• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШЎРОИ ОЛИИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН—ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
 ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШЎРОИ ОЛИИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН—ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШЎРОИ ОЛИИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН—ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Иҷлосия дар китоби таърих сафҳаи нав кушоду оғози музаффариятҳо гашт. Ин воқеаи фараҳбахш душманро ба мо дӯст гардонид. Аз ин рӯ, Иҷлосияро иҷлосияи таърихӣ ном мебарем, ки имрӯз Тоҷикистон мактаби истиқрори сулҳ гаштааст. Аҳамияти иҷлосия беназир аст. Чӣ қадаре, ки аз он дур равем, аҳамияти он, хусусиятҳои хоси он бештар падид меоянд. Азбаски ҷомеадории навини тоҷикон рӯз ба рӯз густариш дорад, мо бояд ин сафҳаи муқаддаси таърих, саҳифаи сарнавиштсози миллат—Иҷлосияи бахтофарину сулҳофаринро ҷовидона азизу гиромӣ дорем, қадр кунем, шукргузориву сипосгузорӣ намоем.
Воқеан ҳам, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллие гардид, ба сӯйи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ва барои пойдории миллати тоҷик, дар шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон заминаи устувор гузошт. Ин Иҷлосия аз оғози фаъолият сурати дигар дошт. Вай бозичаи дасти як гурӯҳе набуд. Иҷлосияи таърихӣ ва суханони барномавии Сарвари тозаинтихобшудаи Тоҷикистон—Эмомалӣ Раҳмон «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард...» оғози корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд.
Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони фаромӯшнашавандаи худро ин тарз баён карданд: «То он даме, ки берун аз ватан як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам». Ин изҳороти таърихӣ, ки Сарвари нав интихобгардидаи давлат дар муроҷиат ба тамоми аҳли ҷумҳурӣ гуфта буданд, бо оҳанги дили мардум мувофиқ афтод. Пешвои миллат барои расидан ба сулҳи бебозгашт аз соли 1994 то соли 1997, яъне тайи чил моҳ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Бо имзои Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тинҷиву оромӣ таъмин шуд.
Қасри Арбоб сафҳаеро баҳри таърих боз кард,
Зиндагии хушдиле бар тоҷикон эъҷоз кард.
Тоҷики саргаштаро дир миллаташ сарҷамъ сохт,
Ахтари иқболи тоҷик дар само парвоз кард.
Воқеан, шароите, ки фарзанди номвари халқ Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст роҳбари давлати тоҷикон таъин гардиданд, ватани нав ҷомаи Истиқлол ба бар рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид менамуд. Сарвари ҷавони давлат бо тадбирҳои дурбинона, хирадмандона ва матонату шуҷоати хоса мардуми парешонро сарҷамъ намуда, боиси ба Ватан баргаштани садҳо гурезагони тоҷик гардиданд.
Бо иродаи ин марди қавидил дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои зиёди бошукӯҳ қомат афрохтанд. Шоҳроҳи ваҳдат барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат дари худро боз намуд.
Имрӯзҳо аз меваи шаҳдбори Иҷлосия мардуми тоҷик ком ширин намудаву шукргузор аз сулҳу осоиш, Ваҳдату якпорчагии мамлакат дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар суботкорона фаъолият менамоянд.
Пас, дар назди мо, аҳли ҷомеа низ вазифаи муҳим меистад, ки бо сабру таҳаммул рафтор намуда, дурандеширо аз даст надиҳем, ба сабақҳои талхи таърихи худ холисона назар афканем, ба хулоса оем, ки аз ваҳдати миллӣ дӯстию рафоқат, ободонии кишварамон дида, барои мо вазифаи муҳимтаре нест. Шукри давлат, шукри Истиқлол, шукри сарвари суботкору сулҳовар, шукри иҷлосияи тақдирсозу амниятофарро намоем ва бо дасту дили гарм дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳм гузорем.
Гулрухсор Умарова,
устоди ДПДТТХ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд


: 7

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 21.11.2025
ИФТИХОРИ МИЛЛӢ: ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ҲУВИЯТ, ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
ИФТИХОРИ МИЛЛӢ: ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ҲУВИЯТ, ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
  • 20.11.2025
ҶАВОНОНИ ОБОДКОР - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
ҶАВОНОНИ ОБОДКОР - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены