Санаи 27 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун доир ба таҳсил муассисаҳои таълимӣ, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳо, идомаи таҳсил, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар манзур намуданд.
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон