Шуъбаи тарбия сохтори таркибии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.Осимӣ  буда, дар асоси  Оинномаи Донишкада  ва Низомномаи шуъбаи тарбия амал менамояд.   Кормандони шуъба бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ корҳои амалӣ бурда, ҳамзамон фаъолияти кураторони гуруҳҳои академиро зери назорати доимӣ қарор медиҳанд.

Шуъбаи тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат оид ба маориф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хукуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати донишкада, гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи тарбия бо чунин ташкилотҳои ҷамъиятии донишкада ба монанди: созмони ҷавонон, бахши кор бо занону духтарон, шӯрои собиқадорони меҳнат дар алоқаи зич фаъолият мебарад. Шуъбаи тарбия аз рӯи нақшаи кории тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо аъзоёни шӯроҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ кӯшиш менамоянд, ки самти корҳои тарбиявиро пурзӯр намуда, талаботу иҷроиши супоришҳоро дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монанд.

Корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дар донишкада асосан дар чунин самтҳо ташкил карда шудааст:

  1. корҳои тарбиявӣ ва таълимӣ-сиёсӣ дар гуруҳҳо;
  2. назорати давомоти донишҷӯён;
  3. ғамхорӣ нисбати донишҷуёни ятим, нимятим ва камбизоат;
  4. чорабиниҳои тарбиявӣ тибқи самтҳои консепсияи миллӣ;
  5. аёдати хонаи кӯдакон, мактаб-интернат, хонаи пиронсолон ва маъюбон.

 

ЧОРАБИНИҲО

 Санаи 07.09.2018 бо шукргузорӣ аз суботи кишвар ва истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкада чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Санаи 08.09.2018 дар майдони Камоли Хуҷандӣ чорабинии вилоятӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки 80 нафар донишҷӯдухтарон дар блоки рақсӣ иштирок намуданд.

Санаи 27.09.2018 тибқи ҷадвали баргузории даври аввали Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” таҳти роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар толори маҷлисгоҳи донишкада Фестивал-озмуни мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Санаи 06.10.2018 дар Амфитеатри МД “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии тантанавии гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки 80 нафар донишҷӯдухтарон дар блоки рақсӣ, 300 нафар донишҷӯёну омӯзгорон бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиорҳои ватандӯстона ширкат варзиданд.

Санаи 23.02.2019 дар толори донишкада бахшида ба ҷашни давлатӣ-26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гашт. Чорабиниро устоди донишкада Файзиева Ш. бо шеъри тараннуми Ватан кушода гуфта эълон кард. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо Иди Артиши Миллӣ табрик намуда, ба онҳо бурдборию комёбиҳоро таманно намуд. 

Инчунин дар чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ, аз ҷониби КИ ҲХДТ-и ш.Хуҷанд ва в.Суғд, чорабинии вилоятии кормандони соҳаи маориф ва иттифоқи касаба бахшида ба Рӯзи Модар ташкил намуда омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Санаҳои 18.03.2019, 21.03.2019 ва 22.03.2019 дар чорабиниҳои наврӯзии донишкадавӣ ва шаҳриву вилоятӣ зиёда аз 1000 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишкада (дар блоки рақсӣ 100 нафар) ширкат варзиданд. Санаи 18.03.2019 дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар донишкада чорабинии тантанавӣ доир гардид. Директори донишкада Саидӣ Д.Р. кулли устодон ва донишҷӯёнро бо муносибати фарорасии фасли баҳору зебоӣ ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки Наврӯз иди қадимаи гузаштагони мо буда, он пайвандгари насли имрӯзу дирӯз бо расму оини тоҷикона мебошад. Мо ифтихорманд аз онем, ки дар баробари тантанаҳои ҷашни Наврӯз якчанд донишҷӯёни донишкада аз олимпиада барои дарёфти Ҷоми академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас баргаштанд, ки ин як тӯҳфаи идонае буд барои донишкадаи мо дар ҷашни Наврӯзи хуҷастапай.

Санаи 22.03.2019 дар назди театри мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳориро бо дастовардҳои шоён истиқбол намуданд. Дар ин чорабинӣ хаймаи наврӯзии донишкада пешкаши ҳозирин гардида, зиёда аз 1000 нафар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. Хаймаи оростаи донишкада аз тарафи меҳмонон ва мизбонони шаҳри Хуҷанд баҳои баланд гирифт. 

Санаи 08.05.2019 дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба маросими тантанавии гулгузорӣ доир гардид. Роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ бо нишони қадршиносӣ ба музаффариятҳои бобоёни мо дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи онҳоро бо некӣ ёд намуданд.