Китобхонаи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли 2010 ташкил гардида, дорои се китобхона буда, дар  он 3 қироатхонаи дорои 345 ҷои нишаст ва 178 адад компютери ҳозиразамон, ки ба интернет, системаи идоракунии иттилоотӣ (СИИ) ва китобхонаи рақамии донишкада пайваст мебошанд, амал мекунад. Дар китобохона шароити хуби дарсомӯзии  барои донишҷӯён ташкил шудааст. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда савияи дониши худро баланд мебардоранд. Дар китобхонаи донишкада ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он 7 нафар кормандон фаъолият мебаранд.  Фонди китобхонаи донишкада то имрӯз 138759 нусха китобро ташкил медиҳад. 

Инчунин, дар китобхона намоишгоҳи доимоамалкунандаи «Китобҳои нав» мавҷуд аст. Ҳангоми ба китобхона ворид гаштани китобҳои нав, аз тарафи кормандони китобхона ба хонандагон муаррифӣ карда мешаванд.