ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» БАРГУЗОР ШУД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи 8 номинатсия: – математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ 120 нафар ғолибони даври факултативии озмун бо ҳам рақобат намуданд.
Бояд қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо дастури Сарвари давлат ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Ғолибони даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар даври шаҳрии озмун иштирок хоҳанд намуд.
Шуъбаи кор бо ВАО