Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар тамоми мактабҳои олии Тоҷикистон маркази бақайдгирӣ ва машварат таъсис дода шудааст. Ва яке аз аввалинҳо шуда ин икдомро дар ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ ба рох монданд, яъне маркази бақайдгирӣ ва машварат  ташкил карда шуд. Маркази бақайдгирӣ ва машварат ҷузъи таркибии ДПДТТХ ба ҳисоб меравад. Ин марказ бо мақсади бақайдгирии донишҷўён,  захира намудан ва таҳлил кардани манбаи электронии маълумотҳо ва дастовардҳои онҳо, бароҳмондани ҳуҷҷатнигории ҷараёни таълим вобаста шудааст. Маркази бақайдгирӣ ва машварат - сохторест, ки тамоми маълумотро оид ба дастовардҳои таълимии донишҷўён дар давраи таҳсил ба қайд мегирад.

Ҳоло дар ин марказ 1 нафар сардор ва 5 нафар нозирон фаъолият мебаранд. Нозирон ба факултетҳо вобаста шудаанд ва ҷои корашон бевосита дар факултет ё наздикии он мебошад.

Барномаи «Маркази бақайдгирӣ ва машварат» дар худ автоматикунонии чорабиниҳоеро дар бар гирифтааст, ки ба банақшагирии раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ, бақайдгирии дастовардҳои таълимии донишҷӯ алоқаманд мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти маркази бақайдгирӣ:

  • омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷўён мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;
  • ташаккули гурўҳҳои академӣ аз рўи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
  • назорати раванди имтиҳони ҷорӣ ва ҷамъбастӣ;
  • таъмини донишҷўён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дар ҷамъбасти ҳар як семестр муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷў ва мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
  • ба деканати факултетҳо ва сардори қисми таълим барои таҳлил ва чораандешӣ пешниҳод намудани рўйхати донишҷўёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои Ғ гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст аст;
  • тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷў;
  • ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷўён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар мўҳлатҳои муқарраршуда;
  • дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи (GPA)-и донишҷўён таҳияи фармоиш ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани онҳо;
  • тартиб додани ҳисоботи оморӣ оиди давомот ва пешрафти донишҷӯён;
  • таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оиди раванди таҳсил ба роҳбарият ва мақомоти беруна.

Нишондиҳандаҳои баланд натиҷаи қайди рӯзмарраи давомот ҳам дар журнали гурӯҳ ва ҳам дар журнали электронии системаи иттилоотии идоракунии донишкада (СИИД) аз тарафи омӯзгор нисбати ҳар як фан, санҷиши ҳамарӯзаи давомот дар ҳамаи синфхона дар дарсҳои аввалу охирони гурӯҳҳо аз тарафи нозирони маркази бақайдгирӣ ва қайди фаврии натиҷаҳо бо воситаи планшет аз тарафи онҳо ба СИИД дар рафти санҷиш бевосита дар синфхонаҳо, воридкунии маълумоти журналҳои гурӯҳҳо нисбати давомот ба СИИД аз тарафи нозирон дастрас шудаанд. Назорати фаврии маълумотҳои омории давомот бо воситаи СИИД аз тарафи кураторони гурӯҳҳо, деканони факултетҳо, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, директори донишкада ҳолатҳои дарсшикании бесабабро пешгирӣ мекунанд.

Мутобиқи қоидаҳои ҷорикардашудаи донишкада дар ҳолати аз 12 соат гузаштани дарсшикании донишҷӯ дар давоми нимсола куратори гурӯҳ бо волидайни ӯ сӯҳбат карда, дар ҳолати бесабаб будани дарсшиканиаш ба декани факултет барои дидани чора арз мекунад. Дар вақти аз 24 соат гузаштани дарсшиканӣ сӯҳбат бо волидайн дар сатҳи факултет ва раёсати донишкада гузаронида мешавад. Донишҷӯёни дар дарсҳои фан 100 % иштирок карда, бо ҳамроҳ кардани холҳои муайян ба натиҷаҳои пешрафти онҳо ҳавасманд карда мешаванд.