• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
 РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Ҳар як миллат дар саҳифаҳои таърихиаш лаҳзаҳое дорад, ки сарнавишти он миллатро тағйир додааст. Барои мардуми мо тоҷикон чунин лаҳза рӯзи 16 ноябри соли 1992 буд-рӯзе, ки миллати тоҷик ба роҳбари хирадманду қавиирода эҳтиёҷ дошт ва чунин шахс дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо гардид.
Он рӯз дар толори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд суханони устувору дилнишини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танинандоз шуд ва қайд карданд, ки: «Ман ба хотири барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ намедорам». Ин суханон ба дилҳои миллионҳо тоҷик умед бахшид. Аз ҳамон лаҳза мардуми тоҷик роҳеро пеш гирифтанд, ки ба сулҳ, оромӣ ва озодӣ буд. Аз ҳамин сабаб, Рӯзи Президент рамзи ваҳдат, умед, ва эҳёи давлатдории миллӣ гардид.
Дар оғози солҳои навадум Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг, ноамнӣ ва парокандагӣ қарор дошт. Шаҳрҳо хароб, мардум фирорӣ, ва бародар аз бародар бегона шуда буд. Дилҳо пур аз тарс, ва замон пур аз ноумедӣ буд. Аммо таърих ҳамеша нишон додааст, ки дар лаҳзаҳои мушкил қаҳрамонон зода мешаванд. Маҳз дар ҳамон айёми вазнин Пешвои миллат, уҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ қадам гузоштанд. Бо иродаи қавӣ ва сиёсати оқилонаи худ тавонистанд оташи ҷангро хомӯш созанд, мардумро ба ҳам оваранд ва сулҳи пойдорро барқарор намояд. Имрӯз он сулҳ ба неъмати бузурги миллат табдил ёфтааст - неъмате, ки мо бояд онро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ифтихор доранд, ки кишварамон дар зери парчами сулҳу оромӣ, ва бо раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат пеш меравад. Дар давоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз давлати харобгашта ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Шаҳру деҳот обод шуд, роҳҳо ва пулҳои нав сохта шуданд, нерӯгоҳҳои барқӣ қомат афрохтанд, ва Тоҷикистон аз кишвари камбизоат ба давлати дорои сиёсати мустақили байналмилалӣ мубаддал гашт. Имрӯз номи Тоҷикистон дар минбарҳои ҷаҳонӣ бо эҳтиром зикр мегардад. Пешвои миллат дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҳифзи захираҳои об то таъмини амнияти минтақавӣ бо далелу тадбирҳо сухан мегӯянд, ки оламиён иқдомҳои Пешвои миллати маҳбуби моро қабул доранд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки сиёсатмадори ҳақиқӣ метавонад бо дониш, ирода ва муҳаббати ватандӯстона кишварро ба сӯи фардои дурахшон роҳбарӣ намояд.
Ҷавонони Тоҷикистон насли созанда ва ояндасози миллатанд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонон қувваи бузурги кишвар мебошанд. Барои ҳамин, Рӯзи Президент барои ҷавонон танҳо як сана нест - ин рӯзе аст, ки бояд дар дил ҳар як ҷавон ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва омодагӣ барои муҳофизати Ватан бедор гардад. Имрӯз вақташ расидааст, ки ҳар ҷавон бо дониш, ихтироъ, заҳмат ва меҳру муҳаббат саҳми худро дар рушди Тоҷикистони азиз гузорад.
Содиқ будан ба Пешвои миллат маънои он дорад, ки мо низ дар роҳи сулҳ, адолат ва ободонӣ қадам гузорем. Ҳар як миллат ба қаҳрамони худ ниёз дорад. Барои миллати тоҷик чунин қаҳрамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари меҳрубон ва меъмори сулҳ мебошанд. Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба як ҷумҳурии мустақил, ором ва боэътибор табдил ёфт. Имрӯз, вақте ки мо Рӯзи Президентро ҷашн мегирем, дар асл ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ, озодӣ ва ифтихори миллиро ҷашн мегирем.
Бигузор ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин рӯз бо ифтихор бигӯяд: ман тоҷик ҳастам! Ман фарзанди давлати сулҳпарвари Тоҷикистон ҳастам! Ман шогирди Пешвои миллатам!
Рӯзи Президент ин танҳо санаи тақвимӣ нест, ин рӯзи андеша, рӯзи миннатдорӣ ва рӯзи иттиҳоди миллат аст, ин рӯзе аст, ки моро ба як ҳақиқат меорад. То он даме ки мо бо ваҳдату меҳнат дар паҳлуи Пешвои худем, Тоҷикистон ҳаргиз аз роҳи рушд ва нурафканӣ берун нахоҳад рафт.
Бигузор Рӯзи Президент ҳамеша рамзи сулҳ, устуворӣ ва ватандӯстии тоҷикон бошад. Бигузор парчами Тоҷикистон ҳамеша дар зери осмони соф ва ором парафшон бошад.
Зинда бод Тоҷикистон! Зинда бод Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТХ


: 5

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.11.2025
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
  • 13.11.2025
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены