• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    БУЗУРГДОШТ: АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...
 БУЗУРГДОШТ: АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...
БУЗУРГДОШТ: АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...

Бузургтарин шахс дар ҷаҳон ва шарафмандтарин касб ин омӯзгор мебошад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мӯнису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад.
Ҳалиму хушсадоӣ эй муаллим,
Чароғи пурҷилоӣ, эй муаллим
Калиди донишат бар мо бидодӣ
Дари илму ҳунар бар мо кушодӣ.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, масъалаи рушди маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар меҳвари сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Сарвари давлат бо дарки амиқи аҳамияти илму маориф барои пешрафти кишвар, ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат садҳо муассисаҳои таълимии нав бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, барои фаъолияти омӯзгорону таҳсили шогирдон шароити муосир фароҳам оварда шуд.
Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат баён доштанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад”.
Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро кадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе заҳмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост. Албатта, шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, бе иззат буда наметавонад. Маҳсули меҳнати ҳар як инсони асил аз ҷабри заҳмати кашидааш падид меояд. Ба қавли Румии бузург:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи устодони донишкадаро бо Рӯзи омӯзгор табрик намуда, сарбаландӣ, некномӣ ва дар корҳои эҷодиву педагогиашон муваффаққиятҳои беназирро хоҳонам.
Хиромон Қодирова,
устоди ДПДТТ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд


: 46

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 01.10.2025
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
БУЗУРГДОШТ: РАВШАНИКУНАНДАИ ХИРАДИ БАШАР
  • 30.09.2025
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА
БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ ҶОМЕА

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены