Миссияи шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ ин мусоидат намудан ба интернатсионализм, баландбардории сатҳи таҷрибанокии донишҷӯён ва устодон аз рӯйи барномаҳои мубодилавӣ, ташаккули тадқиқот ва ташкили муносибатҳои нави ҳамкорӣ мебошад. Шӯъба ба стратегияҳои байналмиллалии умумии донишкада, аз ҷумла интихоби донишҷӯён ва устодон барои мубодила, тадқиқот ва робита бо дигар донишгоҳҳову ташкилотҳо масъулият дорад.

Ӯҳдадориҳои шӯъба дар шиносоӣ намудани донишкада дар конфренсияву семинарҳои илмии байналмиллалӣ ва давлатӣ, ташрифоварӣ ба макотиб, донишкадаву донишгоҳҳо, ҳамкорӣ ва раҳнамоӣ намудан барои мубодилаи донишҷӯён ва дигар намуди ҳамкориҳо инъикос меёбад.

Шӯъба бо зиёда аз 10 барномаҳои Erasmus Mundus, Erasmus Plus, Хизматрасонии олмонии мубодилаи академӣ (DAAD) дар самти бакалавриат, магистратура ва докторантура ҳамкорӣ намуда, бо 214 донишгоҳҳои гуногуни саросари олам ва дигар барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат робитаи тарафайн дорад.

Инчунин шӯъба бо 6 барномаҳои такмили ихтисосӣ, аз ҷумла Донишгоҳи штати Небраска - Линколн муносибати ҳамкорона дорад ва донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба мамлакатҳои гуногун равона мекунад. Бо барномаи LOGO, Ассотсиатсияи байналмиллалии мубодилаи донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ (IAESTE), AISEC, Praktikum Global, Logo, Ge-Tec Solutions, Jd-East, Таҷрибаомузии байналмиллалӣ ва Асотсиатсияи байналмиллалии донишҷӯён дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва улуми ба он дахлдор (IAAS) робита дорад.