КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Санаи 5 ноябри соли равон, дар толори хурди донишкада бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории миллӣ" баргузор гардид.
Конфронсро муовини директор оид ба таълим Мазбут Холиқзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, Конститутсия ҳамчун санади олитарини ҳуқуқӣ пояи давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ва заминаи мустаҳками рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори таърихӣ сурат гирифта, он бо иродаи мустақими мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 пазируфта шуд. Ин санади тақдирсоз давлати ҷавони тоҷиконро ба марҳалаи нави ташаккул ва таҳким бахшид.
Дар ҷараёни кори конфронс Шаҳзода Муъминова, декани факултети энергетика, Назира Бобоҷонова раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада ва дигарон низ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олии он эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад.
Конфронс бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО