ОМӮЗИШИ АМИҚИ ФАНҲОИ ТЕХНИКӢ-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҳамчун санади муҳими стратегӣ масъалаи рушди неруи инсонӣ, бахусус баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти ҷавононро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор медиҳад. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки «Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва технология танҳо он давлатҳо метавонанд рақобатпазир бошанд, ки ба маориф, донишомӯзӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус такя мекунанд».
Дар бахши иқтисод Сарвари давлат ба зарурати рушди истеҳсолот, рақобатпазирии иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ишора намуданд. Таъкид шуд, ки пешрафти иқтисодӣ бевосита ба сатҳи дониш ва касбияти мутахассисон вобаста арзёбӣ мегардад.
Маориф дар Паёми соли 2025 ҳамчун пояи асосии рушди давлат муаррифӣ шуд. Таъкид гардид, ки бе донишомӯзии пайвастаи ҷавонон, бе тарбияи мутахассисони соҳибтахассус ва соҳибкасб пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ, инчунин рушди таҳсилоти касбӣ ва техникӣ аҳамияти хоса дорад. Тахассус ва касбомӯзӣ кафолати шуғл, мустақилияти иқтисодии ҷавонон ва рушди кишвар мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 боз як маротиба нишон дод, ки ояндаи кишвар аз сатҳи дониш, маърифат ва касбияти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, вобастагии мустақим дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва техника босуръат рушд меёбанд, давлатҳое пешрафта ҳисоб меёбанд, ки ба маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Дар Паём Сарвари давлат ба зарурати донишомӯзии пайвастаи ҷавонон таъкид намуда, омӯзиши фанҳои техникӣ ва дақиқро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ номиданд. Имрӯз иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт ва ҳатто соҳаи тиб бе технологияҳои муосир тасаввурнопазиранд. Аз ин рӯ, омӯзиши фанҳое чун математика, физика, технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ ва барномасозӣ талаботи замон мебошад.
Ҷавононе, ки соҳиби дониши техникӣ ва малакаҳои амалӣ ҳастанд, метавонанд ба осонӣ ҷойи кор пайдо кунанд, дар рушди истеҳсолот саҳм гузоранд ва ба иқтисоди миллӣ фоида оваранд. Тахассус ва касбомӯзӣ на танҳо воситаи таъмини шуғл, балки заминаи мустақилияти иқтисодии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.
Дар Паём ҳамчунин рушди таҳсилоти касбӣ ва техникӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Макотиби олӣ, мактабҳои касбӣ ва коллеҷҳо бояд мутахассисонеро тайёр намоянд, ки ба бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд. Ҷорӣ намудани таҷрибаомӯзӣ, омӯзиши амалӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳо имкон медиҳад, ки ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ соҳиби касби воқеӣ гарданд. Воқеан ҳам донишомӯзӣ танҳо гирифтани диплом нест. Он тарбияи тафаккури илмӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги меҳнат аст. Ҷавоне, ки илм меомӯзад ва касб аз худ мекунад, на танҳо ояндаи худро месозад, балки дар ободии Ватан низ саҳм мегузорад.
Донишомӯзии ҷавонон бояд бо тарбияи ахлоқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ ҳамоҳанг бошад. Мутахассиси воқеӣ на танҳо соҳиби дониш ва касб, балки шахси содиқ ба Ватан ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши фанҳои техникӣ бояд бо тарбияи фарҳанги меҳнат, интизом ва масъулияти иҷтимоӣ ҳамроҳ гардад.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 равшан нишон медиҳад, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба рушди маориф, донишомӯзии пайвастаи ҷавонон ва омодасозии мутахассисони техникию муҳандисии соҳибкасб вобаста аст. Танҳо бо такя ба илм, техника ва неруи зеҳнии ҷавонон метавон рушди устувори давлат ва ҷомеаро таъмин намуд.
Зафар Раҳмонов, устоди ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд