҷӯён ва хатмкардагон;

-   муттаҳидӣ ва пешравии иҷтимоии хатмкардагон;

-   худбавуҷудории хатмкунадагони донишкада;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи зеҳнии хатмкардагони донишкада;

- истифодаи имкониятҳои ДПДТТХ оид ба тайёр намудан ва азнавтайёркунии мутахассисон дар асоси талаботи бозори меҳнат;

- мусоидат намудан ба муваффақияти хатмкардагон дар расидан ба маснад;

       2.3. Ассотсиатсия дар асоси принсипҳои худидоракунӣ, ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии аъзоён, тибқи Низомномаи мазкур таъсис меёбад ва амал менамояд.

       2.4.Намудҳои асосии фаъолияти  Ассотсиатсия:

  •  ба вуҷуд овардани махзани маълумот оид ба хатмкардагони ДПДТТХ бо мақсади нигоҳ доштани робитаи байни онҳо, тақвияти алоқа бо донишкада, ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти Ассотсиатсия;
  • ташкил намудани Web-саҳифаи «Ассотсиатсияи ДПДТТХ» дар сомонаи донишкада;
  • ба вуҷуд овардани махзани маълумот ҷиҳати ташкили захираи кадрии ташкилоту муассисаҳо аз рӯи ихтисосҳои хатмкардагони ДПДТТХ бо мақсади самаранокии таъмин шудани онҳо бо кор;
  • мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи зеҳнии хатмкардагони ДПДТТХ ва имкониятҳои донишкада дар тайёркунӣ ва азнавтайёркунии мутахассисони мухандисӣ- илмӣ бо мақсади рушд ва тақвияти нерӯи иқтисодӣ ва кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мусоидат ба рушди фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маориф ва илм;
  • коркардабароии (таҳия) ва татбиқи лоиҳаҳои ба пешрафти, донишкада, факулта, ва кафедраҳои он мусоидаткунанда;

- таъсис додани идоракунии Ассотсиатсия барои қадршиносии беҳтарин донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон;

- дастгирии донишкада оид ба касбинтихобкунии ҷавонон ва қабули донишҷӯёни нав ба ДПДТТХ;

- расонидани кӯмаки машваратӣ ба аъзоёни Ассотсиатсияи хатмкардагон зимни фаъолияти касбиашон;

-  ташкил намоишгоҳ, конфронс, семинар, озмунҳо ва ғайраҳо;

-  истеҳсоли аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ба роҳ мондани муаррифӣ ва корҳои чопӣ (нашри маводҳои чопӣ);

-  мусоидат ба ташкили усули самараноки ширкати хатмкардагони ДПДТТХ дар рушди пояи моддӣ- техникӣ ва пояи истеҳсолии муосири донишкада, татбиқи лоиҳаю барномаҳо бар манфиати муассиса;

-  мусоидат ба рушди системаи ҳамкории стратегии ДПДТТХ  бо корхонаву ташкилотҳои пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ;

-  пешниҳод кардани лоиҳаҳои муштарак ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти грантҳо баҳри рушди ДПДТТХ;

- таъмин намудани сармоягузории молиявӣ барои пешравии Ассотсиатсия – назардошт - маблағҳои хайриявии  хатмкардагони ДПДТТХ);

- бавуҷудории рамзҳо ва анъанаҳои Ассотсиатсия, дастгирии анъанаҳои донишкада;

- фароҳам овардани шароит барои татбиқи афзалиятнокӣ корҳои илмӣ- техникии аъзоёни  Ассотсиатсия;

- ташкил ва гузаронидани вохӯрии хатмкардагони ДПДТТХ;

- ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани робита бо ҳамин гуна ташкилотҳои ҷамиятии макотиби таҳсилоти олии дигар, тавассути намояндагон ва гурӯҳҳои корӣ мубодилаи таҷрибаю маълумот бо онҳо;

- нашри бюллетени иттилоотии  Ассотсиатсияе, ки фаъолияти онро инъикос менамояд;

- нашри маълумотномаи хатмкардагони ДПДТТХ барои паҳн намудан дар байни аъзоёни Ассотсиатсия, ки дар он (дар асоси розигиашон) аз рӯи сол ва барнома маълумот оид ба ширкатҳои онҳо, суроға ва рақами телефонашон нишон дода мешавад;

- ба роҳ мондан ва тақвият бахшидани фаъолияти байналмилалии Ассотсиатсия;

 

  1. Ваколатҳо (ҳуқуқҳои) Ассотсиатсия

Ассотсиатсия ҳуқуқ дорад:

