4 сентябри соли 2018 дар китобхонаҳои донишкада бахшида ба  Рӯзи китоб гӯшаҳои махсуси намоиши китобҳо ташкил карда шуд.  Дар навбати худ китобдорони китобхона доир ба Рӯзи китоб маълумот дода, иброз доштанд, ки 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баробари гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзи китоб эълон гардид.

Суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китобу китобхонӣ:

         “Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ дошани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад”.

         “Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзоянд”.

“Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазирии зиндагии инсон аст”.