• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАЪҒИРОТИ КАДРӢ: МУАРРИФИИ ДИРЕКТОРИ НАВИ ДОНИШКАДА
 ТАЪҒИРОТИ КАДРӢ: МУАРРИФИИ ДИРЕКТОРИ НАВИ ДОНИШКАДА
ТАЪҒИРОТИ КАДРӢ: МУАРРИФИИ ДИРЕКТОРИ НАВИ ДОНИШКАДА

Бо иштироки муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии директори нави донишкада баргузор гардид.
Нахуст муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуд, ки тибқи он аз 3-юми ноябри соли 2025 Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» таъин карда шудааст. Ҳамчунин бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз санаи 4-уми ноябри соли 2025 Содиқзода Хурсанд Сафар директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.
Ҳомид Ҳошимзода дар баромади худ аз фаъолияти самаранок ва бобарори директори собиқи Донишкада Шаҳриёр Саъдуллозодаро дар фосилаи 2 сол сухан намуда, зикр дошт, ки Донишкада баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф нақши муассир дошта, дар миқёси кишвар яке аз пешрафтатарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин боргоҳи илму маърифат дар фаъолият махсусан дар омоданамоии кадрҳои соҳибтахасссуси соҳаҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ, иқтисодиёт ва молия саҳми муносиб гузоштааст. Давоми 2 соли охир дар самти иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён, таҳкими пойгоҳи илмию технологии донишкада, афзун намудани сафи олимон, ҳамкории судманд бо донишгоҳҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои гуногуни илмӣ, ихтироот, дастовардҳои илмӣ, таъсиси марказу факултетҳои нав, ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ ва ғайра ба як қатор комёбиҳои беназир муваффақ шуд, ки аз саҳми шоиста ва муттаҳидии ҷомеаи меҳнатӣ шаҳодат медиҳад.
Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло зимни суханронӣ барои эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки давоми 2 соли фаъолият дар ҳамбастагии ҷомеи меҳнатӣ ба як қатор муваффақиятҳо соҳиб шудем, ки дар он саҳми ҳар як устоди донишкада назаррас аст. Минбаъд низ дар такя бо ҷомеаи аҳлу тифоқи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои пешрафти сатҳи таълиму тарбия аз тамоми нерӯву имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Содиқзода Хурсанд Сафар низ барои дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва аҳли коллективи донишкада миннатдорӣ баён намуда, ба ҳайати нави роҳбарияти донишкада барору комёбиҳо таманно намуд.
Бояд қайд намуд, ки Содиқзода Хурсанд аз соли 2020 имрӯз дар маснади муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошт.
Муовини дирекор оид ба корҳои таълими донишкада Мазбут Холиқзода аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, доир ба фаъолияти назарраси Шаҳриёр Саъдуллозода маълумот дод. Ҳамчунин ба Хурсанд Содиқзода барои фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 126

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 07.12.2025
ИМЗОИ МЕМОРАНДУМ БО ДДТ-И НАМАНГОН
ИМЗОИ МЕМОРАНДУМ БО ДДТ-И НАМАНГОН
  • 06.12.2025
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены