“ИЛМИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН – НЕРӮИ ПЕШРАФТ ВА НАЗАР БА ФАРДО”
Дар факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар мавзуи “ИЛМИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН – НЕРӮИ ПЕШРАФТ ВА НАЗАР БА ФАРДО” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони раёсати донишкада, садорати факултет, аъзоёни кафедраи кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент ва донишҷӯён иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ин тарғиби дастовардҳои илми иқтисодии тоҷик ва саҳми олимони тоҷик дар рушди иқтисоди кишвар, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмиву тадқиқотӣ, шиносоӣ бо олимони маруфи илми тоҷик буда, чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳафтаи илми тоҷик баргузор гашт.
Ҳамоиши илмӣ-назариявиро муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.и., дотсент Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо баробари рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм низ тағйироти куллӣ ба амал омадааст. Эълон гаштани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” ва озмуни “Илм - фуруғи маърифат”, зиёд гаштани маблағгузории соҳа, сол аз сол беҳтар гаштани шароити иҷтимоии олимон, таъсис додани ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ ва ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон аз ин шаҳодат медиҳад. Чунин ғамхориҳо моро водор месозад, ки корҳои илмиро боз ҳам вусъат бахшида, тадбиқи онро дар соҳаҳои иқтисоди кишвар амалӣ намоем.
Раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Мафтунахон Мансурова - н.и.и., омӯзгори калони кафедра дар мавзуи “Саҳми олимони тоҷик дар рушди илми иқтисодии Тоҷикистон” баромад намуда, зикр дошт, ки дар самти иқтисодиёт саҳми олимони тоҷик шоистаи таҳсин аст, зеро маҳз онҳо бо тадқиқот, пажӯҳиш ва андешарониҳои худ барои рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои илмӣ ва назариявӣ гузоштаанд. Дар баромад мавсуф бо дастовардҳои илмии олимони иқтисоддони шинохтаи кишвар ба монанди академик Р.К. Рахимов, д.и.и., профессор, Арбоби Шоистаи илм ва техникаи ҶТ Назаров А.А., д.и.и., проф.Авезов А.Ҳ., д.и.и., проф.Авезова М.М., н.и.и., дотсент Султонова М.М. ва дигарон шинос намуд.
Сипас, д.и.и., профессор, Арбоби Шоистаи илм ва техникаи ҶТ – Абдушукур Назаров доир ба мавзӯйи “ЦИФРОВАЯ ЭКОНОМИКА И ДИНАМИКА ЕЁ ЭФФЕКТИВНОСТИ В СИСТЕМЕ ХОЗЯЙСТВОВАНИЯ” баромад намуда, нақши калидии ҷоришавии иқтисоди рақамиро дар баландбардории низоми хоҷагидорӣ тавсиф намуданд.
Баъдан магистранти курси 2 ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона Мисриёхон Далерзода дар мавзӯи “МЕТОДИКА ОЦЕНКИ ИННОВАЦИОННОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПРОМЫШЛЕННОГО ПРЕДПРИЯТИЯ”, ки таҳти роҳбарии Азизулло Авезов, д.и.и., профессор, Академики Академияи байналхалкии муҳандисӣ омода карда шудааст, баромад намуда, оид ба рушди фаъолияти инноватсионии корхонаи саноатӣ маълумоти пурмазмун пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин донишҷӯён низ дар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ фаъолона иштирок намуданд. Абӯбакр Бобоҷонов донишҷӯйи курси 4 ихтисоси “1-250107 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона” дар мавзӯи “Искусственный интеллект в сфере экономики”, Исомидинов Субҳидин донишҷӯйи курси 3, ихтисоси зикргардида дар мавзӯи “Роҳандозии фандоматҳо барои рушди коркарди дубора ҳамчун заминаи баландбардории маърифати иқтисодӣ маъруза пешкаш намуданд.
Дар идома донишҷӯёни курси 2 Диёра Ашурматова, Меҳронахон Бузурукова, Дилдора Иброҳимова, Фараҳноз Мирзохоҷаева, Маҳлиёхон Ҳошимова, Нигора Мансурова, Меҳронахон Ҳомидова ва Меҳронахон Муҳиддинова оид ба мавзуъҳои мубрами рушди инноватсионии иқтисодиёт “Инновации в системах управления качеством: от ISO 9001 до цифровых технологий”, “Идоракунии сифат дар муҳити инноватсионӣ ТQM” ва “Качество как драйвер инноваций: стандарты будущего” баромад намуда, таҷрибаҳои пешқадами корхонаҳои саноатии кишварҳои тараққикарда оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои байналмиллалӣ маълумот доданд.
Шуъбаи кор бо ВАО