Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас чорабиниҳои тарбиявии гуногун ба нақша гирифта шуда, дар баргузории ин чорабиниҳо созмонҳои ҷамъиятии донишкада,  деканатҳо оид ба тарбия ва донишҷӯёни бомаҳорат ва пешқадами донишкада ҳиссагузорӣ менамоянд.

Бо мақсади тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ,  масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳифзу ҳаракатҳои тундрав, мунтазам вохӯриҳо бо намояндагони, РВКД-ии ҶТ дар  вилояти Суғд, намояндагони Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Прокуратураи вилояти Суғд, Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар в.Суғд ташкил ва гузаронида мешаванд.

 

  1. Санаи 3 феврали соли 2017 дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Музаффар Ҳотамӣ, сардори шӯъбаи ҷинояту ҷиноятсодиркунии Раёсати мазкур Абдуллозода Шӯҳрат ва корманди ин ниҳод Фарҳодзода Шамшодҷон бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Миёни донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб гирифта, қайд гардид, ки дар баробари нашъаманд будан қисме аз онҳо ба бемори ВИЧ СПИД низ гирифторанд ва ин вирусро тавассути сӯзандору гирифтаанд.

  1. Санаи 10.02.2017 дар толори донишкада вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони Раёсати Кумитаи давлати амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон баргузор гардид.

  1. Санаи 24.02.2017 ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд доир гардид.

  1. Санаи 17.02.2017 дар толори маҷлисгоҳи донишкада бо иштироки 280 нафар устодон ва донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика вохурӣ бо муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Турсунов Н., сарнозири ҳамин хадамот майори милитсия Нарзиев Б., намояндаи МИҲД, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Рустамзода С., намояндаи уламои дини вилоят Калонзода А., муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ Аминов Ф.А., сармутахассиси шуъбаи тарбия Башиков И.Т., декани факултет Солиев О. баргузор гардид.

  1. Санаи 10 март соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи донишкада бо иштироки 270 нафар устодон ва донишҷӯёни факултети муҳандисӣ иқтисодӣ вохӯрӣ бо сардори шуъбаи таҳқиқи РВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Орифзода С., сармутахассиси кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД Мирзоҳафизиён Шерафкан доир гардид.

  1. Санаи 19.05.2016 бо иштироки М. Раҳмонзода, муовини сардори раёсати адлияи вилояти Суғд, Набиев Насимҷон Абдуқаюмович, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Саидбой Зокиров, муовини Раиси комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Юлдошев, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

  1. Санаи 18.11.2016 бо иқдоми КИ ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо донишкада дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Муҳаммад Осимӣ» вохӯрии устодону шогирдон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар в.Суғд ва кумитаи иҷроияи  ҲХДТдар ш. Хуҷанд баргузор гардид.  Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар арзи ҳастӣ намудани Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои решакан намудани омилҳои ришваситонӣ ва ба танзим даромадани вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши мубориз дорад. Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин марази ҷомеъа даъват менамоянд. Зарифзода Ҳошимҷон Юсуфӣ, капитани адлия, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар в. Суғд дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ахбороти муффасал дод. Саломзода Насимҷон, мудири шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар в. Суғд дар бораи амалҳои ногувори ришваву ришваситонӣ сухан карда, афзуд, ки бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод. Зимни мулоқоти озод донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ аз меҳмонон посух гирифтанд. 
  1. Санаи 04.01.2017 дар донишкада дар иртибот ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими донишкада чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иқдоми навбатии Сарвари давлатро оид ба ҳифзу нигаҳдошти бебаҳотарин неъмати табиат дар миқёси олам бесобиқа унвон кард  Дар баромади сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2, Қаюмзода Зафар Ғанӣ  таъкид шуд, ки ҳанӯз 22 марти соли 1993 Рӯзи умумиҷаҳонии об аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҷашн гирифта шуда буд. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз баланд бардоштани маърифати мардум оид ба муҳимияти манбаҳои об, зарурияти истифодаи сарфакоронаи он, инчунин равона сохтани таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, омма барои андешидани чораҳои фаъолона ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад.