• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2025: НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2026
 ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2025: НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2026
ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2025: НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2026

Дар толори раёсати ДПДТТба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимон фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва муносибатҳои байналмилалиливу хоҷагидории донишкада бо иштироки васеъи устодону кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст оид ба фаъолияти гуногунсамтаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд директори донишкада Хурсанд Содиқзода маълумоти муфассал ироа намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли ҷомеаи кормандону омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2025 фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишкада дар ин давра фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тарбияи шоистаи ҷавонон, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, васеъ гардонидани робитаҳои хориҷӣ равона кардааст.
Дар соли тақвимии 2024 (соли таҳсили 2023-2024) дастурҳои таълимӣ-методии аз тарафи омӯзгорони донишкада таҳия карда шуда 213 ададро ташкил намуда, дар соли тақвимии 2025 (соли таҳсили 2024-2025) ин шумора ба 273 адад баробар шуд. Ҳамагӣ китобҳои дарсӣ 52 ададро ташкил намуда, аз ин шумора 41 адад китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ таҳия карда шудааст
Дар ин ҷо 273 маводҳои ёрирасон инчунин практикумҳо ва супоришотҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи таҳия карда шудааст. Дар умум дар давраи ҳисоботӣ 326 номгӯи дастурҳои таълимӣ-методӣ ва китобҳои таҳия шуд.
Соли 2025 миқдори гурӯҳҳои академӣ ба 188 адад расид: бакалаври рӯзона 137 гурӯҳ, бакалаври фосилавӣ 20 гурӯҳ, бакалаври таҳсилоти олии дуюм 10 гурӯҳ, магистратура 13 гурӯҳ ва докторантураи PhD 8 гурӯҳ. Дар соли 2025 дар ҳамаи зина ва шакли таҳсил 682 нафар Донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, 59 нафар соҳиби диплом гаштанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки 8,28%-и хатмкардагони соли 2025 бо баҳои “аъло” аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2024 10,2% ва дар соли 2025 бошад 8,65% хатмкунандагон соҳиби дипломи сурх гаштанд.
Дар давоми соли 2025 омӯзгори калони кафедраи идораи молия Исоев Д.Т., асистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент Ҷӯраева Д.М., мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ Бобозода Ф.Ш., омӯзори калони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатӣ Масаидов Ҷ.Ғ., омӯзгори калони кафедраи меъморӣ Зокирзода Р.Ш. ва омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Бахтиёрзода М. рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуданд. Ҳамин тариқ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 миқдори ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (PhD) ба 4 адад зиёд мебошад.
Соли сипаришуда 5 нафар омӯзгорон: Комилова Д.А., Ахмедов У.Х., Акрамова З.Б., Раҳимов А.А., Низамитдинов А.И. унвонҳои илмии дотсентиро аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд. Рисолаи илмии Холматов К.Н. дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззақов пешниҳод шуда, дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳимоя мегардад. 2 нафар омӯзгорони донишкада д.и.б., профессор, Муҳиддинов А.Р. ва д.и.т., дотсент Худойбердиев Х.А. аъзои шуроҳои диссертатсионии назди дигар донишгоҳҳо мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи омӯзгорони донишкада 6 адад монографияҳо таҳия гардид. Дар соли 2025 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 368 мақолаҳои илмии сатҳҳои гуногун аз нашр бароварда шудааст, аз ҷумла 3 мақолаҳои сатҳи СКОПУС, 114 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА), 50 мақолаҳои сатҳи ИИИР (РИНЦ), 152 мақолаҳои сатҳи байналхалқӣ, 43 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ.
Дар соли 2025 миқдори мақолаҳои нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024 ба 38 адад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 3 конференсияҳои байналмилалӣ, зиёда аз 10 конференсияҳои сатҳи вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор гардид.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода иттилоъ дод, ки дар Донишкада дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” ва ҷиҳати амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 2 январи соли 2025 таҳти №АП-710 соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар сатҳи баланд гузаронида мешавад ва донишҷӯён ва омӯзгорон дар ҳамаи давраҳои озмун фаъолона иштирок мекунанд.
