• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
 САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Ҳар миллату давлат дар тӯли таърихи худ шахсиятҳои нодиру соҳибфикреро ба арсаи ҷомеа мебарорад, ки бо хирад, ирода ва диди дурбинонаи сиёсӣ метавонанд сарнавишти халқи худро дигаргун созанд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чунин шахсият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Пешвои миллат дар давраи ниҳоят пурошӯбу буҳронӣ, замоне ки пояҳои истиқлолият таҳти хатар қарор доштанд, масъулияти роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта миллати тоҷикро ба сӯи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ раҳнамоӣ кардаанд. Бо хиради сиёсӣ, устувории ирода ва садоқати самимӣ ба Ватан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд кишвари навбунёди Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг ва парокандагӣ раҳо сохта, заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии онро гузоранд.
Имрӯз омӯзиши симо ва нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии ҷомеа аҳамияти бузурги илмӣ ва тарбиявӣ дорад. Зеро маҳз зери роҳбарии оқилона ва диди давлатмандонаи ӯ Тоҷикистон ба давлати сулҳпарвар, суботманд ва соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар оғози солҳои навадум, вақте ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд, ҷомеа ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии сиёсӣ давлатро ба вартаи нестӣ кашид.
Маҳз дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз, дар моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ӯ бо садои устувор изҳор доштанд:
“Ман ба хотири Ватан ҷон нисор мекунам.”
Ин сухан рамзи иродаи қавӣ ва масъулияти баланди роҳбари ҷавон гардид. Пешвои миллат бо қадамҳои устувор барои барқарор кардани сулҳу субот, эҳёи сохторҳои давлатӣ ва иттиҳоди миллӣ саъй намудаанд.
Дар натиҷаи талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо он ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт ва давраи нави таърихи тоҷикон оғоз гардид.
Пас аз расидан ба сулҳ, зарурати аз нав бунёд кардани пояҳои давлатдорӣ пеш омад. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардиданд, аз лиҳози қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), ки пояи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлолро гузошт; таҳкими низоми президентӣ ва қонунгузорӣ; барқарорсозии артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; ташкили заминаҳои иқтисоди бозорӣ; барқарорсозии робитаҳои байналмилалӣ ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон. Ин тадбирҳо давлатро аз буҳрони ҷангӣ баровард ва ба марҳилаи нави рушди устувор ворид сохт.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки “давлатдории миллӣ бе ваҳдат ва субот поянда буда наметавонад”. Бо ҳамин андеша ӯ сиёсати ҳамгироиву ҳамдилии мардумро асоси давлатдорӣ гардондаанд.
Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сиёсиест, ки ба фарҳанг, таърих ва забони модарӣ таваҷҷуҳи махсус додаанд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунаднд, ки бе фарҳанг ва забон миллат мавҷуд буда наметавонад.
Ин иқдомҳо на танҳо фарҳангро эҳё кард, балки ифтихори миллӣ ва худшиносии фарҳангиро дар миёни мардум, махсусан ҷавонон, тақвият бахшидааст.
Пешвои миллат ба насли ҷавон ҳамчун такягоҳи устувори давлат менигаранд. Дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд:
“Ҷавонон неруи бузург ва ояндаи Ватананд.”
Бо ташаббуси Пешвои миллат “Соли ҷавонон” эълон шуд, Барномаи давлатии рушди ҷавонон қабул гардид, шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолият фароҳам оварда шуд.
Сиёсати дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф низ сазовори таҳлил аст. Сохтмони мактабҳои замонавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва барномаҳои дастгирии истеъдодҳои ҷавон ба рушди илму маърифат мусоидат намудаанд.
Имрӯз садҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷ таҳсил мекунанд ва таҷрибаи илмиро барои рушди Ватан истифода мебаранд.
Дар арсаи байналмилалӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сулҳпарвар, соҳибтадбир ва ташаббускори ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар принсипҳои ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳифзи амният асос ёфтааст.
Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об амалӣ шудаанд.
Ин ташаббусҳо мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти дорои нуфузи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.
Дар натиҷаи сиёсати устувори ӯ, имрӯз ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ дар ҷомеа ба таври густарда рушд ёфтааст.
Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини миллат ҳамчун роҳбари хирадманд, меъмори сулҳ ва поягузори давлатдории миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Пешвои миллат тавонистанд халқи ҷангдида ва парокандаро муттаҳид намуда, заминаи устувори давлатдорӣ ва рушди иқтисодию маънавиро гузоранд.
Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати оқилона ва ваҳдатофарини Пешвои миллат ба давлати босубот, сулҳпарвар ва соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
Дар заминаи ҳамин роҳбарии хирадмандона симои Эмомалӣ Раҳмон дар шуури ҷомеа ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва худшиносии миллӣ нақш бастааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин симои таърихиест, ки бо номи ӯ саҳифаҳои тиллоии давлати тоҷикон, сулҳу субот ва худшиносии миллӣ пайвастаанд.
Дилрабо Комилова, устоди ДПДТТХ ба номи акдемик М.С.Осимӣ


: 6

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.11.2025
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
  • 13.11.2025
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены