Дадобоева Махфират. (тав.1945), Депутати Шӯрои Олии СССР даъватҳои У111-Х ва РСС Тоҷикистон даъвати Х.,  дар таъсисёбии «Филиали  Донишкадаи политехникии  Тоҷикистон дар Ленинобод» саҳми бузург гузоштааст.

Пӯлотов Пӯлод Отаевич (тав.1957),  ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1990-2000), бо ташаббуси ӯ  Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфт(1992),профессор, муаллифи  зиёда аз 50  мақолаҳои илмию методӣ. 

 

Азизов Насрулло  Азизович (тав.1930), директори аввалини «Филиали  Донишкадаи политехникии  Тоҷикистон дар Ленинобод»,  декани факултети технологӣ(1987-1993), номзади илмҳои химия, дотсент, муаллифи зиёда аз 30 корҳои илмӣ, дар сохтмонҳои биноҳои таълимӣ саҳми калон гузоштааст. 

 

Саидхоҷаев Тӯра Саидхоҷаевич(тав. 1937),  директори «Филиали  донишкадаи политехникии  Тоҷикистон дар Ленинобод»  (1987-1993), номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муаллифи зиёда аз 60 корҳои илмӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. 

 

Қодиров Абдуғаффор Қодирович (тав.1953). Директори «Филиали  Донишкадаи политехникии  Тоҷикистон дар Ленинобод» (1993-2010), номзади илмҳои математикӣ, профессор(1993), барандаи ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров(1996), муаллифи 55 корҳои илмию методӣ мебошад. 

 

Ашӯров Субҳонидин Ашӯрович(тав.1950 ) , директори аввалини ФХДТТ(1992-1993), номзади илмҳои физикаю математика, доктори илмҳои иқтосодӣ, профессор, муаллифи як қатор корҳои илмию методӣ мебошад. 

 

Ғаниев Мамадҷон  Ғаниевич (1953-2012),  директори Филиали Хучандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон(1993-1995), ноиби директор(1995-2010), мушовири директори ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ оид ба таълим(2010-2012), номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ,  Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Раззоқов Абдумаҷид (1950-2015), аз соли 1983 то 1993 муаллими калон ва мудири кафедраи филиали ДПТТ дар Хуҷанд, ҷонишини директори филиали номбурда оид ба таълим(1993-2008), номзади илмҳои техникӣ(1981), дотсент, муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ мебошад.

 

Мухиддинов Фатҳулло Эргашевич(тав.1951), дар вазифаҳои муовини раиси ш.Хуҷанд, сардори идораи фарҳанг, сардори идораи маорифи вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Аз соли 2007 то 2010 ноиби директори ФХДТТ ва аз соли 2010 мушовири директори ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф»(1976) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст

 

Муҳиддинов Анваридин Риёзидинович(тав.1945),номзади илмҳои биологӣ(1983),  доктори илмҳои биологӣ(2000), муаллифи зиёда аз 130 мақолаҳои илмиву китобҳои дарсӣ ва монографияҳо, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, мудири кафедраи агротехнологияи ФХДТТ(2000-2010), аз соли 2010 профессори кафедраи технологияи маҳсулоти хурока ва агротехнологияи ДПДТТ мебошанд.

 

Авезов Азизулло Хабибович (тав.1956). Доктори илмҳои иқтисод, профессор, «Аълочии маорифи Ҷумҳрии Тоҷикистон», аз соли 2005  то имрӯз профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва директори генералии ширкати “Бизнес консалтинг групп”, аввалин маротиба ҳаҷм ва самаронокии манбаҳои барқии барқароршавандаи Тоҷикистонро муайян намудаст. Дар ташаккули якчанд барномаҳо оид ба дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз он ҷумла “Барнома ва Стратегияи рушди устувории ҶТ” иштирок  кардааст. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ, методӣ ва монографияҳо аст. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.

 

Назаров Абдушукур  Абдураҳимович(тав.1944), доктори илмҳои иқтисод, профессор, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи як қатор мақолаҳои илмию методӣ мебошад.Раҳимов О.С.(тав.1948) , номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи электротехника ва автоматика-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон (1996-2008), мудири кафедраи таъмини барқ ва автоматикаи ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ(аз соли 2010), аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Раҷабов Ғайрат Ашӯрович (1948-2018),  дотсент, мудири кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ФХДТТ(2001-2010), мудири кафедраи математикаи олӣ ва декани ФМЭ-и  ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ (2010-2012), аз соли 2012 дотсенти  КФУФИЭ, номзади илмҳои физика-математика(1980), дотсент (1982), муаллифи зиёда аз 70 корҳои илмию методӣ ва китобҳои дарсӣ, “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад

 

Осимов Акмал Зайнидинович (тав.1936), аз соли 1965 то 1995 дар вазифаҳои мудири лаборатория, мудири кафедраи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон адои вазифа намудааст, аз соли 1995 то имрӯз дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва дотсенти Филиали Хуҷандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва минбаъд дар ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ фаъолият менамояд.

 

Ҳаитова Ӯғулой(тав.1958) , нифм(1989), дотсент, яке аз авалин устодони ФХДТТ буда, аз рӯзи ташкилшавии он  фаъолият мебарад. Ӯ муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмию методӣ ва васоитҳои таълимӣ мебошад. Соҳиби нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» аст 

 

Ҷалилов Файзулло (тав.1947), нифм, дотсент Аз 1995 то 2010 декани факултети ФХДТТ ба номи М.С.Осимӣ . Аз с . 2010 дотсенти кафедраи ДПДТТ ба номи М.С. Осимӣ, дорандаи унвони «Аълочии Маорифи Тоҷикистон» аст.Фатҳиддинов Б.Р. (тав.1936),  номзади илмҳои техникӣ(1965), дотсент,  иштирокчии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум,  бо як қатор ордену медалҳо қадрдонӣ карда шудааст. Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмию методӣ мебошад.

Темирова Хайринисо Исломовна (тав.1951), номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои умумитаълимӣ дар ДПДТТ (аз соли 2010 то имрӯз), солҳои 1970-1994 ба ҳайси муаллим, ҷонишини директор ва директор фаъолият намудааст, сардори Идораи маорифи вилоят, сардори Идораи таҳияи сиёсат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми ҶТ, ректори Донишкадаи бозомӯзии муаллимони ҶТ ва вилоят, муаллифи зиёда аз 100 адад мақолаҳои илмӣ ва муаллифи китоби дарсии Забони тоҷикӣ, “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1984), медали Сулҳ (2001), медали 20-cолагии ҲХД (2016).

Султонова Р.М. (тав.1939), номзади илмҳои иқтисодӣ(1980), дотсент,  Донишкадаи технологии саноати хӯрокаи шаҳри  Москваро соли 1963  хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар истеҳсолот оғоз карда, 14 сол дар вазифаҳои устои баст, мудири лаборатория, директори фабрикаи «Ширин» ва ғайраҳо кор кардааст. Аз соли 1980 дар кори омӯзгорӣ, сараввал дар ДДТ(Душанбе) ва минбаъд аз соли 1994 дар ФХДТТ дар вазифаи мудири кафедра ва сардори департамент фаъолият бурдааст. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи ДПДТТ ба номи М.Осимӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз  40 номгӯй мақолаи илмӣ ва методӣ мебошад. Мавсуф  бо ифтихорномаҳои хукумати ш.Хуҷанд, вилояти Суғд ва Вазорати саноат қадрдонӣ гардидааст.