  • оид ба самтҳои фаъолияти худ ба директори ДПДТТХ пешниҳод манзур намояд;
  • дар коркардабароӣ ва ташхиси ҷамъиятии қарорҳои Раёсати илмии ДПДДТХ оид ба рушди перспективии донишкада ширкат варзад;
  • аз номи Ассотсиатсия ҷиҳати қадршиносӣ намудан барои саҳми намоён дар татбиқи фаъолияти низомномавии он ҷоиза, мукофот,

идрорпулӣ ва ғайра таъсис диҳад;

  • махзани маълумот оид ба хатмкардагони ДПДТТХ ва аъзоёни Ассотсиатсияро ташкил намуда, хизматрасонии маълумотдиҳиро ба роҳ монад;
  • намоишгоҳ, ярмарка, озмун, конференсия, семинар, симпозиум ва дигар чорабиниҳо ташкил намуда, гузаронад;
  • фаъолияти соҳибкориро ба амал оварад, ки ба ноилшавии мақсадҳои оинномавӣ равона шудааст ва ба ин мақсадҳо муофиқат мекунад.
  • фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монад, дар истеҳсолу фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ ва полиграфии вобаста ба доираи фаъолияти Ассотсиатсия иштирок намояд;
  • фаъолияти маърифатӣ- равшаннамоиро ба роҳ монад;
  • оид ба тақвияти истифодаи усулҳои босамари ташкили раванди таълим ва тадқиқотии илмӣ пешниҳод манзур намояд;

- дар ҷаласаву ҷамомадҳои муассиса ширкат варзад, таклифу пешниҳод манзур намояд;

-  бо истифодаи шартҳои имтиёзӣ маводи худро нашр кунад, ташаббускори ягон намуди семинар шавад, дар чорабиниҳои Ассосиатсия иштирок кунад.

 

 

 

 

  1. Аъзогӣ дар Ассотсиатсия

4.1.  Аъзогӣ ба Ассотсиатсия ду намуд мебошад: аъзои Ассотсиатсия  ва номзад ба аъзои Ассотсиатсия

4.2. Аъзои Ассотсиатсия шахси воқеӣ - хатмкунандаи ДПДТТХ, (инчунин Собиқ филиалҳои донишгоҳи техникию технологӣ), дастпарвари аспирантура, докторантураи донишкада, нафари дар ДПДТТХ рисолаи номзадӣ ё докториро ҳимоянамуда, ҳамчунин корманди муассисаи мазкур буда метавонад. Ҳамзамон шахси ҳуқуқӣ- ташкилоте, ки дар он дастпарварони ДПДТТХ фаъолият мебаранд, метавонанд аъзои Ассотсиатсия бошад;

4.3. Номзад ба аъзои Ассотсиатсия - донишҷӯёни фаъоли курсҳои болоии ДПДТТХ.

4.4. Донишкада ҳар сол моҳи май ба Ассотсиатсия оид ба васеъ кардани аъзои он аз ҳисоби хатмкунандагони соли таҳсили ҷорӣ мусоидат мекунад.

4.5. Тартиби қабул ба аъзогии Ассотсиатсия ва хориҷ шудани шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз он бо роҳи пешниҳоди ариза аз номи шахси ҷисмонӣ барои шахси юридикӣ бошад, пешниҳоди ариза ё аризаи электронӣ ба тариқи сомона ва қарори ҷаласаи мақоме, ки ҷиҳати қабули чунин қарор ваколат дорад, ба Раёсати Ассотсиатсияи хатмкардагони ДПДТТХ амалӣ мегардад;

4.6 Қарор дар хусуси қабул намудан ва хориҷ кардани аъзо аз ҷониби Раёсат тариқи овоздиҳии кушода, аз рӯи овози бештари иштирокчиёни ҷаласаи Раёсат қабул мегардад.

4.7. Ҳамаи аъзоёни Ассотсиатсия, дар асоси ихтиёрӣ, ҳам ба ДПДТТХ ва ҳам ба Ассотсиатсия чун сарпараст кӯмак мерасонанд;

4.8. Ҳамаи аъзоён Ассотсиатсия аз ҳуқуқи баробар истифода мебаранд ва масъулияти баробар доранд.

4.9. Фаъолияти ҳар як аъзои дилхоҳи  Ассотсиатсия дар сурати мувофиқ наомаданаш бо мақсаду вазифаҳои низомномавӣ, қатъ карда мешавад;

 

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни Ассотсиатсия

5.1. Аъзоёни Ассотсиатсия (шахсони ҳуқуқӣ- дар шахси номояндаи ваколатдори худ) ҳуқуқ доранд, ки:

  • озодона дар ҳама намуди  фаъолият ва чорабиниҳои Ассотсиатсия ширкат варзанд;
  • дар идоракунии  Ассотсиатсия, коркардабароии нақшаҳои ҳозираву ояндаи кор ширкат варзида, дар мақомоти интихобии Ассотсиатсия интихоб намоянд ё интихоб шаванд;
  • маълумот ва маводҳои методии  Ассотсиатсияро ба даст оранд;
  • дар фаъолияти худ бо нишон додани манбаъ, бемаҳдудият маводхои илмӣ, иттилоотӣ ва ғайри омоданамудаи Ассотсиатсияро истифода баранд;
  • аз рӯи имкону шароит барои пешрафти кори Ассотсиатсия кӯмаки моддӣ, машваратӣ ва ғайра расонанд;
  • тибқи қоидае, ки ҳангоми қабул шудан ба  Ассотсиатсия пешбинӣ шудааст, озодона аз он хориҷ шаванд;

     5.2. Аъзоёни Ассотсиатсия ӯҳдадоранд:

  • талаботи Низомномаи мазкур ва қарори Раёсати Ассотсиатсияро иҷро намоянд;

-  бо нишон додани сифатҳои баланди касбӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида садоқатмандона хизмат кунанд;

  • дар фаъолияти ташкилӣ, чопӣ ва дигар намудҳои фаъолияти Ассотсиатсия фаъолона ширкат варзанд;
  • дар чорабиниҳое, ки бо қарори Маҷлиси умумӣ ва Раёсати Ассотсиатсия доир мешаванд, иштирок намоянд;
  • дар самти ташвиқу тарғиби натиҷаҳои амалии ба даст овардаи Ассотсиатсия корбарӣ кунанд;
  • Низомномаи Ассотсиатсияро қатъиян риоя кунанд ва дар мӯҳлати пешбинишуда қарори мақомоти роҳбарии Ассотсиатсияро ба иҷро расонанд;
  • саривақт Раёсатро аз тағйироти ҷойи истиқомату кор, рақами телефон, корхона ва вазифаи худ огоҳ намоянд;
  • шаъну шараф ва обрӯи хатмкунандаи ДПДТТХ-ро ҳифз намоянд;
  • аз рӯи имконият барои пешбурди фаъолияти Ассотсиатсия кӯмаки моддӣ , машваратӣ ё ягон намуди дигар расонанд;

5.3. Аъзоёни Ассосиатсияе, ки бевосита дар донишкада кор мекунанд, бояд дар навбати аввал дар робита бо маркази мартаба дар ҳамаи намудҳои фаъолияти Ассотсиатсия фаъолона ширкат намоянд.

5.4. Аъзоёни  Ассосиатсия аз донишкада ва номзадҳо ба аъзогӣ ҳуқуқ доранд дар корҳои даромаднок дар навбати аввал ҷалб карда шаванд.

5.5. Ба  аъзоёни Ассосиатсияе, ки бевосита дар донишкада кор намекунанд имконият дода мешавад барои истифода бурдани пояи моддӣ ва маънавии донишкада:

- истифодаи китобхонаи донишкада

- гирифтани консултатсияҳо аз кормандони донишкада

 

  1. Ҳамкорӣ

Фаъолияти Ассотсиатсия тибқи фармоиши директори ДПДТТ дар ҳамҷоягӣ бо Маркази мартаба ва дигар зерсохторҳои донишкада роҳандозӣ мешавад;

 

 

  1. Сохтори ташкилӣ ва идоракунии Ассотсиатсия

7.1.Мақоми болоии идоракунии Ассотсиатсия Раёсати  Ассотсиатсия мебошад, ки на камтар аз 1 маротиба дар ҳар 3 моҳ ҷамъ меояд. Раёсат ҷаласаҳои худро аз рӯи нақшаи барои як соли тақвимӣ мегузаронад;

7.2. Ҳайати Раёсати Ассотсиатсия дар маҷлиси хатмкардагон аз ҳисоби хатмкардагон ва кормандони дар муассиса фаъолиятбаранда тариқи овоздиҳии электронӣ дар веб- сайти Ассотсиатсия аз ҷониби аъзоёни он интихоб карда мешаванд:

7.3. Раиси Раёсат аз ҷониби аъзоёни Раёсати Ассотсиатсия бо роҳи овоздиҳии аз рӯи овози бештар интихоб мегардад.

7.4. Раиси Раёсати Ассотсиатсия роҳбарии умумиро ба зима дошта, дар мақомоти иҷроияи маҳаллию марказии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ Ассотсиатсия ва манфиатҳои онро муаррифӣ менамояд.

7.5. Раёсати  Ассотсиатсия иҷрои қарорҳои дар ҷаласаҳои Раёсат қабулгардидаро  назорат намуда, фаъолияти ҳамаи аъзоёнро ба танзим медарорад, ҳамзамон иҷрои нақшаи кории барои як соли тақвимӣ тасдиқгардидаро таҳти назорат қарор медиҳад.

 

  1. Манбаъҳои ташкилёбии амволи Ассотсиатсия, идоракунии амвол, фаъолияти соҳибкории Ассотсиатсия

8.1.   Маблағҳои пулӣ ва дигар амволи Ассотсиатсия ташкил меёбад аз :

  • пардохтҳои ихтиёрии ҳамаи аъзоёни Ассотсиатсия;
  • пардохтҳои ихтиёрӣ, ҳадяҳои шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ;
  • даромадҳо аз чорабиниҳои мувофиқи оинномаи Ассотсиатсия гузаронидашаванда; 
  • даромадҳо аз амалиётҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавии фаъолияти соҳибкорӣ, таълимӣ, илмӣ, тадқиқотӣ, нашрӣ ва дигар фаъолияти Ассотсиатсия, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд;
  • қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати бонкӣ;
  • дигар даромадҳое, ки аз тарафи қонунгузор манъ нашудааст.

8.2. Ассотсиатсия мувофиқи қонунгузории амалкунанда метавонад дар моликияти худ таҷҳизот, асбобу олатҳо, амволи таъиноти маърифатӣ- равшаннамоӣ, маблағҳои пулӣ ва дигар амволи манқул ва ғақриманқул, ки барои таъмини фаъолияти оинномавии мазкур лозиманд, дошта бошад.

8.3. Ассотсиатсия соҳибмулки амволи ба ӯ дар асоси қонун таалуқдошта мебошад. Ҳар як аъзои алоҳидаи Ассотсиатсия ҳуқуқи ҳиссаи алоҳидаи амволи ба Ассотсиатсия таалуқдошта надорад.

8.4.  Ассотсиатсия метавонад амалиётҳои додугирифтиро нисбати амволи таалуқдоштааш, ки ба қонунгузории ҶТ ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, гузаронад.

8.5.  Ҳуқуқи соҳибмулкии амволи ба Ассотсиатсия дохилшуда, офаридашуда ва ё аз маблағҳои худ харидоришударо аз номи Ассотсиатсия ба амал меоварад ташкилоти доимиамалкунанда Раёсати Ассотсиатсия.

8.6.   Ассотсиатсия метавонад фаъолияти соҳибкориро ба амал оварад, ки ба ноилшавии мақсадҳои оинномавӣ равона шудааст ва ба ин мақсадҳо муофиқат мекунад. Фаъолияти соҳибкории Ассотсиатсия ба амал оварда мешавад мувофиқи кодекси Шаҳрвандӣ ва дигар қонунҳои ҶТ.

8.7. Даромадҳои Ассотсиатсия аз фаъолияти соҳибкорӣ наметавонад байни аъзоёни Ассотсиатсия тақсим шавад ва бояд истифода гардад танҳо барои ноил гаштан ба мақсадҳои оинномавӣ. Ассотсиатсия метавонад маблағҳои худро ба мақсадҳои хайротӣ истифода барад.

8.8.  Ассотсиатсия баҳисобгирии оперативӣ, бухгалтерӣ ва омориро мувофиқи қонунгузории амалкунанда барад.

8.9. Раёсати Ассосиатсия ҳуқук дорад,  барои иҷро кардани ягон қисми фаъолияташ коллективи кории муввақатӣ дар асоси шартнома бо аъзоёни коллективи муввақатӣ ташкил карда, баъди итмом расонидани корҳои коллективӣ молу амвол, инчунин маблағҳои боқимондаро аз рӯи шартнома тақсим намояд.

 

  1. Қатъи фаъолияти Ассотсиатсия

9.1. Барҳамдиҳии Ассотсиатсия дар сурати хоҳиши идомаи ҳамкориро гум кардани аъзоёни он амалӣ мегардад.

9.2. Қарор дар хусуси барҳамдиҳии Ассотсиатсия ва тартиби татбиқи он бо роҳи овоздиҳии аъзоён дар веб - сайти Ассотсиатсия муайян карда мешавад.

 

 

Эзоҳ: Низомнома дар маҷлиси якуми раёсати Ассосиатсияи хатмкардагон бо даровардани пешниҳодҳою ислоҳотҳо бояд тасдиқ гардад.