Шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ (минбаъд ШИСваБС) ҳамчун зерқисми сохтори алоҳида дар ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунад, ки он 28 августи соли 2012 бо фармони № “048-ХУ” ташкил карда шудааст. Фаъолияти асосии ШИСваБС назорат бурдан ва баҳо додани сатҳи таълими донишҷӯён, идора, назорат ва ташкили сифати таълим дар Донишкада мебошад.

ШИСваБС дар асоси Оинномаи Донишкада, қарорҳои Шӯрои Олимони Донишкада, фармонҳои директор ва низомномаи шуъба фаъолият мебарад. ШИСваБС аз тарафи сардори шуъба идора карда мешавад.

Ба ҳисоби штатии шуъба сардори шуъба, сармутахассис ва як нафар мутахассис дохил мешаванд, ки дар самти мукаммал намудани маълумотҳо дар системаи иттилоотии Донишкада оиди сифати таълим фаъолият мебаранд.

Мақсади таъсис додани шуъба:

Коркард, бо ҳуҷҷатҳо асоснок кардан, ҷорӣ намудан ва нигоҳ доштани ҳолати амалии менеҷменти сифат дар донишкада, мунтазам беҳтар намудани самаранокии он мутобиқи талаботи ГОСТ ISO 9001-2011.

Вазифаҳои асосии ШИСваБС ибратанд аз:

- таъмин ва мониторинги сифати таълим тариқи коркард ва гузаронидани шаклҳои гуногуни пурсиш, коркарди натиҷаҳои пурсиш, коркарди ҷорабиниҳо оиди мукаммал намудани сифати ҷараёни таълим, сатҳи касбӣ ва маҳорати дарсии омӯзгорон;

- омӯзиши ҳолати сифат ва мониторинг дар донишгоҳҳои хориҷи дур ва наздик;

- банақшагирӣ, ташкил ва координатсияи сифати кори илмӣ-методӣ дар Донишкада;

- таҳлили мундариҷа, мазмун ва ороиши силлабусҳои аз тарафи омӯзгорон ба соли нави таълим коркардшуда ва пешниҳоди онҳо ба ШИМ-и Донишкада;

- таҳлили мундариҷа, мазмун ва ороиши супоришҳо барои корҳои хаттӣ;

- тайёр намудани пешниҳодҳо ба ШО аз рӯйи масъалаҳои шуъба;

- ташкил ва гузаронидани семинарҳо барои омӯзгорон оиди баланд бардоштани сифати дарси онҳо;

- иштирок дар дарсҳои омӯзгорон ва таҳлили дарсҳо;

- ташкил, назорат ва таҳлили дарсҳои кушод дар сатҳи Донишкада;

- ба нақша гирифтан, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ аз рӯи масъалаҳои сифати таълим;

- ба таври систематикӣ тафтиш ва таҳлил намудани фаъолияти кафедраҳо.

Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба мақсади асосӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар донишкада аз рӯйи самтҳои зерин сифати таълим назорат карда мешавад:

Шарҳи асосии омилҳои сифати таълим аз рӯйи самтҳои дохилидонишгоҳии таъминоти сифат чунин муайян карда шудааст:

 

 

Низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифат дар донишкада ба чунин самтҳо такя мекунад:

- мундариҷаи таълим;

- технологияи таълим;

- фаъолияти донишҷӯ;

- таъминоти иттилоотии раванди таълим;

- пояи моддӣ-техникии раванди таълим;

- фаъолияти устод.

 

Ҳайати кормандони шуъба:

Сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ:

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

Телефон: 92-715-35-05   Еmail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. 

 

 Мутахассиси шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ: Турсунова Шоирахон Турсунбоевна

Телефон: (92) 600-57-53 email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Эксперти шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ: Султонова Рано Максудовна 

 Телефон: (92) 929-20-70

 

 Суроғаи шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ: Бинои маъмурӣ- ҳуҷраи 304 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд