ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ, ИФТИХОР АЗ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ БА МУҚАДДАСОТИ КИШВАРРО ТАРБИЯ НАМОЕМ
Дар Паёми ҳамасолаи хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи тарбияи ҷавонон ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи калидӣ дорад.
Аз рӯи оморҳои демографӣ 70 – дарсади аҳолии Тоҷикистонро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин сиёсати пешгирифта саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлатамон ҷавононро қувваи бузурги созанда ва такягоҳи боэътимоди ояндаи миллату давлат номида таъкид менамоянд, ки тақдирии кишвари азизамон аз сатҳи маърифат ва ахлоқу масъулиятшиносии ҷавонони боору номуси кишвар вобаста аст.
“Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи корҳои неки насли гузаштаамон мебошанд” – зикр менамоянд Пешвои миллат дар ҳар муроҷиат ва Паёмҳои хеш. Ин суханон аз он дарак медиҳад, ки давлату миллати тоҷик ба ҷавонони меҳанпарасти кишвар эътимоди комил дорад. Дар Паём зикр гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Зеро агар мо ба тарбияи насли ҷавон эътибори ҷиддӣ диҳем пас ба як кишвари мутараққӣ ва абарқудрат мубаддал меёбем, зеро маҳз нерӯи зеҳнии ҷавонон ва олимони ҷавони кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон кӯмак намуда истодааст. Маҳз тарбия ва дастгирии ҷавонон ва ҳидоят намудани онҳо дар тарбияи ватандустӣ боиси пешрафт ва шинохти миллати куҳанбунёди мо мегардад.
“Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси баланди ватандӯстӣ , ифтихор аз давлатдории миллӣ эҳтиром ба муқаддасоти кишварро тарбия намоем”. Ин гуфтаҳои Пешвои миллат нишон медиҳад, ки нигаҳдошт ва ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ бидуни тарбияи худогоҳии насли ҷавон имконнопазир мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо ҷавонони донишманд ва соҳибкасб ва бомаърифат метавонанд рақобатпазири бозори меҳнат бошанд. Инчунин оид ба тарбияи ахлоқии ҷавонон низ дар Паёми навбатии хеш диққати махсус дода шуд.
Аз ҳамин лиҳоз Пешвои миллат озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявиро ташкил намуданд, ки ба монанди “Илм фурӯғи маърифат” “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” мебошад. Интихоби истеъдодоҳои ҷавон ва болаёқат аз ин озмунҳо шинохта мешаванд.
Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”. Дар ин миён нақши Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда дард аҳ соли охир дар Интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба “муваффақиятҳои чашмрас”-е ноил гаштаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияҳои ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 14 то 20-сола, махсусан хонандагони макотибҳои таҳсилоти умумиву олӣ ташкил медиҳанд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Паёми Роҳбари давлатамон барои кулли сокинони кишвар дастурамали зиндагӣ мебошад ва барои насли ҷавони кишвар роҳнамо барои рушди оянда ба ҳисоб меравад. Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки тарбияи ҷавонон вазифаи як мақомот набуда балки вазифаи тамоми шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Исматулло Норов,
устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд