• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ ҲАМЧУН РОҲНАМОИ АМАЛ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ ВА МАОРИФ
 ПАЁМ ҲАМЧУН РОҲНАМОИ АМАЛ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ ВА МАОРИФ
ПАЁМ ҲАМЧУН РОҲНАМОИ АМАЛ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ ВА МАОРИФ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои амалӣ барои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва маориф, шинохта шудааст. Ин Паём на танҳо ҳисоботи фаъолияти ҳукуматро дар бар мегирад, балки самтҳои асосии сиёсати давлатиро барои соли оянда ва ҳатто даҳсолаҳо муайян мекунад. Дар тӯли солҳои истиқлол, Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм ва маорифро ҳамчун пояи асосии пешрафти миллат ва давлат эълон кардаанд, ки ин соҳаҳоро ба ҳадафҳои миллӣ, ба мисли рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҳифзи муҳити зист ва тайёр кардани кадрҳои муосир мепайвандад.
Дар Паём, илм ва маориф ҳамчун самтҳои афзалиятнок эълон мешаванд. Масалан, онҳо ҳамчун "Сармоягузорӣ ба ояндаи миллат" тавсиф мешаванд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз онҳо вобаста аст. Ин ҳадафҳо бо барномаҳои миллӣ, ба мисли "Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030" ва "Барномаи давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040" ҳамоҳанг карда мешаванд.
Инчунин таъкид мегардад, ки "Асри ХХI асри пешрафти илму техника ва технологияҳо" аст ва ҳадафи асосӣ тайёр кардани насли донишманд ва аз хурофот озод мебошад. Аз ин лиҳоз, илм ва маориф дар маркази сиёсати давлатӣ қарор гирифта, он ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва сармояи инсонӣ муаррифӣ мегардад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илм ва маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ тавсиф шудаанд.
Дар ҳақиқат, илм ва маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори мамлакат, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва омили тайёр кардани насли донишманду эҷодкор арзёбӣ гардидаанд. Илм ва маориф дар Паём ба ҳадафҳои стратегӣ алоқаманд, буда, ба рушди иқтисоди рақамӣ, технологияҳои навин (зеҳни сунъӣ, энергияи офтобӣ), таҳкими ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир мусоидат мекунад.
Дар Паём оид ба гузариш ба таълими муосир, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳамоҳангӣ бо бозори меҳнат таъкид мегардад. Зеро, маориф ҳамчун воситаи тарбияи насли худогоҳ ва ватандӯст дида мешавад. Он бояд сифатнок, дастрас ва мувофиқи талаботи замони нав (асри илму техника) бошад.
Бояд таъкид сохт, ки илм ҳамчун омили асосии гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, тадқиқотҳои мухталиф ва технологияҳои нав тавсиф шудааст. Зарурати пайваст кардани илм бо саноат, ин ҷалби ҷавонон ба гузаронидани тадқиқотҳо вобаста ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» солҳои 2020–2040) зарур мебошад.
Дар маҷмӯъ, илм ва маориф дар Паём ҳамчун «Сармояи асосии миллат» ва “Калиди ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ” тавсиф шуда, онҳо ба рушди устувор ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир равона гардидаанд. Ин тавсиф Паёмро ба роҳнамои амалӣ барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа табдил медиҳад.
Ҳамин тавр, илм ва маориф дар ҷомеаи муосир пояи асосии рушди устувор, таҳкими ҳувияти миллӣ ва гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад, ки кафолати рушди устувор, ободӣ ва ваҳдати миллиро нигоҳ дошта, миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ менамояд.
Фирдавс Норов,
устоди ДПДТТ ба номи академик
М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 28

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 12.01.2026
МАҚОМИ АВВАЛИ БОНУВОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ
МАҚОМИ АВВАЛИ БОНУВОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ
  • 12.01.2026
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИДҲОИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА ВА СУБОТИ ДАВЛАТ
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИДҲОИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА ВА СУБОТИ ДАВЛАТ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены