Коргузорӣ дар китобхонаи ДПДТТ автоматикунонӣ карда шудааст. Интерфейси сода ва  истифодабарии осон барои китобдор ва истифодабарандагони китобхона сохта шудааст, ки он имконияти сарфа намудани вақти китобдор, таъмин намудани бехатарии китоб ва паст кардани сатҳи гумшавии китобро  таъмин мекунад.

Web- интерфейс барои додугирифти китоб барои истифодабаранда бо воситаи компютер ва сабти он дар манбаи маълумот тартиб дода шудааст. Барои ҳамаи китобҳо ва истифодабарандагони китобхона штрих-коди индивидуалӣ сохта шудааст, ки ин барои иҷрои ҳамаи корҳо сарчашма мебошад. Барои истифодабаранда имконияти қулайи фармоиши китоб ва инъикоси ин фармоиш дар интерфейси китобдор барои тайёр намудан ва супоридани китобҳои фармудашуда  сохта шудааст.

Китобхонаи рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он зиёда 46446 адад маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дар форматҳои машҳури pdf, djvu, txt, chm, doc ва ғайра нигоҳ дошта мешавад.

 Китобхонаи рақамӣ дорои шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ мебошад.

Китобхонаи рақамӣ аз тарафи донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада дар намуди Web – замима бо истифодаи Web – технологияҳои  PHP, Apache, MySQL сохта шудааст.

Аз ҳамаи компютерҳои дар донишкада буда ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, аз дилхоҳ компютере, ки дар системаи идоракунии фаъолияти донишкада қайд шудааст, ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст.

Имкониятҳои китобхонаи рақамӣ:

 Ташкил ва нигоҳ доштани фонди ягонаи маводи таълимию  илмии донишкада;

- ҷустуҷӯи мавод аз рӯйи методҳо ва мавзуъҳои гуногун;

- хондан, гирифтан ва илова намудани маводи таълимию илмӣ;

- дархост намудани китоби нав;

- аз назар гузаронидани феҳрасти китобхонаи ДПДТТ.       

      Маъмурияти донишкада баҳри афзоиши шумораи адабиёти нави китобхона саҳми калон мегузорад. Бояд махсус қайд кард, ки бо ташаббуси маъмурияти донишкада соли охир ба китобхонаҳои донишкада китобҳои нав аз рӯйи ихтисосҳои мухталиф ворид гардиданд. То моҳи майи соли 2018 24 номгӯи китобҳо ба миқдори 636 адад ба фонди китобхона ворид гардидааст.