Дар умум, аз рӯйи ҷамъбасти даври донишкадавӣ ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ 40 нафар, аз ҷумла 36 нафар донишҷӯён ва 4 нафар докторантон ва унвонҷӯён роҳхат гирифтанд, ки нисбат соли 2024 4 нафар зиёд мебошанд.
Дар даври шаҳрии озмун 24 нафар ғолиб гашта, барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар соли 2025 дар даври вилоятии озмун 24 нафар фаъолона иштирок намуда, 17 нафари онҳо ғолибиятро ба даст оварданд ва барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” роҳхат гирифтанд.
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои баланд ноил шуданд. Дар озмуни мазкур даври ҷумҳуриявӣ 3 нафар донишҷӯёни донишкада ба дастовардҳои зерин ноил гардиданд:
- Бобозода Билол- донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси 1-400101-Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ҷойи дуюм;
- Самандаров Самандар- донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси 1-400301-Зеҳни сунъӣ аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ҷойи дуюм;
- Ҳакимова Нозанин- донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси 1-400101-Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ аз рӯйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ, ҷойи дуюм.
Санаи 31 октябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо дар давоми соли хониши 2025 як қатор корҳои муҳимро дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди лоиҳаҳо ва баланд бардоштани самти ҳамгироии байналмилалии муассиса ба анҷом расонид. Бо мақсади васеъ намудани самти ҳамкориҳо донишкада бо якчанд донишгоҳу ташкилотҳо, аз ҷумла, бо Донишгоҳи технологии Познан, Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд, Донишгоҳи технологии Шенсей, Донишгоҳи илмҳои амалӣ, JD EAST, Донишгоҳи давлатии Лесото, Колеҷи тиббии Меҳрабян, Донишгоҳи марказии Ҷанубӣ, Донишгоҳи Минданао, Донишгоҳи миллии Ҷеҷу ва ғайраҳо шартномаҳо баста шуд
Иттилоъ дода шуд, ки низоми тарбияи Донишкада ба амалисозии 158 чорабинии тарбиявӣ асос ёфта, тамоми самтҳои муҳими рушди шахсиятро фаро мегирад.
Дар соли 2025 аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада 21 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд, 3 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, 3 нафар гирандаи стипендияи Раиси ИК КМИ вилояти Суғд, 3 нафар гирандаи тӯҳфаи хотиравии Раиси ИК КМИ вилояти Суғд, 4 нафар гирандаи стипендияи Шурои олимони донишкада, 1 нафар ғолиби озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол”, 40 нафар гирандаи Ифтихорнома, Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии директори донишкада, 9 нафар гирандаи гувоҳнома Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии МИҲД-и вилояти Суғд, 4 нафар ғолибони озмуни вилоятии “Иншои беҳтарин” муайян ва сарфароз гардонида шуданд.
Дар соли хониши 2024-2025 3 нафар ятими кул ва 12 нафар донишҷӯёни маъюб, соли хониши 2025-2026 1 нафар ятими кул ва 10 нафар маъюбон таҳсил мекунанд ва ҳамагон ба ғамхорию парастиш фаро гирифта шуданд.
Директори Донишкада Хурсанд Содиқзода доир ба паҳлӯҳои дигари фаъолияти донишкада маълумоти муфассал дода, ҳамзамон масъулини дахлдорро ҷиҳати тақвияти самти фаъолият ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими равобити хориҷӣ муваззаф намуд.
Сипас, дар муҳокимаи масъалаи матраҳгардида, аъзои Шӯрои олимони донишкада Мазбут Холиқзода, Шаҳзода Муъминова, Насим Тошхоҷаев ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба нататиҷаҳои назарраси фаъолияти донишкада дар соли 2025 баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор устодоне ки рисолаҳои илмӣ дифо карданд ва дар самти омода намудани донишҷӯён дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштанд бо Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишкада қадршиносӣ гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 14

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 07.01.2026
ШАРҲИ ПАЁМ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
ШАРҲИ ПАЁМ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
  • 07.01.2026
ШАРҲИ ПАЁМ: ТОҶИКИСТОН РОҲИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО ИДОМА МЕДИҲАД
ШАРҲИ ПАЁМ: ТОҶИКИСТОН РОҲИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО ИДОМА МЕДИҲАД

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены