Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд демократӣ ва дунявию ягона аст. Ин маҳфум дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки он асоси Истиқлолияти давлатии моро нишон медиҳад ва ба тамоми мардуми кишварамон кафолати ободиву озодиро фароҳам меоварад.
Миллате, ки тӯли қарнҳо барои ба озодӣ баромадану соҳибистиқлол гардидан талошҳои беназирро равона кардааст, хушбахтона зери фазои Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, то ҳамчун давлати мустақил дар арсаи олам шӯҳрату нуфузи махсусеро касб карда бошад. Маҳз бо шарофати заҳмату талошои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро саодату бахти бегазанд насиб гардид, ки ҳама имрӯз бо Пешвои муаззами миллат ифтихор дошта, пайрави ақидаҳои созандаву хирадмандонаи сарвари давлат мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳар миллате соҳиби қонуни асосии миллату давлат бошад, беихтиёр дар мамлакат фазои озодӣ ҳукмрон буда, ба хотири ҳифзу ҳимояи мардумони ҳар халқу миллат равона мегардад. Агар аз нуқтаи назари соҳаи ҳуқуқӣ назар афканем сохтори давлатиро қабули қонунҳо ба расмият надарорад, системаи давлатиро идора намудан хеле душвор хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир ба хотири ба низом даровардани фаъолияти ҳамаи соҳаҳо, қонун дар ҷомеа мавҷеи асосиро касб мекунад.
Бо ифтихор ва сарфарозиҳои беназир метавон гуфт, ки дар кишвари мо пас аз ба даст овардани Истиқлолияту озодӣ барои кулли мардуми шарафманди диёрамон фазои озод дар зиндагони ва ҳаёти осуда фароҳам аст.
Инчунин нуқтаи асосиро бояд қайд кард, ки барои зиндагонии шоистаи мардумони тоҷик дар кишвар фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон басо назаррас буда, асоси пешрафти миллату давлат ва кафолати пойдории сулҳу ваҳдатро таъмин менамояд. Ба ҳамин хотир арҷгузорӣ нисбат ба ҳамаи муқаддасоти миллатамон аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад. Аз хотир набояд фаромӯш созем, ки ҳоло мо дар миллате зиндагонӣ дорем, ки барои осудагӣ ва некӯаҳолии мардум бештар давлату Ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Мо бояд шукронаи ҳамин соҳибистиқлолӣ, шукронаи Ватани маҳбуб кардан рисолати ҳар яки мост.
Амон Раҳимов, устоди ДПДТТХ