Шоми 8 сентябр дар Қалъаи Хуҷанд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо фарорасии ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани азизамонро ба марҳилаи сифатан нави рушд расонанд.
Сокинони сарбаланди вилояти Суғд имрўз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 34 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Давлату Ҳукумат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии худ эълон намуда, ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро ҳадафи стратегии худ қарор дод.
Ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои дар пешгузошта ва дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрўз натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ афзоиши маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа ва савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, аз соли 2010 инҷониб иқтисодиёти минтақа, ҳамчун ҷузъи иқтисоди миллӣ ба марҳилаи рушди бонизом тамоюл кард.
Дар натиҷаи андешидани силсилаи тадбиру чорабиниҳо нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ дар соли 2024 ба 42,4 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2010 - ум 7,4 маротиба афзуд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ ба 18,3 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,0 фоиз расонида шудааст.
Андешидани тадбирҳо бобати таъмини суботи макроиқтисодӣ, роҳандозӣ намудани сиёсати мутавозини пулию қарзӣ ва ислоҳоти сохторӣ, барои иҷрои саривақтӣ ва барзиёди нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуд.
Соли 2024 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети давлатии вилоят 104,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4,96 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2010-ум 4,5 миллиард сомонӣ ё 9,8 маротиба зиёд аст.
Агар дар соли 2010 қисми хароҷоти буҷети вилоят ҳамагӣ 447,2 миллион сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2024 ба 3,5 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 7,8 маротиба нисбат ба соли 2010 зиёд мебошад. Ин имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими давлатиро тадриҷан зиёд намоем.
Дар соли 2024 маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ба 844,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2010 9,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар соҳаи маориф низ маблағгузорӣ 8,4 маротиба афзуда, он аз 208,4 миллион сомонии соли 2010 то ба 1 миллиарду 757,5 миллион сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд.
Дар 34 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид.
Рушди бонизоми соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт таъмин гардида, дар заминаи афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ иҷрои ўҳдадориҳои иҷтимоии давлат иҷро ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид.
Тибқи ҳисоботи оморӣ имрўз дар қаламрави вилоят зиёда аз 1300 корхонаи хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият дошта, феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 250 номгўи маҳсулотро дар бар мегирад.
Аз соли 1991 то имрўз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ зиёда аз 1000 адад зиёд гардида, рушди бесобиқаи истеҳсолоти саноатӣ таъмин гардидааст. Дар соли 2024 ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум наздик 10,0 баробар зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 бошад, зиёда ба маблағи 24,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо дар сатҳи 133,5 фоиз таъмин гардидааст.
Солҳои охир ислоҳоти комплекси агросаноатӣ идома ёфта, бо таҷдиди корхонаҳои соҳа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа бо назардошти ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ дар вилоят ҳоло наздик 70 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ бо шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар давоми солҳои 2010-2024 кишоварзони вилоят, аз ҷумла пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон меҳнати шоиста намуданд ва дар натиҷа дар соли 2024 ҳаҷми маҷмўи умумии кишоварзӣ нисбат ба соли 2010-ум 3,5 маротиба афзуда, ба 22,4 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ба 13,8 миллирад сомонӣ ва суръати афзоиш ба 110 фоиз расонида шуд.
Давоми солҳои истиқлол дар соҳаи сохтмони вилоят низ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Сохтмончиёни вилоят аз рўзҳои аввали истиқлол барои ободу зебо гардонидани диёрамон камари ҳиммат баста, дар ин муддат ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногунро сохта ба истифода доданд, ки дар маҷмўъ, шаҳру ноҳияҳои вилоят тарҳи замонавӣ гирифтанд.
Дар ин муддат ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳал иншооти таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ, беморхона, бунгоҳ ва марказҳои тиббӣ, дорухона, майдонча ва толорҳои варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхона ва дигар иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда, Тоҷикистон ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил ёфт, кор дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дошта, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегии миллӣ эълон гардид.
Айни замон, ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар солҳои 2022-2024 ва 8 моҳи соли 2025 сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 11404 иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ ба иҷро расонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дошта, рўз аз рўз симои кўчаву маҳалла, шаҳраку деҳа ва шаҳру ноҳияҳо зебо шуда истодааст.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рўйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дар натиҷаи сиёсати муваффақона ва дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо назардошти вазъи пуртазоду тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақт муттаҳид бошем. Истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷо орем.
Сипас, барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳод гардида, санъаткорони номии ҷумҳурӣ ва вилоят дар васфи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ сурудҳо сароиданд.