РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 16.12.2025 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати стратегии сиёсиву иқтисодӣ мавқеи махсус дорад. Паёми Пешво на танҳо натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии соли сипаригаштаистодаро ҷамъбаст мекунад, балки ҳамчун санади роҳнамо самтҳои афзалиятноки рушди кишварро барои солҳои наздик мушаххас месозад. Паём дар заминаи таҳлили амиқи вазъи дохилӣ ва равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҷузъи муҳими низоми идоракунии стратегӣ ва таъмин намудани рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Чун анъана, дар Паёми Роҳбари давлат тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа ба таври муфассал мавриди таҳлил қарор гирифта, нишондиҳандаҳои асосӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ баррасӣ шудаанд.
Муқоисаи нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳад, ки соҳаи саноат ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодии кишвар ба таври назаррас рушд кардааст. Суръати рушди воқеии соҳаи саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз расид, ки натиҷаи бевоситаи сиёсати босамари саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба суръати рушди умумии иқтисод, ки 8,4 фоизро ташкил медиҳад, хеле баланд буда, нақши калидии саноатро дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши арзиши иловашуда ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ инъикос менамояд.
Дар Паём таъкид гардид, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори иқтисоди миллӣ ва қобилияти он дар истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ва посух додан ба талаботи бозорҳои хориҷӣ дарак медиҳанд. Қобили зикр аст, ки суръати рушди воқеии ММД дар солҳои 2023 ва 2024 мутаносибан 8,3 ва 8,4 фоизро ташкил медод, ки аз устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва идомаи тамоюли мусбати рушд шаҳодат медиҳад.
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми соли 2025 эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Ин иқдом гузариши марҳилавии иқтисоди миллӣ ба модели иқтисоди рақамӣ ва инноватсиониро ифода намуда, заминаи васеъ барои истифодаи технологияҳои муосир дар бахшҳои гуногуни иқтисод фароҳам меорад. Рақамисозии равандҳои иқтисодӣ метавонад самаранокии идоракунӣ, шаффофияти бозор ва ҷалби сармоягузориро ба таври назаррас баланд бардорад.
Дар Паём ҳамчунин ташаккули сиёсати нави иҷтимоию иқтисодӣ бо ҳадафи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ таъкид шудааст. Ҳадафгузорӣ гардидааст, ки дар панҷ соли оянда ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 50 фоиз расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати иқтисодии давлат на танҳо ба рушди макроиқтисодӣ, балки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона гардидааст.
Аз муҳокима ва таҳлили самтҳои афзалиятноки Паёми соли 2025 бармеояд, ки сиёсати стратегии давлат ҳамаҷониба, мантиқӣ ва ба талаботи замон мутобиқ мебошад. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди босуръати саноат, таҳкими инфрасохтор, пешрафти соҳаи энергетика, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ далели равшани самаранокии сиёсати иқтисодӣ мебошад.
Татбиқи пайвастаи ин супоришу дастурҳо ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисод, ташаккули тафаккури иқтисодии муосир дар донишҷӯён ва таъмини саҳми муассир дар амалисозии сиёсати иқтисодии давлат мусоидат намуда, заминаи рушди устувори иқтисоди миллиро фароҳам хоҳад овард.
Дар интиҳо бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки татбиқи пайвастаи чорабиниҳои пешбинишуда ва ҳамкории ҳамаҷонибаи давлату ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ворид мекунад, заминаи ояндаи дурахшон ва устувори кишварро таъмин менамояд.
Шоирахон Турсунова,
устоди ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд